Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.
Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ҳар бор чашмаш ба чашми духтар бармехӯрд, ҳар рӯз чеҳраи ӯро медид ва дилаш гарм мешуд. Аммо наметавонист он чи дар дил дошт, ба духтар изҳор кунад. Ҷасораташ камӣ мекард. Ҳамин тавр рӯзҳо бо дискхарӣ сипарӣ мешуд.
Ниҳоят рози дилашро ба модар кушод. Модар гуфт:
− Ибо накун, писарам. Рафта ба духтар бигӯ, ҳар чӣ дар дил дорӣ...
Субҳи рӯзи дигар ҷавон ҷасораташро ҷамъ карда, ба дукони духтар рафт. Дискеро нишон дода, хоҳиш кард, ки онро печонда диҳад. Духтар бо ҳамон табассуми ба вай зебанда дискро гирифту ба ҳуҷраи дарун даромад. Ҷавон он чи дар дил дошт, ба коғаз рехт: «Туро дӯст доштам, духтари нағз».
Дар кунҷи дигари коғаз рақами телефонашро низ сабт кард. Коғазро ноаён зери миз гузошт. Духтарак дискро ба ҷавон дод. Ҷавон онро гирифту гӯё касе таъқибаш мекарда бошад, башаст аз дукон бадар шуд.
Баъди чанд рӯз занги телефон садо дод. Телефонро модараш бардошт. Духтар занг мезад. Хоҳиши бо ҷавон гап задан дошт. Хатти гузоштаи ӯро нав пайдо карда буд… Вале дар телефон модар мегирист.
− Нашунидӣ?- суол кард модар, ки овозаш пур аз ғусса буд. − Писарамро дирӯз дафн кардем.
Аз он тарафи гӯшӣ ба ҷуз нолаи ҷонсӯз чизи дигаре шунида нашуд ва алоқа барканд. Модар танҳо баъди чанд рӯзи дафни писараш тавонист вориди утоқи ӯ шавад. Хотираҳояш ҳанӯз гарм.
Бӯйи писараш дар ҳуҷраи хурд ҳанӯз боқӣ. Ҳар ашёро, ки даст мекард, ҷудоии фарзанд-ашро бештар ҳис менамуд. Ҳар як ашё аз ӯ буд. Модар мегирист. Гиряаш садо дошт. Ҷевони писарашро кушод. Халтачаҳои селофании зиёдеро дид. Онҳоро гирифт. Рӯи кати хоби писараш нишаст ва якеро кушод. Аз дарунаш як диск ва як коғази хурд баромад. Рӯи коғаз чунин навишта шуда буд:
«Ассалом… Туро хеле меҳрубон дарёфтам…
Мехоҳам аз наздик шинос шавам. Умедворам ин дафъа ба таклифам дар хусуси ҳамроҳ қаҳва нӯшидан ҷавоб медиҳӣ».
Модар халтачаи дигареро кушод. Дохили он низ як диск ва як коғаз буд. «Ту дар ҳақиқат инсони хубӣ. Чӣ мешавад, ки ин бегоҳ вохӯрем? Бо эҳтиром…» Кӣ қашшоқ?
Марди сарватманде ҳамроҳи писараш ба як деҳаи дурдаст рафт. Мақсад дошт, ба писараш нишон диҳад, ки одамон чӣ қадар камбағалу қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар хонаи як оилаи камбағал як шабу як рӯз меҳмон шуданд.
Ҳини бозгашт падар аз писараш пурсид:
- Писарам, дидӣ, ки инсонҳо чӣ қадар камбағалона умр ба сар мебаранд?
- Бале!
- Хеле хуб. Пас, чӣ омӯхтӣ аз ин сафар?
- Бисёр чиз, - ҷавоб дод писарак.
- Дидам, ки мо як саг дорем, онҳо чор то!
Мо як ҳавзи кӯчак дорем, ки дарозиаш то байни ҳавлиамон мерасад, аммо онҳо дарёе доранд, ки поёнаш наметобад! Мо дар хонаамон чароғҳои хориҷӣ дорем, вале онҳо ситораҳои бисёр... Мо то девори кӯча ё ҳавлии ҳамсояро дида метавонем, аммо онҳо тамоми уфуқро мебинанд.
Вақте ки писарак суханашро тамом кард, падар чӣ гуфтанашро надонист. Писарак афзуд:
- Ташаккур, падарҷон, барои он ки чи қадар камбағал буданамонро ба ман нишон додӣ!
Мӯйсафеди хамидақомат зери дарахти пир, рӯи замин нишаста, гиря мекард. Ҷавоне, ки каме пештар ба наздаш омада буд, аз вай пули шароб пурсида, мӯйсафедро чанде шаллоқ зада рафт. Чун одамони атроф барои ёрӣ ба мӯйсафед наздик шуда, ӯро аз замин бардошта, либосҳояшро аз хоку чанг тоза карданд, бо овози гирифта миннатдорӣ карду гуфт:
− Дер боз аз ин ҷавон қарздор будам. Омаду қарзашро пурсид...
Ҷавоне аз дасти мӯйсафед дошта, гуфт:
− Азият кашидед, амак, биёед зери дарахт каме дам гиред.
Дар чеҳраи мӯйсафед осори андӯҳ соя гузошт.
− Не, писарам, барои ман зери ин дарахт дам гирифтан мумкин нест. Шояд ҳеҷ гоҳ мумкин нашавад.
Ҷавон аз ин гуфтаи ӯ чизеро нафаҳмид ва бо дидаҳои саволомез ба мӯйсафед, ки акнун мегирист, нигоҳ кард. Мӯйсафед бо дидаҳои нам ва овози гирифтаи ғамдор идома дод:
− Панҷоҳ сол пеш буд. Аз падарам барои сигарет харидан пул пурсидам. Чун пул надошт, ӯро зери ҳамин дарахт озор додам. Дар ҳамин ҷое, ки каме пештар писарам маро лату кӯб кард.
Ҷавон дигар чизе нагуфт. Ҳоло мехост ба хотири ёрӣ ба ин мӯйсафед ӯро бо мошин то хонааш бибарад. Вай, ки акнун бо қадамҳои ларзон ба роҳ даромада буд, даъвати ҷавонро рад карда афзуд:
− Воқеан, хонаи зистам аз ин ҷо дуртар аст.
Вале ман ҳоло ба хона намеравам. Ба қабристон меравам, то бо фотиҳае аз падарам бахшиш бипурсам... Либоси замонавӣ
Зани миёнасол дар яке аз мағозаҳои люкси шаҳр либоси маъқулашро пӯшида, назди оина давру барашро аз назар мегузаронд.
- Ман узви шӯрои илмии донишгоҳам.
Мехоҳам як либоси замонавие бипӯшам, ки шинам ва назаррабо бошад, - гуфт вай ба духтараки ҷавони корманди мағоза.
Духатарак гуфт:
- Ман шуморо нағз мешиносам, хонум. Зебо пушиданатонро ҳам медонам. Вале тибқи муди фаронсавӣ ин сару либосе, ки пӯшидаед, бояд ҳамроҳаш рӯймоле ҳам бипӯшед.
- Рӯймол? - бо ҳайрат пурсид зан ва биниашро ҷинҷ кард. - Агар ин тавсия аз Фаронса барин маркази муд меомада бошад, чаро напӯшам?
- Бале, вагарна либоси пӯшидаатон замонавӣ ва мувофиқи муд намешавад. Духтарак рӯймолҳои зебову рангорангеро ба рӯи миз гузошта, афзуд:
- Қимат ҳам бошанд, хеле зебову ба сари шумо мувофиқанд. Ҳам хушхариданд ин рӯймолҳо.
Зан рӯймолҳоро хуб аз назар гузаронида гуфт:
- Бисёр хуб. Инҳо аз якдигараш зебоянд. Аммо ба ман ҳамин рӯймоле маъқул шуд, ки дар сари шумо ҳаст. Агар хато накунам, ман, ана, аз ҳамин намуд дар сари каси дигар ҳам дида будам. Ба ман хеле маъқул аст.
- Хато накардед, хонум. Ҳамон нафари гуфтагиатон ман будам,- бо табассум гуфт духтарак.
- Ман донишҷӯи шуъбаи шабонаи донишгоҳам.
Шумо маро ба хотири ҳамин сару либосам аз дарс пеш карда будед.
Донишҷӯён фаҳмиданд, ки дар барномаи имсолаи таълимӣ фанни наве ҷорӣ шудааст. Номи фан мантиқ ва онро муаллими солманде дарс медиҳад.
Дар дарси аввал донишҷӯе пурсид:
− Устод, мантиқ ба мо чиро меомӯзад?
Профессор ба донишҷӯёне, ки ба ӯ бо мароқ менигаристанд, ҷавоб дод:
− Таъсире, ки мантиқ ба шуури инсонҳо дорад, ба осонӣ фаҳмонда намешавад. Барои ҳамин, биёед, ҳоло ман як мисол меорам, то моҳияти масъала фаҳмо шавад.
Ҳама ба муаллим таваҷҷуҳ карданд.
Профессор гуфт:
− Фарз кунед, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешаванд. Афту андоми яке тоза, аз дигарӣ сип−сиёҳ. Кадоме аз инҳо бояд сару рӯяшро бишӯяд?
Донишҷӯён ҳама бо як овоз:
− Албатта, ҳамоне ки чиркин аст!
Профессор бо табассум меафзояд:
− Мантиқ пеш аз ҷавоб ба ин савол мепурсад:
“Чӣ гуна мешавад, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешаванду сару рӯи яке тоза асту аз дигаре гардолуд?” Муҳаббат
Духтарак, ки бо модараш мерафт, аз рафтан каме бозистод. Диққати ӯро марди велосипедсавор ва духтараш, ки дар синну сол бо вай ҳамсол менамуд, ҷалб кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё