Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Юсуф, -фарёд кард Холбўтта. — Босмачие ҳозир шуд.

— Ин лаънатиро бурда нест кун. Аз авлоди ҳаромҳо будааст. Зани фосиқи номусулмон.

— Хуб ҷанобашон, ба ҷону дил. — Ў берун рафта бо имое ду нафари дигарро ҳамроҳаш гирифта овард.

— Канӣ гирифтем. Аввал ҷонашро ба соҳибаш месупорем, баъд аз болои кўҳ ба сой ҳаво медиҳем.

Чашмони модар ба шифт дўхта шудааст. Ў бо як дасташ дилашро медорад. Модарро дарде азоб медиҳад. Вақте ки ўро босмачиҳо аз замин бардоштанд, қатраи ашк, ашки алвидо, ашке барои кўдаки нодидааш ва шавҳари қурбоншудааш, барои умри ҷавонаш аз чашмонаш рехтанд.

Ўро ба роҳи охирин мебурданд...

ЧоР таНИ БеСаР

Баробари чеғ задани хурўси аввал Холбўтта аз хоб хест. Ў паи таҳорати намози бомдод рафта истода, аз навкари дар таги дар буда «ҳоло маълум не-мӣ» гуфта пурсид.

— Ба омаданашон хеле вақт шуд. Нахостам шуморо нороҳат кунам.

— Ноҷинс! — Дандон хоида чашм песонд. — Ман нагуфтам «ҳамин, ки омаданд, агар шер бошанд, хабар деҳ»...

— Шер тақсир, шер. Сари ҳар чораш дар халта.

Холбўта бо шунидани «хабари хуш» гўё, ки таҳорат карданро фаромўш намуда бошад, офтобаро ба рўи ҳавлӣ гузошту ба хона даромада истода:

— Гўй, биёянд, гуфт.

— Тақсир, супориш иҷро. Метавонед дами беғам занед. — Азим босмачӣ халтаи хунолудро чаппа кард. Аз даруни он чор сари бетан ба монанди лаблабу болои ҳам ғалтида, баъд ба чор тараф ғелиданд. Ҳашт чашми нопўшидаи бенури аз зери рўю мўи сари хунолуд нигариста истода чашмони гўсфанди сар буридаро мемонд. Ин чашмҳо ба палидон нигариста гўё мегуфтанд: «мо дар ғафлат монда, муборизаро то охир давом дода натавонистем. Шояд хуни мо шуморо гирад. Шояд рўзе сари шумоён ҳам мо барин бурида гардад. Мешавад! Мешавад! Дер не, имрўз ё фардо қасоси моро мегиранд».

Саидқул босмачӣ, гўё ин суханҳоро шунавида бошад, бо нўги мўзааш ба сари Мирдодо, ки пеши пояш афтида буд, зада, «мемурдӣ-ку, лекин бо осонӣ ҷон надодӣ»гуфт.

— Сагбаччаҳо, — ғурунгос зад Холбўта. — Касе бо думи шер бозӣ кунад, ҷазояш ҳамин.

— Ҳа, дарвоқеъ, ҷасади ин ҳаромиҳоро чӣ кор кардед?

— Ба ҷарии Куҳак партофтем. То пагоҳ зери барф монда мераванд. Баъд хўроки гургҳо мешаванд.

— Кори оқилона, -таъриф кард Холбўтта. — Ин каллаҳоро ҳам бурда ба ягон ҷарӣ партоед...

Соли 1921. Деҳаи Шаршара. Ҳавлии яке аз саркардаҳои босмачиён Қулӣ Бўлус. Меҳмонхонаи ҳафтболораи дар таги дар будаи ў барои «меҳмонон» ороста шудааст. Қулӣ Бўлус имшаб аз паи қасосгирӣ афтодааст. Ў бояд супориши сардораш Холбўтаро иҷро кунад. Қулӣ Бўлус ба хунукии шаби зимистон нигоҳ накарда, тоқати нишастан надорад. Ў мехоҳад, ки тезтар, бале, ҳар чӣ тезтар «меҳмонон»-ро ба ҳавлии худ қабул намояд.

— Чаро ин лаънатӣ дер кард? Ё ҳавлии онҳоро дар торикӣ наёфт? Сонӣ агар рафту ба гапи писарам бовар накунанд, кор расво мешавад. Ба Холбўта чӣ ҷавоб медиҳам? Не, онҳо бояд биёянд. Охир, ба Қобилҷон бовариашон сахт-ку? Ўро комсомол карданӣ. Э, аҳмақҳо, шири хом хўрда набошед, бовар кардед, ки писари ман комсомол мешавад. Имшаб ба шумоён комсомол шуданро нишон медиҳам. Баъд як умр дар он дунё ба русҳои кофир хизмат мекунед.

Қўлӣ Бўлус ин фикрҳоро аз сар мегузаронд, ки якбора тақар-тақари наъли пои аспҳо шунавида шуд. Қули Бўлус тез ба хона даромада аз пасаш дарро пўшид. Ба ҳавлии сароймонанди ў панҷ нафар даромада омаданд. Писари Қулӣ Бўлус бо роҳи фиреб чор нафар комсомолонро ба «зиёфат» оварда буд.

— Канӣ, марҳаммат, -Қодир як дасташро сари сина гузоштаю дигареро сўи меҳмонон дароз карда таклиф намуд. Мирзокалон, Рауф, Ҳоҷӣ, Мирдодо паси ҳам ба меҳмонхона даромаданд. Онҳо аз гирди сандалӣ ҷой гирифтанд. Барои ҳурмати соҳибҳавлӣ «қадам расид, бало нарасад» гўён даст бардошта, омин ҳам карданд.

Ҳамин тавр дар як ҳавлӣ ду зот одамон ҷой гирифтанд: босмачиҳо Қулӣ Бўлус, Алиқул. Азим дар хонаи дигар-пешгаҳи ҳавлӣ дудамаҳоро тез карда, соати хоббарии ҷавонони роҳи озодиро мепоиданд. Дар меҳмонхона бошад, комсомолони аввалини аз макри душман бехабар. Онҳо ҳар кадоме бист-бисту як сол доштанд.

— Чӣ тавр онҳоро гирифта овардӣ? -пурсид Қулӣ Бўлус аз писараш ки ба чойдамкунӣ омада буд.

— Ман писари шумо-ку, наход гапро қаҳтӣ зада бошад. Имшаб Холбўта ба ҳавлии ҳамсояамон Алиқул босмачӣ меомадааст. Албатта ў зиёфат хўрда, саҳар ба роҳ мебарояд. Дар роҳ ўро зиндалай дастгир мекунем гуфтам, бовар карданд.

— Қариб ту ҳам гург шудӣ, -Қулӣ Бўлус писарашро таъриф карда монд. — Аммо эҳтиёт кун, модарат аз ниятамон хабардор нашавад. Занҳоро, писарам, худат медонӣ. Ман ҳам ба вай «писарат ҷўраҳояшро зиёфат мекарда бошад, ман ҳам ҷўра дорам» гуфта инҳоро гирифта овардам.

Чойники чой тамом шуд. Дере нагузашта косаи шўрбо ҳам омад.

— Кам-кам барои иштӣ, -гуфт Қодир ба пиёлаҳои калон шароб рехта истода. Аз ангури боғи худамон. Падар тайёр карданду насибашон нагардид. Ҳама чизро партофта рафтанд.

Як пиёлаи аввал чанд пиёлаи дигарро такрор кунонд. Сўҳбат тафсид. Нақшаи субҳидамро ҳар кӣ ҳар хел мекашиду барои барори кор боз пиёлаҳо холӣ мешуданд. — Акнун бас, беҳтараш дастурхонро ғундор. Як соат, як соат дам гирем. Ҳар қадар барвақт ба роҳ бароем, ин муваффақияти кори мо. Мумкин Холбўтта барвақттар равад.

— Мирдодо дуруст мегўяд. Ҳозир бо ин кала ба кўча баромада киро ҳам медорем. Баъд эҳтиёт кунед, хоб сахт бурда намонад, гуфт Мирзокалон.

Қодир «хуб» гўён рўи хонаро холӣ кард ва болишту тўшак гузошт. Чароғро паст кард. Хонаро торикӣ фаро гирифт. Ин торикии шаби зимистон буд ё ҳаёти шаҳидон. Оҳ, марг! Ин магар ту будӣ, ки ҳар замон дарро шириққос мезанондӣ ё шамоли каҳратун. Ё дасти хунхорҳо.Чароғ ҳар замон баланду паст мешуд. Гўё вай аз чашмони девони сиёҳӣ ташнахун, аз сурати онҳо, ки паси дар меистоданд, чизеро пай бурда, ба ларза меомад. Ё чароғ ба онҳо муроҷиат карда «нахобед, шуморо дар берун ҷаллодҳо интизоранд. Ба нағзиҳои гургбача Қодир фирефта нашавед. Кадом гургбача гург нашудааст, кадом гург хун нахўрдааст» мегуфт. Афсўс, сад афсўс, ки чароғ забон надошт. Вагарна раҳми ў меомаду раҳми Қулӣ Бўлус, Алиқул, Азим босмачӣ не. Онҳо ин чор танро дар хобашон гўсфандвор сар заданд...

Модар, ки аз ҷунбиши рўзона хаста гашта, дар хонаи дигар менишаст, аз рафту омади бисёри се нафар босмачӣ ба дилаш талвоса афтод. Ў дарро нимроғ намуда, сар ба берун бароварда чашмонаш ба ду-се нафар одамони дар таги дарвоза буда афтод. Онҳо чизеро аз меҳмонхона кашола карда мебароварданд. Модар кафшашро пўшида берун рафт. Наздиктар омада, ба чашмонаш бовар накарда якбора дод гуфта фиристод.

— Вай рўзам сиёҳ шуд, ин чӣ ваҳшигарӣ?! Сангдилони хунхор! Наход шумо ҳам фарзанд надошта бошед, ки... Не!

Модар хост боз ким-чиҳои дигар гўяд, аммо як шартакии шавҳараш Қули Бўлус даҳону биниашро хуншор гардонид. Ў ба кафи даст даҳонашро дошта, нимғурўба-нимғурўба писарашро дуо мекард:

— Илоҳим ҷувонимарг шав ту барин ҷўрабоз. Додою бача мемурдед, ин қадар намесўхтам... Ҷарии Кўҳак. Вай қариб сию панҷ метр баландӣ дорад. Дар назди он чор нафар истодаанд. Се нафар намояндаи ревком ва писари Қулӣ Бўлус Қодир. Ў баъди пурсишҳои зиёд ба гуноҳаш иқрор шудааст. Панҷшаш метр дуртар аз онҳо аробаи дуаспа меистод. Барфи калон-калон борида истодаи нисфирўзӣ аз мулоимии ҳаво об мешуд.

— Кӣ ба сой мефурояд? пурсид Рижков, ки роҳбари сенафара буд.

— Ман, -ҷавоб дод марди миёнақади ришрасида Ҳоҷиев.

— Не, ту намефароӣ, худаш мефарояд. — Ба Қодир ишора намуд. — Худаш бояд фарояд. Вай ҷояшро нағзтар медонад...

Ҳоҷиев як нўги ресмонро ба миёни Қодир баст. — Канӣ пеш-пеш шав, — гуфта ўро лаби ҷар оварданд. Қодир тарсида-тарсида ба сой фаромад. Сои Кўҳак дар рўзҳои боронгарии аввали баҳор рўи обро мебинад. Ҳоло бошад, онҷоро барфи аз баландиҳо рўфта омадаи шамол пўшидааст.

Қодир то зону ба барф ғўтид. Дили ўро ваҳм зер кард. Супориш мушкил. Чор танро ёфта, ба ресмон баста, ба боло додан даркор. Аммо ҷасадҳо номаълум. Оё Қодир ҷои дишабаро дуруст нишон дод? Ҷасадҳоро магар ба ҳамин ҷо партофта буданд?

— Ба хаёлам дуруст барин. Аз дарахти дўлона поёнтар буд. — Қодир гиреҳи ресмонро аз миёнаш кушода поёну боло рафта омад. Чашмонашро пўшидаю кушода дурусттар ба замин нигарист. Нохост ў чизеро ҳис кард. Қодир ҳашт-даҳ метр дуртар ҳар ҷо-ҳар ҷо барфтўдаҳоро дид.

— Дар таги ҳаминҳо будагист, -аз дил гузаронд ў ва дудаста ба кофтан сар кард. Барфтўдаи аввалро каме накофта, нўги панҷааш ба латае расида дилаш шуввӣ карда монд. Баданаш аз салавоти ҷасад шип-шилта арақ кард. Қодир ҷасадҳоро аз таги барф кофта ёфт. Хуни гардан ист карда, сип-сиёҳ гашта буд. Дасту по, тан ҳама чўб барин шах шудааст. Қодир ҳам аз тарс ва ҳам аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзид. — Тезтар, -шунавида шуд аз боло овози Рижков.

— Агар донам, ки ту лаънатии кофир маро ин қадар азоб медиҳӣ, асло дар хонаамон намеистодам, гуфт Қодир дар дилаш. — Ҳамроҳи падару навкарони Холбўтта мерафтам.

Қодир ресмонро аз пой ва тани ҷасади Мирдодо, ки ўро танҳо аз қади дарозу харобаш шинохтан мумкин буд, баста:

— Ҳа, -гуфт.

— Оҳиста-оҳиста, баробар ҳар ду тарафро кашед, — маслиҳат медод Рижков. Ҳамин тавр чор ҷасади бесар ба болои ҷарӣ баромад. Чор тан. Тани чор ҷавоне, ки аз сад гул як гулашон нашукуфтааст.

— Эй, фарзанди инсон! Дар дунё раҳму шафқат ҳаст ё не? Ин чӣ бедодгарӣ! Наход инсонро гўсфандвор сар зананд!? Як нафар не, балки... чор нафар. Даҳшат. Ин рафтори ташнахунҳоро на танҳо авлоди одам, балки худо ҳам намебахшад...

Се нафар намояндаи ревком ашк аз дида рехта, онҳоро болои ароба гузоштанд. Дуртар аз онҳо Қодир мисли рўбоҳи аз шикор маҳрумгашта истода, бо қираи чашмаш ба рафтори ин се нафар менигарист ва худ ба худ «азобатонро кашед, шумоён ҳам рўзе аз инҳо бадтар мешавед» мегуфт.

Дар ҳамин асно садои тир баланд шуд ва Қодир сари синаашро дошта ба замин афтид. Тир аз камони Ҳоҷиев баромада буд.

— Аҳмақ, -гуфт Рижков сўи Ҳоҷиев таҳдид карда, -чаро паррондӣ? Вай ҳоло ба мо бисёр даркор мешуд.

— Тоқат карда натавонистам, бовар кунед, тоқат...

Ароба ба ҳаракат даромад.Ғич-ғичи чархҳои он гўё шаҳидонро алла мегуфт, ки бароҳат «хоб» карда буданд. Ё марсияи модарон буд, ки се нафар намояндаи ревком ашки мотам мерехтанд...

пешина
аз 29