Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.
Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
СОФИЯ. Оча! Медонӣ, ки се ҳазор долларро ба сатили ахлот партофтаед? Охир, он валидол набуд, ки ба ҳама додан гирӣ. Курси махсус буд он… барои як одам… як одам! Тақсим ки кардӣ, фоидааш аз аскарбинка ҳам кам мешавад.
ЛЕОНОВ. Аҳволи бисёриҳо беҳтар шуд.
СОФИЯ. Набошад-чӣ! Худталқинкунӣ корашро мекунад!
Доруи таҷрибавии амрикоӣ! Худи ҳокими Калифорния ёфта дода буд.
МАРИЯ. Сония, миннат накун...
СОФИЯ. Миннат намекунам оча! Лекин ҳайрон мешавам аз содадилии кўдаконаатон… Як умри тўлонӣ аз саратон гузашт.
Наход нафаҳмидед, ки ҳаргиз ҳеҷ чизи дунё миёни ҳама баробар тақсим нахоҳад шуд ва ҳаргиз зиндагӣ барои ҳама яксон хуб нахоҳад буд. Касе, ки барои ин талош мекунад, хаёлпарасти содалавҳе беш нест.
ЛЕОНОВ. Мо як умр барои ҳамин талош кардем.
СОФИЯ. Шумо як умр орзу кардед, то ҳол орзу доред... Ба ҷои ин хомўшона ба хотираҳо дода мешудед, беҳтар мебуд.
ЛЕОНОВ. Мо чизи ба хотир меоварданӣ дорем. Шумо чиро ба хотир меоварда бошед?
СОФИЯ. Ягон чиз меёбем... Даҳшат! Ҳамон табобатро пурра мегирифтӣ, ҳоло беташвиш мегаштӣ...
ДАНКА (назди Леонов омада). Бобоҷон, барои чӣ ту мемурдиву дод мезадӣ?
ЛЕОНОВ. Ҳамин хел, ҷонакам... ҳеҷ гап не...
СОФИЯ. Воқеан, чӣ гап шуд?
МАРИЯ. Моро, Сонияҷон, аз Хонаи Қаҳрамонон мекўчонанд...
СОФИЯ. Ба куҷо?
МАРИЯ. Ба Қабристончо ном маҳале...
СОФИЯ. Номаки аҷиб...
МАРИЯ. Не, не... ҷои хуб аст - пансионат, ҷангал, кўл... телевизори японӣ.
СОФИЯ. Дур аст?
МАРИЯ. Ягон дусад километр.
СОФИЯ. Ў-ҳў! Не, ягон ҷо намеравед! Ҳамон азобҳое, ки то ҳол аз дасти хаёлпарастиҳоятон кашидам, кофист. Ҳама мепурсандам, ки бо ин чобукиву чақониву оламсўзӣ чӣ хел падару модарамро ба хонаи барҷомондаҳо додаам?.. Ягон кас бовар намекунад, ки дадаҷонакам худаш ҳаминро хост, оқибат ба сокинии Хонаи Қаҳрамонон ноил шуд, хонаашро ройгон ба давлат супурду барои духтараш чизе намонд... Акнун бечора худашро ба он лаби дунё мекўчонанд! (Телефонашро мебарорад.) Намемонам!
ЛЕОНОВ. Хонаи Қаҳрамононро фурўхтаанд...
СОФИЯ. Ба кадом маънӣ "фурўхтаанд"?
ЛЕОНОВ. Ба маънои аслӣ! Абардавлати дорое, ки як замон ними дунёро расво кардаву дарё-дарё хун рехт... дар он дарёҳо хуни ман ҳам ҷорист... ана, хамон давлат имрўз беҳтарин дўсти мост ва мо Хонаи Қаҳрамонони худро арзонакак ба ў фурўхтем.
СОФИЯ. Нафаҳмидам.
ЛЕОНОВ. Консулхона мешавад ин ҷо.
СОФИЯ. Ин хел бошад, гап - ҷиддӣ. Бо вуҷуди ин, ба ягон
Қабристонҷо-мабристонҷо намеравед. Шумо… (Рақами телефон мечинад). Иброҳим, салом... ман Сония... Дурўғ мегуӣ, лекин мефорад ин хел дурўғат. Ба ман хоначае даркор дар марказ. Не, дуҳуҷрагӣ... Чӣ хеле, ки бихоҳӣ. Иҷора ҳам гирифта метавонам, харида ҳам. Не, ташаккур, ман дигар ин хел тўҳфаҳо намегирам.
Ҳатто аз ту... Не, барои волидайн. (Хашмӣ.) Онҳоро ман ба хонаи барҷомондаҳо надодаам! Ин ҷо Хонаи Қаҳрамонҳост. Падарам
Байрақи Ғалабаро зада буд... менависам: Гордӣ... эҳ, чӣ хел нағз... 8, ҳуҷраи 49... Ташаккур. Пагоҳ дуруст мекунем. Ман як бўса қарздор.
Калидро аз кӣ гирам? Хуб. Хуш бош, Умаров... (Телефонро баҷо карда.) Хў-ўш... Ба шаҳр мекўчем. Дар кўчаи Гордӣ зиндагӣ мекунед... Назди осорхонаи шўҳрати ҷангӣ. Ду ҳуҷра дорад, ошхона, телевизор, яхдон, мебел...
Леонов. Ман ин қадар пул надорам, духтарам...
София. Ғами инашро нахур.
Леонов. Ману модарат як умр аз ҳисоби худ зистаем. Ягон вақт туфайлихур набудем...
София. Ман духтаратон ҳастам! Магар ҳақ надорам, ки ғаматонро хўрам?! Хўрондану пўшондан, сарпаноҳ додану сарпарастӣ кардан лозим ояд... набояд кунам?
Леонов. Бояд кунӣ. Вале ман ҳам бояд донам, ки нони аз дасти ту мехурдаам аз пули ҳалол... наолуда... аз меҳнати туст.
София. Гоҷигарист ин! Аблаҳист!
Мария. София! Узр пурс аз падарат!
София. Бубахш, дада... Маро бубахш... Духтари пургуноҳатро авф кун, вале... дунё мувофиқи қонунҳои дигари заминитару ҳаётитаре зиндагӣ дорад...
Леонов. Мон, зиндагӣ кунад, бе ман зиндагӣ кунад...
София. (Оҳи сард мекашад).
Халқ, бар як чарранда мемонад,
Несташ ҳеҷ гаҳ талошидан.
Рама озодиро чӣ медонад,
Боядаш куштану тарошидан!
Бошад ўро насиб аз дунё
Калтаку тавқи бандагӣ танҳо.
Леонов. Фақат шумо дар бораи мо чунин навишта метавонед.
София. Мо не, дада, Пушкин навиштааст дар бораи Шумо ин хел. Ман тамоми умр азоб мекашидам, ки кадом як нокас, мараз, гузи хар аз ту талаб мекард, ба сарат дод мезад, зери поят мекарду ту... туи қаҳрамон мутеъона даҳан намекушодӣ... Хомўшона дилатро медоштиву аламатро фурў мебурдӣ… Баръакс, онҳо бояд пеши ту ба зону мезаданд! Ва ба зону ҳам мезаданд, чӣ хеле, ки ҳоло пеши ман ба зону заданд, агар ҳақатро мешинохтиву талаб мекардӣ. равӣ... Лекин Леонов (ба занаш). Машаҷон, хақиқатан, хуб мешавад, ки ту ба хонаи холӣ не, назди духтарат… то ки хотири ман чамъ бошад.
Мария. Ту танҳо ба Қабристонҷо меравӣ-ҳа?
Леонов. Ҳа.
Мария. Ва он ҷо танҳо зиндагӣ мекунӣ?
Леонов. Ҳа.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё