Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ҳар ду ҳам хоҳони парокандагии оила набуда, нек сарфаҳм мерафтанд, ки кор бояд ин гуна наанҷомад.
Баъди хомӯшии тӯлониву фикр карданҳои зиёд ҷавон сар бардошту ба гап шуруъ кард: − Ба сарам як фикр омад, агар бипазирӣ аз он сар мекунем.
Ҷавонзан хомӯшона бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва ҷавон илова кард:
− Шояд фикри кардаам бароят кӯдакона намояд, аммо, ба ҳар ҳол мехоҳам, ки мо дар боғча як ниҳол шинонем. Агар давоми се моҳ ниҳол хушкид, мо ҷудо мешавем. Вале агар сабзиду калон шуд, фикри ҷудошавиро дигар тамоман ба сарамон намеорем. Шарт ин ки мо бояд тайи ин се моҳ ҳуҷраҳои хобамонро ҷудо кунем.
Ин фикри ғайримуқаррарӣ ба ҷавонзан ҳам маъқул афтод. Рӯзи дигар рафтанду як ниҳоли мева хариданд. Онро бурда дар боғча шинонданд.
Баъд аз гузашти як моҳ шабе нохост дар боғча вохӯрданд. Дар назди ҳамон ниҳол. Дар дасти ҳар ду ҳам зарфи пури об буд. Нозанин
− Келина ман худам интихоб мекунам.
Ягонтаи шумо дахолат накунед!− мутакаббирона мегуфт Шарофат, зани сабзинаи қадпасти газгушт ба шавҳар.
− Охир, фикри бачаро ҳам гирифтан даркор ку... афзуд шавҳар, ки ҳарчанд дар чунин тасмимҳои муҳим фикри ӯ камтар ба инобат гирифта мешуд.
− Агар маҷбур надиҳем, ин бачаи ту нияти зангирӣ надорад, ҳамоно таъкид мекард зан.
Волидон, ҳарчанд фарзандашон розӣ набошад ҳам, ӯро оиладор кардан мехостанд. Бахусус модар, ки ин корро бар уҳда гирифта буд. Зеро аз рафтори рӯзҳои охири писараш Ҷамшед чандон розӣ набуд.
Модар хабар ёфта буд, ки ӯ бо бачаҳои сарҳую нашъаманд ошноӣ пайдо кардааст...
Дар оилаи дигар низ зан шавҳару духтарашро розӣ карданӣ мешуд, ки бо дугонаи вай қудо шаванд. Мефаҳмонд, ки дар ин солу замона одами дилпур ва боваринок ёфтан мушкил. Бинобар ин, агар онҳо, яъне падару духтар барои бо писари дугонааш Фаришта издивоҷ кардани Нозанин розӣ шаванд, хеле хуб мешавад.
− Ҷамшед писари Фаришта бисёр бачаи боодобу хушмуомила аст. Ҳам донишгоҳа хонда маълумоти олӣ гирифтааст, ҳам хонаву дари зебо дорад. Розӣ шав, духтарам, хор намешавӣ,− дили духтарашро гарм карданӣ мешуд модар.
Баъд аз неву нестони зиёд, ниҳоят Нозанин тас-мимро ба волидон гузошт. Аммо дар як гӯшаи дили падар ҳанӯз нороҳативу изтироб вуҷуд дошт.
\\\*
Нозанин баъд аз ду моҳи тӯй бори сеюм аст, ки ба хонаашон меояд. Бори аввал баъди чанд рӯз дар хонаи волидон мондан гашта ба хонаи шавҳараш рафт. Аммо ду дафъаи баъдӣ дили бозпас рафтан надошт. Вақте бори сеюм дар хонаи волидон мондани духтар тӯл кашид, ниҳоят падар духтарашро наздаш хонда гуфт:
− Духтарам, ин хона хонаест, ки ту ин ҷо калон шуда, ба воя расидаӣ, ҳар гоҳ хостӣ, метавонӣ биёӣ.
Вале ҳоло ту зани шавҳардорӣ, дар хонаи падарӣ зиёд маътал шуданат ҳар хел маънидод мешавад.
Баъзеҳо нафаҳмида фикри хато мекунанд. Ман мегӯям, ки ба хонаат равӣ, то шавҳарат хавотир нашавад... Нозанин духтари бофаросатест. Ӯ бисёр чизҳоро мефаҳмиду пай мебурд. Ин фикр ба сари вай ҳам омада буд. Аммо намедонист чи кор кунад, дилашро ба падар чи гуна холӣ кунад. Модараш бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро гӯш кардан намехост. Ба дугонаашу дороии домод фикр мекард. Ҳоло ӯ дар рӯ ба рӯи падар нишастааст. Аммо духтари боҳаё ҷуръати ба чашми падар нигариста гап задан надошт.
− Ман дигар наметавонам ба он хона биравам,− гуфт ӯ ниҳоят.
Падар, агарчи аз ин ҷумлаи бешарҳи духтараш оташин шуда буд, худро нигоҳ дошта пурсид:
− Барои чӣ, духтарам?
Нозанин ба саволи падар ҷавоб надод, бо сари хам ҳамоно ба замин менигарист. Буғз дар гулӯи духтар гиреҳ хурд ва донаҳои ашк нӯги мижаҳои зебояш па шуданд.
Нороҳатии падар афзуд, мехост ҳарчи зудтар асли масъаларо бифаҳмад. Вале дилаш намешуд, ба дили духтар, ки аз тахминаш дардманд аст, нохун бизанад. Духтар аз ҷой бархост ва ба хонаи дарун даромада, домани гиряро сар дод. Гиряи духтар падарро бештар маҳзун сохт. Аз пурсиши ноҷояш хиҷил шуда, худро дар дил сарзаниш кард падар.
Нозанин камтар аз як соат дар хона танҳо монд. Қарор дод, ки ҳама чизро мегӯяд. “Бигзор падар донад. Ӯ ҳақ дорад, ки аз асли гап огоҳ бошад”, гуфт духтар худ ба худ ва берун омад.
Падар ҳамоно дар ҳуҷраи дигар ба тиреза нигариста, рӯи роҳаткурсӣ андешаманд менишаст.
Нозанин омад ва назди падар ба зону нишаст.
Пойҳои падарро оғӯш гирифт ва сар ба зонуи падар монд. Басе ғамгин менамуд. Дили падар хиҷил шуд.
Ӯ духтарашро аз замин бардошт ва хоҳиш кард, ки дар роҳаткурсии дигар нишинад.
− Ҷони падар, агар нахоҳӣ, лаб накушо, гуфт падар ба Нозанин.
− Не, падар, мегӯям. Бояд шумо донед...
Нозанин каме таваққуф кард. Маълум, ки шарми духтарӣ иҷозаташ намедод рӯи рост гап занад. Вале қарор дода буд, ки гап мезанад. Пас, гуфт:
− Падар, ман ба он хона намеравам, барои он ки шавҳарам нашъаманд аст... Барои он ки то ҳол ҳамроҳ нахуфтаем. Яъне... забон хоид духтар.
− Ман фаҳмидам, духтарам. Давом деҳ.
− Ҷамшед дар ҳақиқат бачаи бад нест. Дилам ба ӯ месӯзад. Шаби аввали тӯямон ба ман иқрор шуд, ки нашъаманд аст. Гуфт: “Ман намехоҳам ҳаёти туро сӯзонам. Намехоҳам, туро абадан бадбахт гардонам. Барои ҳамин, бирав ва лоиқи худатро ёбу зиндагӣ кун. Ман ба ин издивоҷ розӣ набудам, маҷбур карданд...” Яъне, падар, ман ҳоло ҳам духтари бокира ҳастам. Мехоҳам никоҳамро расман бекор кунед... Падар нафаси осуда кашид. “Ҷавонмард будааст, Ҷамшед”, аз дил гузаронд. Хотираш аз духтараш ҷамъ шуд, вале дар дилаш нисбат ба ҳамсараш ҳисси нафрат қувват гирифт.
− Майлаш, духтарам, масъалаи бекор кардани никоҳатро фардо мебинем,− гуфт ӯ ба Нозанин.
Бегоҳ, вақте модари Нозанин аз хонаи хоҳараш омад, ба ғазаби сахти шавҳар гирифтор шуд.
− Аблаҳи ақлкӯтаҳ, нашъаманд будани бачаи дугоната медонистиву духтара дониста бадбахт кардӣ, ҳа?! шӯрид мард ба ҳамсараш.
Зан ҳайрон буд, мехост гап занад, иқрор шавад. Мехост, бигӯяд, ки ба хотири фарзанди дугонааш, ба хотири дӯстии деринаашон бо Фаришта ин корро кард. Мехост фаҳмонад, ки ҳама хонаву дари Фаришта насиби Нозанин мешуд.
Аммо шавҳар фурсати даҳон кушодан надод:
− Ҳоло дафъ шав аз назарам. Бирав, ки дигар рӯи ту барин ҳамсара набинам...
Зан бо чашмони ашколуд аз дар бадар шуд.
Ноза-нин ба моҷарои волидон дахолат накард.
Раҳмдилии падараш ба ӯ маълум буд. Фикр дошт, ки ҳоло чанд рӯз мегузарад, қаҳри падар паст мешавад ва модараш боз ба хона бармегардад.
\\\*
Фардои он рӯз, чи хеле ки падар ваъда дода буд, никоҳи Нозанинро расман бекор карданд. Вале дар хонаи хоҳар мондани модари Нозанин тӯл кашид. Духтар чанд бор дар хусуси гашта омадани модараш бо падар суҳбат карда бошад ҳам, натиҷа надод.
Баъди як моҳи дар хонаи хоҳараш мондан рӯзе модари Нозанин аз хоҳарзодааш Шералӣ, ки дар маркази шаҳр коргоҳ дошт, хоҳиш кард, ки барои холааш ҳам ягон кор ёбад. Ҳарчанд Шералӣ мегуфт, ки кор кардани холааш лозим нест. Ҳамон маошеро, ки ба ивази кор гирифтанист, худаш чанд баробарашро ба вай медиҳад, аммо зан розӣ намешуд. Аслан, вай аз маош дида барои он кор карданӣ буд, ки мехост алами дилашро қадре ҳам бошад сабук созад.
Воқеан Шералӣ дар яке аз биноҳои хуштарҳи навбунёди хиёбони марказии шаҳр коргоҳи зебое дошт. Холаашро ба кор гирифт. Акнун ҳар пагоҳ модари Нозанин ба коргоҳ мерафт, рӯбучин мекард, хӯрок мепухт, гоҳо меҳмон қабул мекард ва бегоҳ баъд аз кор хонаи хоҳараш мерафт. Нозанин барои дидани модараш аввал ба хонаи холааш мерафт, акнун аз рӯзе, ки модар ба кор даромадааст, ӯро дар коргоҳаш хабар мегирад. Модар, ҳарчанд хонаашро пазмон шудааст, аммо аз он шод аст, ки кори Нозанин ба бадбахтии мудҳиш нарасида, ба осудагӣ анҷом ёфт.
Як пагоҳӣ, вақте Нозанин ба и модар ба ҷойи кори ӯ рафт, модар хеле серкор буд. Ба коргоҳ дӯстони Шералӣ меомаданд. Нозанин ба модараш дастёрӣ кард, ба рӯбучини идора мадад расонд...
Чанде нагузашта занги дар садо доду онро Нозанин кушод. Пушти дар холабачааш Шералӣ ва як ҷавони баландқомати олуфтаандом меистод.
Духтар бо ҳамон одобе, ки хоси вай буд, ба омадагон салом доду худро як тараф гирифт. Шералӣ ҳам бо Нозанин ҳолпурсӣ карда, меҳмонро, ки дӯсти донишгоҳиаш Бахтиёр буд, ба ҳуҷра роҳнамоӣ кард.
Ҳусну малоҳати духтар, хоса одобаш аз назари меҳмон пинҳон намонд. Бахтиёр гӯё ҷоду шуда бошад, дар ҳуҷра танҳо нишаста лаҳзае ба фикр рафт. Риштаи хаёли ӯро Шералӣ бурид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё