Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.
зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа
– Модар, гуфта будед, ки акоямро момом шир дода буд. Ҷононаро худам шир диҳам-чӣ? Агар кампир шир пайдо карда бошад...
Модари Ҷарира якбора оташ гирифта рафт. Худаш нафаҳмида монд, ки чӣ хел шаппотие ба рӯи духтараш фаровард.
– Ту девона шудаӣ? - фарёд зад модар. - Чӣ хел ба каллаи бемағзат чунин фикр омад. Ту чӣ хел ба рӯйи номуси модар пой мегузорӣ? Наход то ҳамин дараҷа бе номус шудаӣ?
Кӯдак як тараф монд. Акнун модари Ҷарира гиря мекард ва бо овози баланд фарёд мезад. Ҷонона ҳеҷ ором намешуд.
– Нӯшин фарзанди шуморо зиндагӣ бахшида буд. Наход худхоҳиятон ба дараҷае баланд аст, ки...
– Ҷарира, агар ба кӯдак хун даркор мебуд, худам мегуфтам, ки хун бидеҳ...
Ин чизҳоро муқоиса карда намешавад.
– Чӣ фарқ дорад? Сухан дар бораи ҳаёт меравад. Ҳаёти ман хун буд, ҳаёти ин кӯдак шир аст, модар!
– Беҳтараш кӯдакро ба падараш бурда деҳ! Агар як бори дигар ҳамин гапатро гӯйӣ, ман ба шири додаам розӣ нестам, оқат мекунам. Он тарафаш дар ихтиёри худат.
Модар бо ҷаҳл аз хона баромада рафт. Ба назди Шаҳриёр омаду сарзаниш кард.
– Ту чӣ кор кардӣ, Шаҳриёр? Барои чӣ бачаҳои ман ҳама бе ақл шудаанд.
Фикр намекунанд. Дидаю дониста чӣ маслиҳат додӣ, Шаҳриёр? Барои чӣ гуфтӣ, ки кӯдакро биёрад. Чӣ хел Ҷарира метавонад болои номуси модар пой гузорад, - менолид зан.
Вале Шаҳриёр хомӯш буд. Нигоҳаш оҳанги узрро дошт, аммо ҷавон чизе нагуфт.
– Модар…
– Модар нагӯ. Нагӯ модар. Чӣ хел рӯят шуд, Шаҳриёр? Чӣ кор кардӣ? Кош бо ҷои Нӯшин ман мемурдам, ки ин рӯзи шума намедидам. Ҷарира девона шудааст-е. Пагоҳ вая бо ин аҳвол кӣ мегирад? Шӯ накарда бева шуд духтарам.
Вой дод-е.
Кунҷе модар менолид, кунҷе кӯдак. Модар навҳа дошту кӯдак зора. Кӯдак гиря мекарду Ҷарира вайро ором карда наметавонист. Ҷарира Ҷононаро навозиш мекард, ҳар сухани меҳрубононаи ба даҳонаш омадаро мегуфт, аммо кӯдак ғаш дошт.
– Охир ин кӯдак мемурад, - менолид духтар, аммо модар ризо нест. Ҷарира медид, ки Ҷонона гӯиё бо илтиҷо нигоҳ дошт ба Ҷарира. Нигоҳи кӯдак илтиҷо дошт, зора дошт, лабҳои кӯдак ҷустуҷӯ мекард ва зораҳои кӯдакро духтар медид, ҳис мекард, аммо илоҷ надошт. Дар шиша шир тайёр кард. Соскаашро ба даҳони кӯдак бурд, аммо тифл шири шишагӣ хӯрдан намехост. Чашмҳои хурдакаки кӯдак ҳамоно илтиҷо доштанд, аммо бе оби дида мезориданд, зораҳое, ки дили духтарро пора-пора мекард.
– Бе ин ҳам дили худам доғ дорад, Ҷонона, илтимос ҳамин шири шишаро бихӯр, ҷони ман, илтимос, аз бароят мемураме...
Кӯдак ғаш дошт.
– Худоё, чӣ кор кунам?
Андешае ба сараш зад. Ҷарира кӯдакро ба даст гирифту ба ҳавлии ҳамсояашон давид. Охир, зани ҳамсоя нав аз таваллудхона омада буд. Шояд шир дошта бошад. Розӣ мешудагист, кӯдаки худаш баъди таваллуд мурда буд.
Зани ҷавон тез розӣ шуд, ҳатто хурсанд шуд, ки шираш ақаллан насибахӯр меёбад, аммо Ҷонона пистони ӯро ба даҳон нагирифт. Ғаш дошту пистон ба даҳон намегирифт.
– Ба рӯяш шир ҷӯшед. Рӯяшро бо шир мешӯем, бӯйи ширро ҳис мекунаду даррав пистон ба даҳон мегирад, - маслиҳат дод модари Ҷарира. Зан бо умед ба рӯйи Ҷонона шир ҷӯшид. Рӯяшро бо шир шуст. Ба биничаи хурдакакаш шир молид, мехост, ки кӯдак бӯйи ширро эҳсос бикунад ва пистон ба даҳонаш гирад, аммо кӯдак ҳеҷ пистон ба даҳон намегирифт ва якзайл ғаш мекард. Зан ноумедона ашки чашмонашро пок кард.
– Ба кампири доя барем-чӣ, Ҷарира, - маслиҳат дод модараш, - очадоя чанд тифлҳои бе модари маҳалларо шир дода буд.
– Кошки, - илтиҷо кард Ҷарира.
Кӯдаки ғаш карда истодаро ба ҳавлии Очадоя бурданд. Кампири миёнақаде дарро кушод. Қомати хамидааш хамтар шуда буд. Модари Ҷарира кӯтоҳак матлабашро баён кард. Кампир кӯдаки ғаш кардаистодаро ба даст гирифту меҳрубонӣ кард.
– Ман чандин кӯдакҳоро сер кардаам. Инашро ҳам сер мекунам. Хавотир нашавед… Момодоя бо табассуми латифе, ки боварашро акс медод, пистони аз хати рӯзгор пучшудаашро ба даҳони кӯдак наздик бурд. Кӯдаке, ки лаҳзае ором шуда буд, боз ҳам ба гиря даромад. Бечора тифл бо лабонаш пистони модарро ҷустуҷӯ мекард. Ва якзайл ғаш дошт. Ва ҳама хоҳишу зораву гуруснагиву нолааш гиряи бе ашкаш буд, ки фақат ғаш дошту илтиҷо.
– Иға, иға, иға, иға, иға, иға….
Аммо кӯдак пистони кампир ба даҳон намегирифт. Кампир бо ангуштҳои пурожангаш биничаи кӯдакро оҳиста маҳкам кард, ки шояд кӯдак бӯйи шиносро ҷустуҷӯ мекунаду наёфта ғаш дорад, аммо ин ҳам бенатиҷа.
– Хоҳар, шояд симои монанди модараш кӯмак карда тавонад. Хоҳар, ман ба ин кӯдак шир дода наметавонам. Вай бӯйи модарашро кофта истодааст.
Намебинед.
– Охир модараш мурд, - илтиҷо дошт модари Ҷарира.
– Охир, кӯдакҳо модарашонро ҳис мекунанд, - гуфт доя.
– Ҳа, момоҷон, кӯдакҳо аз ҳад зиёд нозуканд. Модарашонро ҳис мекунанд.
Ҷарира ҳам ҳамин хел буд. Азбаски ҷарроҳӣ шуда будам, се рӯз натавонистам ба ӯ шир диҳам, ба барам гирам. Бовар кунед, ки дар ин се рӯз Ҷарира таваллудхонаро ба сараш бардошта буд.
Ҳамин қадар зиёд ғаш карда буд, ки бисёриҳо ҳатто фикр карданд, ки ман мурдаам. Рӯзи сеюм ҳамширае Ҷарираро ба ман оварду гуфт:
– Тезтар духтаратонро гиред, ки ҳамаро безор кард. Пистони ҳеҷ касро ба даҳонаш намегирад.
Кӯдакатонро худатон сер кунед.
– Раҳматӣ ягон каси наздик дошт? Либосҳояшро пӯшонед, бӯйи модарашро ҳис мекунад. Илоҷи охиринаш ҳамин. Набошад ин кӯдак мемурад, - сахт карда гуфт доя.
Аммо модари Ҷарира розӣ набуд. Ҷонона ҳамоно ғаш дошт. Дасту по мезад, фарёдаш зора дошт.
– Духтарам, ба номуси модарат пой намон, - илтиҷо дошт модар ба духтар.
– Охир ин кӯдак…
– Хоҳиш мекунам.
– Хуб модар, - гуфт Ҷарира, - кӯдакро ба падараш мебарам. Ҷарира кӯдаки гирёнро ба ҳавлии
Хусрав бурд. Хусрав ҳам натавонист кӯдакро ором бикунад.
Ҷарира тифлро партофта наметавонист. Ҳис мекард, ки дигарбора наметавонад муҳаббати лабрезашро тугун бандад, дигарбора наметавонад, ки меҳрашро гиреҳ бихӯронад. Духтар аз либосҳои Нӯшин якеро гирифт. Ба бар кард. Ва ҳамин лаҳза ҳис кард, ки агар Ҷонона ҳам аз зиндагияш биравад, дигар наметавонад зинда бошад Ҷарира. Ҷарира ҳам мемирад, дигар Ҷарира ҳам зиндагиашро бой медиҳад, дигар Ҷарира ҳам вуҷуд надорад. Дигар ҷойи андеша ҳам несту таҳаммул ҳам, охир кӯдак нобуд мешавад…
Ҷарира ба хонаи дарун даромад. Кӯдаки гирёнро ба бағал гирифту рӯйи кат дароз кашид. Бо интизорие, ки шабеҳ ба нерӯе буд, бо ҳарос ва дуздона пистон ба даҳони кӯдак бурд. Бинничаи кӯдак либоси Ҷарираро бӯй мекашид. Кӯдак якбора хомӯш шуд ва ҳарисона пистони Ҷарираро ба даҳонаш гирифт. Ба макидан даромад. Кӯдак шир хӯрдан мехост, ҳарчанд Ҷарира ҳоло шир надошт.
Кӯдак бо умед ком мезад. Комзании бемадоронаи тифл Ҷарираро ба риққат овард. Кӯдак дар талоши зинда мондан шир хӯрдан мехост ва ком мезад. Кӯдак ком мезаду духтар сари тифлро сила мекард.
– Духтарчаи ман, агар Нӯшин зинда буд…
Сонияе пас гиряи кӯдак басанда шуд. Хусрав бемадорона оҳи сабук кашид.
– Раҳматӣ Нӯшин ҳам аз ҳад зиёд нозук буд…
Ҷарира аз хонаи дарун фарёд зад:
– Хобаш бурд, Хусравако.
– Дод назан. Бедор мешавад. Хобашро базӯр алла гуфтию боз…
Барои нафаре, ки дар зиндагиаш муҳаббаташро бохтааст, оғӯши бози меҳр, ки дилашро гарм мекунад, чӣ арзише дорад, зеро зинда будан барои фардои зиндагӣ баҳонаро хоҳад, ҳарчанд метавонӣ хеле чизҳоро гӯё таҳаммул бикунӣ.
Ҷарира Ҷононаро дар оғӯшаш фишурду аз бинияш меҳрубонона бӯсид.
– Бачаҷони ман, меҳрубонаки ман...
Ҷарира ҳис мекард, ки нерӯи тозае мисоли нафаси хуши тақдир дар ҷисми вай гардиш мекунад, ҳарчанд духтар ҳоло намедонист, ки барои тарбияи кӯдак тавонаш мерасад ё не, зеро духтар ҳоло шир надошт, аммо Ҷонона шири сунъиро ба даҳонаш намегирифт... кӯдак шири модарашро мехост...
Ҷонона хоб буду Ҷарира тамошо дошт хоби кӯдакро. Барояш маъқул буд, ки то сер шудан нигоҳ дӯзад ба кӯдаки хоболуд. Кӯдак хоб буду осудаҳолона оҳиста-оҳиста нафас мекашид. Ҷарира нафаскашии кӯдакро мешумурд ва дар ҳавои нафаскашии кӯдак гӯиё мехост ояндаи тифлакашро бубинад, хурраму хушнуд бубинад. Ҷарира оҳиста хам шуду аз рӯйи Ҷонона бӯсид. Рухсораҳои майдаҳакашро бӯсаборон кард. Тамошои хоби кӯдак мисоли нафаси тоза дили Ҷарираро аз фараҳ пур мекард.
– Модар, наход Ҷонона ҳам азоб кашад? - пурсид аз модараш Ҷарира, ки пешорӯяш нишаставу ғарқи фикр буд.
– Ту аллакай андешаҳои худатро ба кӯдак таҳмил мекунӣ?
– Ман ҳамту пурсидам.
– Ин андешаи Ту аст, ки инсон дар зиндагӣ фақат азоб мекашад, Ҷонона бошад инсони мустақил, яъне вобаста ба андешаю дарди ту не. Наход аз ҳозир сар карда дардҳои бемаънию бесалуқайи худатро ба сари кӯдаки бечора таҳмил бикунӣ?
Ҷонона аз хоб бедор шуду гиря кард. Модар якбора ҷаҳида аз ҷояш бархосту абрӯҳояшро чин карда аз хона бадар рафт. Ҷарира то дер аз паси модараш нигоҳ карду хомӯш лаб газид. Яке ба худ омада дид, ки кӯдак гиря дораду бо лабҳои майдаҳакаш чизеро ҷустуҷӯ мекунад. Кӯдак шир мехост. Ҷарира беихтиёр оҳе кашиду пистон ба даҳони Ҷонона бурд. Кӯдак ҳарисона ба макидан даромад. Ҷарира сари кӯдакро сила мекарду суханҳои пурмеҳр мегуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё