Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ФАСЛИ IV. НИКОҲ ВА ОИЛА

9. НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Дар моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ), байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ўгай ( ки аз як падар ё модаранд), байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон манъ карда шудааст.

Никоҳи хешу табори наздик сабаби дар насл пайдо шудани касалиҳои гуногун мегардад. Ҳоло зиёда аз 2 ҳазор намуд касалиҳои гуногуни вазнини ирсӣ вуҷуд дошта, аз чунин издивоҷҳо кўдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ ва кўдакони аз ҷиҳати равонӣ ва ақлӣ сустинкишофёфта ба дунё меоянд, ки он барои ҷомеа хатари калонеро ба бор меорад.

Аз нигоҳи илми равоншиносӣ никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои манфӣ дорад. Агар одамони генҳои гуногундошта оила барпо намоянд, он гоҳ имконият пайдо мешавад, ки тифл беҳтарин генҳои падар ва модарашро бигирад. Тадқиқоти равоншиносон ошкор намудааст, ки тифле, ки аз намояндагони ду маҳал ё ду миллат ба дунё меояд, беҳтарин хислатҳои падар ва модари худро дорад. Масалан, маълум аст, ки аҳолии шаҳри Истамбул омехтаи миллатҳои Аврупо ва Осиё мебошад. Бинобар ин агар мо дар кўчаҳои Истамбул сайру гашт карда ба шаҳрвандони ин шаҳр диққат диҳем, онҳо қомати баланд, ранги сафед, чашмони кабуд, мўй ва абрўи сиёҳ дошта, аз нигоҳи рушди психологӣ низ имкониятҳои хуб доранд. Умуман, гуфтан лозим аст, ки дар натиҷаи омехташавии миллату маҳалҳо насли зеботару лаёқатманд ба дунё меояд. На ҳамаи кўдакони аз никоҳи хешутаборӣ бадунёомада ин гуна имкониятро доранд. Таърих гувоҳ аст, ки барои насли зебо ва лаёқатманд гирифтан шоҳзодаҳои Русия ҳамсари худро аз насли шоҳзодаҳои олмонӣ интихоб мекарданд.

Никоҳи хешутаборӣ ё авлодиро, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани бойигарии оила, қавм ва анъанаҳои авлодӣ мекунанд. Лекин бояд қайд кунем, ки аз ҷиҳати генетикӣ ва тиббӣ никоҳи хешони наздик оқибатҳои хеле нохуш ва вазнин дорад. Аҷдоди оилаҳои ба ҳам наздики никоҳшуда маводди гении умумӣ ва ба ҳам наздик доранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки никоҳи авлодӣ дар якчанд насл тўлонӣ давом мекунад ва дар натиҷа дастаи генотипи ин оилаҳо барқарор ва дигаргун намешавад. Яъне онҳо торафт куҳнаву заиф мешаванд ва қобилияти генетикии худро гум мекунанд. Дар натиҷа барои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногуни генетикӣ замина ба вуҷуд меояд ва муқобилияти организмро ба бемориҳо заиф мекунад.

Таҷрибаи зиндагӣ борҳо собит намудааст, ки никоҳи хешутаборӣ на ҳама вақт бомуваффақият анҷом меёбад. Агар ҷавонон бо ҳам мувофиқ наоянд, боиси сард гаштани муносибатҳои хешутабории авлод (байни бародару хоҳар, тағою хола, аммаю амак) ва агар кўдаки носолим ва маъюб таваллуд гардад, боиси мушкилии зиндагӣ ва дилсардии ҳаёти ҷавонон мегардад. Никоҳи хешутаборӣ одатан мустаҳкам набуда, боиси вайроншавии оила, парокандагӣ ва аз ғамхории яке аз тарафҳо маҳрум шудани тифли бадунёомада мегардад. Агарчанде масъалаи никоҳи хешутаборӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, натиҷаи манфию оқибатҳои нохуши он аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб борҳо мавриди омўзишу баҳс қарор гирифта бошад ҳам, бо вуҷуди ин, баъзе волидону ҷавонон боз мехоҳанд дар зиндагӣ пайванди хешутабории худро идома диҳанд.

Илми тиб муқаррар намудааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ кўдакони дорои касалиҳои ирсии табобатнопазир ба дунё меоянд.

Бинобар ин зарур аст, ки аз никоҳи хешутаборӣ ҳамеша даст кашем ва дар зиндагӣ ба хато роҳ надиҳем. Волидон бар он назаранд, ки гўё издивоҷи хешутаборӣ пайвандгари насли онҳост ва онҳо ба хотири хешутаборӣ ба ҳама пастию баландиҳои рўзгор тоб меоранд. Ин фикр, албатта, хатост. Магар зери як бом бо дили шикаста зиндагӣ намуда, хотирбинӣ кардану умри ширинро талх паси сар кардан хушбахтӣ аст? Не, албатта! Бо бегона издивоҷ карда, хешу табор мешавӣ, аз зиндагии солим фарзандони солиму зебо ба дунё меояд, ҳамзамон меҳри байни худиҳо ва хешу табор қавӣ мемонад.

10. МАРОСИМИ НИКОҲ, БАРГУЗОРИИ ТЎЙҲОИ АРЎСӢ ВА ПЕШГИРӢ

АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁД

Мафҳуми никоҳ аз ҷиҳати иҷтимоӣ расман маънои ҳамзистии намояндаи ду ҷинси мухолиф – марду зан аст. Натиҷаи он ба таври расмӣ ва маъмулӣ қонеъ намудани талаботи якдигар, тавлиди фарзанд – давоми насли башар, ташкили хоҷагии якҷоя, таъминоти моддӣ ва маънавӣ мебошад.

Никоҳ (издивоҷ) ибтидо ва шарти зарурии ташкили оила мебошад. Аз даврае, ки оила ба вуҷуд омадааст, ҳамаи системаҳои идеологӣ (динӣ, илмӣ) дар хусуси он ибрози назар кардаанд.

Дар гузашта ҳаққи ширу масрафи зиёд бисёр ҷавононро аз имконияти сари вақт ташкил кардани оила маҳрум намуда, боиси бе шавҳар мондани духтарон ва «пирдухтар» ном гирифтани онҳо мегардид.

Никоҳ, ки маъмулан баъди фотеҳа анҷом меёфт, мувофиқи шариати мусулмонӣ дар ҳаёти оилавии тоинқилобии тоҷикон хусусиятҳои махсусу мароқангез дорад ва он, пеш аз ҳама, ба муомилаи хариду фурўш монанд аст. Онро барои беҳтар кардани аҳволи моддӣ (камбағалон) ё барои боз ҳам бойтар гардидан (дороён) ва ё мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоӣ мебастанд. Масалан, камбағалон маҷбур мешуданд, ки баъзан ҳатто аз гаҳвора духтарашонро ба касоне, ки аз онҳо қарздору вобастаанд, гарав гузоранд, гаҳворабахш кунанд. Бойҳо ҳам бо нияти боз ҳам бойтар шудан ба воситаи никоҳи шаръӣ ба муомила медаромаданд, доду гирифти духтар менамуданд. Баъзан барои дуруст намудани муносибатҳои шахсӣ ва мавқеи иҷтимоӣ волидон бо рақибони худ ба туфайли чунин доду гирифт робитаи хуби хешутаборӣ барқарор мекарданд. Ин амал ҳатто кори хайру савоб, суннати пайғамбар ҳисоб мешуд. Одатан дар ин муомила касе фикру мулоҳиза ва ё розигии духтаронро намепурсид. Раъйи падару модар барои духтар ҳатмӣ ҳисоб мешуд.

Дар замони муосир писару духтари ба балоғатрасида дар ҷойи кор, таҳсил ва ғайра бо якдигар шинос шуда, якдигарро меомўзанд, сипас бо падару модар ё наздикони дигар дар хусуси никоҳ арзи ҳол менамоянд.

Бояд гуфт, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фотеҳатўй бо иштироки меҳмонони зиёд ва хароҷоти калони моддӣ гузаронида мешуд. Дар он гову гўсфанд, либосу матоъ, орду биринҷ, қанду қандалоти бисёр сарф мешуд, ки чунин худнамоию худситоӣ ҳам ба хонаводаи арўс ва ҳам ба хонаводаи домод зарари зиёди иқтисодӣ расонида, гоҳо хеле миёншикану гарон мегардид ва ба зиндагии навхонадорон солҳои дароз мушкилиҳо меовард.

Дар мавриди никоҳи шаҳрвандӣ (расмӣ) ва никоҳи шаръӣ бояд гуфт, ки никоҳи шаҳрвандӣ хусусияти хосси худро дошта, аз никоҳи шаръӣ хеле фарқ мекунад. Агарчи мақсади ниҳоии ҳар ду шакли никоҳ як аст, вале никоҳи динӣ, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки шариат диндор (мусалмон) будани никоҳшавандагонро ба миён мегузорад. Никоҳи шаҳрвандӣ ё қонунӣ ба дину маслак (масалан, диндор, атеист будану набудан)-и тарафҳо кор надорад. Онҳо бояд қонуну қоидаҳои шаҳрвандиро риоя кунанд.

Барои аз ақди никоҳи шаҳрвандӣ гузаштан никоҳшавандагон камаш як моҳ пеш ба муассисаҳои ақди никоҳ ва ташкилотҳои онро ивазкунанда бо хоҳиши худ ариза медиҳанд. Aгap ақидаи онҳо тағйир наёбад, дар рўзи муқарраршуда ҳамроҳи шоҳидҳо ва ёру дўстон ба муассисаҳои дахлдор ҳозир мешаванд. Ҳуҷҷатҳои расмиро имзо мекунанд, шоҳидҳо тасдиқ менамоянд, ҳозирон маъқул мешуморанд ва расмияти никоҳ ба анҷом мерасад. Никоҳро дар муассисаҳои дахлдор гузаронидан шарт нест. Шахсони масъул аз ин муассисаҳо метавонанд, ки расми никоҳро дар клубҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар тўйхона гузаронанд. Солҳои охир ҳамин шаклро бештар ба кор мебаранд, ки бисёр хуб аст. Вақти одамони тўйдор сарфа ва қатори мошинҳои тўйгард кам мегардад.

Табиист, ки ташкили оилаи навро бе тўю хурсандӣ, бе суруду рақс, бе меҳмонону ёру дўстон тасаввур кардан душвор аст. Аммо то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзан тўй на фақат ба маъракаи хурсандӣ, балки ба маъракаи пурташвише табдил ёфта буд, ки барои гузаронидани он солҳои зиёд ҷамъ кардани анҷому маблағ лозим мешуд. Чунин амали нописанд тўйдоронро гирифтори қарзи аз ҳад зиёд мекард. Онҳо баҳри аз қарз халос шудан солҳои тўлонӣ заҳмат мекашиданд.

Барои баъзе оилаҳое, ки даромади муфт доштанд, тўй ба як навъ воситаи намоиши бойигарӣ, обрў, худситоӣ ва ном баровардан табдил ёфта буд.

Чизи дигаре, ки писардорро ба ташвиш меовард, ин фармоиши (бори) тўёна буд. Ин фармоиш гову гўсфанд, орду биринҷ, равғану қандалот, меваю нўшокиҳо ва «сарупои» арўсро дар бар мегирифт. Барои арўс миқдори хеле зиёди либос фармуда мешуд, ки гўё то охири умр ҳамин либосҳои фармудашударо мепўшида бошад. Дар фармудани либос худи арўс ҳам иштирок мекард.

Одати зараровари дигаре, ки дар тўйҳои миллӣ ҷой доштанд, ин либоспўшонӣ буд. Ҳам тарафи домод ва ҳам тарафи арўс аз рўйи расму одатҳои мавҷуда вазифадор буданд, ки ба хешу табори наздики онҳо либос пўшонанд. Faйp аз ин ба меҳмонҳое, ки бо туҳфа ба тўй меомаданд, либос мепўшониданд.

Хулоса, чанд сол қабл мардуми тоҷик дар тўю маъракаҳои худ аз қабили «Оши наҳор», «Тўйи арўсӣ», «Ноншиканон», «Домодталбон», «Қудоталбон», «Салом» ва дигар анъанаҳо ба тўйҳои серхарҷу дабдабанок, исрофкорӣ ва таассубкориҳои беасос роҳ медоданд. Ҳатто падару модар барои оиладор кардани фарзандон солҳои сол дар ғарибию мусофират меҳнат мекарданд. Дар бештар маврид пинҳонӣ боз қарз мегирифтанд, ки дар натиҷа аксарияти оилаҳои ҷавонро қарздорӣ азият дода, баъзан боиси вайрон гаштани онҳо мешуд.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаи тўю маъракаҳо ва расму оинҳои миллӣ ба танзим дароварда шуда, меъёри муайяни гузаронидани тўю маъракаҳои миллӣ муайян карда шуд. Тибқи қонуни мазкур тўйи домодию арўсӣ ба таври ихтиёрӣ дар давоми на бештар аз ду рўз бо оростани зиёфат барои на бештар аз 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз ҳар ду ҷониб муқаррар карда шуда, маросими «Домодталбон» ва «Арўсталбон» дар доираи хонавода бо иштироки на бештар аз 15 нафар муайян карда шудааст.

Ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо истифодаи на бештар аз чор автомашинаи сабукрав гузаронида шавад. Барои назорат ва иҷрои он Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, сохторҳои он дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то сатҳи ҷамоатҳо ташкил карда шуд, ки онҳо риояи талаботи қонунро назорат мебаранд. Дар ҳолати вайрон кардани қонун соҳибони тўю маърака ва тарабхонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.

Хушбахтона, имрўзҳо ба масъалаи гузаронидани тўю маъракаҳо ва ба танзим даромадани он аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ҷиддан диққат дода мешавад. Барои камхарҷ гузаронидани маъракаю маросимҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳо комиссияҳо аз ҷумлаи одамони кордида интихоб карда мешаванд. Онҳо камхарҷ гузаронидани маросимҳоро танзим ва роҳбарӣ менамоянд. Ин иқдом аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст. Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш, Хирадро нигаҳ дор дар ҷойи хеш!

Mapo панд додаст марди ҳаким,

Ки: «Поят фузунтар макаш аз гилем!».

Ope, ҳар кор ҳадду андозае дорад. Масрафи беҳударо дар ягон замон тавсиф накардаанд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» оид ба ин масъала чунин овардааст: «Чун чунин аст, андаке гуфтам, аз вай бештар чизе талаб макун, духтарфурўш мабош, ки домод худ муруввати хеш бинагзорад ва мардумӣ ба ҷое наравад. Ty он чи дорӣ, бадал кун ва духтар дар гардани вай банд ва бираҳон худро аз ин меҳнати азим. Ba дўстро ҳамин панд деҳ, то бар ин ҷумла ў низ биравад». Ба амалӣ шудани ин иқдом бояд пеш аз ҳама худи арўсу домод саҳм гузоранд. Худи онҳо аз чунин маросиме, ки масрафи беҳудаю маблағҳои зиёдро талаб карда, волидонро гирифтори қарз мекунад, даст кашанд ва ба касе пайравию тақлид накунанд.

Мутаассифона, солҳои охир пўшидани либосҳои анъанавии миллии домоду арўс қариб ки аз байн рафтааст. Либосҳои арўсу домод тақлиди кўр-кўрона ба либоспўшии тўёнаи аврупоӣ мебошад. Ин тақлидкорӣ ҳатто то ба деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ расидааст ва арўсон пироҳани сафеди арўсии аврупоӣ мепўшанд, ки домони он хоку лойи кўчаро мерўбад. Ба сар кулоҳу сарандоз (фата) мепўшанд, ки ҳеҷ ҳусни онҳоро намеафзояд ва аз рафтори арўс маълум мегардад, ки дар ин либос худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Maгap беҳтар нест, ки онҳо либосҳои миллии арўсиро ба бар кунанд ва анъанаҳои миллии худро эҳё намоянд?!

Охир, либосҳои арўсии тоҷикони Зарафшон, Ҳисору Хуҷанд, Раштону Бадахшону Хатлон, сарандозҳои миллӣ, ки худи духтарон ба тўйи арўсиашон бо як ҷаҳон орзу гулдўзӣ мекунанд, аз фатаи аврупоӣ ҳеҷ камӣ надоранд. Чунин рафтори мо боиси он мегардад, ки тадриҷан анъанаҳои неки миллӣ ва аждодиамонро фаромўш намоем.

Умед аст, ки ҷавонон ба қадри маданияти бою қадими худ расида, дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ҳам дар либоспўшӣ ва ҳам дар риояи маросимҳои миллӣ эҳтироми онро ба ҷо меоваранд.

пешина
аз 24
навбатӣ