Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър

ТАСБЕҲ

Ҳар баргу гиёҳу сабза аз хок

Бе ҳикмати Ҳақ намо надорад.

Дар дураҳаи ҷаҳони санҷиш

Ҷуз ҳастии Ҳақ бақо надорад.

Шабнам ба гувоҳи рози ҳастӣ,

Қоқу ба намои рамзи хуршед,

Олам ба нишони хоксорӣ,

Иншогари панди ишқи ҷовид,

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Ҳар қатраи ашки абри ғамнок

Аз сӯзи ту дона-дона резад.

Он гуна ба сина мезанад даст,

К-аз шавқи ниҳон-ш барқ хезад.

Ку дидаи заррабини Монӣ,

Бар нақши гул оварад равоне?

Ишқ аст, ки рӯи хотири ӯ

Бар пой ситода зиндагонӣ.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Бе ёди худ офтоби хушбахт

Дар кӯраи ишқи ту гудозад.

Маҳтоб ба гирди худ шабонгаҳ

Бо ёди висол ҳола созад.

Он сӯз ба хок дода нерӯ,

З-ин синаи баҳр дар такопӯ,

Биншаста мувозинат бидоранд,

Ҳарду зи ду каффаи тарозу.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Донӣ, ки чаро ба боғ савсан,

Печида забони худ зи ҳайрат?

Ду ҳарф заданд бонги ташдид,

Бар ваҳдати ишқ буд ишорат.

То нисф набурд исми Аллоҳ,

Шуд нимаи раҳ фанои Аллоҳ.

Эй кош саҳар расад аз ин роҳ,

Созад шаби бас дароз кутоҳ.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Дар дашти алам ишқи туро оҳ кашидам,

Шаб ҳола ба даври фалаку моҳ кашидам.

Ку оби бақо, гул кунад офаткадаи хок,

Мурдоб буд обе, ки ман аз чоҳ кашидам.

Дар қоби замон акси ҷаҳон бохтамаъност,

Доман зи бари ин дару даргоҳ кашидам.

Эй исми ту дар худ ҳамаро карда таҷассум,

Ранҷам зи фалак пурс, чӣ дар роҳ кашидам.

Гуфтам ба ту арзи дили ғамнок расонам,

Дидам ки дароз аст, ба кутоҳ кашидам.

Яшти Панҷакат

Қақнуси аз хокистари худ гашта берун,

Лайлие, ки дар фанояш зода аз чашмони Маҷнун,

Эй саре, ки дар дами теғ,

Дар таҳи дор

Аз ғурури хеш бинмудӣ дифоъ.

Ҳар касе дасти тамаъ овард сӯи ту фароз,

аз бун шикаст,

Баски хокат қиблагоҳи зоду аҷдоди ман аст.

Эй ҳумоюнгоҳи таърих,

Эй ниёишгоҳи Зардушт,

Эй мазори музаи панҷоҳу понсад асру сол,

Эй нуҳуфта дар дилат асрори тору пуди ман,

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Бастаам имони дил бар қиблагоҳат берибат!

Дар харобободи деҳшаҳри Саразм

Гӯрҳо бар шоҳидӣ муҳри даҳон бикшодаанд,

Дар гулӯи ҳар яке фарёди гунги қарнҳост.

Рӯзу шаб дар Шаҳри Куҳна

Гӯиё дар қалби Саҳрои Кабир

Ҳою ҳуи бодҳо пурсакта аст.

Аз ғубори турктозии сагони сактавожа

Оташи зардуштии ман мурдааст!

Шахри Куҳна – номи дигари Панҷакенти қадим, ки дар баландии шаҳр вокеъ аст.

Сактаҳо дар рӯзгорам,

Сактаҳо андар забонам,

Маънии Яшти Авасто

Абҷади қуфли лабонам.

Зиндагиям гушнамазмун,

Фаслҳоям ташнаоҳанг.

Гавҳари зотам

Чу алмосе ба умқи чашмае афтода беранг,

Дар шаҳодатгоҳи Мағриб

Он қадар хуршедҳоят шуд шаҳид,

Пеши чашмам

Ҳар тулӯъе з-офтобе дигар аст!

Инак, инак,

Ай куҳанмарз

Аз паси зангорҳову

аз рухи оинаи таърих

Бозтобад чеҳраи гумгаштаи ман,

Хаставу омосдор аз ҷаври сад неш.

Қудрате дорам, ки то бархезам аз пой,

Қудрате дорам, ки берун оям аз хокистари хеш!

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Каъбаро бо исми ту маънӣ як асту мартабат!

Офтобат ламъаи нури Худост,

Нимамоҳат шаҳпари боли Ҳумост.

Дар Авасто Панҷакат –Хонаи Худост.

Чашмасорат –

Зодагони чашмаи чашмони сабзат

Хизрро бахшидаанд оби ҳаёт.

Шаҳри ман,

Эй зодбуми ишқи ман,

Дар паноҳи ту бувад моро наҷот.

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Ин ҳама бас бошадам аз хоки покат мавҳибат!

аз 15
навбатӣ