Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Барои Солеҳҷон роҳи Чашма панҷ-панҷааш барин шинос. Ба ин ҷо ў моҳе қариб як маротиба омада меравад. Боз танҳо не. Гоҳ ҳамроҳи раис, гоҳ бо котиби ташкилоти ҳизбию комсомолӣ. Дар ноҳия ҷеғ зада сиёсат, ки карданд, тамом. Дидед, ки ду-се рўз паи ҳам омадаанд. Мебиёянд, аммо чӣ фоида аз ин хел омаданҳо. Намегўянд, ки ба шумоён чӣ даркор, чӣ мерасад, чӣ намерасад, аз колхоз чӣ хел мадад лозим!
Солеҳҷон дар як соат модарро ба Чашма расонд. Вай аз мошин фаромада сўи идораи совхоз рафт. Хост ҷои кори Назирҷонро аниқ созад. Вале дар идора касеро наёфт.Танҳо дар долон ба марди сергўшти асобағал вохўрд.
— Мебахшед, амак, роҳбарҳоро намедонед, куҷо рафта бошанд?
— Ба ноҳия, ба маҷлис рафтагӣ. Ҳа, хизмат?
— Мо Назирҷонро кофта омадем, дар куҷо бошад? — Назирҷон? Ҳозиракак дар ҳамин ҷо буд. Ба саҳро нарафта бошад, меёбем. Мард лангида-лангида ба ҳуҷрае ки дар пештоқаш «бухгалтерия» навишта шуда буд, даромада «Ҳакимҷон, гаражро бин, Назирҷон ҳастмӣ. Бошад, тез ҷеғ зада биё» гуфт.
Хайрият, Назирҷон ҳоло дар гараж будааст.
— Ҳозир мебиёянд, -хабар дод Ҳакимҷон. Модар ўро дуои нек кард.
Назирҷон модарро дидан замон қадаммонишаро тезонд ва ҳатто назидктар омада давиданашро надониста монд. Фазилат-апа писарашро оғўш кард, бўсид, гаштаву баргашта бўсид, ашк резонд. Назирҷон дар ҳамин ҷо гунаҳкориашро ҳис кард:
— Мебахшед модарҷон, мебахшед. Ҳамин тавр шуда монд. Хостам ҳафтаи гузашта равам, ба пахта об гирифта будем.
— Майлаш, писарам, майлаш. Ман ҳамту.... хавотир шудам, касалу бемор нашуда бошӣ гуфта омадам.
— Э, мебахшед, Солеҳҷон-ако, модар қати шуда, бо шумо вохўрдиро ҳам фаромўш кардам.
— Раҳмат ба раис, ба Солеҳҷон-акот. Пагоҳӣ назди он кас баромада як даҳон «Назирҷонро хоб дидам» гўям, «Марҳамат мошин, дида биёед» гуфтанд. Дар дунё одамони нек бисёр, писарам.
— Ба ягон ҷо рафта нишаста сўҳбат кунем, — таклиф кард Назирҷон.
— Дар куҷо мешинем. Устал-пустал ҳаст охир?
— Ба клуб медароем.
Дар клуб модар, Назирҷон, Солеҳҷон хеле сўҳбат карданд. Гап ғелида-ғелида ба оилаю оиладорӣ, хонадоршавии боз чанд нафар ҷавонҳои деҳа омад. Солеҳҷон дид, ки модару писар гапи махфӣ доштагӣ барин «шумоён шинетон, ман ин тараф, он тарафи мошинро бинам» гўён хеста рафт.
— Писарам, Назирҷон, ман чанд ҷо ҷуфтатро ёфтам, ба ту маъқул нашуд. Акнун гаштан мегирӣ-мӣ? Ягон мақсадат бошад, рўирост гўй, аз ман руст накун. Ман модар. — Раҳмат модарҷон, беҳуда «то ҷуфти гови падарба мондана ба нўги дуки модар мон» нагуфта будаанд. Ҳама ин азобҳоятон баъди сари падар ба ман маълум.
— Ин тавр нагўй, писарам. Ман қарзи худамро адо кардам. Вазифаи модарон танҳо аз шир додан иборат нест.
— Модарҷон, шумо ба пои худ омада мондед. Намедонам гўям ё не?
— Гуфтам-ку, ягон мақсадат бошад гў. Ба ман нагўӣ, ба кӣ мегўӣ? Акои калонат набошад, тағои маслиҳатгарат набошад.
— Гап ҳамин шумо: як ба хонаи ҳамкорам мерафтед, модарҷон, мо ҳамроҳ кор карда, унс пайдо намудем. Модараш ҳам маро нағз мебинанд. Он кас ҳам танҳо.
Модари ҳаётдида мақсади писарашро фаҳмид.
— Ман рафта ҳам чӣ мегўям? Маъқул бошад, шуддия. Модараш маро нашиносад.
— Ғоибона мешиносанд. Агар «ҳа» гўед Солеҳҷонакоро ҷавоб диҳем. Пагоҳ ман худам шуморо бурда мемонам.
Модар каме хаёл кард: Чӣ гўяд ба ин писари якраҳааш. «Ҳа» гўяд, номуси мардуми деҳа. «Ҳеҷ кас, ки духтар надод рафта-рафта аз дашт писараш арўс ёфт» мегўянд. «Не» гўяд, писараш хафа мешавад».Ў якбора ба қарори қатъӣ омад. «Гўянд, гуфтан гиранд. Ба писарам маъқул бошад, фарзанди мўмину мусулмон бошад, шуд-дия. Ба ман ҳурматаш даркор. Фазилатапа чанд нафар духтарҳои деҳаро пеши назар овард. Онҳо баъди арўс шуда, як барфи зимистонро зер кардан, забон бароварда, шавҳарашонро «ё маро мегўӣ, ё падару модаратро» гуфта, аз наздиктарин шахсонашон ҷудо мекунанд. Духтаракони аз дигар ҷо арўс шуда омада бошанд, баракс падару модар, шавҳарашонро рўи даст мебардоранд. Ҷои шинондан намеёбанд. Аз забонашон қанду асал мерезад.
— Худаш нағзакак, ахлоқу одобаш, муомилааш дуруст бошад, шуд-дия, писарам.
— Ман таъриф намекунам, модарҷон. Беҳтараш худатон бинед, сўҳбат кунед. — Аз ман намегурезад чӣ?
Назирҷон коҳ-коҳ зада хандид.
Чӣ хел мегурезад, модарҷон. Замони геруз-гурез гузашта рафтагӣ. Ман аз модари ў намегурезам-ку?!
— Замона расму русуми бобоиямонро таги по кард. Набошад, ба Солеҳҷон-акоят ҷавоб деҳ, -ҷилави гапро ба дигар тараф гардонд модар.
— Майлаш. Он кас моро то таги дари ҳамкорам
бурда монанд, ҷавоб медиҳем. Чӣ гуфтед?
— Ихтиёрат, лекин писарам, боз ба Солеҳҷон нагўй. Ҳамту «шумо одами кордор, рафта истед, ман модарамро пагоҳ бурда мемонам» гўю мон.
— Хуб.
— Пагоҳ соати чанд биёям, -пурсид Солеҳҷон вақти хайру хуш.
— Не, овора нашавед, ако, ман худам.
— Сабоҳат-апа, о, Собаҳат –апа!
— Лаббай! Бин, духтарам, вай кӣ ҷеғ зада истодааст?
— Ман, ман.
— Ту ки бошӣ, ҷеғ назада омадан гир-дия. Медонӣ, ки одами мегурехтагӣ нест.
Сабоҳат-апа аз паси духтараш берун баромада, ҳамроҳи Назирҷон кампиреро дид.
— Биёетон, омадан гиретон. — Сабоҳат-апа ба пешвози Фазилат-апа рафт, салому алейк кард, канор гирифта пурсупос намуд. Ситора ба Фазилат-апа танҳо «ассалом» гуфту халос. «Ба хонаи норўфта меҳмон меомадааст» мегўянд рост будааст.
Аз хона марҳамат, аз хона-таклиф кард Сабоҳатапа.
— Рўи ҳавлиатон нағз будааст, аз берун шинем, офтобака бинед.
— Ситора, аз рўи суфа ҷой парто. Аввал камакак об чарахса кун, чанг нашавад.
Чанд сония нагузашта ҷой густурда шуд. Меҳмону мизбон нишаста, даст бардошта, омин карданд: «Илоҳо дунё тинҷ шавад, тўю тамошо шавад, ҳар кас ба муроду мақсадаш расад, шохи ҷавониашон нашиканад». — Хуш омадед, хуш омадед, — аз ҷой хеста Сабоҳат-апа қоидаи одобро ба ҷо овард. Ситора чоймонӣ рафт.
— Шумо баҳузур сўҳбат карда шинетон, -гуфт Назирҷон баъди тамом шудани чойники чой, -ба ман ҷавоб. Пагоҳӣ боз сари пахта нарафтам. Бегоҳ омада, шуморо гирифта мебарам.
— Киро мебарӣ? — худро ҷиддӣ гирифт Сабоҳатапа. — Ин чӣ хел омадан будааст? Аловгирӣ ҳам ин хел не-ку. Як шаб меҳмон шаванд, чорта чақ-чақ кунем, осмон омада, ба замин намечаспад.
Назирҷон ба модар нигарист.
— Аз ман хавотир нашав, писарам. Ҷои хобат бошад, пагоҳ биёӣ ҳам мешавад. Мон, мо имшаб холаат қати чорта дарду ҳасратгўӣ кунем. Ҳамин қадар танҳо хоб кардам, ягон ҷоям зиёд нашуд.
— Хайр, ихтиёратон. Нағз монетон.
— Ин нонро гир, -Сабоҳат-апа ду дона нони супсурхи танўринро ба Назирҷон дароз намуд. — Ба об тар карда хурӣ ҳам, бомазза.
— Раҳмат. — Назирҷон наздикии дари кўча рафта номаълумакак сўи айвонча, ки Ситора менишаст, нигоҳ кард. Ситора бо табассум ба ў хайрухуш намуд.
Сўҳбати ду модар чунон қўр гирифт, ки надонистанд чӣ тавр рўз бегоҳу шаб рўз шуд. Ҳар кадоме саргузашти хешро ба ҳам нақл мекарданд. Аҷоибаш дар он буд, ки тарҷимаи ҳоли онҳо ба ҳамдигар хеле монандӣ дошт. Танҳо фарқ ҳамин, ки яке дунё ба умед гуфта духтарчаеро ба воя расонд, дигаре писарчаеро. Ҳар ду модар ба шавҳари худ содиқ монданд. Умрашонро бо як нафарӣ фарзанд гузаронданд.
— Як соат ҳам ғанаб накардем, — гуфт Сабоҳатапа. Э, дугонаҷоне, ин шабҳо чуту шуда мешавад. Нағзина Ситораю Назирҷон будаанд, ки бо баҳонаашон якдигарро дида, шинохта, ин қадар дарду ҳасрат кардем. Зоғеву бе доғе гуфтанҳо дуруст будааст. Гумон мекардам тамоми азобу кулфат, танҳоӣ ба сари ман бошад. — Шукр кунед, дугона, шукр. Фарзанд ҳасту азоб мешавад. Ҳаминҳо намебуданд, кӣ медонад ҳозир ману шумо дар дасти кадом гарданғафс будем.
Ситора, ки то бевақтии шаб ба сўҳбати ду зани ҳаётдида гўш андохта, ҳар замон-ҳар замон чои гарм дам карда меомад, сарашро ба болин монду мисли баррача хобаш бурд. Бо ҳамин пагоҳӣ чашм кушод. Чашм кушода, якбора давида нахест. Чанд дақиқа нимхобу нимбедор боз гапи занҳоро гўш кард.
— Нону насиб будааст, дугона, набошад кӣ медонист шумо кию ман кӣ. Аҳл шавем, сари ҳар ҳардуяшонро ду-то кунем, дўстон шод мешаванд.
— Гуфтам-ку ман писари шумоя нағз санҷидам. Ба ман маъқул, ба Ситора ҳам. Хондагии идорашин набошад ҳам, ҷавони баодоб. Зану шўи аҳл шаванд, бачаю качадор шуда раванд, боигарии мо ҳамон.
— Худо гўед, дугонаҷон, ситораи гарм диҳад. Як хондагиҳоя дидам, ки имрўз тўи замонавӣ мекунанду фардо тараддуди ҷудошавӣ.
— Худоба шукр, Ситора гавҳар. Таъриф не-ку, дугонаҷон, ягон бор аз даҳонаш гапи ганда нашунидам. Ягона айбаш ҳамин, ки ду-се сол вақташ гузашт. Сад кас омад, фарзанди одамони дуруст буд, худаш нахост.
Ситора оҳиста-оҳиста тамоман ҳушёр шуд. Ҳатто аз сўҳбату таърифи занҳо завқ бурд. Барои он ки риштаи хаёли онҳоро набурад, ҷунбид, ҳамёза кашид ва дастони нозукашро ба чашмонаш бурда молида-молида нимхез шуд.
— Хе, духтарам. Рўз пешин шудаасту...
Ситора гунҷишквор ҷаҳида, бо дастонаш торҳои мўи парешонгаштаашро паси сар намуда дастрўйшўӣ рафт.
— Ситора наояд: набошад гап ҳамин. Писари ман фарзанди шумо, духтари шумо духтари ман. Мо аз ҳамин рўз як нафарӣ нею ду нафарӣ фарзанд дорем.
— Илоҳим ҳамин тавр шавад, дугонаҷон. Ҳа, истед, ки тўйро чӣ кор мекунем?
— Худатон медонед, дугона. Ман ягон бор тўй накарда бошам, қоидаи шумоя надонам. — Гўр ин расму русум шавад. Ба вай нигоҳ кунед, пиргадо мешавед. Як умр қарз дода, соф намешавед. Сафедгирон, чокбуррон, фатирчаю самбўса, зиёфати мўйсафедон, бо навбаромадаш шабнишинӣ дар тарабхона...
— Дар ҷойҳои мо ин хел ташвишҳои зиёдатӣ нест. Ҳар кас бозёфти бечорагиашро пухта медиҳад. Одамҳо хўрда «раҳмат» гуфта баромада мераванд.
— Нағз будааст. Ман ҳам бевазанак, шумо ҳам. Беҳтараш ду-се рўз гузарад, худам як ба назди раис меравам. Вай падари халқ. Ягон маслиҳат медодагист, чӣ гуфтед?
— Ман чӣ мегуфтам, дугона. Ситора духтари шумо. Коре кардан даркор, ки бепадариаш маълум нашавад...
Ситора дасту рўй шуст, чой монд ва ба назди модарон омада «ассалом, нағз хоб рафтетон-мӣ?» гуфта пурсид.
— Нағз духтарам, нағз, -ҷавоб дод Сабоҳат-апа.
Ситора кўрпаҳоро ғундошт, ҷои нав партофт, дастурхон густурд. Ба лаганди мисини зард чор-панҷ нон ва каме мева гирифта оварда ба назди модарон монд.
«Худи кордории худам барин. Озода, вазнин, ҳушёру чаққон. Худо аз ҳама тараф пазонда сохтагӣ. Илоҳим ба пешониам ғунҷад, умрашро дароз кунад, роҳаташа бинам» аз дил гузаронд Фазилат-апа.
Чоштгоҳӣ Назирҷон даромада омад. Ў баъди салому алейк ба модараш «зиқ нашуда хоб рафтед» гуфт.
— Баракс писарам, диққатиҳоям баромад. Сабоҳат-апаат намонданд, ки зиқ шавам.
— Модарҷон, ман каме шитоб дорам. Соати чор маҷлис будааст. То ҳамон вақт шуморо бурдам монам.
— Маҷлисат бошад, писарам, овора нашав. Ба ягон мошин савор кунӣ, худам меравам.
Назирҷон модарашро ба мошини хизматии совхоз савор карда, хост ҳамроҳаш равад, розӣ нашуд: — Гуфтам-ку, маҷлисат бошад, овора нашав. Ман гўсфанд не, ки гург хурад. Рав писарам, рав. Дилатро кашол накун.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё