Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар ин сурат рисолати аслии худи таърих, ки аслан иборат аз далел, ривоят, ҳунари баён ва ба хотири омӯхтани дарсҳои таърих аст, сирфан ифтихори холӣ анҷомношуда боқӣ мемонад. Агар ҳамаи ин осори таърихӣ, фарҳангӣ барои ғурури миллӣ ва ифтихор бошад, ба назар мерасад, ки ҳаҷми аллакай анҷомшудаи он кофӣ мебошад.

Дар адабиёту фалсафа аксаран мавзуъҳои дуюму сеюмдараҷа зиёдтар вомехӯранд, ки асосан ба манфиати ҷаҳонбиниҳои ғайриилмӣ (устуравӣ-мифологӣ, динӣ буда, ба ҷаҳонбиниҳои дигар (илмӣ, фалсафӣ, дунявӣ ва ғайра) камтар саҳм мегузорад. Аз тарафи дигар, дар аксари мавридҳо тадқиқоти вобаста ба ин ё он шахсиятҳои адабӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар ифтихорот зиёдаравии ба сатҳи ифротият расида ҳам анҷом дода мешаванд, ки дар замони мо “худро аз дигарон боло гирифтан” маъно мешавад, ки ба манфиати наслҳои миллат мусоидат намекунад.

Замони пас аз инқилоби бузурги башарият ба номи илм, ки ба қарнҳои 17-18 дар Аврупо рост меояд, дунёи аз он баъд ба илми амалӣ ва ақлонӣ бунёд ёфта ва бо он суръат пешраванда, бо танҳо ифтихороту ғурури беҷо дар ҷаҳон мавқеъ ёфтан мушкил аст ва ҳатто баръакс, миллат метавонад зарари ҷиддитар бинад, зеро ангезае барои “тафаккури замонавӣ” кардан ва пешрафт дар, маҷмуъ, боқӣ намемонад.

Муҳаққиқоне, ки бузургони маърифати сатҳи ҷаҳонӣ, аҷдоди бевоситаи ин миллат, ба монанди Румиву Ҳофизу Бедилу Саъдӣ, олимоне мисли Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хайёму Сино ва садҳои дигарро ба ҷомеа ва берун аз он сазовор муаррифӣ карда тавонанд, шумораашон ночиз аст. Беҳтарин асарҳои илмӣ дар мавриди ин бузургони мероси ғанӣ, аз ҷониби олимони ғарбӣ анҷом шудаанд, ки баёнгари дар сатҳи ҷиддӣ ва фарқкунанда қарор доштани фазои илмиашон мебошад.

Дар фалсафа бештари тадқиқоти анҷомшуда дар мавриди ҷаҳонбинӣ аз манзари тасаввуф, маърифати илоҳиётӣ ва ё ривоятҳои мураккабфаҳм мебошанд, ки низ ба ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи кунунии камтар меафзоянд. Аз ин рӯ, амалан дар тафаккури наслҳо ва маънавиёти онҳо тағйиротҳои мусбат хеле кам сурат мегиранд.

Тадқиқоти зиёди соҳаи адабиёт аслан дар доираи меросе, ки аз панду насиҳат, андарзу ҳикмати фаровон иборат аст, сурат мегирад, ки бинобар аз ҳади мантиқӣ, зарурӣ бештар буданаш, дар зиндагии воқеӣ камасартар шуда меравад, дар тафаккурсозиии “замонавӣ”, аз ҷумла, илмӣ-фалсафӣ нисбат ба динӣ заифтар боқӣ мондааст, ки тааҷҷубовар ҳам мебошад. Аз назари мо, сабаби камтаъсирӣ ба тафаккури ҷомеа, аввалан ба сатҳи (дараҷаи илмият)-и кори анҷомдодашуда вобаста буда, дуввум, аз ҳад зиёд будани осори панду насиҳатии омехта бо таълимоти динӣ мебошад, ки такрор ба такрор таҳқиқ ва нашр ҳам мешавад ва таваҷҷуҳи наслҳоро ба ин мерос коста кардааст. Албатта, ин ба маънои инкори ин гуна осори гаронбаҳо нест, балки аз андоза зиёд будан ва хеле фосила доштани он аз ҳаёту воқеияти моддии замони мо (капитализм) аст, ки мебоист дар ин маврид бозандешӣ сурат гирад.

Дар забоншиносӣ, аксари мавзуъҳои ба истилоҳ “пеши по уфтода” ва рисолаҳои аз андозаи зарурат бештар таълиф мешавад, ки арзиши илмиву амали аксари онҳо зери сули ҷиддӣ қарор мегирад, зеро ҳатто ба забондонии мардум, худи шогирдону сокинон ва ҳатто унвонҷӯёну дифоъкардагон, ки натиҷаи асоситарин мебошад, чизеро намеафзоянд. Ҳатто мутахассиони соҳа бо забони модарӣ (ба муқоисаи дигар миллатҳо) озодона, мантиқӣ фикр баён карда наметавонад, ё бо забони “хушк”, истифодаи фақат вожаҳои “забонзад шуда” ва “ноширин” суҳбат мекунанд, ки зарурати чунин асарҳои илмиро, умуман, зери суол мебаранд.

пешина
аз 12
навбатӣ