Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа
15. МАЪРИФАТИ РЎЗГОРДОРӢ ВА НИГОҲДОРИИ МАНЗИЛ
Ҳap насл баъди пой бар арсаи вуҷуд гузоштан худро дар оғўши одамон, сохти иҷтимоии мавҷуда, табиат ва муҳити зист мебинад. Дар зери парастории онҳо ба воя мерасад, бо таъсири муҳит хулқу атвораш ташаккул меёбад ва арзишҳои умумибашариро аз худ мекунад. Ба саволҳое ҷавоб меҷўяд, ки чӣ тавр бояд зист ва чӣ коре бояд кард ва чӣ амалро бояд накард, ки умр гуворо гузарад?
Дар посухи ин пурсишҳо шароити манзиле, ки одам он ҷо ба дунё омада ба воя мерасад ва аввалин малакаю маҳорати зиндагиро аз худ менамояд, нақши бузург мебозад. Aгap ҳавливу хона тозаву ороста, дару тирезаҳо покиза, ҷиҳози рўзгор – мизу курсӣ, радиову телевизор, палосу қолинҳо, рафу ҷевонҳо бо тартиб ҷобаҷо гузошта шуда бошад, табъи сокинони он низ болида гашта, аз ҳар гўшаи он як ҷаҳон лаззати эстетикӣ мегиранд.
Хонаву ҳавлиро мунтазам озодаву покиза нигоҳ дошта, дар мавридҳои зарурӣ асбобу анҷоми манзилро нав ва иваз кардан, онҳоро мувофиқи ранг ва намудашон аз нав ҷобаҷо гузоштан, асбобҳои равшанидиҳиро ба ороиши хона мувофиқ кардан барои баланд бардоштани завқи эстетикии аъзои оила, махсусан наврасон аҳамияти калон дорад. Бинобар ин ба ороиши манзил ҳамаро ва пеш аз ҳама, наврасонро ҷалб кардан лозим аст. Вале кўшиш бояд кард, ки наврасон роҷеъ ба ороиши манзил ақидаи худро дошта бошанд. Волидон ва калонсолони хонадон ба онҳо ба тариқи машварат ёрӣ расонда, тарзи беҳтар ва барои ҳама қобили қабули корро ёфта тавонанд. Наврасон дар оила ба ҳама намудҳои фаъолияти меҳнатӣ ошно шуда, бо фарқ карда тавонистани хубу бад, зебоиву бетартибӣ, дилпазиру манфур тайёр мешаванд, аз ҳар кори кардаашон, ки боиси эътирофу таҳсини калонсолон гардидааст, ба завқ меоянд ва ҳисси зебопарастиашон афзун мегардад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз соҳибхонаҳо вазифа ва тарзи истифодаи баъзе анҷомҳои рўзгорро намедонанд. Масалан, мизи ошхонаро дар бисёр хонаҳо дар пештоқи меҳмонхона дидан мумкин аст, ҳол он ки ҷойи вай дар ошхона аст. Дар баъзе хонаҳо сервант ҳамчун анҷоми гаронбаҳо дар пешгоҳи меҳмонхона гузошта шуда, даруни он аз пиёлаву чойнику коса пур карда мсшавад. Гоҳо мушоҳида мешавад, ки вақти ба хона омадани меҳмон соҳибхона чандин маротиба нишастагонро нороҳат гардонида, аз назди онҳо гузашта, гоҳ пиёлаву чойник, гоҳ косаву қошуқ мегирад.
Аз ин сабаб вақти ҷобаҷо кардани ашёи рўзгор дар хона ҳама ҷиҳатҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Чи дар хонаи хоб, чи дар меҳмонхонаю ошхона анҷомҳо бояд чунон гузошта шаванд, ки барои истифода созгор бошанд ва зебу зинати ҳуҷраро афзоянд.
Барои тарбияи эстетикии фарзандон онҳо метавонанд дар оро додани ҳуҷра, ҷобаҷогузории ашёи рўзгор иштирок намоянд. Замоне, ки падар ё модар бо фарзандон дар ҳалли ин ё он масъала машварат менамояд, диққати онҳо ба кор ҷалб мегардад, онҳо ҳам масъулият ҳис карда, ақидаи худро пешниҳод мекунанд. Бигзор фикри онҳо нодуруст бошад, волидон хайрхоҳона инро ба фарзандон асоснок карда, фаҳмонанд ва роҳи дурусти ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд. Дар ҳолати қабул гардидани пешниҳоди фарзандон волидон ба онҳо таҳсин гўянд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ин иқдом хусусияти тарбиявӣ дорад. Таваҷҷуҳи фарзандон ба корҳои хона, зебоию ороиши манзил зиёд гашта, худро дар ин кор масъул меҳисобанд.
Барои баланд бардоштани завқи эстетикӣ анъанаҳои оилавӣ, ба монанди ташкили рақсу суруд дар ҷашнҳо, маъракаҳо ва дигар хурсандиҳои оилавӣ, тамошои асарҳои санъат, хондану муҳокимаи китобҳо, кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва ғайра нақши муҳим мебозанд. Вале дар ин бобат ҳадду меъёри заруриро нигоҳ дошта, ба дараҷаи иғроқ расондан мумкин нест. Ба он кўшидан лозим аст, ки анъана ривоҷу равнақ ёфта, ба тарбияи наслҳо таъсири муфиди эстетикӣ расонад.
Бо мурури замон ва тақозои зиндагӣ анъанаҳо тағйир меёбанд. Чунончи як намуди либос муд шуда, ҷойи намуди дигарро мегирад. Вале муд баъзан ба дараҷаи бемаънигӣ мерасад, яъне ба ҷойи зебову шинам безебу номувофиқ меафтад. Бинобар ин ба муд аз ҳад зиёд пайравӣ кардан лозим нест. Либосро мувофиқ ба ранги пўст, қаду баст, ҳатто касбу кор ва талаботи давру замон интихоб кардан аз рўйи мақсад мебошад. Дар пўшидани либос ба он бояд муваффақ шуд, ки либос шинаму зебо, ба синну сол ва фаслҳои сол мувофиқ бошад ва завқи эстетикӣ бахшад.
Ҷавонон бояд ба тарзи либоспўшӣ таваҷҷуҳ намоянд. Ба либоси хонапўшӣ, корӣ, мактабӣ ва ҷойравӣ диққат дода, ҳар либосеро дар мавриди худ истифода намоянд. Намоиш додани дороии худ ҳангоми либоспўшӣ, ба меҳмонӣ ва ё театру кино рафтан дар фарзандон ҳисси худбинӣ, такаббур ва дигар хислатҳои манфии инсониро пайдо мекунад.
Волидоне, ки оқилу хоксор ва дорои маданияти баланду таҷрибаи бойи зиндагианд, намегузоранд, ки фарзандони онҳо дар рўҳияи худбиниву худнамоӣ тарбия ёбанд. Дар чунин оилаҳо завқи эстетикӣ ва дарки зебоипарастии фарзандон боз ҳам хубтар тарбия меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё