Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ КУШТА ШУДАНИ ЗОҒ ВА ХУРЎС

Аз Иброҳими Халил (а) пурсиданд: –Чаро зоғро куштӣ? Гуноҳи ў чӣ буд? Оё танҳо ба хотири фармонбарӣ аз Худованд ўро куштӣ? Агар чунин аст, ҳикмати он фармон чист?

Гуфт: –Гуноҳи зоғ ҳам монанди гуноҳи шайтон аст.

Шайтон аз Худованди Мутаъол хост, ки то охири ҷаҳон умр ба сар барад, то битавонад ҳамаро ба фасоду бадӣ бикашад ва ҳол он ки метавонист аз Парвардигор тавба бихоҳад, то дубора фаришта шаваду ҷаҳону мардуми он аз гумроҳӣ наҷот ёбанд. Зоғ ҳам дар орзую ғами умри дароз аст, ки дорад, аммо ин умри дарозро чӣ гуна ба кор мебарад?

Он гоҳ аз Иброҳим (а) пурсиданд: – Хурўсро барои чӣ куштӣ?

Иброҳим (а) гуфт: – Хурўс шаҳватпараст аст. Ҳазрати Одам (а)– падари башарият, агар барои идомаи насл намебуд, худро ахта мекарду ҳаргиз дил ба зан намедод.

Дар хабар аст, ки шайтон ҳангоме ки аз даргоҳи

Худованд ронда шуд, гуфт: – Умри маро ба қадри умри ҷаҳон дароз кун!

Аз тарафи Худо талаби ў қабул шуд. Баъд гуфт:

–Барои фиреби одамон ва озмоиши онҳо доме ба ман бибахш!

Худованди тавоно ва баландмартаба зару сими фаровон дар ихтиёри ў ниҳод.

Шайтон гуфт: –Инҳо барои фиреби одамон лозим аст, аммо кофӣ нест.

Худованд дасти ўро бар хўрданиҳои лазиз ва пўшиданиҳои зебо боз гузошт. Шайтон розӣ нашуд ва гуфт:

–Гурўҳе ҳастанд, ки ба инҳо фиреб намехўранд. Он гаҳе ман мехоҳам, ки пойдории бандагони муъмин ва хубии туро, ки мардвор фиреби маро намехўранд ва гирифтор намешаванд, биозмоям.

То ки мастонат, ки нарру пурдиланд,

Мардвор он бандҳоро бигсиланд.

То бад-ин дому расанҳои ҳаво

Марди ту гардад зи номардон ҷудо.

Доми дигар хоҳам, эй султони тахт,

Доми мардандозу ҳилатсози сахт.

Худованд шаробу мусиқиро ба ў пешниҳод кард.

Шайтон андаке шод шуд, аммо боз исрор кард, ки доми муассиртаре мехоҳам. Худованди доно занро офарид.

Шайтон, ки чашмҳои хумору карашмаҳои мардафкани занро дид, изҳори шодӣ намуд:

Бас зад ангуштак, ба рақс-андар фитод,

Ки бидеҳ зутар, расидам бар мурод.

Гуфт: –Ин домро зудтар медодӣ, ки мизони озмоиши шаҳват аст ва умеди ман ба фасоди халқ ба ҳамин аст.

Бо ҳамин дом Одамро аз биҳишт берун мекашам ва боз бо ҳамин дом дар миёни фарзандони ў фасод мекунам.

Чун бидид он чашмҳои пурхумор,

Ки кунад ақлу хирадро беқарор.

Хаёли шайтон осуда шуд, ки башарро гирифтори шаҳват хоҳад кард ва ўро ба ғарқоби фасод хоҳад андохт. Хурўс бошад, намояндаи туғёни шаҳват аст.

ДОСТОНИ ОҲУБАРРА ДАР ОХУРИ ХАРОН

Оҳуеро кард сайёде шикор,

Андар охур кардаш он безинҳор.

Оҳуеро пур зи говону харон,

Ҳабси оҳу кард чун истамгарон.

Шикорчие оҳуеро ба дом андохт. Ўро ба хона овард ва шабу рўз дар тавилаи харону говони худ ҷояш дод. Он гоҳ дар охури харон коҳ рехт ва онҳо бо шодию лаззати фаровон ба хўрдан пардохтанд. Оҳубарра, ки бо сабзагулҳои кўҳистон парвариш ёфта буд, аз ҳамкосагии хару говон, ки бо алафи хушк худро сер мекарданд, дилхуш набуд. Бетобона ин сўву он сў мерамид.

Ҳар киро бо зидди худ бигзоштанд,

Он уқубатро чу марг ангоштанд.

Ҳазрати Сулаймон, ки ҳамаи парандаву чарандаҳоро ба пешгоҳи худ хоста буд, ҳудҳудро миёни онҳо надид. Чун пурсиш кард, ҳеҷ кас хабар надошт, ки ҳудҳуд куҷост. Сулаймон (а) дар хашм шуд ва гуфт:

– Агар биёяд ва далели дурусте бар дер кардани худ надошта бошад, ўро хоҳам кушт ё ба азоби бадтар гирифтор кунам.

Бикшамаш, ё худ диҳам ўро азоб,

Як азоби сахти берун аз ҳисоб.

Аз ҳазрати Сулаймон (а) пурсиданд, ки азоби бадтар аз куштан чист?

Гуфт: –Ўро бо як мурғе, ки ҳамҷинси ў набошад, дар як қафас зиндонӣ хоҳам кард.

Оре, рўҳи одамӣ, ки дар қафаси тан гирифтор аст, ҳоли касеро дорад, ки бо ғайри ҷинси худ маҷбур ба ҳамнишинию ҳамхонагӣ аст.

З-ин бадан андар азобӣ, эй башар,

Мурғи рўҳат баста бо ҷинсе дигар.

Рўҳ боз асту табоеъ зоғҳо,

Дорад аз зоғону ҷуғдон доғҳо.

Худованд фармудааст:

–Ман ба зоҳири шумо наменигарам, балки бо дили шумо кор дорам. Дил хазинаи хубиҳову палидиҳо ва зебоию зиштиҳост. Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳангоме ки шаҳри Сабзаворро гирифт, дастур дод, ки мардуми он шаҳрро бикушанд. Сабзавориҳо ҳамаи молу дороии худро пешкаш карданд ва аз шоҳ амон хостанд. Ў гуфт, ки ман фиреби шуморо намехўрам ва сарвату дороии шуморо намехоҳам. Танҳо шарти кушта нашудани шумо ин аст, ки дар ин шаҳр касеро пеши ман биёваред, ки номаш Абўбакр бошад.

Дар он шаҳр ҳама шиъа буданду душмани Абўбакр.

Ҳама аз тарси ҷон ба ҷустуҷў пардохтанд, то дар харобае марди бемореро ба номи Абўбакр пайдо карданд.

Хуфта буд ў дар яке кунҷе хароб,

Чун бидидандаш, бигуфтандаш: «Шитоб,

Хез, ки султон туро толиб шудаст,

К-аз ту хоҳад шаҳри мо аз қатл раст».

Марди бемор гуфт:

– Ман аз нохушӣ дар ин ҷо мондаам. Ин шаҳр пур аз душман аст ва ман ҳеҷ ёре надорам. Касе дастгири ман дар ин шаҳр нест. Агар ҳолам хуб мебуд, ҳаргиз дермон намекардам ва аз ин ҷо мегурехтам.

Гуфт: «Агар поям будӣ ё мақдаме,

Худ ба роҳи худ ба мақсад рафтаме.

Андар ин душманкада кай мондаме?

Сўйи шаҳри дўстон мерондаме».

Аммо мардум гўш ба нолаву зории ў надоданд ва марди беморро рўйи тахта гузоштанду пеши султон бурданд, то аз марги ҳатмӣ раҳоӣ ёбанд.

Ин ҷаҳон барои аҳли дил монанди шаҳри Сабзавор барои Абўбакр аст. Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар мисоли ҷойи Худост, ки аҳли дилро меҷўяд ва интихоб мекунад ва мехоҳад мардумро ба роҳи рост бикашонад, то ҳамагӣ ба дил бипардозанд:

Ман зи соҳибдил кунам бар ту назар,

На ба нақши саҷдаву исори зар.

Ту дили худро чу дил пиндоштӣ,

Ҷустуҷўйи аҳли дил бигзоштӣ.

Он диле овар, ки қутби олам ўст,

Ҷони ҷони ҷони ҷони одам ўст.

Ҳоло ба суроғи бачаи оҳу дар тавилаи харон биравем. Чанд рўз он оҳубарра бетобу нигарон буд.

Харе мегуфт:

–Ин оҳу табъи шоҳон дорад. Хари дигаре ба масхарагӣ: «На ў гавҳар овардааст ва ба мо ноз мефурўшад» илова мекард.

В-он харе гуфто, ки бо ин нозукӣ

Бар сарири шоҳ шав ту муттакӣ.

Як хар ба таъна ба ў гуфт:

–Медонам, ки ноз мекунӣ ё хиҷолат мекашӣ, вагарна бо мо ҳамғизо мешудӣ.

Оҳу гуфт: –Эй харон, магар намедонед, ки ман дар марғзорҳо озодона мечаридам ва аз гулу сабзаҳои саҳроӣ мехўрдам. Ман бо ин ҳавои бастаи тавила ва коҳи хушк ошноию созиш надорам.

Гар гадо гаштам, гадорў кай шавам,

В-ар либосам куҳна гардад, ман навам.

Харе гуфт: – Камтар лоф бизан. Аз мо чӣ фарқ дорӣ?

Гуфт: «Оре, лоф мезан, лофи лоф,

Дар ғарибӣ бас тавон гуфтан газоф».

Гуфт: «Нофам худ гувоҳӣ медиҳад,

Миннате бар уду анбар мениҳад».

Оҳу гуфт:

–Эй хар, магар намебинӣ, ки аз нофи ман бўйи мушк меояд? Аммо чӣ фоида, ки ту ва ҳамҷинсонат ба бўйи саргин одат кардаед ва аз бўйи мушку гулоб хабаре надоред. Барои ҳамин аст намедонед, ки аз ҳамнишинӣ бо шумо чӣ андоза ранҷ мебарам. Гуфтугўйи ман бо шумо бефоида аст ва ман ба танҳоӣ бо дарди худ бояд бисозам.

ДОСТОНИ ОШИҚУ МАЪШУҚ

Он яке ошиқ ба пеши ёри худ

Мешумурд аз хидмату аз кори худ.

Ошиқе пеши маҳбуби худ хидматҳо ва ҷонфишониҳои худро бармешумурд. Мегуфт:

–Дар роҳи ишқи ту ранҷҳо бурдам, тирҳо хўрдам ва озорҳо дидам:

Мол рафту зўр рафту ном рафт,

Бар ман аз ишқат басе ноком рафт.

Он чӣ ў нўшида буд аз талху дард,

Ў ба тафсилаш якояк мешумард.

Ў дардисарҳо ва гирифториҳои ошиқиро бозмегуфт, на барои ин ки бар маъшуқи худ миннат бигузорад, балки барои сидқи даъвои худ шоҳид меовард.

Оқилонро як ишорат бас бувад,

Ошиқонро ташнагӣ з-он кай равад?

Оташе будаш, намедонист чист,

Лек чун шамъ аз тафи он мегирист.

К-он чӣ асли ишқ асту валост,

Он накардӣ, он чӣ кардӣ, фаръҳост.

Маъшуқ дарди дили ўро шунид. Он гоҳ гуфт:

–Ҳар чӣ мегўйӣ дуруст аст. Дар роҳ ман рангҳо дида ва сахтиҳо кашидам. Аммо дар роҳи ишқу муҳаббат инҳо асл нест, балки фаръ аст.

Гуфт он ошиқ: «Бигў, он асл чист?»

Гуфт: «Аслаш мурдан асту ошиқист».

Ошиқ гуфт: – Пас асл чист?

Маъшуқ ҷавоб дод:

– Фано ва нестист. Аз ҷон гузаштан, аз тан растан ва ба маъшуқ пайвастан.

Ту ҳама кардӣ, намурдӣ, зиндаӣ,

Ҳин, бимир, ар ёри ҷон бозандаӣ.

Бо шунидани ин фармон, ошиқ пеши рўйи маъшуқ дароз кашиду аз шавқи фармонбардорию шўри ишқ дилшоду хандон ҷон дод. Он ханда бар лаби ў ҷовидон бимонд.

Ишқи пок, монанди нури хуршед, бар ҳама ҷо ва ҳама кас яксон метобад. Хуршед бар нопокиҳою покиҳо, бар олудагиҳою бар сабзаю гулҳо яксон нур меафшонад. Аммо ҳангоме ки партави худро бармегирад, аз он нопокиҳою олудагиҳо ва аз он рангу бў чизе ҳамроҳ намебарад.

Нури маҳолуда кай гардад абад?

Гар занад он нур бар ҳар неку бад.

Як нафар аз муфтие пурсид:

–Оё гиря намозро ботил мекунад?

Муфтӣ гуфт:

–То гиря барои кӣ ва чӣ бошад. Агар аз шавқи дидори Худованд гиря мекунӣ ё аз тарси ў бо пушаймонӣ аз гуноҳ, на танҳо намоз ботил намешавад, балки комил мешавад. Ва агар барои ҳоҷати худу тани худу касони худ гиря кунӣ, он намоз ба донаи гандуме намеарзад. Дар баробари Парвардигор бояд худро фаромўш кунӣ, ҳамчунон ки ошиқ ба фармони маъшуқ аз ҷон мегузарад ва ба ишқи ҷовидон хушбахтии ҷовидон мерасад.

пешина
аз 47
навбатӣ