«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
БИЁ, БАҲОР
Биё, баҳор, ки дар дилбарӣ ту яктоӣ,
Биё, ки ҳусн бифахрад, ки ҳуснороӣ.
Чунон мусаввири покӣ, ки ранг менозад,
Ки аз ту ҷилва кунад дар сарои зебоӣ.
Самои чашми туву чеҳраи мунаввари ту
Маро ба лутф бихонанд ҳамчу ёвари ту.
Биё, баҳор, ки аз обшори гесўят
Расад димоғи маро накҳати муаттари ту.
Зи ҷону дил ба лаб орам ман ин баҳои бузург,
Ки ту расидаӣ чун раҳмати худои бузург.
Давоми дасти саховатқарину сабзи туанд
Ниҳолҳои ҷавону дарахтҳои бузург.
Дигар ба васфи ҷамолат сухан намеёбам,
Ки беҳтар аз ту гули анҷуман намеёбам.
Туро ба коми худ ар ошно нагардонам,
Чаман агарчи биёбам, Ватан намеёбам!
ИСТИҚЛОЛ
Эй бахти мо, иқболи мо, ҷонбахш истиқлоли мо,
Аз ту шуда хуш ҳоли мо, бикшода парру боли мо.
Беҳтар зи ҳар сарват туйӣ, волотарин неъмат туйӣ,
Рўсурхии давлат туйӣ, сарсабзии миллат туйӣ.
То ту ба коми мо шудӣ, дар синаи мо ҷо шудӣ,
Рўде будӣ дарё шудӣ, эҳё шудӣ, дунё шудӣ.
Ҳидоятуллоҳ РАҲМОНӢ
ПАРЧАМИ ИҚБОЛ
Эй, ки гўӣ, Тоҷикистонро замон,
Фурсате бишнохт бо номи фалон.
Хез акнун, чашми ақлат баркушо,
Мешиносад Тоҷикистонро ҷаҳон.
Диди таърих дар гумонам кўр буд,
Чашми ў ин халқро нодида монд.
Пунба дар гўшаш магар буд, як замон
Шеъри ўро аз фалак нашнида монд.
Аз диёри офтобӣ як замон,
Тоҷикистон гар ба зери соя рафт,
Бо ливои Коваю Ҷамшед ў
Зери боли кишвари ҳамсоя рафт.
Боз аз нав офтобӣ гашт ў,
Кишвари сарсабзи обӣ гашт ў.
Дар ҷаҳон машҳур шуд бо файзи об,
Бо ҷамоли ҳамҷамоли офтоб.
Аз ҳавопаймо назар кун, эй ҷаноб,
Он чӣ бинӣ, ки надидастӣ ба хоб
Нур меборад ба рўяш з-офтоб,
Дар шабонаш нур мерезад зи об.
Мешукуфад ҳар канори ин Ватан,
Ҳар ваҷаб хокаш шавад боғу чаман.
Ҳаркӣ аз ў монда ҷое беватан,
Ташнаи обаш шавад оби даҳан.
Хонаҳояш ошён то ошён,
Нордбоне гашта сўи осмон.
Бар фалак қад мекашад нахли Ватан,
Набзи худ пайваста бар ҳар остон.
Тоҷикистон нусрату иқбол ёфт,
Тоҷикистон файзи истиқлол ёфт.
Соли бисти ҷашни Истиқлоли ў,
Пар - парафшон парчами иқболи ў!
ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ
Шукри истиқлоли тоҷик,
Омад аз иқболи тоҷик.
Мезанад пар бар баландӣ,
Мурғи бахти соли тоҷик.
Халқи моро гашт аз нав,
Дар ҷаҳон андеша боло.
Мебарад сўйи баландӣ
Олами андеша моро.
Тоҷикистон тоҷикона
Шўҳрат аз дунё биҷўяд.
Ҳамзабони халқи дунё,
Роҳ бар дилҳо биҷўяд.
Устуворӣ ёфт имрўз,
Пояи тақдири тоҷик.
Боли парвози дигар ёфт,
Бахти оламгири тоҷик.
Ин диёри шеъру дастон,
Мекашад сар то ба кайҳон.
Бо Ҳисору Рашту Хатлон
Зинда бош, эй Тоҷикистон!
Нуруллоҳи ОРИФ
ОЁТИ ИСТИҚЛОЛ
Шукри ҳақ, дар саҳнаи гардони вақт
Ҷашни истиқлол барпо кардаем.
Баҳри худро дидану бишнохтан
Дидаи пўшидаро во кардаем.
Марҳабо гўед истиқлолро,
Ҳиммати ин миллати хушфолро.
Офтобо, нури истиқлол бор
Бар дили хок аз фазои дўстӣ.
То ба рақс ояд ҳама гулҳои боғ,
Дар танини ин навои дўстӣ.
Марҳабо гўед истиқлолро,
Ҳиммати ин миллати хушфолро.
З-ибтидо бо заҳмати фарзандҳот
Тоҷикистон, тоҷ бар сар кардаӣ.
З-он, ки ҳар рўзи нават ид аст, ид
Хилъати хуршед дар бар кардаӣ.
Марҳабо гўед истиқлололро,
Ҳиммати ин миллати хушфолро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё