Афсонаҳои халқӣ

яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеъаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳад; қисса, достон; ҳикоят, нақл, саргузашт
Китобдор · 3 октябри 2024 · 5 саҳифа
Хурӯс ва мурғ
Афсонаи албанӣ
Буд набуд, як хурӯс ва як мурғ буд. Як рӯз онҳо ҳавои тоза хурем гуфта, ба сайругашт баромаданд. Чақ-чақкунону ғуд- гудкунон-нафаҳмида монданд, ки аз хонаашон хеле дур рафтаанд. Якбора борони сел бориду хурӯсу мурғ тару вазнин шуданд. Болои сӯхта намакоб, рӯз бегоҳ ки шуда буд, шаб даромада монд. Ин замон хурӯсу мурғ дар соҳили дарёчаи кӯҳӣ як осиёеро диданд. Хурӯс ҳалқа ба дар зад. Кисти? - пурсид осиёбон.
- Ин, мо, яъне ман хурӯс бо мокиёнам, - ҷавоб дод хурӯс. Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.
- Ба ман чизатон даркор нест, - гуфт осиёбон. - Ба хона ҳам роҳ намедиҳам. Биравед!
Хурӯсу мурғ рафтанд. Каме дуртар рафта боз як осиёро дидаанд. Хурӯс ҳалқа ба дар зад.
- Кисти? - пурсид осиёбон.
- Ин, мо, яъне ман хурӯс бо мокиёнам, ҷавоб дод хурӯс.
Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.
- Биравед, - ҷавоб дод осиёбон. - Ба хона роҳ намедиҳам! Хурӯсу мурғ сарсону саргардон роҳашонро давом дода, ба зудӣ боз як осиёеро диданд. Хурӯс ҳалқа ба дари осиё зад. - Кисти? - пурсид осиёбон.
- Ин, мо, яъне ман хурӯс бо мокиёнам, ҷавоб дод хурӯс. - Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.
Осиёбони сеюм одами раҳмдил будаст. Дарро кушода, хурӯсу мокиёнашро роҳ дод. Оташ гиронда хонаро барои онҳо гарм кард, ҳатто дона дода, иштиҳои хуш талабид. Хурӯсу мурғ хушк шуданд, гарм шуданд, хӯрдану нӯшиданду барои хобидан дароз кашиданд. Осиёбон ҳам хоб кард.
Аммо хурӯсу мурғро хоб набурд. Дилашон ба ҳамон якто тухми ваъдакардаашон сӯхт. Онро ба осиёбон додан нахостанд. Ҳарду хостанд, ки оҳиставу номаълум хеста гурезанд. Субҳи содиқ бархестанду дарро кушода ба хонаашон рафтанд.
Пагохи осиёбон бархеста дидаст, ки хурӯсу мурғ нестанд. «Шояд дар кахдон бошанд, - ба худ андешид вай. Мурғ дар он ҷо тухм карданисту хурӯс посбонӣ дорад.»
Осиёбон дар оташдон оташ гиронда, мунтазир нишаст. Чанд соат гузашт. Офтоб баромад. Вале хурӯсу мурғ дарак нашуданд. Осиёбон бархесту атрофии осиёро хабар гирифт, ба кахдон даромад. Меҳмонҳо набуданд. «Хайр, - гуфт вай, - ба деха, ба катакашон рафта, ҳақи худро талаб мекунам!» Вай ба деха равон шуд.
Хурӯсу мурғ ӯро аз дур дида шинохтанд. Осиёбон аз сари теппа сарнишеб мешуд. Хурӯсу мурғ тамоми тухми дар катакашон будагиро шикаста зардиву сафедиашро якҷоя карда, дар кунҷи катак дар зери тӯдаи ангишт пинҳон намуданд. Баъд ба сачоке чанд сӯзан халида, худашон баромада рафтанд.
Осиёбон ба катак даромад, ба чор кунҷ нигоҳ кард, на мурғу хурӯс дид, на тухм.
- Хайр, сабр мекунам, меистам, - гуфт вай ба худ, - ҳамин замон соҳибони хона омада мемондагистанд.
Вай инро гуфта ангишт гирифтан хост. Аммо дасташ ба як чизи мулоим, яъне зардиву сафедии тухм расид. Ин чӣ бошад гуфта дасташро берун кашида, рафта шуста омаду бо сачок тоза кардан хост, ки сӯзанҳо ба ангуштонаш халиданд.
Осиёбон ранҷид, сахт ранҷид аз хурӯсу мурғ ва бо афсӯс гуфт:
- Хурӯсу мурғ ба некии ман ана ҳамин хел ҷавоб гардониданд! Хайр, ҳаволаашон ба Худо!
Аз он замон инҷониб дар он тарафҳо ба хурӯсу мурғ ягон кас дар намекушояд, ҳамин ки онҳо ба дари хона наздик омаданд, киш гуфта пеш мекунанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё