Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.
зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа
– Ҷарира, Ҷарира...
Ҷарира нигоҳашро ҷониби шахси фарёдкунанда дӯхту аз дил гузаронд.
«Ин ҷавон кӣ буд? Маро аз куҷо мешиносад? Чаро чеҳрааш дар ёдам нест?
То кӣ буданашро мефаҳмам, ки майнаам гич мешавад.»
Ҷавон тозон роҳро миёнабур карду назди Ҷарира омад.
– Ҷарира, салом. Дуруст ҳастед, саломатиатон чӣ тур?
Ҷарира зеҳн монда ба ҷавон нигоҳ мекард, ба ёд овардан мехост, ки ин ҷавон кӣ буд, аммо ҳеҷ ба хотираш намерасид, ки ин ҷавонро дар куҷо дида буд?
Ҷавон худаш мушкили Ҷарираро осон кард.
– Маро нашинохтед, Ҷарира? Охир, ман Сипар...
– Э, барвақттар гӯед, намешавад, сарам ҳамин қадар гич шуд, ки... Худатон чӣ хел? Аҳволу кору бор?
– Ҳамааш хуб, бону. Чаро шумо танҳо?
– Нафаҳмидам...
– Нӯшинро мепурсам. Кайҳост, ки надидамаш.
– Нӯшинро мепурсед?
– Охир, шумоён ҳамеша ҳамроҳ-ку?
– Нӯшинро мепурсед? Шумо намедонед?
– Чиро?
– Нӯшин...
Овоз дар гулӯи Ҷарира гиреҳ хӯрд. Чашмонаш пури ашк шуд.
– Нӯшин... мурд...
Сипар бе он кӣ ҳарфе гӯяд, бемадорона ба девор такя кард.
– Чӣ?
– Нӯшин мурд...
– Нӯшин? Нӯшин мурд? Чӣ хел мурд? Кай мурд? Аз ростӣ мегӯед? – пурсид лаҳзае пас.
– Рост мегӯям.
– Чӣ хел, Нӯшин мурд? Не, охир...
– Ман ҳам то ҳол бовар карда наметавонам.
– Охир, чӣ қадар инсони хуб буд. Наход мурда бошад. Боварам намеояд.
Хоҳиш мекунам, умедамро накушед...
– Чӣ қадар чашмони зебо дошт Нӯшин. Нигоҳаш пури меҳр буд. Нигоҳаш ҳалиму меҳрубон буд.
Ҳамин нигоҳаш буд, ки дар шароити душвори ҳабсхона маро умеди зист медод. Нигоҳи чашмони шаҳлояш такягоҳи ман буд, Ҷарира, ки мадорам мебахшид.
– Шумо ҳам Нӯшинро дӯст медоштед? - бо ҳайрат пурсид Ҷарира.
– Нӯшин паноҳи ман буд. Боварам намеояд, ки бо ин қадар иродае, ки дошт, ин қадар зуд рафт.
Вайро куштанд, Ҷарира, куштанд...
– Шумо кай озод шудед? Охир...
– Нӯшин тавонист, ки андешаҳои маро тағйир диҳад. Мехостам ҳар чӣ зудтар озод бишавам, то
Нӯшинро ба серӣ дида тавонам.
– Аламҳоямро тоза кардед, Сипар. Чанд вақт шуда буд, ки ҳеҷ кас дар назди ман гапи Нӯшинро намегуфт. Ҳеҷ кас Нӯшинро аз ман намепурсид.
– Шумоён доим ҳамроҳ будед, Ҷарира.
– Акнун танҳоям.
– Дилатон ганда нашавад.
– Бандагӣ.
– Қабрашро ба ман нишон медиҳед.
– Кай?
– Ҳозир.
Сипар мехчагулҳои харидаашро болои қабри Нӯшин гузошту хокро оғӯш карда гирист. Ҳис мекард, ки вуҷудашро сиёҳие пахш мекунад. Сиёҳие, ки мисоли панҷаи анкабут дилашро аз андӯҳ мефишурд. Ҷавон мулоқоташро бо Нӯшин тасаввур мекард. Тасаввур мекард, ки баробари дидани
Нӯшин чӣ эҳсосе ӯро фарогир мешавад, чӣ ҳарфҳоеро ба Нӯшин мегӯяд, чӣ тавр изҳораш мекунад, ки дӯсташ медорад, аммо ба ҷои ҳамаи ин баръакс хабар додандаш, ки Нӯшинаш мурд.
– Нӯшин, чаро ин қадар зуд рафтӣ? Зиндаам кардӣ... Наход дубора зинда шуданам барои дидани марги ту буд?
Ҷарира ба Сипар нигоҳ мекарду бештар ба ҳайрат меафтод. Нӯшин ҳам, Ҷарира ҳам ҳеҷ вақт аз муҳаббати Сипар огоҳ набуданд.
Ҷарира ба решаи хурмои Хусрав об рехт. Дарахтро меҳрубонӣ кард. Ва оҳиста қабристонро тарк гуфт.
Қабр Нӯшин шуда буд. Қабр Нӯшинро ёд меовард. Қабр Нӯшинро ёд мекард. Сипар бо умеди дидори Нӯшин қабри сардро оғӯш мекард, аммо қабр Нӯшин набуд. Қабр чашмҳои Нӯшинро надошт. Қабр нигоҳи Нӯшинро надошт.
Қабр сард буд, сарди сард, ба андозае, ки Сипар хунук хӯрд... Сипар мегирист.
Ва бехудона қабрро бӯса мекард.
Қабр дигар Нӯшин шуда буд.
Мехчагулҳо сукути сард доштанд.
Борон меборид. Борон рӯйи замин мечакид, мисоле ки замин шираи меҳр аз осмон меҷаббид.
Чак-чаки борон овои диле буда, ки умедвор бар накҳати тозае аст, баҳори тозаи умр. Ва борон дигар дидорбинӣ рафт. Дидори меҳраш, ки чанд рӯзе дур аз маҳбубаш буда. Ва рафт, ҳарчанд умеди бозгард дорад. Мебиёяд, то шиканҷа аз ҷони дардманде раҳо бикунад, зеро борон ҳам умед дошт, умеди меҳр....
Ҷарира интизори Хусрав дар кунҷи сандалӣ менишаст.
– Ин қадар дер кардед, Хусравако?
– Кор доштам.
– Ҳа.
– Ягон гап доштӣ?
– Агар гапи ҷиддие бошад, не.
– Ту ҳам Нӯшин барин сарбаста гап задана дӯст медорӣ. Ба Худо, ки намефаҳмам.
– Ҳеҷ ҷойи аҷобат надорад. Ману Нӯшин ба ҳамдигар монанд будем.
– Ҷонона чӣ хел? Азоб намедиҳад?
– Ҷонона духтарчаи меҳрубон аст. Хислати кӯдак аллакай аз хурдиаш маълум мешудааст. Ба вай фақат оҳанги навозишу меҳрубонӣ мефорад. Камтар беэътиноӣ, ки кардед, даррав гиряро мебардорад.
– Ҷонон туро зиёдтар дӯст медорад.
– Медонед, Хусравако, дар паноҳи муҳаббат будан, не, аниқтараш дар паноҳи муҳаббати касе буданро хостан, ин як навъи барҷомондагӣ ҳам ҳаст, ки гӯё як пояту ду поят дар якҷоягӣ ба гӯр наздик бошад. Ҳар чӣ набошад, ман ҳоло ҷавон-ку? Пири барҷомонда нестам, ки фақат нолаи беилоҷӣ дошта бошам. Нолаҳо ҳамин қадар дилбазанам шудааст.
– Аллакай ба худат ҳамин хел баҳо медиҳӣ! Ё ту самти сӯҳбатро ҳамон ҷойе бурданӣ ҳастӣ, ки ...
– Хавотир нашавед, Хусравако. Ман пирдухтар шудам, гуфтанӣ нестам.
Ҳамин ҳам гап шуд-уу... Хусравако, ба ҳар ҳол мову шумо доираи ҳамин мавзӯъ маҳдуд намешавем, охир. Ба ҳар ҳол шумо мефаҳмед, ки ... Ман мехоҳам қолабшиканӣ бикунам. Завлона барои ман даркор нест.
– Абрҳо ҳеҷ намехоҳанд ба манзилашон баргарданд. Мусофирӣ ба дилашон назад. Хаёлам, борон меборад. Кошки борон меборид. Гули Нӯшин об мехӯрад.
– Аммо пойи ман дард мекунад.
– Тарбод дорӣ?
– Хурмои Нӯшин мисоли дилаш сарсабз аст. Ин қадар дарахти зеборо аз куҷо ёфтед, Хусравако?
Мурдаҳо аз зиндаҳо хуштолеътаранд. Ҳавас кунед, меарзад.
– Ҳавас аз ҳавас фарқ мекунад.
– Аз барҷомондагӣ халос мешавед, бад-мӣ?
Ҷарира хандид.
– Дурӯғ чизи воқеӣ аст, Хусравако, зеро дурӯғ вуҷуд дорад. Охир, хоҳеднахоҳед дурӯғ ҳаст-ку.
– Ин қадар хушрӯ!
– Кафшҳом танг шуд. Ой, ин хел нагӯед, ки ҳозир куртаҳом ҳам танг мешавад. Ман дар куртаҳом нағунҷида истодаам.
– Худоҷон, тезтар танг шавад, ки ҳамааш аз они Ҷонона гардад. Ман аз ғами куртахарӣ халос мехӯрам. Барвақттар мегуфтӣ, нағз буд, ман ҳам бебаркаш таърифат мекардам.
– Бас, Хусравако, бас, ки ҳозир аз ханда рӯдакан мешавам. Гапа бинед-а,
Ҷонона аллакай либосҳои мана аз худ карданӣ. О, баъд ман чӣ мепӯшам?
– Аз барги анҷир курта медӯзӣ. Бин, анҷири хонаатон баргҳои хушрӯ дорад.
Яктоаш барои як курта мерасад... Хайр, нақл кун. Чӣ гап доштӣ? Ҳоло ҳам рӯҳия...
– Не, Худоро шукр, рӯҳияам беҷо не. Гуфтам-ку, барҷомонда будан намехоҳам.
– Аҳамият надодам. Фикр кардам, ки шӯхӣ карда истодаӣ!
– Шӯхӣ набуд, ман ҷиддӣ мегуфтам. Ҳар чӣ ҳам набошад, ман ҳоло ҷавонам.
Мурда нестам-ку. Дар арафаи мурдан ҳам нестам.
– Fоз барин гапа кашол надеҳ.
– Сипеҳр, марги Нӯшин, масъулияти хонадорию тақдири Ҷонона... Охир ман намехоҳам, ки сарчашмаи дарди Ҷонона бошам... Дар ҳамаи ин азобҳо ман ҳамеша мехостам дар паноҳи муҳаббати нафаре бошам. Ин ҳам мисоли ҳамоне, ки пири барҷомондае бо имдод ба дасти ҳама нигоҳ дорад, кӣ ба вай порае нонро лутф мекунад. Дастнигари ягон кас. Ҳамин хел-мӣ, охир. Ман ҳам ҳамин хел будам, каме лутф кунанд гӯё зинда будам, аз беэътиноӣ мемурдам. Тавба, одам то ҳамин дараҷа бекалла мешавад-мӣ, охир. Баъд, худ ба худ фикр кунам, ман ҳоло барҷомонда нестам-ку! Шукр, ҷавонам, қувват дорам. Зиндагии худамро месозам. Худамро аз рӯҳияи тобеият ба эҳсос мебарорам. Дуруст гуфтам? Ба ҳар ҳол, меарзад, ки азоб кашед, зеро чизе месозед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё