Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САҲМИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР РУШДИ

ИЛМҲОИ ТИБ

Мусоев А.– н.и.т, муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ 28 августи соли 865 мелодӣ дар шаҳри Рай ба дунё омадааст. Тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш гузаштааст. Мутаассифона, аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ камтар аст. Тибқи маълумоти «Китоб-ут-тиб-ул- Мансурӣ» ӯ дар аввал бо касби заргариву саррофӣ машғул шуда, сипас ба омӯзиши илми кимиё рӯй меорад. Ба навиштаи Абурайҳон Берунӣ «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро (Закариёи Розӣ) маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».

1 Аз ин навишта маълум мегардад, ки сабаби ба илми тиб рӯй овардани Розӣ ба вазъи сиҳатӣ ва касби доштааш вобаста аст. Новобаста аз ин, Розӣ аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму адаб, ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе дошт.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ ба илми кимиё таваҷҷуҳи хосса дошт ва нозукиҳои онро хуб азбар карда буд. Вале баъдтар барои касби илмҳои тиб, ҳикмат, риёзиёт, кайҳоншиносӣ ва адабиёт рағбати бисёр пайдо кард.

Тибқи ахбори сарчашмаҳо Розӣ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле меравад ва ӯ барои дармон панҷсад динор талаб мекунад. Розӣ ночор он маблағро пардохт мекунад. Сипас, бо худ мегӯёяд, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.

Аз маълумоти тазкиранависон бармеояд, ки Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дода, пас аз чилсолагӣ ба омӯзиши осори тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард.

Бояд гуфт, ки замони ҳукумати Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад дар Рай Розӣ ба сифати сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат бо даъвати ҳокими Бағдод ба он ҷо меравад. Дар он давр Бағдод маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (786-809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Ӯ барои фаро гирифтани нозукиҳои илмҳои тиббӣ ва фалсафӣ ҷаҳд кард.

Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод таҳти роҳбарии Табарӣ, Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Андалус ва кишварҳои дигар мебарояд. Закариёи Розӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон, хусусан дар пойтахти давлати Сомониён, Бухоро чанде иқомат кардааст. Дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр манотиқ шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд. Аҳли бисёр кишварҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ Закариёи Розӣ дар Бағдод сардори бемористон фаъолият намуд ва пас аз хидмати чандинсола ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» ба зодгоҳаш бармегардад. Розӣ дар Мовароуннаҳр низ басар бурда, бо доираҳои илмии ин минтақа робита дошт. Дар охири умр нобино гашта, 25 октябри соли 925 аз олам чашм мепӯшад.

Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ олими энсиклопедисти барҷастатоҷик тоҷик ба шумор меравад. Бо сабаби тавоноӣ ва донишмандӣ муосиронаш ӯро «Ҷолинуси араб» ном ниҳоданд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва табиби ҳозиқ будани вай мебошад.

Ҳамзамон, осори таълифнамудаи ӯ шаҳодати гуфтаҳои болост. Ӯ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона, аксари онҳо бар асари ҳаводиси замон нобуд гардида, то имрӯз танҳо 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондааст, ки аксарияти онҳо ба забони арабӣ мебошанд. Дар соҳаи тиб зиёда аз 60 китобу рисолаҳо таълиф кардааст. Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китоб-ул- ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тиб-ул-Мансурӣ» дохил мешавад. Китоби якуми номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ- назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадими юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба нашр гардидааст. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китоб-ул-чадори-вал-хасба» (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва олмонӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст. Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола дорад. Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи оламшумулаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.

Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китоб- ул-ҳовӣ»-и ӯ воқеан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад. Бори аввал асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир карда, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурдааст. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Ба навиштаи ӯ «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст».

Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ дар Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи «Abubater» ё «Razes» шӯҳрат пайдо кард. Асарҳои дигари Розӣ ба мисли «Меҳнат-ул-заҳоб ва алфизати ва «Мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ», «Китоб- ул – асрор» ва «Китоб-ул- сирил-асрор» низ ҷолиби диққатанд.

Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китоб-ул-сирил -асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шуҳрати пайдо кардааст. Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китоб-ул-сирил-асрор» аз асари «Китоб- ул-асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ ба табъ расида, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад. Асари муҳимми табиии ӯ «Ал-ҳовӣ» аст, инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул- маорифи тиббӣ» низ ёд мешавад. Равиши таҷрибаи Закариёи Розӣ нишон медиҳад, ки ӯ аз рӯйи усули таҷрибаи империзм кор мекард.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб низ пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро ба тақтири маводи қандӣ ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо 1 Забеҳуллои Сафо. Таърихи адабиёти Эрон..-с.128., Диноршоев, М. Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази. -Душанбе: Дониш, 2013. -с.320.213 таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис медиҳад.

1 Як зумра олимони Аврупо ба корҳои Закариёи Розӣ баҳои баланд дода, ӯро олим ва донишманди бузург, асосгузори илми кимиё шуморидаанд.

Хулласа, Закариёи Розӣ дар ҳама соҳаҳои тибби назариявии замон худ муваффақ буда, дар инкишофи он таъсири наззаррас дорад.

Ӯ аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваста, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонид.

Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён омӯхта, дар ба ҳайси асосгузори риштаҳои илм шинохта шудааст. Дар натиҷа, дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ дар илми ҷаҳонӣ таъсири назаррас расонида, номи ӯро дар радифи саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонидааст.

пешина
аз 35
навбатӣ