МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРИ РУМ ВА ХАЛИФА УМАРИ ФОРУҚ(Р)
Аз ҷониби Қайсари Рум намояндае барои дидори халифаи дуюм Умар ибни Хаттоб(р) ба Мадина омад ва аз мардум суроғи қасри халифаро гирифт.
Қавм гуфтандаш, ки ўро қаср нест,
Мар Умарро қаср ҷони рўшанест.
Гарчи аз мирӣ варо овозаест,
Ҳамчу дарвешон мар ўро козаест.
Эй бародар, чун бибинӣ қасри ў?
Чунки дар чашми дилат рустаст мў.
Чашми дил аз мўву иллат пок ор
В-он гаҳ он дидори қасраш чашм дор.
Ҳар киро ҳаст аз ҳавасҳо ҷони пок,
Зуд бинад ҳазрату айвони пок.
Ба ў гуфтанд, ки халифа бо ин ки амири ҳамаи мусалмонон аст, қаср надорад ва монанди дигарон дар кулбае зиндагӣ мекунад. Ҳар кас ҷонаш аз ҳавою ҳавасҳо дур бошад, боргоҳи ўро хоҳад дид.
Фиристодаи Қайсар бо шунидани ин суханҳо дилаш ба дидани халифа муштоқтар шуд ва ба ҷустуҷўйи ў пардохт, то ин ки зани арабе ба ў гуфт, ки халифа зери фалон дарахти хурмо хобидааст.
Зери хурмобун зи халқон ў ҷудо,
Зери соя хуфта бин, сояй Худо.
Фиристода Умари Форуқро зери хурмо дид, ки дар хоб аст. Аз содагию беолоишии вай ҳайрон шуд. Ба худ гуфт:
–Ман подшоҳони бисёр дидаам ва дидори хеҷ кадом дар ман тарсу шигифте падид наёвардааст.
Мард гуфташ, к-эй амирулмуъминин!
Ҷон зи боло чун даромад дар замин?
Мурғи беандоза чун шуд дар қафас?
Гуфт: «Ҳақ бар ҷон фусун хонду қисас».
Халифа гуфт:
–Худованд афсуне ба ҷон хонд. Ў ба ҷунбиш даромад, ба ҷисм рамзе гуфт, табдил ба ҷон шуд. Ба хуршед чизе фармуд, рахшанда шуд. Ба гўши гул сухане гуфт, хандон шуд. Маълум нест Худованд ба гўши хок чӣ фармудааст, ки чунин хомўш мондааст. Агар забон асрори пинҳонро ошкор кунад, оташе равшан хоҳад кард, ки ҷаҳонро бисўзонад. Кори мо ва кори Худовандро бадиққат бингар. Кори мо ҳасту пайдоиши он аз Худованд аст. Ҳар кас масъули коре нест. Набояд гуфт: «Чаро кардӣ?» Вале кор аз осори хилқати Худованд аст, ки дар ихтиёри мост. Мехоҳем ва мекунем ва гуноҳу савоби онро ҳам мебарем. Мисоле мегўем, то ҷабру ихтиёр равшан шавад. Дасте аз бемории раъша меларзад ва гоҳе дастро ба ихтиёри худ меларзонӣ. Ин ҳар ду офаридаи Худо ҳастанд, вале яке нестанд. Агар ларзиши даст аз беморӣ бошад, соҳиби даст шарманда нест, вале агар ба ихтиёр дастро биларзонӣ, пушаймон мешавӣ.
Боз фиристодаи Қайсар пурсид, чаро ҷон асири бадан шудааст ва фоидаи он чист? Халифа Умари Форуқ(р) гуфт:
Гуфт: «Ту баҳсе шигарфе мекунӣ,
Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ.
Ҳабс кардӣ маънии озодро,
Банди ҳарфе кардаӣ ту ёдро.
Албатта, ту ин пурсишро барои фоида мекунӣ. Аммо он ки фоидаро ба вуҷуд овардааст, чӣ гуна мумкин аст кореро бе далелу ҳикмат анҷом дода бошад.
Фиристодаи Қайсари Рум ба ин дидор рисолати худро фаромўш карда ва чашмонаш ба ҳақиқат боз шуд.
Он расул аз худ бишуд з-ин як-ду ҷом,
Не рисолат ёд мондаш, не паём.
Вола андар қудрати Аллоҳ шуд,
Он расул ин ҷо расиду шоҳ шуд.
Сел чун омад ба дарё, баҳр гашт,
Дона чун омад ба мазраъ, гашт кашт.
Чун тааллуқ ёфт нон бо булбашар,
Нони мурда зинда гашту бохабар.
Муму ҳезум чун фидои нор шуд,
Зоти зулмонии ў анвор шуд.
Санги сурма, чунки шуд дар дидагон,
Гашт биноӣ, шуд он ҷо дидбон.
Эй хунук он мард, к-аз худ раста шуд,
Дар вуҷуди зиндае пайваста шуд.
ДОCТОНИ ПИРИ ЧАНГӢ ВА УМАРИ ФОРУҚ(Р)
Он шунидастӣ, ки дар аҳди Умар
Буд чангӣ – мутрибе бо карру фар?
Булбул аз овози ў бех(в)ад шудӣ,
Як тараб з-овози хубаш сад шудӣ.
Маҷлису маҷмаъ дамаш оростӣ
В-аз навои ў қиёмат хостӣ.
Ҳамчу Исрофил, к-овозаш ба фан,
Мурдагонро ҷон дарорад дар бадан.
Дар замони халифа Умар ибни Хаттоб(р) марди мутрибе буд, ки чанг мезаду бо овози хуши худ мардумонро сархуш месохт. Бо подоше, ки мегирифт, рўзгор мегузаронд. То ин ки солҳо бигузаштанд ва ҷавонӣ бигузашт ва по дар остонаи пирӣ гузошт, на барои чанг задан ҳоле монд ва на барои овоз хондан нерў.
Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ
В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.
Чун баромад рўзгору пир шуд,
Боз ҷон-ш аз аҷз пашшагир шуд.
Пушти ў хам гашт ҳамчун пушти хум,
Абрувон бар чашм ҳамчун полдум.
Гашт овози латифи ҷонфизош
Зишту назди кас наярзидӣ ба лош.
Он навои рашки Зуҳра омада,
Ҳамчу овози хари пире шуда.
Рўзе аз гуруснагӣ ба ҷон омад, на касе ба доди ў расид ва ноне ба даст овард. Навмеду саргардон рўй ба биёбон гузошт ва он гоҳ ба гўристон гузашт ва чанги худро дар бағал гирифту нолае кард, сар ба осмон баровард. Чангзанон ба Худованд розу ниёз кард, ки ҳафтод сол гуноҳ кардаму Ту маро гурусна нагузоштӣ.
Он ҳангом барои дилхушии мардумон чанг мезадам.
Имрўз, ки ҳоҷатманд мондаам, ба Ту рўй овардам ва барои ту менавозам:
Нест касб, имрўз меҳмони туам,
Чанг баҳри ту занам, к-они туам.
Чангро бардошт, шуд Аллоҳҷў,
Сўйи гўристони Ясриб оҳгў.
Гуфт: «Хоҳам аз Ҳақ абрешим баҳо,
К-ў ба некўӣ пазирад қалбҳо».
Чунки зад бисёру гирён сар ниҳод,
Чанг болин карду бар гўре фитод.
Пир гирён рўйи гўре афтод ва хобаш бурд. Дар ҳамон замон Умар ҳам эҳсоси хастагии шадид карду ба ин ки одат надошт, дар он соат бихобид. Сар ба болин ниҳоду дар хоб дид:
Бонг омад мар Умарро, к-эй Умар,
Бандаи моро зи ҳоҷат бозхар!
Бандае дорем хосу муҳтарам,
Сўйи гўристон ту ранҷа кун қадам.
Эй Умар, барҷаҳ, зи байтулмоли ом,
Ҳафтсад динор дар каф неҳ тамом.
Пеши ў бар, к-эй ту моро ихтиёр,
Ин қадар бистон, кунун маъзур дор.
Ин қадар аз баҳри абрешим баҳо,
Харҷ кун, чун харҷ шуд, ин ҷо биё!
Аз сўйи Худованд ба ў дастур дода шуд, ки ба гўристон биравад, пири чангиро биёбаду ўро бинавозад ва ба ў пул бидиҳаду ниёзашро бароварад.
Умар саросема аз хоб ҷасту бо кисаи пур аз пул рўй ба гўристон ниҳод. Ҳарчи гашт, касеро наёфт, ҷуз он пир, ки рўйи гўре хуфта буд. Барои ин ки бедораш накунад, болои сараш нишасту мунтазир монд. Ногаҳон атсае кард ва пир ошуфта аз хоб ҷаст. Чашмаш ба халифа афтод, тарсид:
Мар Умарро дид, монд андар шигифт,
Азми рафтан карду ларзидан гирифт.
Гуфт дар ботин: «Худоё, аз ту дод,
Муҳтасиб бар пираке чангӣ фитод!»
Чун назар андар рухи он пир кард,
Дид ўро шармсору рўйзард.
Пас Умар гуфташ: «Матарс, аз ман марам,
К-ит башоратҳо зи Ҳақ овардаам».
Ва достони хобу дастури Худовандро бозгуфт ва қиссаро пеши рўйи ў ниҳод. Пир, ки интизори чунин воқеаро надошт, аз лутфу карами Худо ҳайрон шуд.
Чангро ба замин заду аз шодӣ фарёд кашид:
– Худовандо! Ҳафтод сол нони худро аз мардумон хостам ва аз ту ғофил мондам. Як дам, ки ба ёдат афтодаму аз ту кўмак хостам, халифаро бо пойи худ пешам фиристодӣ ва мани шармандаро эҳсон намудӣ!
Дод Ҳақ умре, ки ҳар рўзе аз он
Кас надонад қимати он дар ҷаҳон.
Харҷ кардам умри худро дам ба дам,
Дардамидам ҷумларо дар зеру бам.
Умари Форуқ гуфт: «Чунин аст подоши касе, ки ба Худо рўй оварад».
Чунки қиссай ҳоли пир ин ҷо расид,
Пиру ҳолаш рўй дар парда кашид.
Пир доманро зи гуфтугў фишонд,
Нимгуфта дар даҳони мо бимонд.
Аз пайи ин айшу ишрат сохтан
Садҳазорон ҷон бишояд бохтан.
Дар шикори бешаи ҷон боз бош,
Ҳамчу хуршеди ҷаҳон ҷонбоз бош.
Ҷонфишон афтод хуршеди баланд,
Ҳар даме тай мешавад, пур мекунанд.
Ҷон фишон, эй офтоби маънавӣ!
Мар ҷаҳони куҳнаро бинмо навӣ.
Дар вуҷуди одамӣ ҷону равон
Мерасад аз ғайб чун оби равон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё