АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ
Толипова Сайёра Шомахматовна – н.и.т. муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Абурайҳон Берунӣ яке аз донишмандони барҷаста дар соҳаи риёзиёт, ҷуғрофиё, таърих, тиб ва махсусан илми ситорашиносӣ, ба ҳисоб рафта, оид ба ҳар яке аз ин илмҳо асарҳои мукаммале ба мерос гузоштааст.
Таҳқиқот ва таълифоти ў дар бораи илмҳои дақиқ яке аз хидматҳои шоёни ў барои тамоми башарият ба ҳисоб меравад. Ў аввалин донишмандест, ки дар бораи давр задани замин дар меҳвари худ, гардиши хуршед ва муайян кардани самти шимолу ҷанубро дақиқан исбот кардааст.
Аксари муҳақиқон Абурайҳон Беруниро ҳамчун бузургтарин файласуфи машриқзамин шинохта, мероси гаронбаҳои ўро беҳтарин мерос барои башарият меҳисобанд. Яке аз хусусиятҳои ин олими бузург дар он буд, ки ў асарҳои муаллифони гузаштаву замони худро сарфи назар аз шахсияти муаллиф, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, илман барои равшан намудани он талош мекард.
Абурайҳон Берунӣ 5-уми сентябри соли 973 мелодӣ дар шаҳри Кот ё ин ки Кос, ки яке аз шаҳрҳои тобеи Хоразм ба шумор мерафт, дар оилаи маъруф миёни мардум, ба дунё омадааст. Берунӣ дар хонаводае ба воя расидаас, ки ҳама аҳли илму дониш буданд. Ў ҳанўз дар айёми наврасӣ соҳиби истеъдоди фавқулодда буда, илмҳои ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа, тиб, ҷуғрофиё, маъданшиносӣ ва таърихро аз бар карда буд. Муаллим ва устоди ў Абунасри Мансур ибни Арроқ заковат ва малакаи илмии ўро дарк намуда, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки Берунии толибилм аз кашфиётҳои илмии Юнони Қадиму арабҳо, иброниёну паҳлавиён ба таври бояду шояд баҳраманд гардад. Ҳамин буд, ки Берунии ҷавон қабл аз оне, ки ба синни 20 расад, аллакай заминаҳои илми ситорашиносиро дарку кашф намуда буд. Ў барои асосҳои илми машриқзаминро аз худ намудан забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, ибрў ва паҳлавиро аз худ намуда буд. Ў то синни 21- 22 дар Хоразм зиндагӣ карда, сипас дар натиҷаи ҳуҷуми қарахониҳо чанд муддат дар мусофират умр ба сар мебарад ва соли 1005 боз ба ватанаш бармегардад. Чунончи ў аввал дар шаҳри Рай зиндагӣ намудааст, ки дар «Осор-ул-боқия» дар ин бобат маълумот оварда шудааст.
Абурайҳон Берунӣ ба Рай, баъдан ба шаҳрҳои Исфаҳон, Ҳамадон, Табаристону Гургон рафта, як давраи муайяни ҳайёташро дар вазъияти ба Шамсулмуамоли наздикӣ доштан мегузаронад.
Ў тақрибан 15 сол азоби мусофирӣ кашида, дар ин муддат бо олимону шахсони бузурги таърихӣ шинос шуда, бо бештари онҳо мулоқот ва баҳсҳои сиёсиву илмӣ доштааст. Ҳамчунин ба шаҳрҳои Рай, Исфаҳон, Ҳамадон, Табаристону Гургон рафта бо донишмандони машҳури ин сарзаминҳо ба монанди Шамсулмаолии Қобус, ки яке аз мутафаккирон ва донишмандони машҳур дар таълиф ва тадвини осори илмӣ ба забони арабӣ маъруф буд, як давраи муайяни ҳаёташро мегузаронад. Муддате низ дар Гургон зери пуштибонии Зиёриён ба таҳқиқоти илмӣ машғул шудааст. Тавре дар баъзе аз сарчашмаҳо зикр шудааст, ў бо Абўалӣ ибни Сино табиби машҳур мулоқот намуда, бо ў дар масоили гуногуни илмӣ баҳсу мунозираҳое анҷом додааст. Дар замони ҳукмронии султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Берунӣ ба Ҳиндустон сафар намуда дар онҷо бо донишмандони Ҳинд мулоқотҳо анҷом дода, забони ҳиндиро пурра аз худ мекунад. Кори бузурге, ки Берунӣ замони иқоматаш дар Ҳинд анҷом додааст, муайян кардани андозаи ҷуғрофии 11 шаҳри Ҳиндустон мебошад.
Абурайҳон Берунӣ дар таърихи тамаддуни инсоният мақоми хосе дорад. Ў монанди Абунасри Форобӣ ва Абуали ибни Сино олими замони худ буд. Илмҳои математика, астраномия, география, геодезия, геология ва минералогия, илми тиб, таърих, филология, таърихи дин ва фалсафа хуб медонист, яъне ягон соҳаи илми замонаш аз назари ў дур намондааст. Берунӣ ба пешрафти илми асрҳои миёна таъсири муайян расонида, аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Хидматҳои бузурги Абурайҳони Берунӣ дар улуми ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа, тиб, таърих ва ғайра барои ҳеҷ соҳибхираде пўшида нест. Баръало метавон гуфт маҳз осори илмӣ ва пурғановати олими бузург Абурайҳони Берунӣ буд, ки донишмандон ва муҳаққиқони минбаъдаи ҷаҳон барои кашфи илмҳои замонаи хеш замина ва дастовардҳои хубе фароҳам оварданд.
Ў дар тўли ҳаёти худ барои башарият бо забонҳои гуногун асарҳо дар улуми мухталиф таълиф намуда, ҳамчунин лозим ба тазаккур аст, ки асарҳои зиёдеро аз забонҳои арабию ҳиндӣ ба забони форсӣ тарҷума кардааст. Муҳимтарин хидматҳои илмӣ ва таҳқиқии ў, ки ҳамчун мероси гаронбаҳое пешкаши ҷаҳониён гардидааст, инҳо мебошанд:
1 Тарозуи Абурайҳон, ки яке аз дақиқтарин тарозуҳои таърихи илми ҷаҳон аст.
2. Ҳаракати хоссаи васатии хуршед.
3. Хосияти физикии алмос ва зумрад.
4. Кайфият ва чигунагии сохтани асал тавассути занбўри асал.
5. Қазру мадди руду дарёҳо.
6. Расади хусуф ва кусуф (гирифтани офтобу моҳ).
7. Сохтани курраи ҷуғрофӣ (глобус).
8. Тарҳи назариёт дар бораи вуҷуди қораи Амрико.
9. Қоидаи ёфтани самти қибла ва сохтани меҳроби масоҷид.
10. Сохтани асбоби расадӣ мисли семила ва шоқул.
Асарҳои машҳури Берунӣ «Осор-ул-боқия», «Хронология», «Тавҳим», «Геодезия», «Ҳиндустон», «Қонуни Масъудӣ», «Минералогия», «Сайдона», «Фармакогнозия» ва ғайра буда, дар асоси аз нуқтаи назари танқидӣ омухтани корҳои олимони замони худ ва тадқиқоти хосаи ў дар соҳаи илмҳои доир ба замин, геодезия, география, геология ва минералогия маълумотҳои пурра ва кашфиётҳои нав инъикос ёфтааст. вай дар Ғазна 13 сол зиндагӣ намуда, асарҳои зеринро навишатааст.
1. «Таърихи Хоразм», ки соли 1035 ба охир расида бошад ҳам то замони мо нарасидааст. Ба гуфти Байҳақӣ вай яке аз асарҳои беҳтарини Берунӣ буда, тамоми таърихи Хоразмро дар бар гирифтааст.
2. Китоби «Таҳдид» аст, ки соли 1025 таълиф гардидааст ва дастнависашро то солҳои бистуми асри мо гумшуда меҳисобанд, хушбахтона дар солҳои бистум он пайдо шуд. «Таҳдид» на танҳо доир ба ҷуғрофия, балки дар хусуси дигар соҳаҳои илм низ баҳс мекунад. Чунончи Берунӣ дар ин асар ба воситаи расадҳои палеонтологӣ як қатор масъалаҳои фанни биологияро аз нуқтаи назари илмӣ таъбир кардааст.
3. Асари дигари Берунӣ, ки соли 1029 ба забонҳои тоҷикию аррабӣ таълиф шудааст, «Ат-тавҳим»-ном дорад.ин китоб мисли китоби дарсии астраномия буда, тамоми фанҳои ба он марбутро фаро гирифта, нусхаҳои зиёди ин асар ба мо омада расидааст.
4. Китобе, ки номи Беруниро машҳур гардонидааст, «Фи- таҳқиқ-милал Ҳинд» мебошад, ки соли 1030 ба поён расидааст. Ин асарро Берунӣ дар аснои Ҳиндустонро забту дини исломро паҳн кардани султон Маҳмуди Ғазнавӣ офаридааст.
5. Дар соли 1029 бахшида ба духтари зебои рафиқаш Ҳасани Бузургон ба санъати астрология китобе менависад, ки он китоб дар замони мо ба забони англисӣ тарҷума шудааст.
Тавре маълум аст, Абурайҳони Берунӣ тамоми ҳаёти худро барои омўхтани илму дониш сарф кардасст. Ў дар бораи ҷашнҳои Наврўз (21-уми март) ва Меҳргон (иди ҳосилғундорӣ 21 уми сентябр) маълумотҳои пурарзише боқӣ гузошта, ба офаридани асарҳое, ки доир ба ҷашнҳои миллӣ маълумот медиҳад, низ машғул шудааст.
Берунӣ 150 асар эъҷод кардааст, ки 40 тои он то ба замони мо расидааст. Абурайҳони Берунӣ риёзишиноси машҳур буда, бисёр асарҳояш ба илмҳои геология, физика, биология, таърих, этнография ва фалсафа башида шудаанд. Шоҳасарҳои Абурайҳони Берунӣ на танҳ дар байни миллати тоҷик ва форси забон, балки дар байнӣ халқиятҳои ҷаҳон машҳур гардидааст. Фаъолияти илми ў дар замони сомониён оғоз ёфта минбаъд ба дараҷаи баланд расидааст.
Абурайҳон Берунӣ 13-декабри соли 1049 вафот кардааст.
Таъсири Берунӣ ба наслҳои оянда бисёр калон буд ва ҳаст. Аз ҷумла, ба олими намоён Умари Хайём (солҳои 1040-1123), ки оид ба астраномия низ якчанд рисолаҳо эҷод кардааст, таъсири эъҷодиёти Абюурайҳони Берунӣ ҳис карда мешавад. Таълимоти Берунӣ аҳмияти умуиҷаҳонии худро то кунун гум накардааст. Баъзе усулҳои ҳисобкунии ў то ҳол дар илм ба кор бурда мешавад.
Хидматҳои бузурги Абурайҳони Берунӣ дар ими ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа, тиб, таърих ва ғайра барои ҳеҷ соҳибхираде пўшида нест. Баръало метавон гуфт маҳз осори илмӣ ва пурғановати олими бузург Абурайҳони Берунӣ буд, ки донишмандон ва муҳаққиқони минбаъдаи ҷаҳон барои кашфи илмҳои замонаи хеш замина ва дастовардҳои хубе фароҳам оварданд. Ў дар тўли ҳаёти худ барои башарият бо забонҳои гуногун асарҳо дар улуми мухталиф таълиф намуда, ҳамчунин лозим ба тазаккур аст, ки асарҳои зиёдеро аз забонҳои арабию ҳиндӣ ба забони форсӣ баргардонидааст.
Муҳимтарин хидматҳои илмӣ ва таҳқиқии ў, ки ҳамчун мероси гаронбаҳое пешкаши ҷаҳониён гардидааст аз қабили «Осол-ул боқия» мебошад, ки аз 21 фасл иборат аст.
«Осол-ул боқия» -и Абурайҳон Берунӣ асари гаронбаҳое мебошад, ки то имрўз мавриди истифода қарор дорад. Муаллиф дар ин асар тавонист ташаккули шаклҳои мухталифи фарҳанги инсонӣ сабабҳои пайдоиши ҷараёнҳои мухталифи мазҳаби ва муборизаи байёни онҳор ошкор намуда, муносибати муттавакирони гузашта ва ҳамзамони худро нисбат ба онҳо муайян менамояд. Ин китоби бебеҳо дар бораи пайдоиши олам ҳайёт оқеаҳои оддиву ғайриоддӣ, табии сабабу тарзҳои пайдоиши оину кешҳо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани тақвими ҳиндуён, румиён, яҳудону форсҳо, арабҳову қибтиён малумот дода шудааст. Дар осор-ул боқия, ки дар он ба Собиён Ҳарониён, Калдониён, Пилдодиён, Сосониён дар бораи Искандари Зулқарнай, Монӣ, Зардушт ибни Муқаннаъ муборизаҳои намояндагони дину мазҳабҳои гуногун маълумоти пурқиммате оварда шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё