МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
Дар сарчашмаҳои таърихии минбаъда низ дар бораи Вахш маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла ахбори олими маъруфи тоҷик Абўрайҳони Беруниро дар ин бора аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар боло овардем. Дар аксар луғатҳои тафсирии қадими форсӣ, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёс-уллуғот» роҷеъ ба Вахшонзамин ва рўди Вахш маълумоти арзишманд дода шудааст.
Номи Вахш дар осори адабӣ низ ба чашм мерасад.
Бисёр адибони гузаштаи форсу тоҷик, амсоли Рўдакӣ,
Фирдавсӣ, Шокири Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон дар осори худ ин сарзамини бостониро зикр кардаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мулки Вахш дар гузашта ободу маъмур буда, дар байни илму адаб шуҳрати зиёд доштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки Вахшонзамин аз замонҳои қадим то қарни сездаҳи милодӣ водии ободу маъмур ва сарсабз будааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мулки Вахш қисмати таркибии Бохтар ё худ Тахористони қадим ба шумор рафта, дар замони давлатдории Бохтар, Юнону Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён, Хилофати Исломӣ, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён яке аз сарзаминҳои ободу сернуфузи Бохтарзамин ба ҳисоб мерафт. Дар ин водӣ шаҳрҳои бузургу дорои тамаддуни олӣ ва пешрафта арзи вуҷуд намуда буд. Шаҳрҳои Вахшгирд, Вахш, Кайқубодшоҳ, Навдиз, Шаҳритўс, Айваҷ, Ҳаловард, Леваканд ва ғайра аз таърихи куҳан ва тамаддуни ғании ин мулки бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Олимони бостоншинос дар замони Шўравӣ дар харобаҳои шаҳрҳои мазкур ҳафриёт гузаронида, осори зиёди гаАйваҷ – шакли кўтоҳшудаи сарзамини Арайнавайҷаи (Эронвичи) бостонӣ – ватани нахустини ақвоми ориёӣ.
Ба ин ёдгориҳои таърихии Тахти Қубод, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Сангин, Кайқубодшоҳ, Бешкентқалъа, Кофирқалъа, Қалъаи Золи Зар, Аҷинатеппа, Уштурмулло, Мунчоқтеппа, дайри будоии мағокии Хоҷамастон ва ғайра мисоли равшан аст. Чунон ки ёдовар шудем, пойтахти асримиёнагии мулки Вахш – шаҳри Ҳаловард дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (алҳол ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа машҳур аст. Баъди футуҳот ва густариши дини ислом маркази мулки Вахш ба мавзеи Узуни ҳамин ноҳия интиқол ёфт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ низ бо исми Ҳаловард ёд мешавад. Дар ин шаҳр дар қарнҳои ёздаҳу дувоздаҳи милодӣ тангаҳои тиллоӣ сикка зада мешуданд, ки дар болои онҳо бо ҳуруфи арабӣ калимаи «Вахш» сабт гардида буд. Ин шаҳр низ дар замони истилои муғул батамом вайрону хароб гардид ва боқимондаи он имрўз бо номи қалъаи Золи Зар дар байни мардум машҳур аст. Сокинони аслӣ ва бумии ин сарзамин бохтариёни қадим буданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик нақши бузург бозидаанд.
Вахшонзамин то давраи истилои муғул соҳиби тамаддуни пешрафта ва олӣ буд. Дар ин водӣ на танҳо олимону донишмандон, хушнависону ҳунармандон, меъморону наққошон, балки адибони барўманде низ зиндагӣ ба сар мебурданд. Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, бинобар ин, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо нисбаи «Балхӣ» ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бузурги Вахшонзамин ду нафар на танҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрати зиёд ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Румӣ ё худ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Вахшонӣ мебошад.
Донишманди тоҷик Хуршед Зиёев таҳти унвони «Дурахше аз Вахш» дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддин будани Вахшонзамини тоҷикон дар рўзномаи «Ҷумҳурият» (26 июли соли 2007) мақолаи пурарзише ба табъ расонид. Дар он зикр ёфтааст, ки тибқи гуфти падари Мавлоно Баҳоуддинвалад дар китобаш – «Маориф», ў солҳои 1203-1210 милодӣ бо аҳли хонаводааш дар сарзамини Вахш иқомат доштааст. Дар ин давра писараш Ҷалолиддин дар Вахшонзамин таваллуд меёбад. Вай дар соли таваллуди писараш воизи яке аз масҷидҳои он будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуддин дар асари худ чандин бор аз диёри Вахш ёд кардааст. Аз ҷумла дар ҷилди аввали ин асар ў дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегўяд. Дар ҷилди дуюми асараш ин мутафаккири бузурги тоҷик муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғўриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай менависад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?»
Хуршед Зиёев дар мақолаи худ афзудааст, ки ҳанўз солҳои сиюми садаи гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолиддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами пажўҳишгари амрикоӣ Франклин Луис тааллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Франклин Луис чанд далел меоварад. Аввалан, маълумоти тарҷумаҳолиро, ки дар китоби «Маориф»-и Баҳоуддинвалад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад:
«Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 милодӣ, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва хонаводааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд».
Сониян, ба ақидаи Франклин Луис, худи Ҷалолиддини Румӣ низ аз диёраш – Вахш ёд мекунад. Дар ин бора муҳаққиқи амрикоӣ чунин ибрози андеша намудааст: «Баҳо (Баҳоуддинвалад–падари Мавлоно Румӣ дар назар аст– Қ.С.) то сентябри соли 1210 милодӣ ҳанўз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 милодӣ баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Баҳоуддинвалад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охири умраш, анҷоми соли 1260 милодӣ, Румӣ як руҷўи лаҳзавие ба овони кўдакии худ дар Вахш мекунад ва масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ месозад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сўйи Вахш».
Сеюм, ба масъалаи он ки чаро Румиро зодаи Балх меҳисобанд, Франклин Луис чунин менависад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугў мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳадди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале бо мардуми Анатолия (Рум) онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, аз яке аз марказҳои муҳимми фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад, сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри бузург муаррифӣ месозанд». Бино ба маълумоти китоби «Маориф»-и Мавлоно Баҳоуддинвалад ва осори худи Румӣ, ки забони онҳо саршори калимот аз шеваҳои ҷанубии Тоҷикистони муосир аст ва ба манбаъҳои дигар такя намуда, дар хусуси зодгоҳи ин мутафаккир будани Вахшонзамин мо метавонем мустақилона далелҳои дигаре пешниҳод намоем, вале бо овардани андешаҳои беғаразонаи ин муҳаққиқи амрикоӣ иктифо карда, чанд сухане аз ҳаёт ва осори ў меоварем.
Сипас Хуршед Зиёев дар бораи зодгоҳи Мавлоно бо қатъият чунин менависад: «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ 30 сентябри соли 1207 дар Вахшонзамин дар оилаи сўфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддинвалад ба дунё омадааст».
Ба ин гуфтаҳои донишманди тоҷик илова кардан зарур аст, ки асари пажўҳишгари амрикоӣ Франклин Луис «Мавлавӣ, дирўз, имрўз ва Шарқу Ғарб» ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, интишороти «Солис», соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ) ба табъ расидааст. Дар ин асар ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ – яке аз шаҳрҳои водии Вахши Тоҷикистон маълумоти пурарзиш дода шудааст, ки аз мадди назари пажўҳишгари тоҷик Хуршед Зиёев дур мондааст.
Франклин Луис дар бораи шарҳи ҳоли Ҷалолиддини Румӣ сухан ронда навиштааст: «Аз он ҷо ки Мавлавӣ ва Мавлоно алқоби (лақабҳои) эҳтиромомези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора1 ҳастанд, мадхалҳои доиратулмаорифҳо ва намояндаҳои кутуби форсӣ мавзўи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад, аммо чуноне хоҳем дид, зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кўчаке аст, ки имрўза дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ алқобе (лақабҳое) аст, ки шоирро ба аксари эрониён мешиносонанд».
Гуфтан лозим аст, ки аксари донишмандони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеъуззамон Фурўзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Ҷалолиддини Румӣ будани Вахшонзамини Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла донишманди маъруфи эронӣ Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро доир ба аҳвол ва осори Ҷалолиддини Балхӣ анҷом додааст, дар ин бора дар боби «Даврони кўдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил» чунин ибрози назар намудааст:
«Шаҳри Балх, ки хонадони Мавлоно нисбати Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рўзгор буд, ки имрўза дар кишвари Афғонистон аст.
Шамс дар «Мақолот» он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ўро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дарвоқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омударё (Ҷайҳун) мезистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеи Балх буд ва бахше аз мамлакати рў ба завол овардаи Ғўрӣ ба шумор мерафт».
Ин гуфтаҳои донишманди хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки қазияи аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолиддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони ховаршиноси Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъйид қарор гирифтааст ва месазад, ки мо–тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин донишманд ва мутафаккири бузург ҳаммиллат ва ҳамдиёри мост.
Қайд кардан месазад, ки ба муносибати ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шаҳрҳои Қўрғонтеппаи Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон гардиданд ва дар оянда робитаи фарҳангии ду кишвари ба ҳам дўст боз ҳам густурдатар ва мустаҳкамтар мегардад. Аз ҷониби дигар, гузоштани номи Ҷалолиддини Румӣ ба собиқ ноҳияи Колхозобод (Ҳаловарди бостонӣ) ва дар маркази вилояти Хатлон бунёди чаҳорбоғи Мавлоно Ҷалолиддин ва гузоштани пайкараи ин андешаманди бузург кори хайру наҷиб буда, ҳақиқати таърихиро дар бораи Вахшонзамин – зодгоҳи аслии ин абармард таъкид месозад, ки ҳамшаҳриёнаш ўро аз ёд набаровардаанд ва хотираашро посу гиромӣ медоранд.
Мавлоно Ҷалолиддин бар асари ошуфтагӣ ва хунрезии замон ватани худро тарк намуд ва оқибат баъди саргардониҳои зиёд шаҳри Қунияи Румро ҷойи сукунати хеш қарор дод. Дар он сарзамини дурдасти илму адабпарвар аз подшоҳ то раъияти қаторӣ ҳурмату эҳтироми Мавлоноро ба ҷо меоварданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар китоби «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи поёни умри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин менависад:
«Шайх Садруддин, қаддаса сирруҳу, ба аёдати вай (Мавлоно Румӣ) омад, фармуд, ки «Шафокаллоҳ, шафоъан оҷилан» рафъи дараҷот бошад, умед аст, ки сиҳҳат бошад, хидмати Мавлоно ҷони оламиён аст.
Фармуд, ки баъд аз ин шафокаллоҳ шуморо бод! Ҳамоно ки дар миёни ошиқу маъшуқ пироҳане аз шаър беш намонд рост, намехоҳед, ки нур ба нур бипайвандад?
Ман шудам урён зи тан, ў аз хаёл,
Мехиромам дар ниҳоётулвисол.
Шайх бо асҳоб гирён шуданд ва ҳазрати Мавлоно ин ғазал фармуд:
Чӣ донӣ ту, ки дар ботин чӣ шоҳе ҳамнишин дорам,
Рухи заррини ман мангар, ки пойи оҳанин дорам.
Бад-он шаҳ, к-ў маро овард, куллӣ рўй овардам,
В-аз он к-ў офаридастам, ҳазорон офарин дорам.
Гаҳе хуршедро монам, гаҳе дарёи гавҳарро,
Даруни дил фалак дорам, буруни дил замин дорам.
Даруни хумраи олам чу занбўре ҳамепаррам,
Мабин ту нолаам танҳо, ки хонай ангубин дорам.
Дило, гар толиби моӣ, баро бар чархи хазроӣ,
Чунон қасрест шоҳи ман, ки амнулоламин дорам.
Чӣ боҳавл аст он обе, ки ин чарх аст аз ў гардон,
Чу ман дўлоби он обам, чунин ширин ҷабин дорам.
Чу деву одамиву ҷин ҳамебинӣ ба фармонам,
Намедонӣ, Сулаймонам, ки дар хотам нигин дорам.
Чаро аз моҳ вомонам, на ақраб кўфт бар поям,
Чаро з-ин чоҳ бар н-оям, чу ман ҳаблулматин дорам.
Кабўтархонае кардам кабўтарҳои ҷонҳоро,
Бипар, эй мурғи ҷони ман, ки сад бурҷи ҳасин дорам.
Шуои офтобам ман, агар дар хонаҳо гардам,
Ақиқу зардёқутам, валодат з-обу тин дорам.
Ту ҳар зарра, ки мебинӣ, биҷў дурри дигар дар вай,
Ки ҳар зарра ҳамегўяд, ки дар ботин дафин дорам.
Туро ҳар гавҳаре гўяд машав қонеъ ба ҳусни ман,
Ки аз шамъи замир аст, ин ки нуре дар ҷабин дорам.
Хамуш кардам, ки он ҳуше, ки дарёбӣ, надорӣ ту,
Маҷунбон гўшу мафребон, ки ҳуши тезбин дорам».
Ба ривояти Афлокӣ ҳарами Мавлоно Ҷалолуддини
Балхӣ бад-ў гуфт: «Кош Мавлоно чаҳорсад сол умр кардӣ, то оламро аз ҳақоиқу маориф пур сохтӣ».
Мавлоно фармуд: «Магар мо Фиръавнем, магар мо Намрудем? Мо ба олами хок пайи иқомат наомадаем, мо дар зиндони дунё маҳбусем, умед, ки анқариб ба базми ҳабиб расем. Агар барои маслиҳату иршоди бечорагон набудӣ, як дам дар нишемани хок нагузидаме».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё