НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Ишқ ватан гузида дар баҳри нигоҳат, эй азиз,
Аз ҳама кас буридаву дар ту намудаам гурез.
Маънии ранги зиндагӣ аз рухи ёсуман парид,
Омадаам, ба соҳилат гарди ҳавас кунам тамиз.
Шукр, ки хоҷаи замон азми тавофи Каъба кард,
Ваъдаи офият намуд аз раҳи лутф бар каниз.
Даст кашидам аз замон, пой кашидам аз замин,
Ҳар чӣ ба асли худ набуд, қалби ман оварад ситез.
Санъати буду боши мо мояи худшиносӣ аст,
Хотири ёр дар дилу ҷаннати рӯҳ дар кавиз.
Нашъаи бодаи маҷоз аз сари ман бирафтааст,
Пур бикун ин қадаҳ, ало, аз маи таъми тунду тез.
Рав ту пиёда дар раҳи нукта, ки то расӣ ба амн,
Гард раҳо зи банди фикр, даст бидеҳ, ба пой хез!
Ишқе, ки ба субҳи ман наомад,
Бегоҳ шуд, ӯ зи дар даромад.
Гуфтам, ки куҷо будӣ ба таъхир,
Умри дили хастаам сар омад.
Он қадр баҳор омаду рафт,
Бӯе зи муҳаббатам наовард.
Дар ман нашукуфт ҷуз ҳавас ишқ,
Ин аст маро ба дил раҳовард.
Бар ҳурмати пешвози ишқат
Имкони зи роҳ гаштанам нест.
Хушбахт бишав, ки ман нагаштам
Маънии ба даҳр зистанам чист?
Бе ту чӣ гузашт аз сари ман,
Таърих, бимон, ба сӯз гӯяд.
Дигар ба ду олам аз ҳақиқат
Дар хоки дилам чаман нарӯяд.
Ёрони дурӯву ҳуққабоз, оҳ,
Бе ту чӣ хиёнатам намуданд.
Бишкаста ҳазор пора дилро,
Як-як ҳама зери санг суданд.
Дар ман нафаре гувоҳ медод,
Аз роҳ ту мерасӣ ба додам.
Ту дар сари роҳу ман дар охир,
То ту бирасӣ, ба ҳукми бодам.
Ин роҳ, ки вақт буда номаш,
Бигзаштаму боз барнагардам.
Беморам, эй табиби навкор,
Сахт аст илоҷи куҳнадардам.
Шодам ки дар ин ҷаҳон касе ҳаст,
Дил бохту баъди рафтанам сӯхт.
То раҳ бибарам ба меҳани субҳ,
Шаб бо шарари нигоҳаш афрӯхт.
Зебост вуҷуди ту саропой,
Эй фасли гулу баҳору шабнам.
Зебо бибарад маро Худо низ,
Он сон ки зи дидаҳо барад нам.
Зи ҳолу маҳолат хабар надорам,
Ба қолу мақолат назар надорам.
Зи шаҳри дили худ, ки меҳани Ӯст,
Ба шаҳре дар олам сафар надорам.
Сафирон дусад раҳ намоянду лек
Раҳе баргузидан ба сар надорам.
Як оғози ҳар чиз бувад дар шумор,
Ҳама сифрам, ар як ба бар надорам.
Набудӣ агар ишқи он сарфароз,
Дар осори ҳастӣ асар надорам.
Куҷо ҷӯям онро, ки худ дар ман аст,
Ба ишқи худ аз худ гузар надорам.
Биёву қазоват кун, эй ҳақшинос,
Ҷуз аз хостаи ёр самар надорам.
Шарафи мард ба мардӣ, бувад аз зан ба занист.
Нангу номуси зан ояд, агар аз мард қавист.
Бори бар дӯши латифаш бударо дар ду ҷаҳон
Мард оё бикашад, сабқати ӯ бар зан нест.
Муштипар тарбияти нобиғамардон бикунад,
Чарх бар меҳвари худ ораду гардон бикунад.
Хокро васл ба афлок занад аз раҳи ишқ,
Кам бидидам зи вафо тинати мард он бикунад.
Вақти ҳифзи шарафу меҳану фарзанди азиз
Хашми зан ояд агар, санъати бемонанд аст.
Созад аз шери наистони адӯ гурбаяке,
Гурги дарранда варо баста саге дар банд аст.
Бениёз аст зан аз ҷоизаву мартабаҳо,
Ҳама унвон бинамояд ҳақи фарзандонаш.
Бибарад дасти дуо сӯи Худо ҳар шабу рӯз,
Талабад офияти ҳастии пайвандонаш.
Зан надорад ғараз аз меҳри сари атфолаш,
Зан набинад гунаҳе дар ҳама кирду кораш.
Чун Худованд бубахшад ҳамаро охири кор,
Зан чунин аст ба хислат, ту накӯ медораш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё