МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ШОҲЗОДА
Подшоҳе дошт як барно писар,
Ботину зоҳир музайян аз ҳунар.
Подшоҳе писари ҷавону зебое дошт. Як шаб хоб дид, ки писараш ногаҳонӣ мурдааст. Шоҳ чунон ошуфта шуд, ки саросема аз хоб парид:
Хоб дид ў, к-он писар ногаҳ бимурд,
Софии олам бар он шаҳ гашт дурд.
Хушк шуд аз тоби оташ машки ў,
Ки намонд аз таффи оташ ашки ў.
Ончунон пур шуд зи дуду дард шоҳ,
Ки намеёбид дар вай роҳ оҳ.
Хост мурдан, қолибаш бекор шуд,
Умр монда буд, шаҳ бедор шуд.
Аз хоб, ки бедор шуд, ошуфтагии ў фурў нишаст, чун медонист агар касеро дар хоб мурда бибинанд, таъбираш ин аст, ки умри ў зиёд аст ва ба ин ҷиҳат нороҳатии ў ба шодӣ мубаддал шуд. Аммо ба зудӣ ба фикр фурў рафт, ки поёни ҳама кас марг аст ва беҳтар аст барои писари худ арўсе кунад, то насли ў боқӣ бимонад ва агар хоб рост баромад, касе бошад, ки номи ўро зинда нигаҳ дорад.
Шоҳ, ки марди хубе буд, бар он шуд, ки аз хонаводаи некўкору худопараст ва мардумдўст духтареро барои писараш баргузинад. Вале ҳамсари шоҳ гуфт:
–Ҳамсари писари ман бояд монанди худи ў шаҳзода бошад. Зани нодору фақир ба дарди ҳамсарии шоҳон намехўрад. Шоҳ гуфт:
–Хонаводаи ҳамсар бояд диндору дурусткор бошад.
Духтари чунин мардуме шоистаи писари мо хоҳад буд.
Мардуми некўкор агар нодоранд, на аз ин ҷиҳат аст, ки гадозодаанд, балки барои ин аст, ки тамаъ ба моли ди гарон надоранд ва донишро бар дороӣ бартарӣ медиҳанд. Парҳезкору қонеанд. Ҳар чӣ шаҳбону хост шоҳро аз хаёлаш баргардонад, муваффақ нашуд. Шоҳ аз хонадони парҳезкори некихоҳе духтаре, ки дар ҷамоли камолу хушрўйӣ ҳамто надошт, пайдо кард ва барои писари худ хостгорӣ намуд.
Аз қазо, дар ҳамон рўзҳо пиразани ҷодугаре шоҳзодаро дида ва ошиқи ў шуда буд. Ҷодуе карду дили писари шоҳро ба сўйи худ кашиду он қадар фану ҳунари ҷоду ба кор бурд, ки шоҳзода арўси меҳрубон, зебову хушрўйӣ худро фаромўш кард ва дил ба он пиразани гандадаҳон дод. Ҳарчанд кўшиданд чашму гўши ўро боз кунанд, натанҳо комёб нашуданд, балки ҳар рўз бештар писари шоҳ ақлу ҳуши худро аз даст медод, бештар шефтаи он ҷодугари пир мешуд.
Дигарон аз заъфи вай бо дарди сар,
Ў зи сукри сеҳр аз худ бехабар.
Ин ҷаҳон бар шоҳ чун зиндон шуда
В-он писар бар гиряшон хандон шуда.
Шоҳ бо дастгирии бечорагон барои дарди писар чораҷўйӣ мекард. Оқибат дарёфт, ки дар ин кор сирре аст. Ба даргоҳи Худованд рўй овард:
Саҷда мекард ў, ки фармонат равост,
Ғайри Ҳақ бар мулки Ҳақ фармон кирост?
Дуоҳои шоҳи покдилу хушниҳодро Худованд пазируфт ва ногоҳ марди худои доное, ки аз сеҳру ҷоду низ огоҳ буд, аз роҳи дур назди шоҳ омад.
Даст бар болои даст аст, эй фато,
Дар фану дар зўр то зоти Худо.
Мунтаҳои дастҳо дасти Худост,
Баҳр бешак мунтаҳои селҳост.
Марди доно гуфт: – Эй шоҳ! Худованд дархости туро пазируфт ва инак, ман омадам, то шоҳзодаро дармон кунам ва ўро аз дами пири ҷодугар раҳо созам:
Чун кафи Мўсо ба амри Кирдгор,
Нак барорам ман зи сеҳри ў димор,
Омадам, то баркушоям сеҳри ў,
То намонад шоҳзода зардрў.
Пас пандҳое ба шоҳ дод, ки ба кор баст ва ба зудӣ писари ў дармон шуд ва ҷодуи пиразан даст аз ҷони ў кашид:
Он гираҳҳои гаронро баркушод,
Пас зи меҳнат пури шаҳро роҳ дод.
Он писар бо хеш омад, шуд давон,
Сўйи тахти шоҳ бо сад имтиҳон.
Писар назди падар омад ва пешонӣ бар замин ниҳод.
Аз он чӣ гузашта буд, узр хост. Ҷодуи пиразан ҳам дигар натавонист дар баробари донои худопараст тоб биёварад. Сеҳри ў аз таъсир афтод ва ў аз ғусса мурд.
Шоҳзода дар тааҷҷуб монда буд,
К-аз ман ў ақлу назар чун даррабуд?
Шоҳзода се рўз беҳуш монда буд, то аз дармони табиби доно ва дуои мардуми некхоҳ беҳбуд ёфт. Он гоҳ шоҳ барои писараш ҷашни арўсии бузурге барпо кард ва ба ҳамаи аҳли шаҳр эҳсон намуд. Ба шукронаи раҳоии писар аз ҷоду дилҳои мустамандонро ба даст овард.
Мавлавӣ мегўяд:
–Шоҳзода фарзанди одамист, ки дар ҷаҳон ҷонишини Худост, монанди падараш ҳазрати Одам (а), ки фариштагон ба дастури Худои меҳрубон ўро саҷда ме карданд ва Худованд Одамро дар замин ҷонишини худ қарор дода, ки бо фармонбарию доноӣ, донишҷўйию парҳезкорӣ ва ҷустуҷўгарӣ рози хилқатро дарёбад. Он пиразани ҷоду дунё ва мулку моли дунёст, ки дилбастагӣ ба он ҳушу ақлу хушбахтиро аз одамӣ мегирад ва паёмбарон ҳамон донои худопараст ҳастанд, ки табиби дилу ҷони одамиёнанд.
Агар одамӣ ҳар чӣ пеш ояд, аз Худованд донад ва ба ў такя кунаду чашм ба дасти дигарон надошта бошад ва бо кору кўшиш ва ба даст овардани дониш бипардозад, аз ҳеҷ чиз ҳарос нахоҳад дошт ва пайваста шодмон хоҳад монд. Ҳамчунон ки зоҳиде ҳангоми қаҳтӣ, ки халқ парешону нолон буданд, чеҳраи шодон дошт. Мардум ба ў мегуфтанд: «Чӣ ҷойи шодӣ аст?»
Раҳмат аз мо чашмҳо бардўхтаст,
З-офтоби тез саҳро сўхтаст.
Кишту боғу раз сияҳ истодааст,
Дар замин нам нест, на боло, на паст.
Халқ мемиранд з-ин қаҳту азоб
Даҳ-даҳу сад-сад чу моҳӣ дур аз об.
Зоҳид гуфт: –Ҳар чӣ мерасад, аз Худои тавоно мерасад. Гиря ва ханда аз ғами худпарастии мост. Ман аз ў ғайр аз хубию некӣ чизе намебинам. Дар ин бало ҳам ҳикмате ҳасту озмоише барои мардум.
Ёри Фиръавни танед, эй қавми дун!
З-он намояд мар шуморо Нил хун.
Ёри Мўсои хирад гардед зуд
То намонад хуну бинед оби рўд.
Кулли олам сурати ақли кулл аст. Ҳар кӣ бо он ситеза кунад, ҳар чӣ пеш оядаш бад аст ва ҳар кӣ ин нуктаро дарёбад, ҳар чӣ мебинад гулистон аст.
Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол,
То зи нав дидан фурў мирад малол.
Ман ҳамебинам ҷаҳонро пурнаим,
Обҳо аз чашмаҳо ҷўшон муқим.
Бонги обаш мерасад дар гўши ман,
Маст мегардад замиру ҳуши ман.
Аз ҳазорон менагўям ман яке,
З-он ки огандаст ҳар гўш аз шаке.
ДОСТОНИ УЗАЙРИ ПАЁМБАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ
Узайри паёмбар, ҳангоме ки аз зиндони подшоҳи
Бобул раҳоӣ ёфта буд, ба сўйи шаҳри худ мерафт, дар роҳ ба ҷое расид, ки устухонҳои мурда фаровон рехта буд. Пеши худ гуфт:
–Чӣ гуна ин устухонҳо дубора зинда шуда ва ба сурати нахустин дармеоянд?
Дар ин шакку шубҳа буд, ки хоб ўро даррабурд ва дар гўшае ба хоб рафт. Ҳамон лаҳза рўҳи ў ба фармони
Худованд аз танаш берун рафту пас аз сад сол зинда шуду ба сўйи шаҳри худ ба роҳ афтод. Пешопеш ба ду писараш хабар дод, ки ҳамин рўзҳо хоҳад расид. Ду писараш, ки ҳамин хабарро дарёфт карданд, барои пешвози падар равон шуданд. Дар роҳ ба касе мерасиданд, ҳоли ўро мепурсиданд, то ин ки ба ҷавоне бархўрданд ва суроғи Узайрро гирифтанд. Ў гуфт, ки
Узайрро дидааст ва пас аз ў хоҳад расид.
Гуфт: «Оре, баъди ман хоҳад расид»,
Он яке хуш шуд, чу ин мужда шунид.
Бонг мезад, к-эй мубашшир, бош шод
В-он дигар бишнохт, беҳуш уфтод.
Он писарҳо ҳарду пирамард шуда буданд ва падарашон ҷавон менамуд. Яке ўро нашинохт ва надонист, ки аз худи падар суроғи падарро гирифтааст. Аммо дигарӣ, ки дилаш бо падар яке буд ва ошиқи ў буд, ба ҳис дарёфт ва аз шодӣ беҳуш гардид. Он ки дучори ваҳм буд, муждаро шунид ва он ки дилаш ба ишқ ошно буд, матлубро ба чашм дид. Пеши чашму ваҳм пардае кашида шуда, чашми ошиқ ҳама чизро мебинад:
З-он ки ошиқ дар дами нақд аст маст,
Лоҷарам аз куфру имон бартар аст.
Куфру имон ҳарду худ дарбони ўст,
К-ўст мағзу куфру дин ўро ду пўст.
Куфр қишри хушки рўпартофта,
Боз имон қишри лаззатёфта.
Қишрҳои хушкро ҷо оташ аст,
Қишри пайваста ба мағзи ҷон х(в)аш аст.
Дархури ақли авом ин гуфта шуд,
Аз сухан боқии он бинҳуфта шуд.
ДОСТОНИ ХАЧИР ВА ШУТУР
Уштуреро дид рўзе астаре,
Чунки бо ў ҷамъ шуд дар охуре.
Гуфт: «Ман бисёр меафтам ба рў
Дар ғирева-в роҳу дар бозору кў.
Кам ҳамеафтӣ ту дар рў, баҳри чист?
Ё магар худ ҷони покат давлатест?
Хачире бо шутуре ҳамохур шуданд. Хачир ба шутур гуфт:
–Чӣ гуна аст, ки ман дар роҳ рафтан бисёр ба рў меафтам ва ҳар қадам, ки бармедорам, ба афтодан наздикам. Аммо ту бо мушкилӣ роҳ меравӣ ва бо он ҳайкали дурушту пойи баланд дучори чунин хатаре намешавӣ?
Гуфт: «Гарчи ҳар саодат аз Худост,
Дар миёни мову ту бас фарқҳост».
Нахуст ин ки ман бо гардани баланд ду чашми бино дорам:
Сарбаландам ман, ду чашми ман баланд,
Биниши олӣ амон аст аз газанд.
Аммо дидагони ту заифу камбин аст:
Пешво чашм аст дасту пойро,
К-ў бубинад ҷойро, ноҷойро.
Дувум он ки хилқати ман аз ту покизатар аст. Чун ман фарзанди ҳалолам ва ту зинозодаӣ:
Ту зи авлоди зиноӣ бегумон,
Тир каж паррад чу бад бошад камон!
Хачир гуфт: –Ту дуруст мегўйӣ ва ҳақ бо ту аст.
–Он гоҳ ашкҳо рехту идома дод:
–Ту, ки бо Худованд наздикӣ, чӣ шавад, ки раҳнамои ман бошӣ ва ман фармонбардори ту?
Чӣ зиён дорад, гар аз фархундагӣ
Дарпазирӣ ту маро дар бандагӣ?
Гуфт: «Чун иқрор кардӣ пеши ман,
Рав, ки растӣ ту зи офоти заман».
Шутур гуфт: –Чун табиат аслӣ набуд ва ба камбудии худ ҳам иқрор дорӣ, хоҳиши туро пазируфтаам:
Нор будӣ, нур гаштӣ, эй азиз,
Ғўра будӣ, гаштӣ ангуру мавиз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё