«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Рустами ВАҲҲОБ
ОЙИНАИ ЯКРЎӢ
Эй толиби Сосонӣ, эй вориси Сомонӣ,
Кас домани ин давлат нагрифт ба осонӣ.
Ободии Меҳанро имрўз ҳамебояд,
Бозўи Каюмарсӣ, тадбири Сулаймонӣ.
То чанд кунӣ такрор дар сояи ин пиндор:
Девори Бухоро буд Исмоили Сомонӣ.
Бедор бишав эй дил, ҳушёр бишав, эй ҷон,
Бо фарраи яздонӣ, бо фитрати инсонӣ.
Он бо дили бишкаста, ин бо ҷигари хаста,
Ё Раб, чи пушаймонӣ, ё Раб чи пушаймонӣ.
Гирди ду-се хон гардон, ку ройи ҷаҳонгардон?
Ин моя ҷаҳонбинӣ, даъвои ҷаҳонбонӣ.
Аз манманӣ безорем, бигзор, ки бигзорем,
«Баҳмониву басторӣ, басториву баҳмонӣ».
Гар хоки Самарқандӣ ё хори Бухороӣ,
Нури басари моӣ, лаъле зи Бадахшонӣ.
Бар зарраи хоки мо сад чашми тамаъ боз аст,
Дар тангаи ин чашмон мову ту чу зиндонӣ.
З-ин танг ба парвоз ой, эй ақли ҷаҳонтасхир,
Симурғи ту аввал буд дар вусъати кайҳонӣ.
Созанда бишав, эй даст, пўянда бишав, эй ақл,
«Аз ҷанги хурўсон беҳ фарҳанги хуросонӣ».
Аз наъраи бедардон хуршеди Ватан ларзон,
Фазл аст суханчинӣ, айб аст сухандонӣ.
Омў лаби пурхунро то бар лаби Сир овард,
Мегуфт ба дил дорам сад ҳуққаи руммонӣ.
Ин ҳуққаи руммонӣ он дурҷи маъонӣ нест,
Ин қиссаи Ниле нест в-он Мўсии Имронӣ.
Бигзор ки бардўзем лаброву ҷигар сўзем,
Гар ёри Худовандӣ, в-ар душмани шайтонӣ.
Хомўш кун ин гуфтор, гуфтори пур аз озор,
Гар гуфтаи мо шеър аст, пас чист зи Хоқонӣ?
Аз ҳарзаву беҳуда сад хирману сад туда,
То дона ҷудо созад, ку бозуи деҳқоне.
Аз захми камон растем, аз захми забон ҷастем,
Аз захмаи ҷон мастем дар пардаи ирфонӣ.
Ҷовид бимон эй дил, дар пайкари обу гил,
Бе ту чи бувад ин даҳр ҷуз фарфараи фонӣ.
Ҷовид бимон, эй ақл, беҳтар зи ту ёре нест,
Он ҷо ки суворе нест н-афтода зи пайконе.
Ҷовид бимон, эй рўҳ, эй мояи ҳар ҳастӣ,
Ин банд даре дорад, эй бандии канъонӣ.
Ҷовид бимон, эй ишқ, эй ахтари пирўзӣ,
Заҳрӣ туву нўшӣ ту, дардӣ туву дармонӣ.
Ҷовид бимон Меҳан, эй колбади ҷонам,
Ё Раб, ба хато гуфтам, ҷонӣ туву ҷононӣ.
Ҷовид бимон дониш, ҷовид бимон фарҳанг:
Эй равзанаҳои нур дар дидаи зиндонӣ.
« То кунад аз ҳам ҷудо бозуи деҳқон куҷост»
Эй Пири барозанда, як ҳиммати созанда,
То ҷамъ кунӣ моро з-ин хоки парешонӣ.
Эй санги сабури мо, эй чашмаи нури мо,
Аз дидаи кўри мо ҳарчанд ки пинҳонӣ.
Аз оташи нойи ту сад шўъла ба ҷон дорем,
Дар ҳастии мо пинҳон, ай шери найистонӣ.
Ин қадр ҷалолатро офоқ писандидаст:
Ҳар рўз туро бахшад як шамс ба қурбонӣ.
Маҳмилкаши дарди мо, эй марди набарди мо,
Донам, ки давои мо ҳам низ ту медонӣ.
Ёри ту Худои туст, в-он ақли расои туст,
К-аз мо натавонӣ дид ҷуз ғафлату ҳайронӣ.
Сад узр ҳамегўяд муслим, ки мусалмон аст,
Имрўз мусалмонро нанг аст мусалмонӣ.
Сад тиккаву сад пора, ҳар пора пайи чора,
То рўзи дигар пора созад шаби зулмонӣ.
«Чун даври фалак гардон, дар кори ҷаҳон ҳайрон»,1
Ду чашми Хуросонанд он ду шаҳи раббонӣ…
Савганд ҳамехўрдам, к-аз дард нахоҳам гуфт,
Ҷуз дард чиро гўям, ту дидаӣ дармоне?
Эй дўст, ту дидастӣ як лахти ҷигар обод,
Як мушти дили эман аз санги фалахмоне?
Як рўй, ки сели ғам бар он нахурўшидаст,
Як дида, ки хунобаш наншаста ба домоне.
1 Аз Хоқонии Шервонӣ
Як даст, ки домоне нокарда раҳо дидӣ?
Як сар ту магар дидӣ нохўрда ба сандоне?..
Эй нури ду чашмонам, оё ту надидастӣ
Роҳе, ки барад моро то мақсади имонӣ?
Роҳе тиҳӣ аз раҳзан в-аз фитнаи оҳарман,
То қуллаи қуръонӣ, то қиблаи ваҳдонӣ.
Он роҳ, ки Симурғи Аттор бипаймудаш,
Он роҳ, ки ҳудҳудро кардаст Сулаймоне.
Қурбони ду чашмонат, эй дўст, агар дидӣ,
Он роҳ маро бинмо, в-ар дар гарави ҷоне.
Он қуллаи якроӣ, он қиблаи яктоӣ,
Ойинаи якрўйӣ, ойини якороӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё