Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кумитаи ҳизби ноҳия дар интихоби қадр хато накард. Заррина душвории рўзҳои аввалро бо маслиҳату дастгирии фаъолон бартараф намуд. Ба бахташ дар соли аввал ҳосил нағз шуд. Колхоз нақшаҳои ба давлат фурўхтани ангур, ғалла, картошка, тухми пиёзро барзиёд иҷро кард. Ҳамчунин хоҷагӣ худро бо тухмӣ таъмин намуд. Анбори колхоз, ки солҳои зиёд файзу баракат надошту мисли сарои холӣ ҳуввас мекард, ҳатто калламушҳо дигар зиёрат намекардагӣ шуда буданд, акнун рўи ғалларо дид, файзаш даромад. Ба музди меҳнати колхозчиён як килограммӣ картошка, якунимкилограммӣ ҷаву гандум, дусаду панҷоҳ граммӣ мавиз тақсим карданд. Онҳо бори нахуст, қариб баъди даҳ сол, самараи мехнаташонро медиданд. Ба хонаи онҳо нур даромад. Гўё акнун зиндагии нав оғоз меёфт. Одамон осори ҷангро кам-кам бартараф намуда, ба мехнати осоишта одат мекарданд. Аммо аз хотирашон як чиз-ёди дўст, ҷигарбандонашон фаромўш намешуд.

Заррина зоҳиран аз барори кораш хурсанд, вале ботинан ҳамеша ғам мехўрд, азоб мекашид. Дар рухсорааш ожангҳо пайдо шуданд. Ў дар паҳлўяш шахси асосиеро, ки мўнису ғамхор, дастгир ва ғамхораш бошад, намедид. Чунин шахсро вай якумрӣ гум кардааст. Раис рўзона ба кор овора шуда, гузаштани вақтро намедонист, вале ҳамин, ки бегоҳиҳо ба хона омад, табъаш хира мегашт. Зиндагӣ дар назараш якранг метофт. Баъзан шабҳои сол барин дарозро хаёлан рўз мекард.

— Хайрият, ки ҳамин Додоҷон будааст, набошад ҳоли ман чӣ мешуд? Кайҳо девона мешудам ё аз зиқӣ торс мекафидам, -аз дил мегузаронд.

Деҳаи азизам Бунафша. Чаро ин қадар хории ин муштипарро хостӣ. Охир, ту худат медонӣ, ки Заррина пеш аз ҳама зан аст. Зан навозиш, меҳрубонӣ, дилбардориро мехоҳад. Сўҳбати ширин лозим аст ўро. Беҳуда мард ҳаст, гард ҳаст, нагуфтаанд. Мард посутуни хона, дилпурии зан аст. Хонаи бе мард-сард.

Заррина писарчаи пухтаю бофаҳмашро шему нозӣ дида, дилаш адо мегашт. Аз Додоҷон дуздӣ оби дида мекард. Бо гиря дили пурашро холӣ менамуд. Гиря ба саломатӣ фоида дорад. Баъди он одам худро андаке сабук ҳис мекунад.

Додоҷон рафта-рафта бепадарияшро ҳис намуд. Чаро ҳис накунад. Шахсе, ки ўро мисли падарҳои дигар ба оғўш гирад, бўсад, рўзҳои иду айём аз дасташ дошта, ба тамошо барад, набуд. Заррина шабона писарашро хобонда хеле гирист. «Наход онҳо маро ҳамин тавр, бевафо гумон карда бошанд. Одамҳо то чӣ дараҷа беандеша, шартакигўй шудагӣ. Ман шавҳарро ба сарам мезанам! Рўзе Додоҷон калон шавад, ба рўям туф намекунад магар. Хайр, фарз кардем, ки ўро ҳамроҳ ба хонаи Солеҳҷон бурдам. Шему нозӣ, ба як бурда нони падари ўгай дастнигар намешавад? Арвоҳи Қобилҷон маро намезанад магар? Вай-ку барои ман, Додоҷони худ барин занону фарзандон қурбон шуд. Не-я, чиҳо гуфта истодам, деҳаи азизам Бунафша. Ноумед шайтон. То ҷон дар рамақ дорам, ба номи ў зиндагӣ мекунам. Кӣ медонад? Мумкин Қобилҷон зинда, сиҳат саломат бошад. Салимҷон гуфтку на ҳамаи сиёҳхатҳо рост мебароянд. Ҷанг-дия, баъзан мебинӣ, ки ту зинда, ҷанг карда гаштию ба хонаат сиёҳхат фиристоданд.

Модари дилхарошам Бунафша. Ҷанг фарзандони некатро ба коми хеш кашида, туро абгор намуд. Ту, Бунафша, ба модаре монанд ҳастӣ, ки аҷал нури дидагонашро ба коми худ кашидааст. Болшикаста, дилшикаста, маъюсӣ. Аммо зиндагӣ бардавом аст. Ту ҳам бояд умри зиёд бинӣ. Боз оғўшатро кабўтарони навбол пур мекунанд. Ҷойгиронро ба воя мерасонӣ. Ҳар хонавода соҳиби саробони хеш мешавад. Бас будагист гиря, ғусса, танҳоӣ, Бунафшаи ман. Агар касе суолат кунад, ки мазори фарзандонат ку, намедонӣ чӣ ҷавоб диҳӣ! Охир, онҳо дур аз ту хок шудаанд. Онҳоро модарони дигар ба оғўш гирифтаанд. «Хокҷои мўъминон» гўянд он ҷоро. Имрўз, фардо зиёратгоҳи одамон мегардад он ҷо.

— Чӣ гуфтӣ, модари дилхарошам. Бунафша? Ба ободият кўшам!? Мисли онҳо ба хотири шаҳидонат мазоре барпо кунам? Нишоне аз онҳо боқӣ монад? Қарзи фарзандии ман ҳамин аст? Майлаш, модари азиз, майлаш. Супориши ту бароям қонун аст. Кадом фарзанд аз иҷрои гуфти модар берун баромадааст, ки ман бароям. Лаънат ба чунин фарзанд. «Оқ шуда» гўянд чунин фарзандро. Кони хирадӣ, Бунафша. Акнун фаҳмидам «мазори шаҳидонат барои чӣ лозим будааст. Барои оянда. Баъди гузаштани даҳсолаҳо кўдаке, ки фардо ба дунё меояд, бояд фаҳмад, ки озодию хушбахтии онҳо бо гарониҳо, қурбониҳо ба даст омадааст. Фардо калон шуда, дониста, оҳиста қадам монанд. Бо сари хам, таъзимкунон аз назди мазорат гузаранд. То ки садои пояшон лавҳаеро ба ларзиш наорад...»

... Полвон беақл меомадааст. Беақл набошӣ бо ҷўраҳоят шарт мебандӣ, ки то раисро ба занӣ нагирӣ, намемонӣ, номатро дигар мекунӣ. Хобатро ба об гўй, полвон. Гузашт вақти бесоҳибии деҳа. Худо ба тухми Бойҷонов баринҳо қирон овард. Магар ҳамон дарси ибрат нашуд бароят. Наход ҳоло ҳам тушбераро хом шуморӣ. Ту зан дорӣ, ду фарзандат ҳаст? Боз чӣ намерасад? Раис бегоҳӣ ба хонааш омадани кампири Рухсатро пеши назар овард:

— Духтарам Зарринаҷон, -баъди муқаддима ба сари мақсад омад ў, дирўзакак духтарча будӣ. Раҳматӣ модарат дар дил бисёр орзуҳо дошт. Бача калон карду роҳаташро надид. Имрўз бошад, духтарам, роҳбари мо ҳастӣ. Ба ту одам ҳар гапро истиҳола карда мегўяд. Лекин ман, ки ба ҷои модарат ҳастам, мехоҳам рўирост сабаби ба наздат, хонаат омаданамро гўям. Албатта, ҳамин қадар вақт боз замона нотинҷ буд. Акнун шукр амон-амон шуд. Одам, духтарам, аз пешониаш зиёд чизро намебинад. Ба сари кас ҳамааш меояду меравад. Умри ҷавониатро гузарондӣ. Акнун писарчаат ҳам аз обу гил баромад. Худат нағз медонӣ, ки духтарам, ба зани ҷавон танҳо гаштан осон не. Раисия ба ту хату мўҳр карда додагиашон не. Ба зан пеш аз ҳама саробон даркор, на мансаб, духтарам. Сад сол гардӣ ҳам, тақдир ҳамин, дигар бозгашт намеояд, нонро пеши по назан, духтарам. Агар «ҳа» гўию маро ҷанг накунӣ, ба ҳамон Солеҳ-полвон... обрўю эътиборашро, духтарам, худат медонӣ. Номаш баромадагӣ. Обрўи деҳаамон. Акнун ба чил даромад.

Аз гапҳои Рухсат-кампир қаҳри Заррина омад. Ў саҳл монд, ки аз дасташ гирифта, аз хона бароварда, пеш кунад. Вале дандон ба дандон монда, аламашро қулт хўрд, худдорӣ намуд.

— Рухсат-апа, як гап мезанам, ба шарте хафа нашавед.

— Гўй, духтарам, чаро хафа мешудиям. Зорӣ дорам, ки зўрӣ не.

— Агар шумо дар ҳақиқат ба ҷои модарам бошед, минбаъд ба хабаргирӣ ҳамту бе ягон гапи зиёдатӣ биёед. Дар бораи Солеҳ-паҳлавони шумо бошад, гап ҳамин. Агар хоҳад, ки ўро ба милиса насупорам, пояшро дониста монад. Рафту дили ман шавҳар кашад, ба ягон гадои кўча мерасаму ба ў не. Ҳамин гап ба шумо қарз, ба ў бурда расонед...

Бунафша сол то сол обод мешуд. Ҷои хонаҳои гилини беайвонро акнун якто-нимто иморатҳои синҷини ёздаҳболораи пешайвондори бомаш шиферпўш мегирифт. Кўчаҳояш каҷу килеби морпеч бошанд ҳам, мисли пештара лои кафшдаронак ё чангу хоки бисёр надошт. Сой наздик, қум деҳқонӣ гуфта роҳҳои назди идора, пиёдагарду аробагузарро регпўш намудаанд. Дар ду тарафи кўча деворҳои пасту баланд солҳост, ки деҳаро қалъабандӣ мекунад. Болои деворро мардумон чор-панҷ қаторӣ таппӣ зада, онро баландтар кардаанд. Таппӣ ҳар хела-хушк, нимхушк, тар. Барои дехотӣ ин ҳама чизи оддӣ менамояд. Зеро ў ба ин манзара ҳар рўз дучор мешавад. Умуман барои мардуми деҳа таппӣ чизи зарурист. Зарур барои он ки бе он хўрокаш намепазад, чояш намеҷўшад. Сандалияш тасф намедиҳад. Нони танўрие, ки занҳои деҳа дар оташи таппӣ мепазанд, назар ба бўлкаҳои дар оташи ангишт, печкаҳои барқӣ пухтаи нонвоёни касбӣ аз ҳама ҷиҳат бартарӣ дорад: хом намемонад, бақувват, рўяш мисли гулрухон супсурх ва ғайра.

Даромадгоҳи деҳа. Вокзалро дарвозаи шаҳр меноманд. Дарвозаи Бунафша бошад, аз ҳамин ҷо, назди идора оғоз меёбад... Раис дар идора танҳо менишаст. Ў почтаи рўзонаро аз назар мегузаронд. Баъзе мактубҳоро кушода, ба ҳавсала то охираш ҳиҷҷа карда хонда, баъд дар болояш чизе навишта шахси масъулро таъин менамуд. Баъзе дигарашро бошад, ҳамту, як варақ зада, чашм давонида, ба мазмунаш сарфаҳм мерафт. Ҳамин вақт дар кўфта шуд ва «мумкин, раис» гўён аввал Ёров-мудири шўъбаи тарғиботу ташвиқот ва аз паси ў ду нафари дигаряке аз кумитаи бехатарӣ ва дигаре аз рўзномаи ноҳия вориди ҳуҷра шуданд. Заррина аз ҷояш хеста, курсияшро каме оқибтар кашиду чанд қадам ба пешвози меҳмонҳо монда, ба ҳар кадоми онҳо даст дода вохўрдӣ намуд. Сипас «марҳамат»-гўён аз курсиҳои сахти кўҳна, ки гирди мизи дар мобайни ҳуҷра гузошта чинда шуда буд, таклиф намуд.

Бале, деҳаи азизам Бунафша. Он солҳо ҳуҷраҳо ҳамин тавр хоксорона буданд. Боигариашон як мизу ду-се курсии кўҳнаи сахт буд. На ҳамаи роҳбарҳо телефон доштанд. Нақлиёт ба будагӣ асп, набошад пиёда мегаштанд. Мизи ҷараққосӣ, курсии мулоими гирдгардон, болои он чанд телефон набуд. Фаршаш қолини пати гулдор надошт, дар рў ба рўи раис, дар пешгаҳи идора «Оинаи нилгун»-и ранга намеистод. Девори ҳуҷраҳо нақшин, дарпардаҳои шилшиладор, дарҳояш чармпўш набуд. Вале кор хуб буд. Одамон, роҳбарон ҳам сидқи дил кор мекарданд. Ҳозир чӣ? Роҳбарҳо мусобиқа доранд. Мехоҳанд ҳуҷраи яке аз дигаре босалобат бошад. Аз таги дари ҳуҷраи баъзеҳо дароӣ худатро гум мекунӣ, чӣ гуфтанатро фаромўш мекунӣ. Аз худи калон сиёсати идорааш баланд. Ҳар касро бахташ будааст-дия, модари азизам, Бунафша.

— Хизмат, -пурсид Заррина баъди нўшидани як пиёла чой.

— Дар бораи кӣ будааст?

— Як ариза будааст, ҳамонро...

Ёров табассуми зўракӣ кард. — Дар бораи кӣ мешуд, дар бораи шумо.

— Дар бораи ман? Навигарӣ-ку. Бори аввал дар

таърихи раисиам. О, дар деҳаи мо аризабозон набудандку?

— Деҳа бе дузд, дашт бе гург намешавад, раис, ангур ангурро дида ало мешавад. — Мумкин. Истед, ки муаллифаш маълум ё не... Ба мазмуни мактуб шинос мекардед.

— Беимзо. Навиштааст, ки раис аз мансабаш истифода бурда, аз ҳисоби маблағи колхоз ба хотираи шавҳараш ким-чӣ хел мазор сохт, бо ин кораш динро аз нав дар байни мардум зинда карда истодааст. Чӣ, дар ҷанг як шавҳари раис мурдагӣ?

Мо пеш аз он ки ин ҷо биёем, мактубро ба муаллим нишон додем. (Ёров муаллим гуфта Ҳотам Ҳоҷиевро дар назар дошт). Он кас ба фикрам аз асли воқеа пештар воқиф будаанд. «Раис ба ман дигар хел фаҳмонида буд. Мумкин гапҳои дар ариза навишта дуруст бошад. Ба ҳар ҳол рафта тафтиш кардан даркор» гуфтанд.

— Нағз кардетон. Об аз сар соф шавад, беҳтар. Ҳа, дарвоқеъ, шумоён корро аз чӣ сар карданӣ? Баъзе ҳуҷҷатҳо лозим будагист?

— Лозим, лозим, албатта лозим. Лекин мо мехостем аввал худи шумо асли воқеаро нақл кунед. Сухан аз забони луқмон хуш аст.

— Марҳамат. — Заррина дар сари як пиёла чой ҳамаи гапу корҳои шударо гуфт.

— Бо қувваи ҳашар сохтанатонро кӣ тасдиқ мекунад, -пурсид намояндаи кумитаи бехатарӣ.

— Кӣ тасдиқ карданаш мумкин?! Халқ тасдиқ мекунад. Ба кори хайр ҳама мебарояд. Аз рўи аҳднома корро бояд ду нафар устоҳо дар тўли понздах рўз сохта тамом кунанд. Ҳаққашонро ман аз ҳисоби пасандозам медиҳам. Заррина сандуқи оҳанинро кушода, аз он ҷо коғазеро берун овард.

— Ана, ин нусхаи квитансияе, ки ман пул гузаронидам. — Аъзоёни комиссия бо ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ шинос шуданд, рафта майдони коҳро диданд, бо чанд нафар одамон, онҳое, ки дар ариза номашон буд, сўҳбат карданд.

— Ё тавба, мегуфтанд онҳо, -аз тўҳмати хушку балои ногаҳон нигоҳ дор, худоҷон. О, вай чӣ хел лаънатӣ будааст, ки номи худашро нанависта моро ҳамроҳ кардааст. Дар ҷанг ҷавонҳои беҳтарини деҳа нобуд шуданд. Мо ба хотири онҳо ягон кори арзанда накардем. Раҳмат ба раис, ки халқро ташвиқот карданд. Ин хел мактубро касе менависад, ки аз тагаш бод нагузаштааст. Доғ, ки надидаӣ, кай медонӣ ғам чӣ? Аз шумо, аъзоёни комиссия, илтимос мекунем. Соҳиби мактубро ёфта, дар мобайни халқ гўед. Мо шармандаашро мекашем. Нею шумо ёфта натавонед, худамон медонем. Кӣ буданаш маълум. Вай ба кори хайри раис аз ин ҳам пеш халал расонида буд.

— Мақсад аз тафтиши ариза бўғӣ кардани соҳиби ариза не, балки бартараф намудани камбудиҳо мебошад. Ба навиштани мактуб ҳар кас ҳуқуқ дорад, ҷавоб доданд онҳо.

Раис баъди воқеаи боло аҳд кард, ки ба сохтмони коҳ дурусттар машғул шавад. Фаҳмид, ки бо ин роҳ душманро дурусттар мағлуб намудан мумкин будааст. Бинобар он имрўз чунин қарор дод: «рафта гапро якбур мекунам. Хоҳанд аз пагоҳ омада корро сар кунанд, нахоҳанд ягон устои дигар меёбам. Нон бошад, нонхўр бисёр».

Дар устохона мақсади раисро фаҳмиданд. Аз дар ў бе салому алейк «мудир дар ҳамин ҷо» гўён даромад. Рангаш аз қаҳр, гўё, ки бо касе ҷанг карда монда шуда бошад, сап-сафед кандагӣ буд. Чашмонаш танг, лабонаш мепариданд.

— Пагоҳ албатта мераванд. Ин дафъа ваъда қатъӣ, -гуфт мудир, ки раис то ҳоло номи ўро намедонист. — Дар ҳақиқат дер шуд, кор аксашба мегирад. Набошад ҳамин қадар вақт боз дастамон холӣ буд. Як то-ним то кори шумо барин диду шинохтҳоро бенавбат буд карда медодем. Хайр, дер ояду шер ояд. Ҳаракат мекунем аз сифати корамон хурсанд шавед.

— Фардо мунтазир шавем-мӣ, охир.

— Ба шумо чӣ шуд, раисҷон, наход... Гуфтам-ку лафз якто.

Мудир ин дафъа ба ваъдааш вафо кард. Тахминан соатҳои ёздаҳи рўз ду нафар шахси ношинос дар назди идора пайдо шуда, раисро пурсиданд.

— Дар ҳуҷраашон бошанд даркор. Устоҳое, ки яке аз дигаре қадди чор ангушт баландтар, рўи мисли лаълӣ паҳн, ришу мўйлаби хирман барин яклухт дошт, ба рафиқаш «ту дар ҳамин ҷо ист, ман дида бароям» гуфт...

Гуфти хона ба бозор рост намеомадааст. Сохтмони коҳ наздик як моҳ давом кард. Устоҳо дар ин муддат корро дар дохили тахтаҳои гирдгардон давом доданд. Аз ин сабаб одамони аз дуру наздик гузашта намедонистанд, ки ду марди мусофир ба таври хеш чӣ месозанд? Баъзе кунҷкобҳо ҳатто наздик омада аз роғи тахтаҳо чизеро диданӣ мешуданд. Аз куҷо? Гўё, ки чашм мерасида бошад, гўё арўсеро зери парда нигоҳ медошта бошанд, чор тарафашро бо матои сафед печонидаанд. Вақте ки устоҳо ба раис дар бораи анҷоми корашон хабар доданд, ў хурсанд шуд, раҳмат гуфт, миннатдории пешакӣ баён карда илова намуд:Имрўз шашуми моҳи май. Баъди се рўз иди Ғалаба. Коҳро мо ба ҳамин муносибат кушоданӣ. Он рўз, албатта, аз ноҳия намояндахо меоянд, халқро ҷамъ мекунем. Дар ин ҷамъомад, шумоён, ба фикрам зарур. Халқ бояд донад, ки мазори фарзандонашонро кадом савобҷў сохтааст. Хавотир нашавед, ман мошин мефиристам, шумоёнро гирифта меорад...

Ҳаво аз ҳаррўза дида имрўз софтар буд. Табиат аз пагоҳӣ механдид, на танҳо хуршед, балки тамоми оламиён дар ин рўз хурсандӣ мекарданд. Қадру қимати ин рўз бе баҳост. Арзиш надорад вай.

Модари зор, Бунафшаи пуртамкинам. Ҳама чиз аз сабр будааст. Ҳар харобӣ як ободӣ доштааст. Ёд дорӣ хурсандии он пагоҳинаро. Сокинонат баробари дамидани субҳ, аз хоб хеста буданд. Онҳо баъди тановул бо чеҳраи кушод, лабҳои пуртабассум, либоси тару тоза ба майдони назди коҳ меомаданд. Бачаҳоро намегўӣ, модари зорам Бунафша. Баъзеашон тамоми шаб хоб накарда аз пагоҳӣ ҳатто ба падару модарашон, бародару хоҳарашон нигоҳ накарда, пештар ба ин ҷо ҳозир шуданд. Гўё, ки аз тамошои ягон бозии дўстдоштаашон масалан, гўштингирӣ, бузкашӣ дер мемонда бошанд. Дар асл бошад, барои онҳо фарқ надошт: он ҷо чӣ сохтаанд, ба кадом мақсад.

Бачагӣ-дия. Мехоҳад ҳар чизи навро аввалин шуда бинад, то ҳавсалааш пир шудан тамошо кунад, баъд рафта ба ҷўраҳояш таърифи болохонадор намояд. Одамон камоншакл саф ороста буданд. Онҳо байни худ аз ҳар боб сўҳбат доштанд. Ғалоғулаашон аз хеле масофа шунавида мешуд. Бачаҳои интизорӣ ба дилашон зада ба канор баромада бозӣ мекарданд. Ду-се нафар фаъолони колхоз дуртар аз коҳ истода, ҳар замон-ҳар замон ба баъзеҳо таъкид менамуданд, ки гулҳоро таги по, тартиботро вайрон накунанд.

Инак, намояндаҳо ҳам аз идора баромаданд. Пешопеш раис Заррина Одилова, сипас Ҳотам Ҳоҷиев, устоҳо-муаллифони коҳ, комиссари ҳарбии ноҳия, ветеранҳои ҷанг ва боз чанд нафар шахсони ношинос буданд. Ҳотам Ҳоҷиев аз мобайн истода гап мезад. Гап мезаду ба нарангушташ сўи саҳни идора, майдони коҳ ишора мекард. Шояд ў нақшаи сохтмони ягон бинои навро мефаҳмонд. Баъд ў якбора истода аз таги каши марди як пояш чўб, ки ба асобағалаш такя дода роҳ мерафт, гирифта чизе гуфт. Салимҷон, ки аллакай то мансаби сарбухгалтери хоҷагӣ расида буд, бо сарҷунбонӣ суханҳои раисро тасдиқ намуд.

Баъди ҷамъомад лентаро Ҳотам Ҳоҷиев бурид. Матои сафед оҳиста-оҳиста лағжида фаромад. Дар пеши чашми издиҳом коҳи се метраи қаҳваранги чоркунҷамонанд падидор гардид. Дар танаи он бо зарҳал чунин навишта шуда буд: «Аз занони аскари деҳаи Бунафша ба хотири мардоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон нисор намудаанд».

— Офарин, қанд занед, таҳсин хонданд пиру ҷавон. — Кирои посдорӣ, вафодорӣ. Ин ҳамааш кори Заррина. Набошад ба гўшу хаёли ҳеҷ кас намеомад...

Солҳо сипарӣ шуданд. Нигоҳубини зиёратҷоро пешоҳангони мактаб ба ўҳда гирифтанд. Ҳар пагоҳӣ дар пояи он гулдастаи тару тоза пайдо мешавад. Ҳар ҳафта ин ҷо ягон ҷамъомади тантанавӣ мегузарад. Навхонадорон зиёраташ мекунанд... Ба наздикӣ, баъди сию панҷ соли раисӣ Заррина Одиловаро ба нафақа гуселониданд. Колхози «Тоҷикистон» дар ин муддат сазовори мукофоти ҳукуматӣ гардид. Раис ду ордени Ленин, як ордени Байрақи Сурхи Меҳнат гирифт. Дар тантана саҳми раисро дар пешрафти хоҷагӣ, ободу зебо намудани диёр гуфта, ба ў як мошини сабукрав ва боз тўҳфаҳои дигар доданд.

— Фарзандони азиз! Раҳмат барои суханҳои нек, самимӣ, барои қадршиносӣ, -гуфт Заррина. — Дар давоми корам ба чунин хулоса омадам: пеш аз ҳама ба одамон бовар кардан даркор будааст. Ҳар як муваффақияти хоҷагӣ ин самараи меҳнати шумо.

Фарзандони азизам. Ҳозир шумоён, гарчанде он қадар хизмати мукофотбоб накарда бошам ҳам, ба ман як мошини сабукрав додед. Мошин акнун азони ман шуд. Лекин як илтимос дорам. Чӣ мешавад, ки ҳамин мошин аз номи ман тамоми умр дар боғчаи бачагон хизмат кунад...

Заррина-апа ба хотири некиҳои Оиша-хола набераи Салимҷон-Момогулро ба писари Додоҷон нон шикаст. Имрўз тўйи арўсу домодии онҳо. Ҷоштгоҳӣ. Ду мошини тўёна оро дода шуда аз кўчаҳои мумфарши деҳа баромада дар майдончаи назди идораи хоҷагӣ қарор гирифт. Аз он чанд нафар ҷавонон фаромаданд. Онҳо ҷўраҳои домоду дугонаҳои арўс. Содиқҷону Момогул. Дар дасти Содиқҷон дастагул.

Ҷавонон сархам сўи кох равонанд. Ҳамин вақт ба хотири Содиқҷон суханони динашаб гуфтаи очааш Заррина-апа расид. «Ҷони оча, фардо ҳамин, ки ба зиёратҷо рафтӣ, хам шуда муччӣ кун. Дастагул монда, ҳар талабу ниятат бошад гўй, иҷро мешавад. Он ҷо мазор, мазори бобои ту ҳам. Бобоят одами пок, шаҳид шудагӣ. Ҳа, ҷони оча, ҳамаи дар ҷанг қурбоншудагон шаҳиданд».

пешина
аз 29
навбатӣ