Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

23. ПСИХОЛОГИЯИ КЎДАК ВА МУШКИЛОТИ ТАРБИЯ

Тарбия замоне муассир ва муваффақ хоҳад буд, ки шахсият ва хусусияти психологии кўдак хуб омўхта шавад. Дарки дурусти хусусиятҳои психологии кўдак имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаю истеъдоди ўро беҳтар шиносем ва мувофиқ ба он усулҳои таълиму тарбияро интихоб ва истифода кунем.

Аммо мушкилоти асосии тарбияи кўдак ин ҳиссиёти табиӣ ё нафсонии вай аст, ки ба тарбияи иҷтимоӣ-ахлоқиаш монеъ мешавад. Ин масъала бисёр мураккаб буда, мутаассифона, он дар илм пурра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор нагирифтааст. Инсон чун қоида, барои расидан ба мақсад ва таъмини талаботи худ, ҳамеша роҳи саҳлу осон ва кўтоҳро меҷўяд. Азбаски меҳнат ҳамеша заҳмат ва машаққатро тақозо дорад, дар сурати муфт қонеъ намудани талабот, ба меҳнат даст намезанад. Ба таъбири дигар, майли ҷисм ва талаби нафс бар он аст, ки ҳарчи зудтар ва беҳтар қонеъ шавад; ба ҳар чизе, ки хилофи ин аст, муқобилият мекунад. Барои қонеъ шудани майлу рағбат, эҳтиёҷу талаботи кўдак садҳо монеа пайдо мешавад. Дер шир додани модар, зуд рўйи даст нагирифтан, умуман, ҳар хел майлу рағбати пайдошудаи кўдакро дарҳол қонеъ накардан боиси хашму ранҷиши ў мегардад. Ин ҳолат чандин сол давом карда, чун одати бад чизи муқаррарӣ мешавад.

Чунин вазъият то фаро расидани давраи тарбияи бихрадона (тақрибан аз 5 солагӣ сурат мегирад), ки «табиати дуюм» низ ҳисоб шуда, қувватдиҳандаи нафси ҷисмонӣ мебошад ва дар муқобили тарбияи маънавӣ қарор мегирад. Ба ибораи дигар, кўдак табиатан дар худ ҳеҷ майлу хоҳиши ба касе чизе додан, бахшиш кардан надорад. Ҳатто бозичаи ночизашро бебозгашт ба кўдаке нахоҳад дод. Ин қонуни нафсонии ўст.

Аммо инсонеро бояд тарбия кард, ки бар хилофи нафси худ бошад. Ба таъбири Рўдакӣ, бояд ўро бар сари нафси худ амир бисозем. Одати танҳо аз пайи нафси худ рафтанро, ки барои ў табиист, ҳеҷ набошад то нисф кам намуда, расми саъй кардани ўро барои шинохти ҳаққи дигарон биомўзем. Ғайр аз осонии кор ва кайфияти худ, барои дигарон, ки дар ҳаққи ў карданду мекунанд, ташвиш ва заҳмате бикашад. Чунин рафтор барои ў бояд одат шавад.

Албатта, меҳнати худро ба кори фоидаовар ва ба нафъи касе равона намудан ҳамон вақт характери устувор ва доимӣ гирифта метавонад, ки раванди он бисёр осон, мисли як бозии «қонунияти зебоӣ» анҷом пазирад ва муҳиммаш ин ки вай ба одат табдил ёбад.

Аслан, одат хусусиятҳои зерини худро дорад;

1. Ба осонӣ, бе заҳмат, муфт таъмин намудани талаботи организм.

2. Кўшиши бо андаке заҳмат қонеъ намудани талаботи бевоситаи худ.

3. Ниҳоят, шакли душвортарини одат ин меҳнат кардан (заҳмат кашидан) ба манфиати қувваҳое, ки бевосита ба шахс фоида намеоваранд. Онҳо одати иҷтимоӣ буда, аз рўи зарурати ахлоқӣ, қарзи инсонӣ ва амри виҷдон ба ҷо оварда мешаванд.

Моҳияти шахсро ҳамчун инсон ҳамин одату хислатҳо муайян мекунанд. Чунки сифатҳои наҷиби одамиро дар кўдак тарбия ва одат кунондан кори басо душвор буда, тоқат, малака ва маҳорати махсус талаб мекунад.

Волидон, тарбиятдиҳандагон ба инкишофи ҳаматарафаи кўдакон бояд диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Дар синни навзодӣ ва кўдакӣ писарбачаҳо ва духтарҳо қобилияти модарзодии худро инкишоф медиҳанд. Ин раванд ниҳоят босуръат буда, онро идора ва роҳбарӣ намудани калонсолҳо зарур аст. Барои он ки ҷараёни мазкур ба самти номатлуб наравад, роҳҳои гуногуни ҳалли онро ҷустуҷў кардан лозим меояд.

Дар ин бора яке аз мутафаккирони бузурги олами илму маърифат Жан Жак Руссо чунин қайд мекунад: «Дар аввалҳои зиндагӣ, ки ҳофиза ва қувваи тахайюл ҳанўз ба кор наяфтодааст, тифл фақат ба чизе диққат мекунад, ки ҳавоси ўро мутаассир мекунад. Ва чун маҳсусот аввалин масолеҳи мадракот ва донистаниҳои ўст, агар аз ибтидо онро ба тартиби саҳеҳ дар дастраси вай бигзорем, ҳофизааш одат хоҳад кард, ки баъдҳо ин маҳсусотро бо ҳамон тартиб дар дастраси ақл қарор бидиҳад. Ҳоло, ки кўдак фақат ба маҳсусот дақиқ мешавад, дар ибтидо кофӣ аст робитаи он маҳсусотро бо ашёе, ки муҷиби эҳсос шудаанд, ба таври равшан ба ў нишон диҳем. Бача мехоҳад ҳама чизро даст занад, ҳаргиз ба кунҷковии ў мухолифат накунед, зеро ин кунҷковӣ бисёр чизҳоро, ки донистани онҳо лозим аст, ба вай меомўзад.

Масалан, ба ў ёд медиҳад, то гармӣ, сардӣ, сахтӣ, нармӣ, вазнинӣ ва сабукии ҷисмҳоро эҳсос кунад; ё бузургӣ, шакл ва дигар мушаххасоти онро, ки махсус аст, бишносад. Барои ин кор тифл нигоҳ мекунад, даст мемолад, гўш медиҳад, ба таври хоссе ҳисси басриро ба ҳисси ламсӣ муқоиса мекунад ва он чиро бо ангуштон ҳис кардааст, ба чашм андоза мегирад».

Дар ин марҳилаи инкишофи кўдак ба вай имконияти бозиҳои мазмундору мақсаднок фароҳам овардан лозим аст. Ў аллакай ба иҷрои бозиҳои одитарини мақсадноку мазмундор қобилият дорад. Ашёи бозӣ (бозичаҳо) бояд сурати ҳайвонот, асбобҳои гуногун, тасвири олоти техникӣ, сохтмон ва ғайра бошанд. Ҳангоми иҷрои онҳо (бозиҳо) қоида, унсурҳои амалиёти мазмундору мақсаднок дар назари кўдак ҷилвагар шаванд. Ў ба чашми худ бинад, бо ақли худ санҷад, ба ҳунари дасти худ баҳо диҳад, тафаккур ва ҷаҳонбиниаш васеъ гардад. Бозичаҳо, ки образҳои аёнии ашёҳои воқеӣ ҳастанд, дар мавриди бозӣ кардан дар шуури кўдак таассуроти воқеӣ пайдо карда, бо одат ва малака табдил меёбад, ки ин барои ташаккули шахсияти кўдак ва қобилияти эҷодии ў мадад мерасонад.

Амалиёти «образнок»-и кўдак, бозиҳои давраи томактабӣ, машқҳои одитарини таълимӣ ва дигар ҳаракатҳои ақлонию ҷисмонӣ барои ў аҳамияти бузурги ҷамъиятӣ ва шахсӣ доранд. Аз тарафи кўдак иҷро шудани он дар саҳнаи ҳаёт ба «бозӣ» даромаданро ба хотир меорад. Кўдак бояд бармаҳал малакаи дарк намудани шаклҳо, воситаҳои фаъолияти иҷтимоиро аз худ кунад. Ин ба шахс дар ҷараёни ҳаёту кори минбаъдааш барои ба саҳву хато роҳ надодан мусоидат мекунад. Ин ҳолат барои аз худ намудани таҷрибаи таърихии инсоният моҳияти тарбиявӣ-иҷтимоӣ дошта, инсон шахсияти худро муайян мекунад. Ин раванд ҳар қадар озоду эҷодкорона, мақсадноку устувор сурат бигирад, ҳамон қадар беҳтар ва бештар натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Агар баръакс бошад, натиҷаҳо низ номатлуб мешаванд.

Зимнан бояд таъкид кард, ки чун фарқияти психикаи кўдакон вобаста ба шароити тарбия рух медиҳанд, барои ташаккулу такомули минбаъдаи онҳо беасар намемонад. Барои минбаъд комилу пурра гардонидани он заҳмати худи ў ва тарбиятгарон лозим меояд. Вале дар бисёр маврид ин нуқсон пур нашуда, аз раванди таъсири умумӣ ва пешравии ҷамъият қафо мемонад. Ин вазъиятро шартан ба эстафета монанд кардан мумкин аст, ки дар ҳолати як лаҳза ақиб мондан, суръатро суст кардан, аз дигар онро барқарор намудан ва бармаҳал ба марра расидан душвор ва ҳатто номумкин мешавад.

Дар марҳилаи томактабӣ сабзиши ҷисмонии кўдак бисёр босуръат аст. Ақидаи баробар инкишоф ёфтани организм ва психика дуруст нест. Ҳарчанд ки инкишофи онҳо бо якдигар вобастагӣ дорад, вале вобаста ба шароити иҷтимоӣ, муҳити зист, тарзу вусъати тарбия яке оқиб ва дигаре пеш рафта метавонад. Равшан аст, ки кўдак ҳарчи бештар бозиҳои шавқангезу мазмуннок, ҳаракатҳои мақсаднок, мушоҳидаҳои маънидор намояд, ҳамон қадар тез ва пурра инкишоф меёбад. Як хусусияти ниҳоят муҳимми психологияи кўдакро таъкид намудан махсус зарур аст.

Дар мавридҳои ранҷиши кўдак аз ду чиз эҳтиёт шудан лозим аст; якум ўро тарсондан, шарм дорондан, танқиду мазаммат намудан ва дуюм ба навозиш даромадан, бўсидан, сила кардан, таърифи бардурўғ намудан. Дар мавриди якум кўдак озурда ва дилшикаста шуда, ба ҳолати боз ҳам бадтаре дучор меояд, маъюсу ноумед, оқибат тарсончаку беғайрат шуда, минбаъд дар мушкилоти зиндагӣ рўҳан зудшикан мешавад. Дар ҳолати дуюм эркаю нозук, худписанд ва мағруру инҷиқ мешавад, то андозае мустақилияти худро гум мекунад. Бинобар ин ҳангоми ранҷиш (дар мушкилоти дигар низ) ба кўдак, наврас, навҷавон имкон додан лозим аст, ки мустақилона аз вазъияти ногувор барояд, барои рафъи он кўшиш кунад.

Кўдак ҳамеша ба колонсолон; падару модар, бачаҳои кўча пайравӣ ё тақлид мекунад. Пас ба ў намунаи бад ё ибрати бад нишон додан лозим нест. Баръакс, дар амал намунаҳои хуби ахлоқӣ ва кориро дар пеши назари ў ҷилвагар сохтан зурур аст. Ў бояд равшан бинад, ки кадом рафторҳо ва кирдорҳо хубанду аз тарафи калонсолон баҳои мусбат мегиранд ва кадом ҷиҳатҳо манфӣ ва зарарноку бефоидаанд.

Кўдакон дар раванди таълим ҳангоми азхудкунии дониш, маҳорат ва малака дучори мушкилӣ мешаванд, зеро то ин замон онҳо бештар ба бозӣ машғул буданд ва акнун маҷбуранд, ки таҳсил намоянд. Албатта, дар қиёс ба бозӣ таҳсил мушкилтар буда, сарфи қувваи иродавиро бештар талаб менамояд. Онҳо аз навиштан ва хондан дида бештар ба суҳбат кардан майл доранд. Дар ҷараёни навиштан онҳо тез хаста мешаванд. Кўдакон баробари ворид шудан ба мактаб имкони озодона муошират кардан ва амал карданро аз даст медиҳанд, зеро онҳо маҷбуранд, ки тартиботи муқаррарнамудаи муассисаи таълимиро риоя кунанд. Талаби омўзгорон ва хоҳиши ҳамсинфонашонро иҷро ва эҳтиром намоянд.

Барои наврасон синни 9-12 солагӣ давраи интихоби идеал буда, дар ин давра онҳо мехоҳанд ба касе монанд шаванд. Аз ин рў онҳо қаҳрамони худро интихоб намуда, ба ў тақлид мекунанд ва бо амалу рафтори худ мехоҳанд мавриди таваҷҷуҳи атрофиён бошанд. Дар ин ҳолат аз тарафи калонсолон мавриди сарзанишу маломат қарор ёфтани кўдакон боиси коҳиш ёфтани завқ ва худбаҳодиҳии онҳо мешавад.

Кўдакон ҳар қадар бузургтар шаванд, ба ҳамон андоза барои волидайн азизтар мегарданд. Аз ин рў чунин муҳаббату дўстдорӣ гоҳо боиси он мешавад, ки волидайн баъзе камбудиҳои ҷиддии фарзандонро нодида мегиранд ва ё онро сарфи назар менамоянд. Ин шеваи рафтор муҷиби дар хислат ва рафтори кўдакон рушд намудани камбудиҳое, аз қабили худписандӣ, саркашӣ, бемасъулиятӣ ва монанди инҳо мешавад. Вобаста ба ин волидайнро зарур аст, ки ба ҳар як амали неку бади кўдак таваҷҷуҳ намуда, барои ба роҳи рост ҳидоят кардани ў бо лаҳн ва шеваи хоссе, ки метавонад ба ў таъсир гузорад, маслиҳат диҳанд. Маслиҳат ва насиҳат бояд тарзе сурат бигирад, ки ҳисси кунҷковии кўдакро бедор кунад ва ўро барои фикр кардан таҳрик бидиҳад. Ҳар маслиҳату машварат ва таъкиду супорише, ки аз тарафи калонсолон дода мешавад, бояд иҷрои он назорат карда шавад, то маълум гардад, ки ба кадом андоза онҳо ба сухани шумо гўш додаанд ва роҳи дурустро интихоб кардаанд. Чунин шеваи рафтор барои дар кўдакон тарбия ва рушд ёфтани ҳисси масъулият ва мустақилияташон мусоидат мекунад.

Кўдак наметавонад ҳар чизеро, ки мешунавад ва мебинад, ба таври том қабул кунад, балки онро бояд дар мизони ақл баркашад ва чигунагиашро дарёбад. Неку бадро аз ҳам фарқ карда тавонад ва ба ҳодисаю воқеаҳо аз назари таҳлилӣ баҳо доданро омўзад. Хеле зарур аст, ки дар кўдакон ба қувваи худ боварӣ доштанро тарбия намоем, яъне онҳо кўшиш кунанд, ки мушкилоти бамиёномадаро мустақилона ҳаллу фасл намоянд ва танҳо дар сурате ба калонсолон муроҷиат кунанд, ки нуқси худро мутаваҷҷеҳ шуда бошанд. Бояд кўдак пай барад, ки ҳарчи ба ў меомўзанд, дар ниҳояти кор ба фоидаи ў анҷом хоҳад ёфт ва ё бар зарари ў. Ҳамчунин ў бояд дарк кунад, ки ба ҳама чиз кўр-кўрона тақлид ва пайравӣ набояд кард, балки ба ҳар ҳодисаю воқеа ва амалу беамалӣ назари худро бояд дошт. Чунин амал мустақилиятро дар кўдак ташаккул дода, ўро ба ташаббускорию навоварӣ ҳавасманд месозад.

Дар сурате, ки кўдак мехоҳад ба суҳбат ҳамроҳ шавад, кўшиш кунед, ки ба он монеъ нашавед. Баръакс, бояд ўро бештар ба суҳбат ҷалб намуда, имкон бидиҳед, то ў назари худро атрофи ин ё он масъала иброз кунад, аз суол додан ва ҷавоб гуфтан шарм надорад. Боҷуръат ва дар баёни ақидааш устувор бошад. Бо кўдакон бояд бо лаҳни ором ва ҷиддию мувофиқ ба синну соли онҳо суҳбат кард. Набояд ҳеҷ гоҳ ба содагии онҳо хандид ва онҳоро дар хиҷолат гузошт. Зеро чунин амал мустақилият ва ташаббусро дар кўдакон маҳв карда, онҳоро шармгин ва беҷуръат менамояд.

Барои инкишоф додани завқи бадеӣ ва эстетикии кўдак бояд бештар дар атрофи масъалаҳои мавриди назари ў суҳбат биороем. Суҳбат бояд ҷолибу завқовар ва содаю фаҳмо бошад, на мушкилу дилгиркунанда. Ҳангоми баҳсу талош онҳоро барои ба эҳсосот дода нашудан талқин бояд кард.

Вобаста ба тағйироти физиологӣ тағйироти психологӣ низ дар рафтору гуфтор ва андешаи кўдакон ба амал меояд. Яъне дар синну соли муайян кўдакон ба худ хислату хусусиятҳои муайянро мегиранд, ки сари вақт дарк намудани он барои интихоби роҳу равиши дурусти тарбия мусоидат мекунад.

Волидайн бояд кўшиш кунанд, ки аз хурдсолӣ ба кўдакон ҳунарҳои гуногунро, ки дар ҳаёти минбаъда ба кор меоянд, омўзонанд. Тарбияи меҳнатии кўдакон маҳз дар муҳити оила оғоз шуда, ҳисси меҳнатдўстӣ, ҳунаромўзӣ, сарфаю сариштакории онҳо бо ибрати неки падару модар ва маслиҳату насиҳати онҳо ташаккул ёфта, минбаъд батадриҷ дар ҷомеа рушд мекунад.

Унсурулмаолии Кайковус дар ин хусус чунин мегўяд: «Пас бояд, ки ҳар чӣ омўхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биомўзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва тавонист донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рўзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омўхтан тақсир набояд кардан».

Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки яке аз омили муҳимтарин дар тарбияи кўдак шинохти ўст. То замоне ки мо хусусиятҳои психологии кўдакро хуб аз худ накунем, наметавонем дар тарбияи ў ба таври дилхоҳ муваффақ бошем. Тарбияи кўдак аз мураббӣ, падару модар малакаву маҳорати зиёд талаб мекунад ва ҳар андозае, ки мо онро огоҳона ва ҳунармандона иҷро кунем, ба ҳамон андоза муваффақ хоҳем буд.

Волидайн вазифадоранд, ки ба фарзандон асосҳои тарбияи оилавӣ, одобу рафтори оиладорӣ, муошират, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва дигар нозукиҳои ҳаёти оилавиро биомўзонанд. Зеро ин ҳама дар ҳаёти минбаъдаи онҳо, ҳангоми барпо намудани муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзанд ва пешбурди ҳаёти мустақилона кумак хоҳад кард.

Савол ва супориш

1.Зарурати таълим ва тарбияи кўдакро шарҳ диҳед.

2.Таъсири ҳавасмандкунӣ ба раванди таълим ва тарбия чӣ гуна аст?

3.Ба фарзанд чӣ гуна бояд танбеҳ дод?

4.Нақши худбаҳодиҳӣ дар рушди кўдак чӣ гуна аст?

5.Тарсонидан ва оқибатҳои онро шарҳ диҳед.

пешина
аз 24
навбатӣ