Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа
25. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Фарзанд неъмати бебаҳо, нишоне аз падару модар, давомдиҳандаи насл ва ояндаи чамъият мебошад. Аз ин рў тарбияи фарзанд муқаддастарин вазифаи падару модар аст. Волидон дар назди ҷомеа барои тарбияи фарзандони бомаърифат, ватандўст ва дорои ифтихори баланди миллӣ масъуланд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулият ва вазифаҳои асосии волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври мушаххас муайян намуда, барои мустаҳкам гардидани робитаи оила, муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа заминаҳои хуби ҳуқуқиро фароҳам овард.
Дар мавзўи тарбияи фарзанд адибону мутафаккирони форсу тоҷик асарҳои зиёде эҷод кардаанд. Ҳанўз пеш аз ислом ақидаҳои ахлоқӣ дар китобҳои «Авесто», «Пирўзнома»-и Бузургмеҳр, «Панднома»-и Анўшервон дар шакли панду насиҳат баён шудаанд. Ақидаҳои пандуахлоқӣ баъд аз истилои арабҳо ва ҷорӣ гардидани дини ислом дар асарҳои «Адаб-ал-кабир ва адаб-ас-сағир»-и Ибни Муқаффаъ, «Таҳзиб-ул-ахлоқ»-и Ибни Мискавейҳ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Китоб-улахлоқ»-и Абўалӣ ибни Сино, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тўсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғазолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ хеле хуб баён гардидаанд. Донишмандону адибон Закариёи Розӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва бисёр дигарон дар мавзўи одобу ахлоқ ва тарбияи фарзанд асарҳои пурарзише эҷод кардаанд.
Ба мавзўи одобу ахлоқ ва тарбияи фарзанд гузаштагони мо дар ҳама давру замон диққату таваҷҷуҳи зиёд додаанд. Мо аз асарҳои эҷодкардаи ниёгон то ҳоло истифода мекунем ва баҳраманд мегардем.
Яке аз нахустин вазифаҳои падару модар дар назди фарзанд гузоштани номи нек ба ўст. Ба фарзанд номи нек гузоштан масъулияти бузург аст. Бояд хуб дарк кард, ки ном дар ҳаёти инсон ва аъмолу рафтори ў нақши бузурге дорад. Ба фарзанд бояд чунин ном гузошт, ки ў дар оянда аз ин ном ифтихор кунад. Бинобар ин волидон бояд дар бораи номи гузоштаашон ба фарзандашон маълумоти заруриро расонанд ва талқин кунанд, ки онҳо сазовори номи худ бошанд. Агар ба фарзанд номи шахсони бузург ва таърихиро ба мисли Исмоил, Сомон, Сино, Мўсо, Муҳаммад, Иброҳим гузорему фарзанд бузург гашта, сазовори он ном нашавад, он гоҳ шаъни ин номҳоро паст мегардонад. Аз ин рў волидон ҳар замон бояд ба фарзандашон ин андешаро такрор ба такрор таъкид намоянд.
Бо гузоштани номи нек тарбияи фарзанд анҷом намеёбад, балки ҷараёни таълим ва тарбияи фарзанд оғоз меёбад. Волидон бояд номи гузоштаи фарзандонро асоси тарбия қабул карда, онҳоро чунон ба воя расонанд, ки сазовори он ном гарданд, шаъну шарафи ном ва обрўи волидонро паст накунанд.
Дар ин бора Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» чунин овардааст: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай деҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст...».
Падару модар бояд дар интихоби ном хеле бомулоҳиза бошанд, номи зебову шинам ва бомаъниро интихоб намоянд, чунки замоне фарзанд барои номи номақбули худ танҳо аз падару модари худ домангир мешавад. Ҳоло ҳам дар ҷамъияти мо падару модароне ҳастанд, ки ба фарзандон номҳои назарногир, бемаъниву таҳқиромез мегузоранд. Ба ақидаи онҳо агар номи фарзанд назарногир бошад, ба онҳо «чашми бад» ва офате намерасаду умрашон дароз мешавад. Натиҷаи ҳамин хурофотпарастӣ аст, ки то ҳол бо номҳои Сангин, Достак, Теша, Табар, Хаскаш, Ҷорўб, Гундӣ, Сангинҷон, Сангинмоҳ, Гадо ва монанди инҳо дучор мешавем. Хуб мешуд дар интихоби ном ҳам падару модар ва ҳам падаркалону модаркалонҳо хуб андеша кунанд.
Одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдўстӣ, хоксорӣ, ватандўстӣ, хислатҳои беҳтарини инсонианд. Барои бо чунин хислатҳо ба воя расонидани фарзанд ба волидон лозим меояд, ки меҳнату кўшиши зиёде сарф кунанд. Оила мактаби аввалин ва асоситарини тарбияи фарзанд мебошад ва агар дар ин зина ягон каҷравие ба амал ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои омўзгорони мактаб ҳам кори басо душвор мегардад. Дар ин маврид шоир чӣ хуб фармудааст:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, To ба охир меравад девор каҷ.
Бинобар ин падару модар дар тарбияи фарзанд бояд баробар саҳм гузошта, аз рўзҳои аввал барои ба воя расонидани инсони сазовори ҷомеа кўшиш кунанд. Дуруст аст, ки 1-2 соли аввал нигоҳубин ва тарбияи фарзанд бештар ба зиммаи модар гузошта мешавад, аммо дар ин давра падар ҳам бояд саҳми худро гузорад. Интизор нашавад, ки кай фарзанд калон шаваду ба тарбияи ў шурўъ кунад.
Ҳикоят мекунанд, ки зане ба назди Луқмони Ҳаким омада мепурсад:
– Ба тарбияи фарзанд аз чандсолагӣ сар кунам? Луқмони Ҳаким мепурсад:
– Фарзандатон чандвақта шуд?
Модар ҷавоб медиҳад:
– Шашмоҳа.
– Пас шумо шаш моҳ дер кардед, – мегўяд донишманд.
Ин ҳикояро падару модарон бояд хуб дар ёд бигиранд.
Волидонро лозим аст, ки ҳар як амали фарзандашонро зери назорат бигиранд. Ба амалу гуфтори фарзандашон баҳо дода, муносибати худро нисбати ҳар рафтори ношоистаи онҳо зоҳир кунанд. Пас аз ин кўдак пеш аз иҷрои амал дар назди худ савол мегузорад, ки «Оё ин кори ман ба волидонам писанд меояд ё не?». Ҳамин тавр, баъди иҷрои амал кўдак мехоҳад, ки волидонаш ба амали иҷрокардаи ў баҳо диҳанд. Дар сурати додани баҳои мусбат кўдак чунин меандешад, ки кори хуберо анҷом додааст ва онро минбаъд ҳам такрор хоҳад кард.
Агар амали кўдак ба волидон писанд наояду сарзаниш кунанд, кўдак ба хулосае меояд, ки рафтори ў кори хуб набудааст ва набояд онро минбаъд такрор кунад. Ҳамин тавр, кўдакон минбаъд ҳар амали содиркардаи худро месанҷанд ва шавқманди онанд, ки волидонашон ин рафтори онҳоро чӣ гуна қабул мекунанд.
Умуман, волидонро мебояд ҳар як амалу гуфтори фарзанди худро зери назорат қарор диҳанд. Дар баробари иҷрои амали хуб мебояд кўдакро навозишу ситоиш карда, суханони рўҳбаландкунанда ба мисли «Офарин, азизакам, маро хурсанд кардӣ» гуфтан зарур аст. Дар ин маврид набояд хомўш буд.
Дастгирии волидон дар ин ҳолат ўро вайрон намекунад, балки кўдак рўҳбаланд мешавад. Дастгирии кирдору рафтори хуби кўдак аз тарафи калонсолон монанди об додани навниҳол аст. Кўдак дар ҳақиқат ситоишро хеле дўст медорад ва мекўшад ҳамеша рафтори хуб карда ситоиш ёбад.
Дар ҳолати зуҳуроти рафтор ё амали ноҷои кўдак волидон бояд ўро сарзаниш карда, пеши роҳи иҷрои дубораи чунин амалро бигиранд. Ҳангоме ки кўдак рафтори нохуб мекунад, нахуст далел биоваред, ўро бовар кунонед, ки амали нохуб кардааст.
Ҳамин тавр, кўдак вобаста ба баҳои додаи волидон ба амали худ рафтору гуфтори хубро аз бад фарқ мекунад, дар вуҷудаш маҳорати дарки амали хубу бад пайдо шуда, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Масалан, амали дуздӣ барои кўдакон мазмунан нофаҳмост. Онҳо намедонанд, ки дуздӣ амали хуб аст ё бад? Зеро дар натиҷаи дуздӣ ў соҳиби чизе мешавад. Дар сурати аз тарафи волидон барои ин амали худ сарзаниш шудан кўдак бад будани амали дуздиро ба хубӣ дарк мекунад. Аз ин хотир мегўянд, ки «Кўдак имрўз сўзани ҳамсояро дуздида аз тарафи волидон сарзаниш нашуда бошад, пагоҳ уштурро медуздад».
Ҳангоми сарзаниш набояд ўро лату кўб кард. Умуман, кўдакро лату кўб кардан нодуруст аст. Аз ин рў барои тарбияи дурусти кўдак аз усулҳои дигари таъсиргузор истифода кардан қобили қабул аст. Масалан, ҳангоми дидани амали нодурусти кўдак бо сурати (қиёфаи) ҷиддӣ бо ў суҳбат карда, гуноҳашро фаҳмонидан ё ба ҷойи лату кўб карда осеби ҷисмонӣ расонидан аз усули дигари ҷазо – чанд дақиқа дар кунҷи хона рост мондан метавон истифода кард. Ин корро тавре бояд иҷро кард, ки кўдак ба гуноҳаш иқрор шавад ва нодурустии амали худро дарк кунад. Агар кўдак чор-панҷ маротиба амали бад бикунаду баъд як маротиба ўро сарзаниш кунем, он гоҳ ин сарзанишҳои мо таъсири худро гум мекунанд. Баробари ҳар як амал ва гуфтори бади кўдак бояд волидон ўро сарзаниш кунанд ва дар сурати амали хуберо иҷро карданаш ситоиш намоянд.
Дар тарбияи фарзандон ибрати падару модар, муносибати онҳо ба ҳамдигар, рафтори самимию ғамхоронаи онҳо нисбат ба ҳамдигар таъсири хуб мерасонад.
Фарзанд сол ба сол калон мешавад, мактаб меравад, ба синни наврасӣ қадам мегузорад. Вобаста ба синну соли онҳо падару модарон ҳам муносибату рафтори худро нисбат ба онҳо тағйир медиҳанд. Фарзандони наврас ёрдамчии аввалини волидон мегарданд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми дигаре, ки дар назди волидон меистад, ин ҳунарманд тарбия кардани фарзанд аст. Фарзанде, ки соҳиби касбу ҳунар бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Касб хубию бадӣ надорад. Соҳибони касби одӣ ва касбҳои бузург ҳама баробар шарафманданд. Шарафи инсон аз меҳнати ҳалол мебошад. Беҳтарин шодмонӣ ин ҳаловат ёфтан аз дастранҷи меҳнати худ аст.
Аз ҳамин сабаб бояд аз хурдсолӣ дар дили фарзанд ба меҳнату касбу ҳунар шавқу ҳавас бедор намоем. Зеро меҳнат оинаест, ки қобилияти инсон ва сифатҳои ахлоқии ўро ҷилвагар месозад. Ҳунар зебу зинати инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Касе ҳунар дошта бошад, соҳиби иззату эҳтироми ҳамагон қарор мегирад:
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст, Дар дидаи мардумон азиз аст.
Дар соҳибҳунарии инсон падару модар устодони нахустин ба ҳисоб мераванд. Оилаҳое ҳастанд, ки як ҳунарро аз насл ба насл идома медиҳанд ва бо ҳамон байни мардум маъруфу машҳур мегарданд. Аз қабили заргарӣ, дўзандагӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, боғпарварӣ, наққошӣ, ошпазӣ ва ғайра.
Ҳунар хазинаи бебаҳо ва ганҷи бепоён аст, ки баҳову ченак надорад:
Ҳунар аз нуқраю тиллою зар беҳ, Ҳунар аз молу мероси падар беҳ. Баъзан падару модарон фарзандҳояшонро эрка тарбия мекунанд, намегузоранд, ки онҳо ба корҳои рўзгор машғул шаванд. Ҳангоме ки чунин фарзандон оиладор мешаванд, маълум мегардад, ки аз уҳдаи кори рўзгору рўзгордорӣ тамоман намебароянд. Ин ҳол аксар боиси ба амал омадани моҷароҳои оилавӣ мегардад. Аз ин сабаб волидон бояд аз хурдсолӣ ба фарзандон ҳунарҳои гуногунро, ки дар ҳаёти оилавӣ ба кор меояд, омўзонанд.
Дар ин хусус Унсурулмаолии Кайковус навиштааст: «Пас, бояд ки ҳар чӣ омўхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биёмўзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси (ҳодисаҳои) олам эмин натавон буд ва тавонист донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳap ҳунареву фазле рўзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омўхтан тақсир набояд кардан».
Aгap волидон ҳунаре дошта бошанд, бояд онро ба фарзандони худ низ омўзонанд. Бештари занони тоҷик, чун анъана, ҳунари гулдўзӣ, тўппидўзӣ ва дигар навъҳои либосдўзиро медонанд. Пухтупази хўрокҳои лазизи миллӣ, рўбучини хона низ аз ҳунармандии инсон дарак медиҳад. Истифодаи дурусти ашёи рўзгор, деҳқонӣ, нигоҳубини чорвои хонагӣ низ ҳунар аст, ки дар оила меомўзанд. Мардон бошанд баъд аз кори асосӣ ба сохтан ё тармими асбобҳои рўзгор машғуланд. Ба иҷрои ин корҳо бояд фарзандонро низ ҷалб намоянд, чунки ҳар як ҳунару касб дар зиндагӣ ба кор меояд. Шоири ҷаҳонгашта ва рўзгордида Шайх Саъдии Шерозӣ дар бораи фоидаи ҳунар навиштааст:
«Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе волидон ҳангоми дар мактаб таҳсил кардани фарзандон ягон бор ба даргоҳи мактаб намеоянд. Ҳол он ки маҳз дар ҳамин ҷо онҳо аҳамияти касбу ҳунарро аз устодон меомўзанду шавқу завқашон боз ҳам дучанд мегардад. Ба ҳамин хотир падару модар бояд ҳамеша оид ба аҳамияти касбомўзӣ ва гирифтани маълумот ба фарзандон суҳбат намоянд, рафти хондани онҳоро зери назорат бигиранд. Бояд ба мактабу омўзгорон алоқаи доимӣ дошта бошанд, дар бораи рафтору таҳсили фарзанд суҳбат намуда донанд, ки фарзанди онҳо бештар ба омўзиши кадом фан ё касб рағбати зиёд дорад ва барои омўзиши он ёрӣ расонанд. Дар бораи аҳамияти дониш шоири бузург Низомии Ганҷавӣ бисёр хуб гуфтааст:
Дониш талабу бузургӣ омўз,
To беҳ нигарад рўзат аз рўз...
Ҷoe, ки бузург боядат буд, Фарзандии ман надорадат суд... Гар дил диҳӣ, эй писар, бад-ин панд, Аз панди падар шавӣ барўманд.
Аз вазифаҳои муҳимми дигаре, ки дар назди падару модар меистад, омода кардани фарзанд ба оиладорист. Писарро зан, духтарро ба шавҳар додан вазифа ва ҳаваси ҳар як падару модар аст. Аз ин рў бо фарзанд дар хусуси асрори оиладорӣ, меҳру садоқат, тарбияи ҷинсӣ, тартиби рўзгордорӣ, муносибати зану шавҳар суҳбат карда, онҳоро ба хонадоршавӣ омода бояд кард. Унсурулмаолии Кайковус дар ин бора чунин гуфтааст: «Агар писар болиғ гашт, бинигар андар вай, агар сару салоҳ дорад ва ба кадхудоиву зан доштан ва рўзбеҳӣ машғул хоҳад будан, пас тадбири зан хостани вай кун, то он ҳақ низ гузорида бошӣ...
Aгap фарзанд духтар бошад, ўро ба доягони мастураи некупарвар бисупор ва чун бузург шавад, ба муаллима деҳ ва чун бузург шуд, ҳар чи зудтар ҷаҳд кун, ки ба шавҳар диҳӣ...».
Дар чунин ҳолат волидон масъулияти бештарро бар дўш доранд. Интихоби зану шавҳар барои фарзанд кори басо мураккаб аст. Чӣ тавре мардум мегўянд, ин «савдои умр» аст ва дар ин кор саросемагиву беандешагӣ нашояд. Падару модарон, қабл аз ҳама, бояд хоҳиши фарзандони худро ба ҳисоб гиранд. Ба бисёр волидон дучор омадан мумкин аст, ки ҳамаи корро ба анҷом расонида, баъд кӣ будани домод ё арўсро ба фарзандон мегўянд. Духтар ё писар эҳтироми падару модарро аз ҳама боло дониста, сухани онҳоро рад карда наметавонад ва бо шахси дилхоҳи онҳо оиладор мешавад. Як қисми чунин оилаҳо пойдор монанд ҳам, қисми бештари онҳо дар оянда вайрон мешаванд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам онҳо як умр аз падару модарони худ норозӣ ва домангир мемонанд. Сабаби ихтилофҳои оилавӣ ва вайроншавии оиларо ба волидони худ нисбат медиҳанд, чунки зану шавҳарро барои онҳо падару модар интихоб карда буданд.
Аз ин сабаб волидон бояд ҳатман ба фарзандони худ маслиҳат кунанд, шояд худи онҳо шахси дилхоҳ дошта бошанд. Ба фарзанд муҳлати муайяне додан лозим аст, ки онҳо бо одобу ахлоқ, рафтору амали ҳамсари оянда шинос шаванд ва ҳатто донанд, ки аз уҳдаи кадом касбу ҳунар мебароянд, баъд фикри худро ба падару модар бигўянд.
Aгap писару духтар бо майлу хоҳиши худ оиладор шаванд, кўшиш мекунанд, ки тамоми носозию ихтилофҳои оилавиро мустақилона ҳал кунанд ва аз падару модари хеш домангир нашаванд.
Дар ин маврид Унсурулмаолии Кайковус фармудааст: «Пас, агар донӣ, ки сари кадхудоиву рўзбеҳӣ надорад, духтари кадхудоёну мусулмононро дар бало маяфкан, ки ҳар ду аз якдигар дар ранҷ бошанд. Бигузор то чун бузург шавад, чунон ки хоҳад кунад зиндагонӣ, то баъд аз марги ту ба ҳама ҳол чунон тавонад буд, ки фиристода бошад...
Ba аммо домоди некурўй гузин (интихоб кун) ва духтар ба марди зиштрўй мадеҳ, ки дил бар шўйи зиштрўй надиҳад, туро ва шавҳарро бадномӣ ояд. Бояд ки домод хубрўю поктинат ва босалоҳу кадхудой бувад, зеро гуфтаанд:
Ҳоҷати худро маҷўй аз зиштрўй, Он, ки дорад рўйи хуш, аз ў биҷўй».
Ин ҳикмати Кайковус ҳанўз ҳам қимати баланди ахлоқӣ дорад ва пандест барои волидон.
Дар замони мо аксарияти оилаҳо аҳлона зиндагӣ мекунанд. Фарзандро тарбият карда, онро соҳибҳунару соҳибилм ба воя мерасонанд. Падару модар дар тарбияи онҳо баробар саҳм гузошта, қарзу вазифаи худро ҳам дар назди фарзанд ва ҳам дар назди ҷомеа ба ҷо меоранд.
Асоси тарбияи оилавӣ омўзонидани зиндагии мустақилона, одобу рафтори оиладорӣ аз тарафи ҳар як падару модар ба духтару писар пеш аз оиладоршавӣ мебошад. Саволҳо
1.Чаро падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъул аст?
2.Кӣ бояд ба кўдак ном интихоб кунад? 3.Фарзандон бештар аз кӣ ибрат мегиранд? 4.Мавқеи падару модар дар интихоби арўс ва ё домод бояд чӣ гуна бошад?
5.Падару модарон кўшиш менамоянд, ки ҳар чи тезтар духтарро ба шавҳар диҳанд. Оё ин дуруст аст? 6.Ҳамкории волидон ва омўзгорон дар раванди таълиму тарбия чӣ аҳамият дорад?
7.Аҳамияти омўзиши касбу ҳунарро шарҳ диҳед.
8.Чаро «Номи зебо ними давлат аст» мегўянд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё