Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПАЁМБАР ВА МАРДИ ФУЗУЛ

Ҳазрати Муҳаммад (с) лашкареро ба ҷанг мефиристод ва ҷавонеро аз қабилаи Ҳузайл сардору фармондеҳи он лашкар кард.

Асли лашкар бегумон сарвар бувад,

Қавми бесарвар тани бесар бувад.

Ин ҳама, ки мурдаву пажмурдаӣ,

З-он бувад, ки тарки сарвар кардаӣ.

Аз касал в-аз бухл в-аз мову манӣ

Мекашӣ сар, хешро сар меканӣ.

Фармондеҳӣ муҳимтарин ҷойгоҳу мартаба дар ҳар артиш аст. Лашкаре, ки фармондеҳ надорад, роҳ ба ҷое надорад. Касе ҳам, ки дар зиндагӣ ба шоистае сар насупурдааст, гумроҳу саргардон мешавад.

Чаҳорпое борашро дар биёбон ба замин андохту сар ба кўҳ ниҳод. Соҳибаш дунболи ў медавид ва мегуфт:

–Эй нодон, ин биёбон пур аз гург аст. Аз ман дур шавӣ, туъмаи онон хоҳӣ шуд. Агар бори маро мебарӣ, дар иваз ҷони туро аз балои гург нигоҳ медорам.

Ҳамчу устуре, ки бигрезад зи бор,

Ў сари худ гирад андар кўҳсор.

Соҳибаш дар пай давон, к-эй хирасар,

Ҳар тараф гургест андар қасди хар.

Гар зи чашмам ин замон ғоиб шавӣ,

Пешат ояд ҳар тараф гурги қавӣ,

Устухонатро бихояд чун шакар,

Ки набинӣ зиндагониро дигар.

Он магир, охир бимонӣ аз алаф,

Оташ аз беҳезумӣ гардад талаф.

Ҳин, бимагрез аз тасарруф карданам

В-аз гароний бор, ки ҷонат манам.

Ту сутурӣ ҳам, ки нафсат ғолиб аст,

Ҳукм ғолибро бувад, эй худпараст!

Одаме, ки нафсаш бар ақлаш ғалаба дорад, бе раҳбарии ақлу оқил оқибат ба хайр нахоҳад расад. Чун ҳазрати Муҳаммад (с) ҷавонеро ба фармондеҳӣ гумошт, аз миёни гурўҳ фузуле баланд шуда гуфт:

–Эй Паёмбари Худо, чӣ гуна ҷавони нопухтаро бар пирони корозмуда амир мекунӣ?

Ё Расулуллаҳ! Ҷавон гар шерзод,

Ғайри марди пир сарлашкар мабод.

Ҳам ту гуфтастиву гуфтӣ ту гуво

Пир бояд, пир бояд пешво.

Ё Расулуллаҳ! Дар ин лашкар нигар,

Ҳаст чандин пиру аз вай пештар.

З-ин дарахт он барги зардашро мабин,

Себҳои пухтаи ўро бичин.

Баргҳои зарди ў худ кай тиҳист?

Ин нишони пухтагиву комилист.

Барги зарди ришу он мўйи сапед

Баҳри ақли пухта меорад навид.

Баргҳои наврасидай сабзфом,

Шуд нишони он ки он мева-ст хом.

Он марди фузулу ҳасуду кўтоҳфикр чун дид Паёмбари акрам (с) ба сухани ў гўш медиҳад, ба таърифи худ афзуду гуфт:

–Ту худат борҳо гуфтаӣ, ки пир бояд раҳбар бошад ва дар миёни ҷамъият пирони кордон зиёданд. Магар на дарахти куҳан бори бештар меоварад? Баргҳои зард нишонаи пухтагӣ ва камол аст. Баргҳои сабз нишонаи норасӣ ва хомӣ аст. Ҳамин тавр, риштаи суханро ба да розо мекашид, то пургўйӣ аз ҳад гузашту Паёмбари собиру меҳрубонро ба ҷўш овард. Ў амр кард:

– Хомўш бош! Ҳоли ту ба касе мемонад, ки пеши биное саргини хушк биёвараду бигўяд:

– Ин мушк аст!

Май аз оғоз ҳаром набуд, аммо чун нодон мехўрд, ба ҷойи ин ки донотару афтодатар шавад, саркаштару бадхўтар мешуд. Бештари мардум нодон ҳастанд. Аз ин рў, май ҳаром шуд, ки касе дар фитнаву гуноҳ наяфтад.

На ҳама ҷо бехудӣ шар мекунад,

Беадабро май чунон тар мекунад.

Гар бувад оқил, накўфар мешавад

В-ар бувад бадхўй, бадтар мешавад.

Лек ағлаб чун баданду нописанд,

Бар ҳама майро муҳаррам кардаанд.

Паёмбари акрам (с) боз фармуд:

–Эй марди зоҳирбин! Ту ҷавонии ўро мебинӣ, аммо аз доноию тавонии ў бехабарӣ. Ту хаёл мекунӣ, ки ришу мўйи сафед нишони пухтагиву камол аст, вале намедонӣ, ки шайтон пиртарин мавҷуди дунёст. Агар пирӣ нишони кордонию сафои ботин бошад, чаро ў аз ҳама фосидтару фасодкунандатар аст ва намунаи бадиву бадкорӣ ба шумор меравад. Устоди ҳама бадону палидони ҷаҳон аст.

Гуфт Пайғамбар, ки эй зоҳирнигар,

Ту мабин ўро ҷавону беҳунар.

Эй басо риши сиёҳу марди пир,

Эй басо риши сапеду дил чу қир.

Ақли ўро озмудам борҳо,

Кард пирӣ он ҷавон дар корҳо.

Пир пири ақл бошад, эй писар!

Ман агар гуфтаам пиру раҳбар бошад, барои ин аст, ки нодонон тақлидкунандаву аз паси аломату нишону зоҳир ҳастанд:

Баҳри ў гуфтем, ки тадбирро,

Чунки хоҳӣ кард, бигзин пирро.

Он ки ў аз пардаи тақлид ҷаст,

Ў ба нури Ҳақ бибинад, он чӣ ҳаст.

Нури покаш бе далелу бе баён

Пўст бишкофад, дарояд дар миён.

Пеши зоҳирбин чи қалбу чи сара,

Ў чӣ донад чист андар қавсара?

Эй басо зарри сияҳ карда ба дуд,

То раҳад аз дасти ҳар дузде ҳасуд.

Эй басо мисси зарандуда ба зар,

То фурўшад он ба ақли мухтасар.

Мо ки ботинбини ҷумла кишварем,

Дил бибинему ба зоҳир нангарем.

Касеро, ки ба сардории лашкар баргузидаам, мешиносам, аз доноӣ, тавоноӣ ва имкони ў огаҳам. Фармонбарии дигарон аз ў ба хотири ақлу дониши ў ва кордонии ўст. Ақл дар корҳо пирўз аст.

Аз адам чун ақли зебо рў кушод,

Хилъаташ доду ҳазораш ном дод.

ДОСТОНИ БОЯЗИДИ БАСТОМӢ ВА МУРИДОН

Шабе Боязид ба гурўҳи муридони худ пайваст.

Сархушу хандонгўйӣ мекард, зеро маст буд. Чун муридонро назар кард, гуфт:

–Ман Худоям, ман Худои бузургам, бояд маро бипарастед.

Муридон дар шигифт шуданд ва надонистанд чӣ бикунанду чӣ бигўянд, то бомдод шуд. Сархушии Боязид дар чеҳраи ў намонд. Пас фурсатро ғанимат шумурда, достони шаби гузаштаро ба вай бозгуфтанд.

Ҳайронии худро аз он ҳол ошкор намуданд. Боязид гуфт:

–Агар маро дар чунон ҳол дидед, ки чунон ҳарфҳое мезанам, маро бикушед, чаро ки Худо ҷисм нест.

Гуфт: «Ин бор ар кунам ман машғала,

Кордҳо бар ман занед он дам хала.

Ҳақ муназзаҳ1 аз тану ман бо танам,

Чун чунин гўям, бибояд куштанам».

Чун васийят кард он озодмард,

Ҳар муриде корде омода кард.

Шаби баъд, ки боз ба муридони худ расид, ҳоли ў ошуфтатару сармасттар буд. Ҳангоме ки онҳоро дид, аз шаби пеш болотар гузашту гуфт:

– Эй мардум, дар пайи Худо дар осмону замин нагардед. Худованд даруни ҷомаи ман аст.

«Нест андар ҷуббаам илло Худо,

Чанд ҷўйӣ бар замину бар само?»

Он муридон ҷумла девона шуданд,

Кордҳо дар ҷисми покаш мезаданд.

Ҳар яке чун мулҳидони гирдакўҳ

Корд мезад пири худро бесутўҳ.

Ҳар кӣ андар шайх теғе мехалид,

Божгуна аз тани худ медарид.

Як асар на бар тани он зўфунун

В-он муридон хаставу ғарқоби хун.

Муназзаҳ – пок.

Муридон ба гуфтаи худи ў ба ҷонаш афтоданд ва кордҳои тези худро бар вай мезаданд. Аммо аҷиб он буд, ки ҳар кӣ ба ҳар ҷойи тани шайх корд мезад, он корд ба худи ў бармегашт ва узви бадани худашро мешикофт. Тезию буррандагии корд дар Боязид асар надошт. Аммо ў ҳамчунон сархушу аз худ бехуд буд.

Ҳар кӣ гулўи ўро бурида буд, гулўи худаш бурида шуд ва ҳар кӣ ба синаи ў захм мезад, синаи худро медарид.

Дар он миён муриде буд, ки бисёр шефтаи Боязид буд.

Ў дилаш намешуд, ки бар тани пири худ корд занад.

Вале ҷиҳати фармонбардорӣ аз ў неши кордро ба тани ў ошно кард ва худ захми сабук бардошт. Онҳо, ки захмҳои корӣ зада буданд, худашон аз по афтода ҷон супурданд. Чун рўз шуд, хонаводаи муридоне, ки кушта шуда буданд, гирд омаданд ва нолаву зорӣ мекарданд:

Рўз гашту он муридон коста,

Навҳаҳо аз хонашон бархоста.

Пеши ў омад ҳазорон марду зан,

К-эй ду олам дарҷ дар як пераҳан.

Ин тани ту гар тани мардум будӣ,

Чун тани мардум зи ханҷар гум шудӣ.

Бохуде бо бехуде дучор зад,

Бо худ андар дидаи худ хор зад.

Эй зада бар бехудон ту зулфиқор!

Бар тани худ мезанӣ он, ҳуш дор.

З-он ки бехуд фонӣ асту омин аст,

То абад дар оминӣ ў сокин аст.

Он чи шабҳои пеш гузашта буд, дар ҳолати бехудӣ ва ҷудо шудан аз худ, дар фаноӣ дар Худованд шудани Боязид рўй дода буд. Чун ў ба ҳоли одии инсонӣ бармегашт, ҳамаи онҳоро фаромўш мекард ва табъан дар ҳоли фаноӣ, на даъвои худоӣ мекарду на бо Худованд яке мешуд. Худои азза ва ҷалла ҳама ҷо ҳаст. Эй кош маърифати дидори ўро дошта бошем

пешина
аз 47
навбатӣ