Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.
Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Дар Ҳиндустон ду сагбача ба чоҳ меафтанд.
Модари онҳо дар сари чоҳ нолакунон мадад мехоҳад.
Танҳо бо аккосзании саг мефаҳманд, ки бачаҳояш ба чоҳ афтодаанд. Сагбачаҳо дар чоҳ 48 соат мемонанд. Вале ҳодисаи аҷиб ва боварнокардании дигаре дар зери чоҳ рух медиҳад. Дар болои сари сагбачаҳо мори афъие истодааст. Мор болои сари сагчаҳо навбат мепояд, то дар тарафи бехавфи чоҳ истанд ва ба об надароянд ва аз ғарқшавӣ эмин монанд. Дар ин муддат, ки сагчаҳо дар чоҳ буданд, мор ба онҳо заррае ҳам зарар намерасонад. Вақте ки кормандони ҷангал ба ёрии сагбачаҳо мерасанд, мор оҳиста ба тарафи дигари чоҳ гузашта меистад ва ба касе зарар намерасонад. Наҷотдиҳандагон оҳиставу безарар морро низ аз чоҳ мебароранд ва ба ҷангал раҳо мекунанд... Сюрприз
Садои тақ-тақи дарро шунида, пиразан бо пойҳои бемадораш базӯр ба даҳлез баромад.
Пушти дар дӯстони писараш қарор доштанд, онҳое, ки ҳамроҳ бо писари пиразан дар аскарӣ хизмат карда буданд.
Аскарҳо бо кампир салому ҳолпурсӣ карданд ва яке аз онҳо, ки ҷавони қоматбаланди хушандом буд, гуфт:
−Вақти зиёд надорем, очаҷон. Танҳо ним соат иҷозат пурсидем, то омада, дуоятонро бигирему боз баргардем.
Аммо пиразан исрор кард:
−Не, писаронам, то шуморо чизе зиёфат накунам, намеравед. Нахӯрда рафтан намемонам.
Ӯ аз рӯи одати деринааш ин гапро гуфт, одати рӯзҳое, ки шавҳар ва писараш дар қайди ҳаёт буданд. Онҳоро ҳамеша хӯрок дода, сипас гусел мекард. Вале алҳол намедонист, ки поёни ин исрори вай ба қуҷо мебарад.
Аскари дигар ба соаташ нигариста, сипас гуфт:
−Бошад, очаҷон, гурусна нестем, аммо дутоӣ тухм бипазӣ мехӯрем.
Аслан ҷавон барои пиразанро заҳмат надодан чунин гуфта буд, зеро дар ҳавлӣ мурғҳоро дида буд. Бечора аз куҷо медонист, ки мурғҳои рӯи ҳавлӣ дар як рӯз танҳо дуто тухм мекунаду дар хонаи пиразан чизе дигар барои хӯрдан нест?
Пиразан ба ошхона ворид шуда, ҳушу ёдаш тамоман ба писари шаҳидаш, ки ҳамроҳ бо ин аскарҳои меҳмон хизмат мекард, банд буд. Вай ҳам тухмбирёнро дӯст медошт.
Пиразан тухмҳоро ба дастони ларзонаш гирифта, хиҷолат мекашид. Чӣ кор кунад, то нодорияшро ҷавонон пай набаранд? Вай дар пайи пайдо кардани чорае буд. Дар хона ҳамагӣ ду тухм буд, аммо ҷавонон дутоӣ тухм фармуданд.
Пиразан дигар чизеро фикр накард ва ба оҷизиву нодорияш таваккал карда, тухмҳоро шикаст. Ин ҳангом дар чеҳраи нурониаш донаҳои ашки шодӣ падид омаданд, зеро ҳар тухм ду зардӣ дошт. Танҳоӣ
Вай ягона фарзанди хонадон буд. Баробари яксола шуданаш ҳам роҳгардиро ёд гирифту ҳам гап заданро. Аввалин калимае, ки ба забон овард,
“модар” буд, ҳамоне, ки аз ҳама зиёд дӯсташ медошт.
Тифлак дарк намекард, ки ӯ ҳам порае аз вуҷуди ин зани барояш меҳрубоон аст, вале медонист, ки ӯро хеле дӯст медорад ва набуданашро таҳаммул карда наметавонад. Бахусус, лаҳзаҳои аз пистони вай шири гарм хӯрдан ё рӯи дастони нармаш роҳат хоб рафтану ҳангоми бедор шудан боз ҳам ӯро болои сар дидан барояш хеле гуворо буд. Вай аз ин лаҳзаҳо сер намешуд.
Аммо хурсандии тифл дер напоид. Модараш масрафи рӯзгорро баҳона пеш оварда, дар як бонке, ки падари тифлак сардор буд, ба кор даромад.
Акнун тифли бечора ҳар саҳар баробари бедор шудан дигар худро дар оғӯши гарму атрогини модар ва ғарқи бӯсаҳои вай намедид. Ба ҷои модар ҳар саҳар зани сабзинаи лоғарандомеро дучор меомад, ки бо фарқ аз модараш на бӯйи гул, балки бӯйи пластика ё резин мекард, зеро пайваста сақич мехоид. Вай ин тифли танҳоро парасторӣ мекард.
Яъне, доя буд. Дар танҳоӣ аз дасти тифлак ягона коре, ки меомад, бо садои баланд гиристан буд.
Дар назари кӯдак ин зан на доя, балки албастиеро мемонд, чунки меҳрубонӣ надошт ва ҳар боре садои кӯдак баланд мешуд, вай бо ангуштони лоғари дарозаш кӯдакро “хомӯш” мекард. Гоҳе ин амали вай ба ҳадде дардовар мешуд, ки бечора тифлакро аз омаданаш ба ин дунё сад бор пушаймон мекард.
Тифлак мисли кӯдакони дигар ба тарбияи доя одат кард ва то соати расидани модараш ба тамошои телевизор машғул мешуд.
Бо сабаби он ки падари тифлак афзоиши аҳолиро “барои ояндаи мамлакат таҳлукаи ҷиддӣ” мепиндошт, бо вай сард муомила дошту чандон меҳрубонӣ намекард. Танҳо гоҳ-гоҳе аз дур ба кӯдак гап мепартофту бас. Бинобар ин, тифлаки бечора аз кор баргаштани модарашро бесаброна интизор мешуд ва барои ҳар чӣ зудтар худро ба оғӯши гарму навозишҳои вай ҳаво додан ҳамеша дар назди дар бозӣ мекард. Вале дигар модараш ҳам он атру хушбӯии пешинро надошт, чунки сигор мекашид ва баданашро тамоман бӯйи сигор печонда буд. Ҳамин ки ба хона меомад, зуд ба кори хона мепардохт ва баъди тифлакро бо саросемагӣ сер кардан аз ҳуҷраи худ бароварда ба кати махсус мебурд, ки дар ҳуҷраи дигар барои вай гузошта буданд. Дигар тифлак ҳам аз он аллаҳои ширину сурудҳои гӯшнавозе, ки модараш шабҳо барои ӯ мехонд, маҳрум шуда, ба ҷои модараш худаш суруди алларо бо лаҳни тифлӣ замзама мекард ва хобаш мебурд. Рӯзҳои тифлак ба ҳамин шакл мегузашт.
Вақте дусола шуд, модараш барои ӯ як парандаи зебоеро бо қафасаш ҳадя намуд. Акнун вай бо сурати дағалу чеҳраи гирифтаи доя камтар рӯ ба рӯ мешуд ва ҷои ин бо паранда суҳбат мекард.
− Очам ба бонк рафт! – пайваста шикоят мекард тифлак ба паранда.
Падару модараш ба вай ба ҷои як додари дӯстрӯ паранда ҳадя карданд. Худашон рӯзҳои таътил ҳам кор мекарданд, то қарзеро, ки барои автомашинаи нав харидаашон гирифта буданд, пардозанд.
Паранда ҳам ба хотири расидан ба висоли пайвандонаш рӯзе ба ҳаво парид. Дастони тифлак, ки барои доштани “дӯсташ” равон шуданд, дар ҳаво холӣ монд. Акнун баъди гузашти чанд вақт бори аввал чашмони кӯдак нам гирифанд. Ӯ аз тирезае, ки ҷонварак парида рафт, ба берун нигариста, бо ҳасрат мегуфт:
− Паранда ҳам ба бонк рафт! Тасодуф
Мард бо сафари хизматие ба як кишвари хориҷӣ меравад. Ба меҳмонхона ҳозир шуда, номнавис мекунад ва ба ҳуҷрааш мегузарад. Ба ҳуҷра даромада, мебинад, ки рӯи миз компютер истодааст. Фикри дарҳол ба ҳамсараш мактуб
(Е-mail) навиштан ба сараш меояду мард пушти экрани компютер мешинад. Мехоҳад аз расиданаш ҳамсари азизашро хабар диҳад. Вале тасодуфан мактубашро ба суроғаи дигар мефиристад.
Дар ҳамин асно дар як гӯшаи дигари дунё зане нав аз маросими ҷанозаи шавҳараш бо чашмони сурху варамида ба хона баргаштааст.
Зан мактуби ба суроғааш омадаро дида, гумон мекунад, ки кадоме аз дӯстонаш номаи таслият фиристодааст. Бо хондани мактуб зан ба замин афтода, беҳуш мешавад.
Модари зан ба ҳуҷра ворид шуда, духтарашро рӯи фарш беҳуш ва мактуби кушодаро дар экрани компютер мебинад.
“− Ба ҳамсари меҳрубонам
− Мавзӯъ: Нав расидам
− Сана: 16 майи соли 2013
Салом азизам! Бовар дорам, ки бо хондани ин хабар ҳайрон мешавӣ.
Дар ин ҷо компютер будааст.Ба пайвандон мактуб навиштан мумкин. Ман акнун омада расидам ва номнавис кардам.
Ин ҷо ҳама чиз барои фардо омаданат омода шудааст. Омаданатро бесаброна интизорам.
Бовар дорам, ки ту низ ба мисли ман сафари бехатар хоҳӣ дошт.
P.S: Ин ҷо хеле гарм аст”. Тифл
Зани ҷавон бо дидани тифли навзод гӯё ҷоду шуд. Мӯйи зарди ҷингила, чашмони кабуди калон, бинии кашидаву лабҳои сурхи тифли дӯстрӯ лухтаки зебоеро ба хотир меовард. Зан ҳам то кунун чунин тифли дилкашу назарраборо надида буд. Мехост аз лабҳои нозуки ин духтарчаи навзод бӯсида, аз бӯйи ҷаннатиаш димоғ хушбӯ кунад. Бо ин ният тифлро ба худ наздик овардан хост, ки овозе ба гӯшаш расид:
− Маро набӯс, чунки ту ҳаққи маро навозиш кардан надорӣ!
Зан аз тарс каме ларзида, ба атроф нигарист, вале дар утоқ ба ғайр аз ӯ ва тифлаки навзод касе наменамуд. Вақте ки он овозро бори дуюм шунид, рӯяшро ба тифл гардонд. Худоё, ӯ буд, ки гап мезад? Бале, навзод ҳам бошад, сухан гуфта метавонист.
Тифл суханашро идома дод: − Намехоҳам, ки ба ман наздик шавӣ.
Зан ниҳоят аз ҳолати парешонӣ берун шуда, гуфт:
− Ман духтар надорам. Ҳар ду фарзандам писаранд. Писар доштан беҳтар аст, аз ин шукргузорам, аммо духтар дигар аст. Барои ҳамин туро бӯсидан хостам.
− Ту маро бӯсида наметавонӣ. Ман ҳам наметавонам туро бибӯсам.
− Барои чӣ наметавонӣ? – пурсид зан ҳайратомез.
Тифл, ки акнун гиря мекард ва аз шиддати гиря сурх шуда буд, афзуд:
− Сабаби инро бояд бидонӣ. Агар дуруст фикр кунӣ, меёбӣ.
Зан сабаби бӯсида натавонистанашро фикр дошт, ки ба ҳуш омад. Дид, ки дар утоқи ниҳоят роҳати як табобатхонаи махсус хобидааст ва аз таъсири наркоз дилаш беҳузур мешавад. Духтури ҷавон, ки шиноси деринаи оилаи ҷавонзан буд, дастагулеро ба вай дароз карда, гуфт:
− Шифо ёбед, хонум. Исқоти ҳамл бомуваффақият ба анҷом расид... Ҳа, қариб фаромӯш кунам... тифли гирифтаатон духтар буд. Торт
Ба дукони нонпаз омадам, то нони гарм бигирам. Нонпази ҷавон маро, ки муштарии доимии дуконаш мебошам, шинохта, баъди салому ҳолпурсӣ гуфт:
− Каме интизор шавед, амак, ҳоло аз танур нони гарм меканам.
− Хуб, − гуфтам ман ва дар назди тирезаи дукон мунтазир шудам.
Ин ҳангом дидам, ки марде аз дари дукон ба дарун ворид шуд. Ӯ костюми фарсудаву рангпаридае ба тан дошт. Гиребонҳои либосаш зард шуда, зери гиребони чапи он медале ҷило медод. Вай як марди кушодачеҳраи мутабассим буд. Ба нонпаз салом дода, пурсид:
− Нонҳои ман тайёранд, писарам?- ҷавоби ҷавонро интизор нашуда, илова кард, − агар тайёр бошад, бигирам, ки дугоникҳоям гурусна шуданд. Ман дидам, ки ҷавони нонпаз чанд нонеро, ки ғолибан чандрӯзаву хушк буданд, берун бароварда, ба халтаи мард андохт. Бархе аз он нонҳо сӯхтаву сиёҳ ҳам менамуданд. Ҷавонро ҷеғ зада гуфтам:
− Чаро ба мард нони гарм намедиҳӣ, нонат- ку ҳоло тайёр мешавад?
Ҷавон гуфт:
− Вай як марди фақирест, иштирокчии ҷанг.
Соли гузашта писару келинаш дар садамаи нақлиёт ҳалок шуданд. Аз онҳо дугоник мондааст. Онҳоро вай парасторӣ мекунад. Ин ҷо меояд ва бо нархи арзон нонҳои хушки дирӯзаро гирифта мебарад.
Хеле мушавваш шуда, гуфтам:
− Ту ба ин мард нони гарм бидеҳ, пардохташро ман мекунам.
Ҷавон ҳам “хуб” гӯён чандто нони гарми аз танур берункардаашро ба даст гирифта, ба мард хитоб кард:
− Амак, кушоед халтаатонро, имрӯз ба шумо нони нарму мулоим медиҳам. Набераҳоятон ҳам лаззат бурда мехӯранд.
Дидам, ки чеҳраи мард боз ҳам шукуфт ва ӯ хеле шод шуд. Ба ҷавон халтаашро кушода, гуфт:
− Саломат бош, писарам. Сарат асло дардро набинад. Аз куҷо донистӣ, ки дугоникҳои ман имрӯз зодрӯз доранд? Хало
Ҷавон дар кӯчаи торик саросема роҳ мерафт, ки пояш ба чизи мулоиме бархӯрд. Хам шуд, то чӣ буданашро муайян кунад. Худоё, ин дили одамист!
Гӯё нав аз қафаси синаи соҳибаш баровардаанд, гарму хунолуд буд ва ҳанӯз метапид. Ҷавон қалбро рӯи дастонаш гирифта, аз тарс зуд-зуд нафас мекашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё