Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бобо ҲОҶӢ

БАЙРОҚИ ВАТАН

Дар ҷаҳон набвад зи модар одами ғамхортар,

Хоки пои ў бувад хуштар зи сад ганҷу гуҳар.

Мо Ватанро доимо бар ў шабоҳат медиҳем,

Чунки чун модар ягона бошад ў дар баҳру бар.

Мо ҳама шогирдҳои як дабистони Ватан,

Парварида дар бари домони эҳсони Ватан.

Зиндагонӣ бе гули рўи Ватан мушкил бувад,

Нахли умри мо шукуфад дар гулистони Ватан.

Бахти бархурдори мо аз бахти бархурдори ўст,

Сурхии рухсори мо аз сурхии рухсори ўст.

Нест моро ҳоҷати ганҷу гуҳар дар ин ҷаҳон,

Беҳтарин ганҷу гуҳар Алмосию Фархори ўст.

Одамон тавлид ёбанду шаванд оҳиста пир,

Баҳрҳо гарданд хушку кўҳҳо гарданд адир.

Лек дар дунё бимонад ҷовидон танҳо Ватан,

Ҳамчу шаъну шўҳрати мардони доною далер.

Монад он ҷовид то ҳаст одамию хоку об,

Монад он ҷовид то ки нур пошад офтоб.

Байрақаш бар фарқи мо бодо ҳамеша парфишон,

Ахтари бахти варо ҳаргиз напўшонад саҳоб.

РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Роҳҳои Тоҷикистон пештар камбар буданд,

Чун замини тоҷикон бесоҳибу абтар буданд.

Оҳувон бозўр мекарданд аз онҳо гузар,

Сайргоҳи дузду бошишгоҳи яғмогар буданд.

Чор фасли сол ҳам маҳкам буданд аз ҳар канор:

Дар зимистон аз яху аз лою борон дар баҳор.

Махзани мирон агарчи буд пур аз симу зар,

Баҳри ободӣ намебурданд як мирӣ ба кор.

Дар сари ин роҳҳо як умр мешуд ҷангҳо,

Чун вабо карданд убур Чингиз ва Темурлангҳо.

Дар бари ҳар буттаю ҳар санги онҳо хуфтаанд

Сад ҳазорон сарбадору навкару сарҳангҳо.

Давраи нав омаду шуд қадри инсонӣ баланд,

Роҳҳо ҳам мисли каф гаштанд тахту бегазанд.

Ин замон моро ба сўи сохтмонҳои бузург,

Сўи шаҳру мамлакатҳо, сўи Маскав мебаранд.

Кўҳна шуд имрўз шеъри дардноку ҷонхарош:

«Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!»

Нест моро бок низ аз барфу борону тагарк,

Мо табиатро дигар кардем бо зўру талош.

Роҳҳои Тоҷикистон чун хати сарводаанд,

Баҳри ёру дўстон оғўши худ бикшодаанд.

Доимо дар хизмати халқу диёри меҳрубон

Ҳозиру нозир ба мисли кўҳҳо истодаанд.

Абдуҷалил ВОСИТЗОДА

СУРУДИ ҶАВОНОН

Ҷавонони ҷаҳонему суруди сулҳ мехонем,

Ливои дўстии халқҳоро медурахшонем.

Гирифта дастҳои ҳамдигарро чун бародарҳо,

Барои сулҳу амният қадам мардона мемонем.

Саросар паҳн дар олам шаванд овозҳои мо,

Ба ҷўш оварда дилҳои тамоми аҳли дунёро.

Чунин як қуввае набвад, ки садди роҳи мо гардад,

Чаро ки иқтидори мост беандозаю беҳад.

Писар, ҳам духтарони бовафои халқи худ ҳастем,

Чу фарзандони як модар, падар ҳамфикру ҳаммақсад.

Намояд байрақи сулҳи ҷаҳон чун машъали рахшон,

Фурўзон роҳи моро ҷониби ояндаи тобон.

Ҳама дорем дар дилҳои худ як майлу як хоҳиш,

Ки бошад зиндагии халқҳо дар сулҳу осоиш.

Аз ин рў муттаҳид гардида зидди ҷангҷў ҳастем,

Сипар карда ба ҳифзи бахту озодӣ ҳаёти хеш.

Чаро ки боварӣ дорем бар ояндаи фирўз,

Дамад дар олам охир аз уфуқ субҳи ҷаҳонафрўз.

Ҳаёти халқҳои мо, бимон, нашъунамо созад,

Ба ҷои даштҳои хушк инсон шаҳрҳо созад!

Каналҳо ҳар тараф ҷорӣ шаванду боғҳо хуррам,

Ба худ кас хонаи нав, рўзгори нав бино созад!

Ба рўи мо бихандад навбаҳори зарнисори сулҳ,

Шавад зеботар аз ин ҳам ҷаҳони беканори сулҳ!

Намоиш медиҳем имрўз мо бо сарбаландиҳо,

Ба чашми оламиён азми худро, қувваи худро.

Ки то бинанд аз ин душманони сулҳу осоиш,

Ба чӣ қодир бувад дасти ҷавонмардони ин дунё.

Маҳмадалишоҳи ҲАЙДАРШО

ҲАРФИ ВАТАН

Ватан дар забонам ба ҳарфи калон

Шавад сабт рўи китоби дилам.

Ба ҳарфи калон менамоям баён

Ба эҳсоси гарм изтироби дилам.

Ватан гўяму ояд аз пеши ман

Бубин, модарам ба сутургии худ.

Чи гўям, нағунҷад даруни сухан

Дили модарам бо бузургии худ.

Кунун нест модар ба паҳлўи ман,

Парастори ман кист дар зиндагӣ?

Кӣ созад нигаҳ гарм ба рўи ман,

Навозишгарам нест дар зиндагӣ.

Аё Тоҷикистон, аё , эй Ватан,

Ту дар ҷои модар ба ман модарӣ.

Ту ҳастӣ чу модар маро ҷону тан,

Маро мисли модар ту ҷонпарварӣ.

Ва дар дафтари дил нависам ба меҳр

Туро, Тоҷикистон, ба ҳарфи калон.

Сароям туро ман ба ҳар банди шеър

Ба чашмам ту ҳастӣ ба ҳаҷми ҷаҳон.

Ту ҳастӣ муқаддас бароям, Ватан,

Сурудам ба шаънат сароям, Ватан,

Ҳамин ҷони ширини худро нисор

Ба номусу нангат намоям, Ватан.

Аё Тоҷикистон, биҳишти манӣ,

Ба мазрои қалбам ту кишти манӣ.

Ба номи баландат кунам ифтихор,

Ба номат, ки ту сарнавишти манӣ.

пешина
аз 63
навбатӣ