Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ИШҚИ ПОДШОҲ ВА КАНИЗАК

Буд шоҳе дар замонҳо пеш аз ин,

Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.

Иттифоқо, шоҳ шуд рўзе савор,

Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.

Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,

Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.

Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,

Дод молу он канизакро харид.

Шоҳ канизро дида ошиқи ў мешавад. Ўро мехарад,

ба хона мебарад ва ҳамсари худ мекунад:

Чун харид ўрову бархурдор шуд,

Он канизак аз қазо бемор шуд.

Он яке хар дошт, полонаш набуд,

Ёфт полон, гург харро даррабуд.

Кўза будаш, об меномад ба даст,

Обро чун ёфт, худ кўза шикаст.

Канизак бемор мешавад ва шоҳи ошиқу гирифтори ў ҳамаи табибонро гирд меоварад, то ўро дармон кунанд. Онҳо омада гуфтанд:

Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест,

Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест.

Вале:

Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво,

Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.

Он канизак аз мараз чун мўй шуд,

Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷўй шуд.

Аз қазо сиркангубин сафро фузуд,

Равғани бодом хушкӣ менамуд.

Шоҳ чун аз табибон навмед шуд ва донист, ки ба дармони ў дармондаанд, рў ба даргоҳи Худо овард ва ба дуо пардохт:

Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид,

Побараҳна ҷониби масҷид давид.

Рафта дар масҷид, сўйи меҳроб шуд,

Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.

Шоҳ ба Худо гуфт:

К-эй камина бахшишат мулки ҷаҳон,

Ман чӣ гўям, чун ту медонӣ ниҳон!

Эй ҳамеша ҳоҷати моро паноҳ,

Бори дигар мо ғалат кардем роҳ.

Чун баровард аз миёни ҷон хурўш,

Андар омад баҳри бахшоиш ба ҷўш.

Дар миёни гиря хобаш даррабуд,

Дид дар хоб ў, ки пире рў намуд.

Гуфт: «Эй шаҳ, мужда, ҳоҷатат равост,

Гар ғарибе оядат, фардо зи мост».

Шоҳ хоб дид, ки пире ба ў мужда дод фардо табиби донишманде аз роҳ мерасад ва ба ёрии ў меояду бемории канизакро дармон мекунад. Рўзи баъд шоҳ интизор нишаст, то офтоб баромад.

Дид шахси фозиле, пурмояе,

Офтобе дар миёни сояе.

Мерасид аз дур монанди ҳилол,

Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.

Нестваш бошад хаёл андар равон,

Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон:

Бар хаёле сулҳашону ҷангашон

В-аз хаёле фахрашону нангашон.

Он хаёле, ки шаҳ андар хоб дид,

Дар рухи меҳмон ҳамеомад падид.

Бомдод табибе ба шакли пире, ки дар хоб дида буд, ба дарбор омад. Шоҳ ба пешвози ў рафт ва ўро гиромӣ дошт ва адаб кард:

Аз Худо ҷўем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Шоҳ меҳмонро боадаб пазируфт ва ба сару рўйи ў бўса заду гуфт. Сипас, достони ишқи худро бо канизак бозгуфт ва ў хост, ки ба дармонаш бикўшад ва ҳар чӣ тавонад, бикунад, то беҳбуд ёбад. Табиб беморро дид ва ҳоли ў пурсид ва донист, ки табибон бемории ўро нашинохтаанд ва ҳар чӣ дору додаанд, суд накардааст.

Гуфт: «Ҳар дору, ки эшон кардаанд,

Он иморат нест, вайрон кардаанд.

Дид ранҷу кашф шуд бар вай ниҳуфт,

Лек пинҳон карду бо султон нагуфт.

Ранҷаш аз сафрову аз савдо набуд,

Бўйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд.

Дид аз зориш, к-ў зори дил аст,

Тан хуш асту ў гирифтори дил аст.

Ошиқӣ пайдост аз зории дил,

Нест беморӣ чу бемории дил.

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,

Ишқ устурлоби асрори Худост.

Ошиқӣ гар зин сару гар з-он сар аст,

Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.

Ҳар чӣ гўям ишқро шарҳу баён,

Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.

Гарчи тафсири забон равшангар аст,

Лек ишқи безабон равшантар аст.

Чун қалам андар навиштан мешитофт,

Чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофт.

Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,

Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.

Офтоб омад далели офтоб,

Гар далелат бояд, аз вай рў матоб.

Табиби донишманд дар нахустин муоинаву ташхис аз дарди бемор огоҳӣ ёфт, вале набзи ўро гирифт ва забонашро дид. Аз нишонаи нохушӣ пурсид ва ҳар озмоиш лозим донист, ба кор гирифт ва донист хаёлаш дуруст буда ва гирифтори бемор аз ранҷи тан нест.

Ман чӣ гўям – як рагам ҳушёр нест

Шарҳи он ёре, ки ўро ёр нест.

Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар

Ин замон бигзор то вақти дигар.

Гуфтамаш: «Пўшида хуштар сирри ёр,

Худ ту дар зимни ҳикоят гўш дор.

Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон

Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон».

Табиб аз дард огоҳ шуд, аммо салоҳ донист, ки баногоҳ онро бохабар кунад ва хост, ки ибтидо озмоиши худро собит кунад ва сипас андак-андак шоҳро биёгоҳонад. Бинобар ин, ба шоҳ гуфт:

Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро,

Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.

Кас надорад гўш дар даҳлезҳо,

То бипурсам з-ин канизак чизҳо.

Хона холӣ монду як дайёр на,

Ҷуз табибу ҷуз ҳамон бемор на.

Табиб оҳиста-оҳиста аз канизак пурсид:

Нарм- нармак гуфт: «Шаҳри ту куҷост?

Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост».

Ҳамчунон ки канизак саргузашти хешро ба забон меовард, табиб набзи ўро дар даст медошт ва як-як номи шаҳрҳое, ки канизак мешинохт, ба забон меовард ва саршиносони он шаҳрро ном мебурд. Қасдаш ин буд, ки аз ҷаҳиши набзаш дарёбад, ки аз кадом шаҳр аст ва ба чӣ кас дил бастааст. Пеш аз ин ки шоҳ ўро бихарад, ошиқи кӣ будааст:

Номи шаҳре гуфту з-он ҳам даргузашт,

Ранги рўю набзи ў дигар нагашт.

Хоҷагону шаҳрҳоро як ба як

Бозгуфт, аз ҷою аз нону намак.

Шаҳр шаҳру хона хона қисса кард,

На рагаш ҷунбиду на рух гашт зард.

Набзи ў бар ҳоли худ буд бегазанд,

То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.

Ҳамин ки номи Самарқанд бар забони табиб омад, набзи канизак тунд зад ва рангу рўйи канизак сурх шуд:

Чун зи ранҷур он ҳаким ин роз ёфт,

Асли он дарду балоро бозёфт.

Гуфт: «Донистам, ки ранҷат чист, зуд

Дар халосат сеҳрҳо хоҳам намуд».

Табиб донист, ки мардеро дўст медорад, ки заргар аст ва дар маҳали Ғотифари шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунад ва чун аз ў дур монда, бемор шудааст. Ҷуръати гуфтани рози худро ба ҳеҷ кас надорад. Аз ин ҷиҳат гуфт:

Ҳону ҳон! Ин розро бо кас магў,

Гарчи аз ту шаҳ кунад бас ҷустуҷў.

Гуфт Пайғамбар, ки ҳар кӣ сир ниҳуфт,

Зуд гардад бо муроди хеш ҷуфт.

Дона чун андар замин пинҳон шавад,

Сирри ў сарсабзии бустон шавад.

Зарру нуқра гар набудандӣ ниҳон,

Парвариш кай ёфтандӣ зери кон?

Табиб бо бемор ҳампаймон шуд, ки рози ўро ба кас нагўяд, то худ илоҷаш кунад, вале:

Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард,

Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард.

Ба подшоҳ ҳамаи саргузашти ўро гуфт ва супориш кард, ки он марди самарқандиро бо тадбиру бо пешкаши зарру сим ба назди худ биёварад, зеро дар вазъи ҳозири канизак ҷуз ба дидори ў дармон нахоҳад ёфт ва бими он аст, ки талаф шавад. Бинобар ин, ба дидори маъшуқ беҳбуд хоҳад ёфт. Он гоҳ бояд чорае андешид, то маъшуқ бемор шавад ва ҷамоли ў, ки сабаби дилбохтагии канизак шудааст, осеб бибинад. Дар он ҳол дур нест, ки ишқи канизак ба ў поён ёбад ва подшоҳ ба муроди дил бирасад.

Шоҳ ночор бад-ин кор ризоят дод ва пайке ба Самарқанд фиристод, то он марди заргарро пайдо кунанду назди шоҳ биёваранд. Ҳангоме ки ба дарбори шоҳ расид, ўро гиромӣ доштанд. Шоҳ ба гуфтаи табиб канизакро раҳо кард, то битвонад бо ошиқи худ ҳамсар шавад:

Шаҳ бад-ў бахшид он маҳрўйро,

Ҷуфт кард он ҳар ду суҳбатҷўйро.

Муддати шаш моҳ меронданд ком,

То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.

Пас аз он шарбате сохт ва ба марди заргар дод. Чун нўшид, танаш бигудохт ва ҳолаш зор шуд. Андаке нагузашт, ки шодобӣ ва хубрўйиро аз даст дод.

Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ў намонд,

Ҷони духтар дар вуболи ў намонд.

Чунки зишту нохушу рухзард шуд,

Андак-андак дар дили ў сард шуд.

Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,

Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.

Хун давид аз чашми ҳамчун ҷўйи ў,

Душмани ҷони вай омад рўйи ў.

Душмани товус омад парри ў,

Ҳар чӣ нохушии марди заргар шиддат меёфт, ишқи канизак ба ў коста мешуд.

Ҷавон, ки ин нуктаро дарёфт, донист, ки ишқи духтар ба ў пойдорӣ надошта ва дар доми рангу рў афтодааст. Ба ёдаш омад, ки худаш ҳам канизро то ҷавон ва шодоб буд, дўст дошт ва агар тамаъи молу давлати шоҳ набуд, дигар дар ранҷурӣ ва дардмандӣ бо ў ҳамсар намешуд:

Гарчи девор афганад сояй дароз,

Бозгардад сўйи ў он соя боз.

Ин ҷаҳон кўҳ асту феъли мо нидо,

Сўйи мо ояд нидоҳоро садо».

Ин бигуфту рафт дар дам зери хок,

Он канизак шуд зи ишқу ранҷ пок.

З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,

З-он ки мурда сўйи мо оянда нест.

Ишқи зинда дар равону дар басар

Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.

Ишқи он зинда гузин, к-ў боқӣ аст,

В-аз шароби ҷонфизоят соқӣ аст.

Ишқи он бигзин, ки ҷумлай анбиё

Ёфтанд аз ишқи ў кору киё.

Ту магў: «Моро бад-он шаҳ бор нест»,

Бо каримон корҳо душвор нест.

Дар поёни достон Мавлавӣ ишора мекунад, ки табиб он марди заргарро барои хотири шоҳ накушт ва ба ў заҳр надод, чунон ки шоҳ мехост, балки ин ҳикоя намоёнгари ин аст, ки муҳаббате, ки барои зоҳиру сурат аст, аз даст рафтанист, ҳамин ки ҷавонию шодобӣ рафт, дандон рехт, мўйи сар сафед шуд ва рангу рухсора зард, муҳаббати маъшуқа ҳам поён меёбад. Ишқи ҳақиқӣ он аст, ки бо зардӣ ва сухану чеҳра каму беш нашавад, ранҷурию нотавонӣ ба он зиён нарасонад.

пешина
аз 47
навбатӣ