Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
− Чаро шарм медорӣ?, пурсид аз сатил хизматгор. Сатил ҷавоб дод:
− Охир ҳар дафъа нисфи оби лозимиро меорам ва бо ин ними заҳмати ту ба ҳаво меравад.
Ҷавон бо умеди пайдо кардани тасаллие дар чашмони зебо ва чеҳраи хандони ҳамсараш ба ҳаяҷон омад. Ба хотираш расид, ки барои бо духтари дӯстдоштааш оиладор шудан, худро аз будаш зиёд мукаммал нишон дода буд. Ниҳоят оиладор шуд, аммо ду сол боз дар пайи тараддуди пардохти қарзҳои тӯй барои хушбахтӣ вақт ҷудо карда наметавонист. Ду соли баъди тӯйро бо мушкилиҳои зиёди моддӣ гузаронданд. Бинобар ин, зуд−зуд асабӣ шуда, ҳамсарашро меранҷонд. Ин пагоҳ низ ҳама чизро фаромӯш карда, баъди наҳории лазизе ба кор шитоб дошт ва барои чойро дер дам кардани ҳамсараш ӯро сарзаниш кард, аммо пушаймон шуд.
Аҷиб ин ки барои ифодаи ин пушаймонӣ ғурураш иҷозат намедод. Медонист, ки рафтораш нодуруст аст, аммо ҳиссиёташ барои ислоҳ кардани хатоҳо монеъ мешуд. Ҳамсараш бошад, муҳаббаташро ба чашмон ва суханҳояш ҷо дода, ҳам ба шавҳараш менигаристу ҳам ба нақлаш давом медод:
− Ба нуқтаи аз ҳама шавқовари ҳикоя расидем,− гуфт зан. Марди обкаш аз хиҷолатмандии сатил танҳо табассуме кард ва гуфт: “Имрӯз вақте аз чашма бармегардем, як ба канори роҳ нигар!”
Ҳамон рӯз сатили сӯрох вақти баргаштан аз чашма ба гулҳои рангоранги канори роҳ мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар нури офтоб хеле муҷалло менамуданд. Як каме тасаллӣ ёфт, бадбахтиашро фаромӯш кард.
Ҳатто сӯрох буданашро ҳам. Вале чун ба охири роҳ расиданд ва дид, ки аллакай ними об рехтааст, боз маъюс шуду узр пурсид.
Ҷавон ба соати дасташ нигарист, вақти ба кор рафтан расида буд. Аз чойи пиёлааш, ки дигар таъмашро ҳис намекард, як қулт нӯшид.
Акнун фаҳмид, ки ду сол боз аз хавфи ба кор дер монданаш, ба ишқу муҳббат ва хушбахтиаш низ расо ду сол дер кардааст. Соатро аз дасташ кушода, ба каноре ҳаво доду ба ҳамсараш нигариста гуфт:
− Баъд чӣ шуд?
Зан ба нақлаш идома дод: − Обкаш аз сатил пурсид: акнун дидӣ, ки танҳо дар тарафи ту гулҳо шукуфтаанду дар тарафи сатили ҳамроҳат гул нест? Ман вақте фаҳмидам, ки ту нуқс дорӣ, дар роҳ тухми гул коштам ва туро маҳз дар ҳамон тараф доштам, то ки гулҳоро об диҳӣ. Ба туфайли ту роҳи чашма ин қадар рангорангу зебост. Ҳамчунин, аз ҳамин гулҳо ҳар саҳар як даста ба рӯи мизи хуҷаин мегузорам.
Агар ин «нуқс»−и ту намешуд, на роҳамон ин қадар зебо мебуд, на хонаи хӯҷаин аз гулҳои зебо хушбӯй мегардид.
Ҳоло ҷавон камбудиашро фаҳмида буд.
Фаҳмид, ки хатоҳояшро аз ҳамсараш пинҳон кардан дуруст нест. Бори аввал буд, ки ба ин фикр розӣ мешуд. «Ҳаёти оилавиро тавре сар мекунем, ки гӯё мукаммалем, вале баъдтар чун мукаммал нею, як инсони одӣ буданамон рӯ мезанад, ишқу муҳаббатамон кам мегардад. Эй кош, дар ибтидо якдигарро на ҳамчун инсони мукаммал, балки бо назардошти хатою камбудиамон дӯст дорем.
Якдигарро на чун инсони фавқулодда мукаммал қабул кунем, балки инсони муқаррарӣ ва инсоне, ки ҳар лаҳза мумкин аст хато кунад», мегуфт ҷавон ва дар овозаш оҳанги пушаймонӣ эҳсос мешуд.
Зан ки ба пиёлаи шавҳараш чой мерехт, мамнунона гуфт: «Ҳоло ҳам дер накардаем...» Ӯ охирин қандро аз шакардон гирифту онро ба ду ним тақсим карда, пораеро ба шавҳараш дароз карда, пораи дигареро ба пиёлаи худ андохт. Чояшон мисли муҳаббати замони донишҷӯиашон ширин буд.
«Аслан, вақте хатоҳоямонро ба маҳбубамон мегӯем, мисле, ки ба ӯ фурсат медиҳем, то бароямон тухми гул бикорад. Ба монанди ҳикояи нақлкардаам ва ҳамеша аз ҳамон тарафи роҳ мегузарем, ки гулҳои рангоранг дорад. Ҳамин тавр, дар ҷойе, ки хатоҳоямон боиси нохушнудиамон мегарданд, онҳоро бо саодати давомдор ва муҳаббати бенуқс иваз мекунем», гуфт зан шавҳарашро тасаллӣ бахшида.
Онҳо якдигарро ба оғӯш гирифтанд. Дар рӯзи аввали ҳафта чунин саодати ширинро аз якдигар интизор набуданд. Ин бузургтарин хушбахтӣ буд барояшон.
Равоншиноси ҷавон акнун барои ба кор рафтан аз ҷой бархост. Ним соат ба вохӯрӣ бо муштариаш дер карда буд, аммо парво надошт.
Умед дошт, ки муштарӣ ӯро мефаҳмад...
...Дар канори дигари шаҳр ҷуфте, ки мушкили хонаводагӣ доштанд, интизори равоншиноси оилавӣ буданд. Мард ба соати дасташ нигариста гуфт:
- Ин психолог ним соат дер кард−ку! Ба кор рафтанам даркор, дер мондам!
Зан бошад, аз шавҳараш илтимос мекард:
- Азизам, биё танҳо ҳамин рӯз ба кор нарав?
Осмон соф ва ситоразор буд. Гӯё майдони васеъ аст, ки нур коридаанд. Милт-милти ситораҳо оромӣ мебахшид. Ба онҳо нигариста, Соҳибҷамол хушҳол мегашт. Барояш хеле писанд буд ин манзара. Аз кӯдакӣ, аз бозе, ки худро мешинохтагӣ шуд, осмони пурситораро нағз дид. Ба ҳаде, ки шабҳое дилаш мехост ва ӯ дар осмон ситораҳоро намеёфт, маҳзуну хотирпарешон мегашт. Куҷо рафтани “чароғакҳои ҳаво”−ро аз падар пурсон мешуд. Падари хирадманди устояш аз пурсуҷӯи духтараки хурдсол ҳаз мебурд ва кунҷковиашро ба тарзи худу бо лаҳни ӯ мефаҳмонд.
− Меҳмонӣ мераванд, духтарам. Чароғакҳои ҳаво мисли меҳмонанд. Меоянд чанд вақт меҳмони мо мешаванд, хунукӣ ки омад, боз мераванд меҳмони бачаҳои дигар мешаванд. Агар ки нараванд, бачаҳои дигар мисли ту пазмон шуда, аз додоҳошон мепурсанд, ки чаро “чароғакҳо” намеоянд? Барои ҳамин онҳо ба навбат меҳмон мешаванд. Гоҳ ба мо, гоҳ ба бачаҳои дигар.
– кунҷковии Соҳибҷамолро шарҳ дода, гуфта буд боре падараш.
Духтарак ҳам аз ҷавоби додаи падар ба саволҳояш қаноатманд шуда, табассум мекарду мерафт пайи бозии хеш. Аҷаб рӯзгоре дошт ин духтараки чашмсиёҳи сафедак. Ҳамеша шод буд. Сурур дошт ва кӯшиш мекард, хурсандиашро бо дугонаҳо ё бо хоҳаронаш тақсим кунад. Дар ҳақиқат, соҳибҷамол буд. Бозиҳои кӯдакона ва лаҳни ширинаш ба ӯ зебанда буд. Сафедии ӯро дар назар дошта, дар хонаву кӯча варо “Сафедак” хитоб мекарданд. Ӯ низ одат карда буд ба ин ном.
Гуворо буд. Бештар ба падар маъқул афтод.
Мактабро бомуваффақият ба поён расонд. Дар назари падар чунин намуд, ки духтараш мактабро аз вақти муқаррарӣ пештар тамом кардааст. Вале ин тавр набуд. Танҳо зуд қомат боло кардану боз ҳам зеботар шудани Сафедак ва боақлу зиракии ӯ буд, ки вақтро зудгузашта нишон медод. Вагарна ҳама чиз ба шасту хости худ пеш мерафт...
Духтараки хушсурати накӯсират харидори зиёд дошт. Ҳамсояҳо ҳар яке мехост Сафедакро барои писараш арӯс интихоб кунад. Аммо хостгор ҳар қадар бисёр ҳам бошад, духтар ба яке насиб мегашт. Ин қонуни зиндагист. Миёни хостгорҳо чанде аз хешу табори модар ё падари духтарак буданд. Ҳарчанд баъзеи ин хешовандон баъди як ду бор сукут кардани волидони духтар пофишорӣ накарданд, вале якеш чанд бор омадурафт мекард.
Исрор меварзид, то ба хостааш ноил шавад. Ин ихлоси хостгорҳоро дида, волидон билохира розӣ шуданд. Баъди чанд моҳи тайёрӣ тӯю тамошо шуд ва духтаракро хонаи шавҳараш гусел карданд.
Ҳама хурсанд буд. Ҳам Сафедак, ҳам шавҳараш, ҳам волидонашон. Вале он чи ки ин хурсандии бебадалро тира сохт, оризае дар пойи духтарак буд. Бале, расо як сол пас аз издивоҷи Сафедак як пояшро дарди сахте фаро гирифт. Ӯ аз ин дард ранҷ мебурд. Табибон гуфтанд, бояд ҷарроҳӣ шавад.
Вале волидон розӣ намешуданд. Қарор доданд, ки духтаракро ба хориҷи кишвар бурда, табобат кунанд.
Ҳамин тавр ҳам карданд. Духтарак дар кишвари рус ҷарроҳӣ шуд. Ҷарроҳии нодурусти табибон боис гардид, ки як пояш дигар ҳаракат накунад. Ин вазъ сахттар аз дарди по буд барояш. Аммо ба ҷуз сабр ва таҳаммул дигар чора надошт. Духтараки ҳушманду бофаросат ҷои сабр карданро хеле хуб медонист. Мегуфт, “маризиву мусибат барои инсон санҷишест аз сӯи Холиқаш. Ҳар чизе, ки ба сари мо меояд, беҳикмат нест. Бояд сабр кард!” Бо вуҷуди ин ҳама, вай басе хушҳол буд. Хушҳолиаш мадори дили падару модар мешуд. Тасаллӣ меёфтанд. Ягона чизе, ки гоҳ-гоҳ духтаракро ғамгину озурда мекард, кам гардидани таваҷҷуҳи шавҳару хонаводаи ӯ буд. Ҳамаи ин дар пеши духтарак масъалаи “биравам ё бимонам”−ро мегузошт. Бале, масъалаи мондан дар хонаи шавҳар ва ё рафтан ба хонаи падар. Духтарак гирён мешуд, ки дигар бо ин аҳвол наметавонад хизмати шавҳар ва ё хонадони ӯро ба ҷо биёрад. Ба хонаи падар рафт. Дақиқтараш бурданд. Вале дар дилаш ҳанӯз шуълаи умед фурӯзон буд, ки шавҳараш меояду ӯро ба хонааш мебарад. Дар ин миён шавҳараш ба кишвари Рус рафт. Ӯ акнун дар як сол як ё ду бор меомад.
Муносибаташ бо ҳамсар, қариб ки канда шуд. На телефонӣ тамос мегирифт, на ба зангҳои телефонии завҷаи ҷавонаш ҷавоб медод. Ин ҳол духтараки дардмандро бештар ба қаъри ғаму ғусса тела медод.
Дигар кораш гиря буду гиря. Ӯ мегирист, бисёр ва беовозу хомӯш...
“Зиндагӣ аҷиб аст. Мо нақшаҳо мекашем, вале аз он бехабарем, ки Парвардигор низ нақшаҳои худро дорад. Мо орзу мекунем, умедвор мешавем, вале ба орзуҳомон намерасем. Панҷаи ноумедӣ моро мефишорад, балки пайт меҷӯяд, то моро буғӣ кунад... Ҳанӯз соли охири мактабхониам чун ба хонаамон хостгорҳо бисёр меомаданд, орзу доштам, ки Худованд сарвату ҷалолам надиҳад, балки як ҳамсари меҳрубоне насиб кунад, ки зери боли меҳрубониву шафқаташ хушбахтона зиндагӣ кунам. Бароям ҳамин буд тасаввури сарват.
Дороиро ман ҳамин хел мефаҳмидам. Хушбахтиро низ... Вале афсӯс, ки ин ягона орзуям низ амалӣ нагашт”, бо ҳасрат нақл мекунад Сафедак.
Вале бо вуҷуди ноҷӯриҳои рӯзгор дилаш пур аз нишоту хурсандист. Ин зиндадилии духтараки ҷавон ӯро намегузошт, то худро ба коми ноумедӣ партояд. Ҳарчанд баъзан сахт дилгир мешуд, аммо боз ҳам рангорангиҳои зиндагӣ, зебоиҳои онро пеши назар оварда, дилаш боғ−боғ мешукуфт.
Мард ҳар сол дар рӯзи издивоҷашон барои ҳамсараш як сабад гули сурх мефиристод. Ин то он замоне идома ёфт, ки мард дар қайди ҳаёт буд.
Ниҳоят, рӯзе корвони умри ӯ ҳам аз дунё ба охират роҳ гирифт. Маросими дафнашро гузаронданд.
Ёру дӯстон барои тасаллияш омаданд. Ҳамдардӣ карданду рафтанд. Зан низ аз мазори азизаш ба хона рафт. Ба хонае, ки дигар танҳо буд, ҳамроҳу ҳамсафар надошт.
Ҳамсарашро ёд карда, доим мегирист. Аз дарахти тақвим рӯзҳо яке паси ҳам мисли баргҳои хазон дар фасли пойиз рехтан гирифтанд. Як солгарди дигари издивоҷашон ҳам фаро расид.
Дар ин рӯз садои дар баланд шуд. Дарро вокард, аммо касеро ба ғайр аз як сабади пур аз гулҳои садбарг надид. Зан аз ғояти ҳаяҷон ба ларза даромад. Сабадро аз замин бардошт, ки чашмаш ба руқъаи рӯи он афтид. Бо тарс ба хондан сар кард.
«Ҳамсари азизам! мехонд зан аз коғаз.
Медонам ин армуғон туро сахт дар ҳайрат мегузорад, аммо мехоҳам бидонӣ, ки ту ҳама вақт рафиқи қарини ману беҳтарин ҳамдарди ман будӣ. Бидон, ки дар ҳаёт набошам ҳам, аз дӯстдориат бознаистодаам.
Бароят ҳаёти пур аз шодию нишот орзу мекунам.
Хоҳиш дорам, ки ҳаётатро бо шодмонӣ гузарон ва маро бисёр фикр накун. Ин гулҳои садбарг то замоне, ки ту онҳоро қабул мекунӣ, бароят фиристода мешаванд. Рӯзе, ки гулфурӯш бароят гул оварду туро дар хона пайдо накард, бармегардад. Он рӯз гулфурӯш панҷ маротиба ба хона меравад, агар туро наёфт, мефаҳмад, ки ту ҳам бо ман пайвастаӣ.
Ҳамсари ҳанӯз дӯстдори ту!»
Зан гумон кард, ин шухии хунукест, ки касе нисбаташ анҷом дода. Ба гулфурӯш занг зада, ҳол пурсид. Гулфурӯш воқеаро ба зан фаҳмонд:
Хонум, ҳамсаратон ҳар сол аз ман дар солгарди издивоҷатон гул мехарид. Гуфта буд, ки агар вафот кунад, ман баъди маргаш ҳам дар рӯзи муқарраршуда бароятон гул барам. Ҳақи гулҳоро барзиёд пардохтааст.
Зан телефонро дар ҳоле ки дасташ меларзид ва қариб буд, ки аз дасташ афтад, гузошт. Бо чашмони пури ашк гулҳоро оғӯш гирифт... Ӯ ҳис мекунад...
Ҳамсарам тирамоҳи соли 2008 аз дунё чашм пӯшид. Аз ҳафт соли издивоҷамон ду соли охирашро барои табобати бемории саратон дар беморхонаҳо сипарӣ кардем.
Одат дошт ва сахт мехост, ки ҳар сол дар солгарди издивоҷамон ҳамроҳ сурат бигирем.
Ӯ суратҳои якҷоя гирифтаамонро дар чорчӯба гирифта, мегуфт: “Инҳо сояҳои умри моянд”. Вақте вафот кард, мо ҳафт сурати якҷоя доштем. Ман як бегоҳи соли 2007 ба ҳамсарам хиёнат кардам... Ҳол он ки ҳар лаҳза ба ӯ аз муҳаббат ҳарф мезадам ва ҳадиси садоқат мегуфтам. Ҳатто ду ҳафта пеш аз вафоташ низ ин ҷумларо такрор кардам: “Ман то ҷовидон ба ту содиқ хоҳам монд, зеро бениҳоят дӯстат медорам”. Дар чеҳрааш табассуми ҳазин пайдо шуду ба ман нигариста гуфт:
- Медонам. Рӯзе суратҳои якҷояамонро тамошо мекардам.
Танҳо ҳамон рӯз фаҳмидам, ки дар пушти ҳар як чорчӯба ҳарфе ҳаст.
Б.А.Қ.А.Ф.О.Н. Барои давоми ҳарфҳоро навиштан умраш нарасидааст. Солҳо камӣ кардаанд. Шояд нияташ “Ба қафо нигар” навиштан буд. Дарҳол ба пушти чорчӯбаҳо нигоҳ кардам.
Ҳеҷ чиз набуд. Каме фикр кардаму сипас ҳар як чорчӯбаро кушодам. Аз пушти ҳар кадомаш як мактуб баромад. Барои ҳар як соли ҳамроҳ гузарондаамон ҳарфҳои пур аз меҳру суханҳои латифи ошиқона навишта буд.
Мактуберо, ки аз пушти сурати соли 2007 гирифтаамон баромад, кушодам. Сип-сиёҳ буд, гӯё ранги сиёҳ карда шудааст ва дар як кунҷи коғаз ин ҳарфҳо навишта шуда буд: “14 марти соли 2007. Чашмонат имрӯз ба ман чун ба каси дигар нигаристанд. Чизе гуфтанат шарт нест, медонам...”
...Ҳоло дар соли 2012 қарор дорем. Чор сол мешавад, ки аз ӯ маҳрумам ва панҷ сол гузашт аз он рӯз, ки хиёнаташ кардам. Дилам дарун ба дарун месӯзад. Виҷдонам роҳатам намегузорад. Чаро ки занҳо медонанд, ҳис мекунанд. Ман ин ҳақиқати талхи зиндагии ҳафтсолаамро бо шумо дар миён гузоштан хостам. Шубҳа кун аз муҳаббати он, ки ба ту бо чашмони холӣ нигариста мегӯяд: “Ман туро дӯст медорам”. Чунки ишқ бесадову дӯстдорӣ безабон аст”.
Воқеан, дар паҳлӯятон набошад ҳам, ҳис мекардааст. Агар дӯсташ медоред, ӯ инро аз дурии садҳо километр ҳам қобилияти ҳис кардан дорад. Ӯ ҳис мекунад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё