Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шод бирав, ки хори раҳ ба пой чида омадам,

Шод бизӣ, ки бори ғам ба ҷон кашида омадам.

Хоб будӣ, ки рӯшанӣ ба чашми ман наёфт раҳ,

Боз бикун ту дидаро, ки ман рамида омадам.

Ханда бизан, ба ҷои ту Даҷлаи хун гиристам,

Ком биҷӯй, к-аз ту ман на ком дида омадам.

Шеър бигӯву қисса кун, ки қиссаҳо завол ёфт,

Ҷоми нишот пур бикун, зи ту бурида омадам.

Завқ намо даруни боғ аз нафаси баҳори сабз,

Поизу завқи мурдаро гарон харида омадам.

Маст бишав зи баъди ҳар ҷоми ҳавас кашиданат,

Аз раҳи ин бодия бас ранҷ кашида омадам.

То дили ту роҳ набуд, балки пули Сирот буд,

Рафтаму аз биҳишти ту пой кашида омадам.

Кош насими ишқи ман майли дигар боғ кунад,

Қаҳва биёр, к-аз ғамаш ба ҷон расида омадам.

Фасли баҳори ман гузашт,

Навбати навбаҳори туст.

Мастии мавҷи бехудӣ

Лоиқи рӯдбори туст.

Фасли баҳори ман надид

Хандаи боғу бору барг,

Завқи шукуфтанаш бимурд

Дар раҳи бориши тагарг.

Бар сари боғи тирамаҳ

Абр биборад ар, чи суд?

Нест маро маҷоли кор,

Нест маро мадори буд.

Ранги муҳаббат аз ҳавас

Ман ки накардаам тамиз,

Кош намоӣ иқтибос

З-ин ҳама панд, эй азиз.

Қосиди навбаҳор нест,

Гармии шеди моҳи Ҳут.

Фасли дай асту мехурад,

Тиккаи қути лоямут.

Фасли баҳори ман гузашт,

Навбати навбаҳори туст.

Дурри ягонаи манӣ,

Эзади пок ёри туст.

Дилро бинигар, зи ман ба ҷон омадааст,

Ғам дар бари ӯ ба ҷовидон омадааст.

Ман дар ғами ҷону ӯст ғамхораи ман,

Ҷон бар тану тан ба ҷон гарон омадааст.

Ин субҳ, ки пайваста ба дунболи шаб аст,

Дар ҳасрати субҳ шоми мо ҷон ба лаб аст.

Мо дидаи шамъи хонаи тор шудем,

Дар боми кӣ бомдоди мо дар тараб аст?

Обе ки зи рӯи мо бирафтаст, маҷӯ,

Аз кай ба куҷо омадурафт аст, маҷӯ.

Биншину биорой даме маҳфили мо,

Ҳаст, он чи ки ҳаст, он чи рафтаст, маҷӯ.

Хоҳам ки шабе ба базми ёрон оӣ,

Бар ғамкадаи умедворон оӣ.

Боғи дили мо пур аз ғубору гард аст,

Бо файзу сахову пайки борон оӣ.

Гар пир шавад модари ҷон, тифлаки мост,

Бо ноз бипарвараш, ки эъҷози Худост.

Фарзанд бувад бақои модар, эй мард,

Дасташ ту бигир, дасти дунёи бақост.

Ин соқии чорасоз наншаста бирафт,

Пеши раҳи афсонаи мо баста бирафт.

Гуфтем даме аз ғами дунё бираҳем,

Аз нав ба ғами замона пайваста бирафт.

пешина
аз 15
навбатӣ