Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ШАҒОЛ ВА ХУМИ РАНГ

Он шағоле рафт андар хуми ранг,

Андар он хум кард як соат диранг.

Пас баромад, пўстин рангин шуда,

Ки манам товуси илиййин шуда.

Пашми рангин равнақи хуш ёфта

Офтоб он рангҳо бартофта.

Шағоле дар хуми ранг рафта, соате монда, пас берун омада, пўсташ рангҳои гуногунро гирифта буд, бо нозу ишва ба худ менигарист ва мепиндошт, ки товуси биҳиштӣ шудааст. Бо ин таннозию ноз миёни гурўҳи шағолони дигар рафт. Ба ў гуфтанд:

–Ин чӣ ҳолест?

Бо ғурур нигоҳе кард.

Шағоле дар гўши ў гуфт:

–Чӣ ҳилае кардӣ? Магар мехоҳӣ ба минбар рафта, бо лофу газоф худро ба мардум бинамоӣ. Агар чунон аст, ту ҳоли марди аблаҳеро дорӣ, ки мўйлабҳои худро бо равғани дунба чарб мекард ва миёни давлатмандон мерафт. Даст ба сўйи мўйлабҳо мекашид, то ба онҳо бигўяд, ки ғизои равғанину ширин хўрдааст. Аммо шикамаш ба ў мегуфт:

–Эй газофагў, маро гурусна нигоҳ медорӣ ва бо дигарон риё мекунӣ. Агар рост мегуфтӣ, шояд яке пайдо мешуд ва хўроке ба ту медод, то ман аз гуруснагӣ нанолам.

Лофи ту моро бар оташ барниҳод,

К-эй сиболи чарби ту барканда бод.

Гар набудӣ лофи зиштат, эй гадо,

Як кариме раҳм афкандӣ ба мо.

Шағоли рангиншуда гуфт:

– Ман шағол нестам. Нигоҳе ба ман биандоз. То ҳол зебое мисли ман дидаӣ?

Эй шағолон! Ҳин, махонедам шағол,

Кай шағолеро бувад чандин ҷамол?

Шағолҳо гуфтанд:

– Аз ин пас ту чистӣ?

Гуфт:

–Товус.

Гуфтанд:

– Товус чатр мезанад, ту метавонӣ?

Сибол – ҷамъи саблат, сиблат, мўйлабҳо, бурутҳо.

Ҳин – вақт, ҳангом; калимаи нидо: ана, инак, огоҳ бош, эҳтиёт шав; шитоб кун, зуд.

Гуфт:

–Не.

Гуфтанд:

–Садои зебо ва форам дорад. Ту дорӣ?

Гуфт:

–На.

Гуфтанд:

–Пас, бидон ки товус нестӣ, шағоли рангкарда ҳастӣ!

Фиръавн ҳам чун он шағол ба риши худ гавҳарҳои гуногун овехта буд ва худро аз Мўсо (а) болотар медонист. Мардуми нодон ҳам ўро саҷда мекарданд.

Дарвоқеъ, молу сарвату зару зевари ўро саҷда мекарданд, вале Фиръавн мепиндошт, ки ба ў эҳтиром мекунанд. Ва ҳамин иштибоҳ сабаби гумроҳии ў шуд, аммо Мўсо (а) ва Ҳорун (а) ўро расво карданд. На шағол аз хуши рангрезӣ товус мешавад, на одами нодону аблаҳ бо пулу ҷавоҳир одам мешавад.

Эй саги гаргини зишт! Аз ҳирсу ҷўш

Пўстини шерро бар худ мапўш.

Ғурраи шерат бихоҳад имтиҳон,

Нақши шеру он гоҳ ахлоқи сагон.

ДОСТОНИ МЎСО ВА ФИРЪАВН

Фиръавн подшоҳи Миср, ситорашиносону хобгузорон, пешгўёну соҳирони бисёреро зери фармон дошт.

Аз мунаҷҷим буд дар ҳукмаш ҳазор

В-аз муаббир1 низу соҳир бешумор.

Мақдами Мўсо намудандаш ба хоб,

Ки кунад Фиръавну мулкашро хароб.

Фиръавн хоб дид, ки дар бани Исроил писаре ба вуҷуд меояд, ки чун бузург шавад, подшоҳии ўро барҳам хоҳад зад. Ҷодугарон ва ситорашиносон гуфтанд:

–Чорае меандешем, ки шабе, ки муқаррар аст, нутфаи он писар баста нашавад ва ҳаргиз кўдак ба дунё наёяд.

Пас ба Фиръавн гуфтанд:

–Дар шаби пешбинишуда саропардаи подшоҳиро дар майдони шаҳр барпо кунад ва ҳама мардони бани Исроилро даъват кунанд, ки дар майдон барои дидори шоҳ гирд оянд, то он шаб марде аз бани Исроил ба хона наравад ва бо ҳамсари худ ҳамбистар нашавад.

Бани Исроил чун асири Фиръавн буданд, ҳақ надоштанд чеҳраи ўро бинанд ва ҳар гоҳ шоҳ аз кохи худ берун меомад, бояд ўро саҷда мекарданд, то нигоҳашон ба шоҳ наафтад, вагарна ба ҷазо гирифтор мешуданд. Ба ин ҷиҳат, он қавм муштоқи дидани рўйи Фиръавн буданд, чун одамиро аз ҳар чӣ манъ кунад, бештар ҳарис мешавад. Ҳамин ки ҷорчии Фиръавн онҳоро ба майдон даъват кард, мардони бани Исроил худро оростанду ҷомаҳои нав пўшиданд. Фиръавн худ1. Муаббир – таъбиркунандаи хобро ба онҳо нишон дод ва ҳадя бахшид, аз онҳо хост, ки то бомдод меҳмони ў бошанду шодмонӣ кунанд:

Баъд аз он гуфт: «Аз барои ҷонатон,

Ҷумла дар майдон бихусбед имшабон.

Посухаш доданд, хидмат кунем,

Гар ту хоҳӣ, як маҳ ин ҷо сокинем».

Фиръавн хазинадоре дошт, Имрон ном, ки бо ў меҳрубон буд ва намедонист, ки ў ҳам аз бани Исроил аст. Ба ў гуфт, ки ту ҳам имшаб дар дарбор бимон ва ба хона нарав, бо ман бош.

Имрон гуфт:

–Чунин кунам ва шабро пушти хобгоҳи Фиръавн ба сар бурд. Нимашаб занаш ба ҷустуҷўйи ў аз хона берун омад. Шавҳарашро дид, ки пушти саропарда хобидааст. Ўро бедор кард.

Гуфт Имрон: «Ин замон чун омадӣ?»

Гуфт: «Аз шавқу қазои эзадӣ».

Даркашидаш дар канор аз меҳр мард,

Барнаёмад бо худ он дам дар набард.

Ҷуфт шуд бо ў, амонатро супурд,

Пас бигуфт: «Эй зан! На ин корест хурд.

Оҳане бар санг зад, зод оташе,

Оташе аз шоҳу мулкаш кинкаше.

Ман чу абрам, ту замин, Мўсо набот,

Ҳақ шаҳи шатранҷу мо мотем, мот.

Моту бурд аз шоҳ медон, эй арўс!

Он мадон аз мо, макун бар мо фусўс.

Он чӣ ин Фиръавн метарсид аз ў,

Ҳаст шуд ин дам, ки гаштам ҷуфти ту».

Набот– рустанӣ.

Акнун ту бояд ин розро нигоҳ дорӣ ва аз он чӣ имшаб гузашт, ба касе сухан нагўйӣ. Дар ин ҳангом исро илиён дар майдон шодӣ мекарданд ва аз садои онҳо Фиръавн бедор шуд. Пурсид:

–Ин ғиреву садоҳо аз чист?

Имрон гуфт:

–Инҳо аз шавқи дидори шоҳ шодӣ доранд ва пойкўбӣ мекунанд.

Фиръавн гуфт:

–Шояд ин сухан дуруст бошад, аммо ман аз ин садоҳо бўйи шуме мешунавам. Ба майдон бираву бибин чӣ хабар аст?

Имрон ба майдон рафт ва бо чеҳраҳои ошуфтаву ғамгини ситорашиносон рў ба рў шуд. Зоҳиран онҳо дар осмон ситораи Мўсоро дида ва дониста буданд, ки он чи Фиръавнро хуш намеояд, пеш омадааст ва аз тарси Фиръавн нигарон шуда буданд. Имрон чун ҳақиқатро дарёфт, ба онҳо бонг зад, ки чаро аз чунин ҳодисае пешгирӣ накардаед.

Узр оварданду гуфтанд: «Эй амир!

Кард моро дасти тақдираш асир.

Ин ҳама кардему давлат тира шуд,

Душмани шаҳ ҳаст гашту чира шуд».

Имрон, ки воқеиятро медонист, худро ошуфта нишон дод ва ба ҳузури Фиръавн давид, ўро аз ҳодиса огоҳ сохт. Фиръавн дастур дод, ки ҳама ситорашиносонро ба ҳузураш биёваранд. Чун омаданд, фарёд зад:

Ман шуморо бардарам в-оташ занам.

Бинию гўшу лабонтон барканам.

Ман шуморо ҳезуми оташ кунам,

Айши рафта бар шумо нох(в)аш кунам»

Нох(в)аш – нохуш.

Ситорашиносон гуфтанд:

–Мо солиёни дароз хидмат кардем. Ин бор тақдир бар мо пешӣ гирифтааст. Пеши ту рўсиёҳ шудем. Агар моро бибахшӣ, ҳангоми ба дунё омадани тифл чораи ўро бикунем.

Фиръавн пазируфт ва нуҳ моҳ рўзшуморӣ мекард.

Рўзе ситорашиносон ба ў гуфтанд, ки ҳама занонро ба майдон бихонанд, то бо навзодҳояшон ҳозир шаванд ва Фиръавн дастури ҳозиршавӣ дод.

Занони исроилӣ бехабар аз нияти шуми Фиръавн бо навзодҳои худ ба майдон омаданд, то шоҳро бубинанд ва аз ў ҳадя бигиранд. Ҳамин ки ҳама омаданд, Фиръавн фармон дод, ки кўдакони писаронро бигиранду ҳамаро сар бибуранд. Аммо зани Имрон бо навзоди худ дар хона монд. Хабарчинҳо ба маъмурон хабар доданд, вале он зан, пеш аз ин ки онҳо бирасанд, ўро ба амри Худо дар танўр пинҳон кард. Оташ Мўсоро насўзонд. Аммо бори дигар ба Фиръавн гуфтанд, ки дар хона кўдаке ба дунё омадааст. Боз ваҳй омад ва зани Имрон кўдакро дар об андохт.

Боз ваҳй омад, ки дар обаш фикан,

Рўй дар уммед дору мў макан.

Ваҳй – паём ва илмҳое, ки Худованд ба паёмбаронаш мефиристад.

Мўсоро хонаводаи Фиръавн аз об гирифтанд ва зани Фиръавн дар ниҳон ўро парвариш дод, то бузург ва пайғамбар шуд ва бо дастёрии бародараш Фиръавнро ба парастиши Худои якто хонд, аммо Фиръавн напазируфт ва аз ў муъҷиза хост. Мўсо асои худро ба замин партофт ва аждаҳо шуд ва ҳар чӣ дар сари роҳ буд, даркашид. Мардумон аз пеши рўйи ў мегурехтанд, ҷамъе зердасту тобеи ў шуданд. Фиръавн Мўсоро сарзаниш кард, ки чаро мардумро фиреб медиҳӣ ва мекушӣ?

Мўсо гуфт:

–Ман ба фармони Худо бо ту ҳам меҷангам.

Фиръавн гуфт:

–Ман подшоҳи рўйи заминам ва ҷодугарони худро аз саросари кишвар хостам. Баъди чиҳил рўзи дигар ин ҷо гирд меоянду бо ту рў ба рў мешаванд. Мўсо пазируфт. Асои худро ба даст гирифт ва аз дарбори шоҳ берун рафт.

Ду марди ҷавони соҳир буданд, ки корашон рўдаст пешрафт надошт. Аз моҳ шир меҷўшиданд, савор бар хум мешуданду сафар мекарданд, моҳтобро ба шакли карбос дароварда, ба мардум мефурўхтанд, кисаҳои мардумро холӣ мекарданд.

Қосидони Фиръавн онҳоро пайдо карданд ва ба дарбор даъват намуданд. Гуфтанд, ки ду бародар ҳастанд, ки асои яке аз онҳо аждаҳо мешавад. Фиръавн мехоҳад, ки шумо ўро шикаст бидиҳед. Он ду ба фикр афтоданд ва сар бар зону ниҳода дар андешаи рози Мўсо фурў рафтанд:

Чун дабиристони сўфӣ зону аст,

Ҳалли мушкилро ду зону ҷоду аст.

Он гоҳ сари гўри падари худ рафтанд, ки соҳири доное буд. Он ду ҷавон аз рўҳи падар кумак хоста гуфтанд

Ту ҷаҳони ростон даррафтаӣ,

Гарчи дар сурат ба хоке хуфтаӣ.

Он агар сеҳр аст моро деҳ хабар

В-ар Худое бошад, эй ҷони падар!

Ҳам хабар деҳ, то ки мо саҷда кунем,

Хештан бар кимиёе барзанем.

Падар гуфт:

–Агарчи ман дар ҳоле ҳастам, ки ҳар розеро наметавонам бозгўям, аммо шумо пеши он ду мард биравед ва ҳангоме ки дар хоб ҳастанд, он асоро бидуздед. Агар барҳақ бошад, асо ба дасти шумо ҳам аждаҳо мешавад.

Агар дурўғ бошад, ҳамчунон чўб хоҳад монд, зеро соҳиби асо дар хоб тавоноии сеҳру ҷодуро аз даст медиҳад.

Онҳо ба Миср рафтанду суроғи Мўсо ва Ҳорунро гирифтанд. Онҳоро зери дарахте хуфта ёфтанд. Пас яке ба асои Мўсо даст зад, ки онро бигирад. Асо ба ларзиш даромад ва аждаҳо шуд. Ҳарду гурехтанд. Мўсо бедор шуд ва асоро гирифт. Он ду бозгаштанд ва достонро гуфтанду ба ў имон оварданд!

Эй басо бедорчашму хуфтадил,

Худ чӣ бинад диди аҳли обу гил?

Он кӣ дил бедор дорад, чашми сар

Гар бихуспад, баргушояд сад басар.

Гар ту аҳли дил найӣ, бедор бош,

Толиби дил бошу дар пайкор бош.

В-ар дилат бедор шуд, мехусп х(в)аш,

Нест ғоиб нозират аз ҳафту шаш.

Гуфт пайғамбар, ки хуспад чашми ман,

Лек кай хуспад дилам андар васан?

Шоҳ бедор аст, ҳорис хуфта гир,

Ҷон фидои хуфтагони дилбасир.

Васфи бедории дил, эй маънавӣ!

Дарнагунҷад дар ҳазорон маснавӣ.

Мўсо гуфт:

–Шумо ҳам ба дарбор биравед ва аз дидори мо ба касе сухан нагўед, то ин ки ҳамон ҷо расвоии Фиръавнро ба чашм бибинед.

Рўзи озмоиш фаро расид. Соҳирон омаданд ва Мўсо ҳам ҳозир шуд. Соҳирон ҳунарнамоиҳо карданд, ки чашмҳо хира монд. Дар охир аз пораҳои чўб мору аждаҳо сохтанд, ки мардум аз тарси онҳо мегурехтанд.

Дар он ҳол Мўсо асои худро раҳо кард ва аждаҳои даҳшатнок шуда, ҳама мору аждаҳои соҳиронро даркашид. Соҳирон ба Худои ягона имон оварданд.

Фиръавн дар хашм шуду гуфт:

–Дастҳо ва пойҳоятонро мебурам ва ба доратон мезанам.

Он намедонист, к-эшон растаанд,

Бар даричай нури дил биншастаанд.

Достони Мўсо (а) ва Фиръавн барои мисол аст. Аз он панд бояд гирифт. Дар даруни ҳар касе имони Мўсо (а) ва куфри Фиръавн ҷо дорад. Афзал одаме аст, ки ба Мўсо бовар ва аз Фиръавну феъли фиръавнӣ дурӣ кунад.

Зикри Мўсо банди хотирҳо шудаст,

К-ин ҳикоятҳост, ки пешин будаст.

Зикри Мўсо баҳри рўпўш аст, лек

Нури Мўсо нақди туст, эй марди нек.

Мўсиву Фиръавн дар ҳастии туст,

Бояд ин ду хасмро дар хеш ҷуст.

Ин сафолу ин палита дигар аст,

Лек нураш нест, дигар з-он сар аст.

В-ар назар бар нур дорӣ, вораҳӣ,

Аз дувӣ в-аъдоди ҷисми мунтаҳӣ.

Аз назаргоҳ аст, эй мағзи вуҷуд,

Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.

пешина
аз 47
навбатӣ