МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МАРДИ КАР АЗ ҲАМСОЯИ БЕМОРАШ
Ба марде, ки гўши ношунаво дошт, хабар доданд, ки ҳамсояаш бемор шудааст ва хост хабар гирифта ўро дилхуш кунад. Марди кар ба худ андешид, ки дидорбинии ҳамсояи бемор воҷиб аст. Аммо чун гўши худаш намешунид, дармонд, ки ҳангоми аҳволпурсӣ чӣ бигўяду бо бемор чӣ гуна гуфтугў кунад. Пас аз фикри зиёд ба назараш расид, ки бар тибқи одат аз бемор мепурсанд «Ҳолат чӣ тавр аст?» Ва ў хоҳад гуфт: «Бад нест». Дидоркунанда бояд бигўяд: «Худоро шукр!» Баъд бояд пурсид: «Чӣ хўрдаӣ ва табиб чӣ доруе додааст?» Ва бемор хоҳад гуфт, ки «фалон шарбат ё дору», ки дар баробари он бояд гуфт, ки «нўши ҷон ва Худо онро гуворо кунад» ва дар охир, албатта, бояд пурсид: «Табиби шумо кист?» Ў номи табибро хоҳад гуфт ва ман бояд бигўям: «Қадамаш муборак бошад».
Бо ин қиёсу пешбинӣ марди кар ба хонаи бемор рафт. Чун аз дар даромад, саломе гуфту он гоҳ:
Гуфт: «Чунӣ?» Гуфт: «Мурдам». Гуфт: «Шукр»,
Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.
Баъд гуфт:
–Чӣ хўрдаӣ?
Бемор бо хашм гуфт:
–Заҳр!
Кар гуфт:
– Нўши ҷон.
Боз пурсид:
–Табибат кист?
Бемор бо нороҳатӣ ва ғазаб гуфт:
–Азроил!
Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ў,
Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав!»,
Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».
Пас аз ин аҳволпурсӣ кар шодмон аз ин ки ҳамсояи беморро аёдат карда, дили ўро ҳам шод намудааст, бидуни таваҷҷуҳ ба нороҳатии бемор, равонаи манзили худ шуд. Ў хушҳол буд, ки вазифаи ҳамсоягиро ба ҷо овардааст, ғофил аз он ки чун пурсишу посух бар хилофи тасаввури ношунаво, бар қиёсе, ки андешида буд, хуб баромад, марди бемор ўро душмани худ донистааст.
Чун иёдат баҳри дилоромӣ аст,
Ин иёдат нест, душманкомӣ аст.
Хоҷа пиндорад, ки тоат мекунад,
Бехабар, к-аз маъсият ҷон меканад.
Бар ин минвол аст аҳволи мардуме, ки ба пиндори худ ба дигарон рафтор мекунанд ва аз аксуламали дигарон хабар надоранду ба худбиние, ки доранд, гумону пиндорро бо ҳақиқат яке мепиндоранд. Мавлавӣ мегўяд, ки нахустин кас, ки қиёсу пиндорро дар бораи каломи муътабар аслу ҳақиқат қарор дод, Шайтон бувад. Он гоҳ ки Худованд Одамро офариду ба фариштагон амр кард, ки ба ў таъзим кунанд, Шайтон, ки худ низ фаришта буд, ба ин гумон, ки асли ў оташ асту бунёди Одам (а) аз хок ва хок аз оташ пасттар аст, аз фармони Худованд саркашӣ карду бо ин сабаб рондаи даргоҳ шуд. Худо фармуд, ки аслу насаб мавриди тавваҷуҳ нест, балки бартарӣ бо парҳезкорон аст. Ин расми ҷаҳон аст, ки ҳар фарзанде аз падару модар ирс мебарад. Барои пайдо кардани қибла дар рўзи абрнок метавон даст ба домани қиёс зад, вале дар рўзи равшан дар баробари Каъба масъалаи қиёс матраҳ нест. Набояд дар асоси ваҳму хаёл ба ғурур афтод ё бо як гумон дар ҳаққи дигарон бадгумон шуд. Бар бадии бадон бубахшед ва аз худбинию миннат бипарҳезед. Бо гуфтаи ҳакими донишманд, ҳамон ҷо, ки шароб хўрдаӣ, бихоб, зеро агар маст аз майхона берун равӣ, бозичаи кўдакон хоҳӣ шуд. Халқ ҳамагӣ кўдаконанд, ғайр аз онҳое, ки масти бодаи ишқи Худо бошанд ва аз доми ҳавою ҳавас растаанд. Гумону хаёл ҳаргиз касеро аз ҳақиқат бениёз намекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё