Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя

Дафтари меҳру муҳаббат

Рисолати адабиёт инсонгароӣ ва тарбият кардани инсонҳост, ки ин равиш аз оғоз то ба имрӯз ҷавҳари кори аҳли қалам ба шумор меравад. Маҷмӯае ки инак дар даст доред, аз ин гуна корҳост. Муаллифи он қаламкаши ҷавону ҳанӯз ношинохта аст, ки бо устуворӣ ба майдони сухан омадааст. Ӯ мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст, ки аксар хонданию таъсирбахшанд.

Навиштаҳояш хеле кӯтоҳ, вале фарогири паҳлӯҳои гуногуни зиндагии ҳамарӯзаи инсонҳост. Ҳадафи асосии муаллиф аз ин навиштаҳо даъват кардани дигарон ба накӯкорию хайрхоҳӣ ба дигарон, дастгирии бечораву дармондагон, дӯстию муҳаббат варзидан ба дигарон ва мисли ин мавзӯъҳои муҳимму ҷовидонии адабиёт мебошад, ки табиист аз тинату маниши худи ӯ сар мезанад. Ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад. Ин нуктаро дар саросари маҷмӯаи мавриди назар метавон мушоҳида кард. Дар ин фишурда наметавон ҳикоятҳои ин маҷмӯаро як- як ба таҳлил кашид. Мо бо ҳамин мухтасар иктифо намуда, ба муаллиф дар роҳи мушкили эҷод тавфиқи рӯзафзун мехоҳем ва хонандаи закию ҳушмандро ба мутолиаи нахустасари ӯ даъват менамоем.

Мубашшир Акбарзод Агар ман сарватманд шавам...

Моҳи сентябри соли 2003 баъди хатми донишгоҳ ба яке аз мактабҳои пойтахт ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёт ба кор гузаштам.

Ҳаяҷонам хеле зиёд буд. Аз ин лиҳоз, дарсҳо дар назарам хеле тӯлонӣ менамуданд.

Боре дар яке аз дарсҳо мавзӯи «Ҷумлаҳои шартӣ дар забони англисӣ»-ро гузаштам. Дарси дигар бо мақсади он ки муайян кунам, бачаҳо мавзӯъро то куҷо фаҳмидаанд, кори хаттӣ гирифтам.

Гуфтам:

− Бачаҳо, ҳоло яктоӣ варақ гиред, кори хаттӣ менависем.

Дар тахтаи синф чунин як ҷумла навиштам: «Агар ман сарватманд шавам, ба модарам...»

− Шумо аз фикри худатон ҷои холии ҷумларо пур кунед. Яъне, ҳар кас бояд тахайюлашро ба кор бурда, ҷумла ё матне нависад, ки ҳам мантиқан дуруст бошад, ҳам қоидаи ҷумлаи шартӣ риоя шавад,- гуфтам ба хонандагон.

Ҳама сар ба рӯи коғазҳояшон бурданд ва ба фикру навиштан пардохтанд. Баъди 20 дақиқа аз талабаҳо хоҳиш кардам, ки ҷумлаҳои навиштаашонро як-як бихонанд.

«Агар ман сарватманд шавам, ба модарам мошин мехарам», «... ба модарам қаср месозам», «... ҳама хостаҳояшро таъмин мекунам», «...ба модарам хизматгор мегирам, то дар корҳои хона азоб накашад» ва ба ин монанд ҷумлаҳо навишта буданд талабаҳо. Аз ҳама охир ҷумлаи навиштаашро Комил хонд, ки як бачаи лоғарандоми камгап аст.

Ӯ навишта буд: «Агар ман сарватманд шавам, ба модарам гул мехарам».

Ҳама талабаҳо хандиданд. Ба онҳо гуфтам:

− Шумо бояд тахайюлатонро истифода бурда, ҷумлаи аҷибе менавиштед. Аммо Комил ки «гул мехарам» гуфтааст, шояд сабабе дорад...

Комил лаҳзае хомӯш истода, ниҳоят чунин шарҳ дод:

− Муаллим, хеле фикр кардам, вале ба сарам ба ғайр аз гул дигар чизе наомад.

Вақте вай гап мезад, ранги чеҳрааш тағйир меёфт. Намедонистам, ки ӯ ғамгин аст ё шод, чунки ифодаи рӯяшро фаҳмидан мушкил буд.

− Наход ба сарат ягон чизи аҷиб наомада бошад, Комил? − гуфтам бо зарда.- Шарт аст калимаҳоро хоида диҳем, баъд шумо чизе нависед?

Бояд фикратонро кор фармоед. Ҳамин вақт занги танаффус садо доду ҳама ба берун тохтанд.

Рӯзи дигар, вақте ба мактаб омадам, падари Комил дар утоқи муаллимон мунтазири ман буд.

Дар наздаш рӯи миз ҳамон поракоғазе мехобид, ки дирӯз дар дасти ӯ дида будам. Каме суҳбат кардем.

Пас аз суҳбати кӯтоҳ падар хайрухуш кард. Ман пас аз он ки падари Комилро то дари мактаб гусел кардам, базӯр худро ба утоқи муаллимон гирифтам.

Сарам мечархид. Дар гулӯям буғз дармонда буд, гумон мекардам, ки ҳамин ҳоло мекафад. Танҳо он рӯз фаҳмидам, ки Комил бо он ки қисмати холӣ ва кӯчаки коғазро бо «гул» пур карда буд, холигоҳи бузурги ҳаёташро низ бо гул пур кардан хостааст.

Ман он рӯз фаҳмидам, ки Комил модар надорад, балки модарашро се моҳ пеш дар як садамаи нақлиёт аз даст додаву ҳар рӯзи ҷумъа ба зиёрати оромгоҳи модар рафта, сари гӯраш гул мегузорад.

Ман он рӯз фаҳмидам, ки рӯзе пеш аз дарси мо Комил барои он ки падараш садои ӯро нашунавад, сарашро ба болишт пахш карда, беовоз гиристааст.

Боз ман он рӯз фаҳмидам, ки кас танҳо бо дипломи додаи донишгоҳ муаллим намешавад...

Ба духтарчаи панҷсолаам гуфтам: “Биё ҷангҳоро тинҷ мекунем”. Гуфт: “Биё, дадаҷон!”

Ба бародарзодаи биступанҷсолаам гуфтам: “Биё ҷангҳоро тинҷ мекунем”. Гуфт: “Чӣ хел?”

Ба рафиқи наздикам, ки 35 сол дорад, гуфтам: “Биё ҷангҳоро тинҷ мекунем”. Гуфт: “Аз барои Худо, биё як гапи заминӣ бизан!”

Ба модаркалонам, ки 70-сола аст, гуфтам: “Бибиҷон, биёед ҷангҳоро тинҷ мекунем”. Гуфт: “Писарам, мон ин корҳоро як тарафу рафта ягон кори фоидаовар бикун, ки пул ёбӣ”. Бародарам Нависандаи шаҳири рус Лев Толстой, ҳангоме ки ба сайру гашти бегоҳирӯзӣ баромад, ба наздаш як гадои харобу лоғар омад. Толстой ӯро дида, дарк кард, ки марди гадо чанд рӯз боз чизе ба даҳон набурдааст. Дар ҷой истод ва даст ба кисааш бурд.

Вале аз ҷайби нависанда як танга ҳам набаромад.

Нависанда аз ин ҳол сахт хиҷил шуда, ҳар ду дасти лоғару сиёҳшудаи гадоро ба дасти худ гирифт ва узромез чунин гуфт:

− Маро бубахш, бародарам, бо худ чизе надорам, ки ба ту бидиҳам...

Чеҳраи зарду афсурдаи гадо дарҳол кушода шуд:

− Не, ҷаноб, аз ман узр напурс, чаро ки ту ба ман ҳадяи бузурге додӣ: маро “бародарам” гуфтӣ! Барра

Ӯ понздаҳсол боз қассоб аст. Мегӯянд, ки дар гирду атроф ҳеҷ қассобе мисли ӯ гӯшт фурӯхта наметавонад. Бисёр марди ҳассос ва кунҷков аст дар ин масъала. Чорворо худаш интихоб ва худаш забҳ мекунад. Касеро дар ин кор бовар надорад.

Баъзан ҳангоми суҳбат бо муштариён мегӯяд:

− То имрӯз ҳазорҳо чорво забҳ кардам. Барои ман пора кардани чорво монанди пора кардани тарбуз аст.

Дар ҳақиқат ӯ ба ин кор одат карда буд. Гӯсфандро дар панҷ дақиқа ва ғуноҷинро дар бист дақиқа забҳ ва пора мекард. Боз ба чорво нигариста дарҳол мегуфт, ки аз вай чанд кило гӯшт мебарояд.

Вале аз чи бошад, ки солҳои охир дар куштани барраҳо дасташ пеш намерафт. Ба он муштариёнаш, ки гӯшти барра мехостанд, мегуфт:

− Гӯшти барраро чӣ мекунед, монед ҳайвонҳои бечора калон шаванд! Аз хӯрдани гӯшти дигар меъдатон дард намекунад-ку?!

Муштариёни доимии қассоб аз ин гуфтаҳои ӯ чизе намефаҳмиданд. Охир, чанд сол мешавад, ки пайваста аз дуконаш гӯшти барра мехариданд, вале вақтҳои охир ӯ намехоҳад, ки ба онҳо гӯшти дилхоҳашонро бифурӯшад. Ин таъкиду сарзаниши қассоб ҳам бесабаб набуд. Чунки вақте барра мегуфтанд, пеши чашмаш дарҳол тифли шашмоҳааш меомад. Ӯ чеҳраи сап-сафед ва чашму абрувони сиёҳи духтарашро пеши назар овард, хаёлан мӯйҳои ҷингилаашро сила мекард.

аз 11
навбатӣ