Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ДИЛДОДАИ ХОБОЛУД ВА ДИЛДОРИ Ў

Ошиқе будаст дар айёми пеш,

Посбони аҳд андар аҳди хеш.

Солҳо дар банди васли моҳи худ,

Шоҳмоту моти шоҳаншоҳи худ.

Дар рўзгори пешин дилдодае будааст, сахт пойбанди қавлу қарори хеш. Солҳо дар пайи дилдор гашта, аз ҷустуҷў ва орзуи пайванди ў ҳеҷ гоҳ навмед намешудааст.

Оқибат ҷўянда ёбанда бувад,

Ки фараҷ аз сабр зоянда бувад.

То ин ки рўзе дилдораш ба ў гуфт, ки имшаб пеши ту хоҳам омад. Дар фалон соат, дар фалон хона дар интизори ман бинишин ва то омадани ман бедор бош!

Дар фалон ҳуҷра нишин то ними шаб,

То биёбам ними шаб ман бе талаб.

Дилдода ба шунидани ин ваъда аз шодӣ пар баровард. Назрҳои худро адо карда, гуруснаҳоро сер намуда, ҳоҷати эҳтиёҷмандонро баровард. Чунонки қарор шуда буд, дар ваъдагоҳ чашм дар интизори дилдораш нишаст, то биояд ва ба аҳди худ вафо кунад. Аммо ўро хоб даррабуд ва ними шаб, вақте ки ёраш шодон аз дар даромад, ўро дар хоби сахт, бехабар ва бепарво аз дилдору дилдодагӣ дарёфт.

Ошиқи худро фитода, хуфта дид,

Андаке аз остин ўро дарид.

Гирдаконе чанд андар ҷайб кард,

Ки ту тифлӣ, гир ин, мебоз нард.

Гирдакон – чормағз.

Дилдор ба нишони вафо ба ваъда ва ба дидор омаданаш ва дар хоб будани ў, аз остини ў андаке бурида, ба кинояи ин ки ту ҳанўз кўдак будаӣ ва қадри ишқро то ҳол намедонӣ, вагарна хобро бар интизори дидор бартар намедонистӣ, чанд дона чормағзро дар кисааш гузошту рафт. Ошиқ наздики субҳ аз хоб бедор шуд.

Остинашро даридаю кисаашро пур аз чормағз ёфт. Аз нокомии хеш огаҳ шуд.

Гуфт: –Дилдодаи ман ваъдаи худро фаромўш накард ва аз рўйи вафодорӣ дар ваъдагоҳ ҳозир шуд, вале мани шўрбахти бечора дар хоб мондам.

Гуфт: «Шоҳи мо ҳама сидқу вафост,

Он чи бар мо мерасад, он ҳам зи мост».

Аз сустию ғафлати хеш нолон шуду гуфт:

–Аз мост, ки бар мост. Ҳар чӣ ба сари ман ояд, аз нодонию бадбахтии худам аст. Ишқ бо ақл созгор нест.

Баъд аз ин аз ҳама гузашт хоҳам кард ва ба хўрду хўрок машғул намешавам, то ин ки хушбахтии ба сўйи ман омадаро аз даст надиҳам.

Ҳар чӣ ғайри шўришу девонагист,

Андар ин раҳ дуриву бегонагист.

Ишқу номус, эй бародар, рост нест,

Бар дари номус, эй ошиқ маист.

Вақти он омад, ки ман урён шавам,

Нақш бигзорам, саросар ҷон шавам.

Ҳин, гулўи сабр гиру мефишор,

То хунук гардад дили ишқ, эй савор!

То насўзам, кай хунук гардад дилаш?

Хуш бисўз ин хонаро, эй шери маст,

Хонаи ошиқ чунин авлотар аст.

Хобро бигзор имшаб, эй падар,

Як шабе бар кўйи бехобон гузар.

Гар ду олам пур шавад сармасти ёр,

Ҷумла як бошанду он як нест хор.

ДОСТОНИ САРДОРИ ТУРК ВА МУТРИБИ Ў

Сардори турке нимашаб аз хоб бедор шуд. Ў дар ҳоли хумор буд. Дастур дод, ки ҳофизе ва занеро ба ҳузури ў биёваранд, то аз хумори шароби шаб нўшидааш, раҳо ёбад. Мутриб муниси ҷони мастон аст ва мастии мастон дар канори ў дучандон мешавад:

Мутриби ҷон мўниси мастон бувад,

Нақлу қуту қуввати маст он бувад.

Мутриби эшон суйи мастӣ кашид,

Боз мастӣ аз дами мутриб чашид.

Шароби Ҳақ мастро ба маҷлиси тараб мебарад ва тан аз ин шароб ҳоли хешро пайдо мекунад. Мастии тану мастии ҷон дар лафз бо ҳам монанданд. Ҳамин шабоҳати лафз инсонро ба иштибоҳ меандозад. Монанди ин ки кофиру муъмин дар тан ба ҳам монанданду дар кору амал ва ибодат тафовут доранд. Ҷисми одамӣ мисли кўза сарбаста аст. То сари онро боз накунӣ ва ба даруни он нанигарӣ, чизи дохили онро нахоҳӣ донист.

Ҷисмҳо чун кўзаҳои бастасар,

То ки дар он кўза чӣ бвад? Он нигар.

Кўзаи он тан пур аз оби ҳаёт,

Кўзаи ин тан пур аз заҳри мамот.

Лафз монанди ҷисм аст ва ҷисмҳо бо ҳам шабеҳанд, аммо маънӣ, ки дар дарун аст, ба ҷон мемонад. Маснавии ман ҳам ҳамин тавр аст. Сураташ гумроҳкунанда аст ва маънояш раҳнамову раҳонанда. Паёмбари акрам (с) дар бораи Қуръони карим мегўяд: – Ин китоб дар дилҳо асар мекунад, ғайр аз ин ки гурўҳеро роҳбар асту гурўҳеро таъсир надорад.

Кўре ба хонаи Расули Худо (с) омаду гуфт:

–Эй, ки ҳоҷати ҳамаро мебарорӣ, маро ҳам дарёб!

Модари муъминон, ҳамсари Паёмбари акрам (с) – Оиша (р), ки он ҷо буд, чун кўрро дид, ба дигар ҳуҷра давид, то рўймоле бар сар кунад. Он бону медонист, ки ҳазрати Муҳаммад (с) рашки зиёд дорад ва намехост дили ў малул гардад. Паёмбари Худо (с) ба Оиша (р) гуфт: – Ў туро намебинад, чаро пинҳон мешавӣ?

Оиша (р) гуфт: – Дуруст аст, ки ў маро намебинад, аммо ман ўро мебинам ва аз рашки ту ҳам огоҳам.

Гуфт Пайғамбар барои имтиҳон,

«Ў намебинад туро, кам шав ниҳон».

Кард ишорат Оиша бо дастҳо:

Ў набинад, ман ҳамебинам варо».

Он ки зебост, худро аз тиррасӣ дур нигоҳ медорад, аммо он ки зишту пир аст, ҳоҷате ба пинҳон шудан надорад:

Рашк аз он афзунтар аст андар танам,

К-аз худаш хоҳам, ки ҳам пинҳон кунам.

З-оташи рашки гарон оҳанги ман,

Бо ду чашму гўши худ дар ҷанг ман.

Барои амиру сардори турк ҳамон нимашаб мутриберо оварданд ва ў сурудан оғоз кард.

Мутриб оғозид пеши турки маст,

Дар ҳиҷоби нағма асрори аласт.

Суруди ў чунин буд:

«Ман надонам, ки ту моҳӣ ё васан?

Ман надонам, то чӣ мехоҳӣ зи ман?

Менадонам, ки чӣ хидмат орамат?

Тан занам ё дар иборат орамат?

Ин аҷаб, ки нестӣ аз ман ҷудо,

Менадонам ман куҷоам? Ту куҷо?

Менадонам, ки маро чун мекашӣ?

Гоҳ дар бар, гоҳ дар хун мекашӣ».

Ҳамчунин лаб дар «надонам» боз кард,

«Менадонам, менадонам» соз кард.

Чун зи ҳад шуд «менадонам» аз шигифт,

Турки моро з-ин ҳарора дил гирифт.

Сардори турк аз «надонам, надонам» гуфтани мутриб сахт барошуфт ва шамшери худро берун кашид, ки бар сари ў бизанад. Фармондеҳе, ки он ҷо буд, дасташро гирифт ва гуфт: –Эй амир, дар ин ҳангом мутрибкушӣ кори дуруст нест.

Сардор гуфт: – Охир аз ин оҳанги «надонам, надонам» дилам гирифт:

Гуфт: «Ин такрори беҳадду мараш

Кўфт табъамро, бикўбам ман сараш.

Қалтабоно, менадонӣ, гуҳ мах(в)ар,

В-ар ҳамедонӣ, бизан, мақсуд бар.

Он бигў, эй гиҷ, ки медонияш,

«Менадонам, менадонам» дармакаш.

Ман бипурсам, к-аз куҷоӣ, ҳай мурӣ?

Ту бигўйӣ на зи Балху на-з Ҳарӣ.

На зи Бағдоду на Мавсил, на Тароз,

Даркашӣ дар «нею не» роҳи дароз.

Суханро ба дарозо макаш. Аз он чи медонӣ бигў, на аз он чи намедонӣ!

Ин суханхойии дароз аз баҳри чист?

Гуфт мутриб: «З-он ки мақсудам хафист.

Мерамад исбот пеш аз нафйи ту,

Нафй кардам, то барӣ з-исбот бў.

Дар наво орам ба нафй ин созро,

Чун бимирӣ, марг гўяд розро».

Мутриб гуфт: –Ман аз роҳи инкор мехоҳам амирро исбот намоям.

Магар нашунидаӣ, ки Паёмбари акрам (с) гуфт: – Бимиред, пеш аз он ки бимиред, яъне, то зиндаед, худро бимиронед, то ин ки аз рози ниҳон огоҳ шавед.

То намирӣ, ҷон аз ин «надонам»-ҳою нодониҳо раҳо намешавад. Ситораҳо, ки рафтанд, хуршед намоён мешавад:

То нагаштанд ахтарони мо ниҳон,

Дон, ки пинҳон аст хуршеди ҷаҳон.

Дар ин ҷаҳон зид ба воситаи зид шинохта мешавад:

Нафй зидди ҳаст бошад, бе шаке,

То зи зид зидро бидонӣ андаке.

Ин замон ҷуз нафй зид эълом нест,

Андар ин нашъат даме бе дом нест.

Одаме, ки болиғ мешавад, дигар кўдак нест ва хоке, ки зар мегардад, дигар хок нест. Барои ҳамин Пайғамбари Худо (с) фармудааст:

– Агар мехоҳӣ чашми дилат боз шавад, пеш аз мурдан бимир, яъне, худхоҳию худпарастиро фаромўш кун. Аммо ин нукта бо ақл фаҳмида намешавад, бо марг дониста хоҳад шуд. Муҳаммад (с), ки ҳама чизро медонисту медид, аз худ гузашта буд. Абўбакр, ки лақаби Сиддиқ, яъне «Ростгўйтарин» ёфт, ҳамчунин аз худ гузашта буд.

Борҳо аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд, ки то қиёмат ва растохез чӣ қадар роҳ аст? Ў ба забони ҳол мегуфт:

–Оё аз растохез ҳоли растохезро мепурсанд?

Пас, қиёмат шав, қиёматро бибин,

Дидани ҳар чизро шарт аст ин.

Ақл гардӣ, ақлро донӣ камол,

Ишқ гардӣ, ишқро донӣ зубол.

Гуфтаме бурҳони ин даъво мубин,

Гар будӣ идрок андархурди ин.

Дар ҳама олам агар марду зананд,

Дам ба дам дар назъу андар мурдананд.

пешина
аз 47
навбатӣ