ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар
Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа
Дар назари сатҳӣ ин қазоват шояд то ҳадде мантиқӣ ва аз як нигоҳ, қобили фаҳм ҳам бошад. Яъне, одаме, ки “калла надорад”, бахусус, завқу майли илм надошта бошад, фикр карданро написандад, набояд вориди майдони илм шавад. Аммо, аз як тарафи дигар, тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, сатҳи маърифат, яъне, дониши наслҳо нисбат ба солҳои оғози истиқлолияти кишвар (бинобар сабабҳои зикршуда) то дараҷае поин омадааст.
Аз ин рӯ, ниҳодҳои масъулу дахлдор бояд ба ҳар кори содатарини таҳлилӣ - илмӣ дар ҳар сатҳ, дар ҳар мавзуъ хушбин бошанд. Ҳеҷ набошад, ба ҷодаи илм қадам мондан ва бахусус, “фикр карданро ёд гирифтан”-и ҳар чӣ бештар ҷавонон афзалтар аст. Зеро аҳли илм дар миқёси аҳолии кишвар алҳол ҳам камтар аз 0.0005% ро ташкил медиҳаду халос.
Ба қавли файласуфи машҳури англис, поягузори мафҳуми “ҳаққи табиӣ” Ҷон Локк: “дуруст фикр кардан аз донистани бисёр арзишмандтар аст”. Вале нуктаи муҳим ҳамоно он аст, ки илм дар ҳар кишвар бояд сатҳе дошта бошад, ки ҳам аз нигоҳи моддӣ, ҳам маънавӣ, эътибору мақом барои ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа ҷаззоб бошаду ҳавасманд карда тавонад, то мақому эътибори шоистаи ин соҳа дар ҷомеа барқарор шавад.
Бахусус, барои марҳилаи кунунии кишвар афзалияти соҳаҳо, муайян намудани самтҳои авлавиятдошта, мубрамияти ин ё он мавзуъҳои тадқиқотӣ муҳиммияти бештар дорад, чуноне ки дар суханронии Пешвои миллат ҳам ба он таъкиди хеле бамаврид шудааст.
Дар замони муосир вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти ғизоӣ, ҷанги фарҳангҳо, бахусус, афзоиши тундгароӣ, терроризму ифрот дар дину мазҳабҳо, тасаллути нигароникунандаи ҳуши маснуӣ дар шуури башар ва ғайра таҳдидҳое мебошанд, ки барои паст кардани шиддати он дар ҷомеаҳо бояд дар ҳавзаи тадқиқотҳои илмӣ фаро гирифта шаванд.
Илмҳои марбут ба фанҳои дақиқ, ҳамчун заминшиносӣ, иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), сиёсатшиносӣ, мардумшиносӣ, ҳифзу тақвияти ваҳдати миллӣ ва бо кишварҳои мухталифи ҳавза барқарор кардани робитаҳои гуногунсоҳа ва барои тарафҳо манфиатбор, ба назари мо, дар қатори авлавиятҳои илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ ҷо дода шаванд, то ки арзиши бештари амалӣ ба бор оварда тавонанд.
Роҳбари давлат самти илми ватаниро барои ояндаи наздик хеле дақиқ арзёбӣ намуда, чунин мегӯянд; “Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё