Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АҲАМИЯТИ УМУМИНСОНИИ АФКОРИ ФАЛСАФИИ

АБӮРАЙҲОН БЕРУНӢ

Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифзода Ф.Қ.- дотсенти кафедраи амнияти иттилотии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз мутафакирони барҷастаи асрмиёнагии тоҷикон Абӯрайҳон Муҳаммад бини Аҳмади Берунӣ (973-1048) мебшад, ки ба мо афкори бузурги илмӣ-фалсафӣ боқӣ гузоштааст. «Дар асрҳои 9-15 муҳимтарн шакли материализм-материализми ҳакимони табиатшинос буд. Дар ин давра илмҳои табиатшиносӣ - химия, физика, астрономия, геодезия, география, минералогия, математика ва тиб хеле тараққӣ карда буданд. Ҳакимони табиатшинос Абубакри Розӣ, Ибни Хайём,Абурайҳони Берунӣ,Ибни Сино,Ибни Хайсам,Умари Хаём,Насриддини Тусӣ ва дигарон зимни тадқиқи масъалаҳои ҷузъӣ як қатор масъалахои умиумназариявии илмро пнш гузоштава ҳал карданд».Берунӣ дар тамоми муддати умр машғули таҳқиқу омӯзиши илмҳои гуногун аз ҷумла фалсафа буд.

Вай забонҳои сурёнӣ, санскритӣ, форсӣ, арабӣ ва ибриро медонистааст. Ин имкон медод,ки аз афкори фалсафии гуногун дар забони асл истифода барад. Абӯрайҳони Берунӣ ҳакими риёзидону олими хуби нуҷум буд ва ҳамчунин дар фалсафа, тиб, ҷуғрофия, таърих, адаб, шеър ва луғат низ маҳорат доштааст. Муҳаққиқ Толстов С.П. менависад: «Хеле бо ҳам монанд будани образҳои илмии ду нафар Хоразмиёни Кабир Берунӣ ва пешгузаштаи вай Муҳаммад Ибни Мўсо ал-Хоразмӣ, ки асосгузорони риёзиюни аврпоӣ буд, моро ба ҳайрат меандозад».

Осори Абӯрайҳони Берунӣ аз «Осор-ул-боқия», «Китоб фит- таҳқиқи мо лил-ҳинд», «Ал-қонун-ул-масъуди фи-л-ҳайат ва –н- нуҷум», «Китоб-ус-сайдана фит-тиб», «Китоби таҳдид ниҳоят ул- амокин лӣ тасҳеҳи масофат ил-масокин», «Китоб ут-тафҳим ли авоили саноат ит- танҷим» ва ғайра иборатанд. «Дониши илмӣ чун дигар шаклҳои истеҳсолоти маънавӣ дар ниҳояти кор барои он зарур аст, ки ба сўи амалия ҳаракат карда,онро ба танзим медарорад». Берунӣ дар афкори илмиаш ақидаҳои пешгузаштагони худ- Фарғонӣ ва Хоразмиро идома дода, бештар масъалаҳои табиию илмиро ва фалсафиро таҳқиқ кардааст. ӯро яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ (экспременталӣ), дар Шарқи Миёнаву Наздик медонанд. «Ақидаҳои фалсафии А.Берунӣ бештар дар асари «Мол- ил-Ҳинд» ифода ёфтааст.Инҷо мутафаккир ҳастии абадии моддиро эътироф карда таъкид кардааст, ки асоси чизҳоро оташ, ҳаво, об ва хок ташкил медиҳад»-менависад Қодиров К.дар китоби «Таърихи фалсафаи тоҷик». Абӯрайҳони Берунӣ асосан ҷонибдори фалсафаи машшоъ (перипатетизм) буд, ки аз Арасату оғоз ёфта, онро ал-Киндӣ, Фаробӣ, Ибни Сино, Ибни Туфайл, Ибн Рушд ривоҷ дода буданд. Машшоъ калимаи арабӣ буда, маънояш одами тезгард, тезрав аст. Аз сабабе, ки Арасту бо шогирдонаш дар боғ баҳсҳоро мегузаронид дар лотинӣ пайравони ӯро – перипатетикҳо ва дар арабӣ – машшоиён мегӯянд. Бунёдгузори фалсафаи машшоияи Шарқи исломӣ Абуюсуф Яъқуб бинни Исҳоқ ал-Киндӣ мебошад. Яке аз намояндагони барвақти маъруфи машшоия Павлуси Форс мебошад.

Рушди фалсафаи машшоъ ба асрҳои IX- XV рост меояд. Дар ин давра бисёр файласуфон ба монанди ал-Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Н.Тусӣ ва ғайраҳо фаъолият кардаанд.Ба ғайр аз фалсафаи Арасту ва Ибни Сино Берунӣ 40-соли умри худро ба омўзиши фалсафаи Абубакри Розӣ бахшидааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи абадияти материя ақидае пеш нагузошта бошад ҳам, ба он хос будани ҳаракатро зикр намуда, дар асарҳояш аз Арасту ва Батлимус (Птолемей) ном бурдааст.ӯ ба масъалаҳои ҳаракати нур, гармӣ ва хосиятҳои он диққати махсус додааст. Мутафаккир офтобро як ҷисми гарми оташин пиндошта, ҳаракати нурҳои онро ниҳоят сареъ медонад. Гармии заминро, ки дар натиҷаи ҳаракати моддаҳо дар қишри замин падид омадааст, ба миён мегузорад. Дар соҳаи кайҳоншиносӣ бошад, ӯ ба назарияи Батлимус(Птоломей) шак оварда, аз рӯи муҳосибаи риёзӣ дар меҳвари худ давр задании заминро имконпазир мешуморид. Ҳамчунин Абӯрайҳони Берунӣ масоили маркази оламро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба чунин хулоса меояд, ки аз ҷиҳати системаи гелиотсентрӣ он қобили қабул аст, вале то охир дар ин фикраш собит намонд ва назарияи Батлимус (Птоломей) - ро дар ин масъала пазируфт. Мутафаккир барои ошкор сохтани арзу тӯли маҳалҳо усулҳои нав эҷод кард ва тӯли ҷуғрофиро бо усули мушоҳидаи гирифтани Моҳ аз ду нуқтаи замин мегузаронад.

Нақши ӯ дар муайян намудани бисёр ҳаводису масъалаҳои гуногуни табиӣ низ хеле бузург аст. «Берунӣ ҳазор сол пеш пешниҳод кард, ки замин дар гирди меҳвари худ чарх мезанад, Берунӣ дар бисёр масъалахо аз Арасту пеш гузашт, махсусан дар илми дорусозӣ дар асараш «Фармакогнозии», ки дар он аз илми тибби хиндӣ ва арабӣ исифода кардааст» - менависад Морочник С.Б. Абӯрайҳони Берунӣ доир ба масоили забоншиносиву омӯзиши истилоҳоти илмии он, назарияи шеър ва дигар масъалаҳои таърихиву ҳаётӣ ҳам як силсила фикрҳои муҳиму пурарзиш баён намудааст. «Моҳи июни соли 1974 шумораи махсуи маҷаллаи «Курьер ЮНЕСКО» нашр шуд, ки дар он А.Берунӣ ҳамчун шахсияти187 инсонпарвар, астроном, таърихшинос, ботаник, фармаколог, геолог, шоир, файласуф ва географ номбар гардид» - менависад Морочник С.Б. Берунӣ ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикри баъдан пешниҳодкардаи физикадони бузурги англис И. Нютон (асри XVIII) дар бораи қувваи ҷозибаи Замин ба хотир меорад. Ӯ тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар Коинот ё худ таълимот дар бораи касрати олам мебошад ва муътақид аст, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд. Берунӣ дар масъалаи атомистика низ ақидаи мустақили худро дорад. Вай унсурҳои таълимоти атомии Деморкрит ва Эпикурро ба назар мегирад.Ӯ тақсимпазирии зарраҳои оламро эътироф карда, то ба беохир ва беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро он метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Вай барои исботи ботил будани тақсимшавии беохир мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин «беохирӣ»-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад.

Берунӣ бисёр масъалаҳои физикавию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар масъалаи амали қонуни сабабият дар олам Берунӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён пайравӣ карда, сабабиятро дар кайҳон меписандад ва Муҳаррики аввалро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал мебахшад, «Иллату-л-илал» меномад. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, ҳамчунин нисбати падидаҳои дигари табиату ҳодисаҳои ҷамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Берунӣ, бархилофи уламои дигари ислом, тамоми масъулияти оламро ба дӯши Офаридгор нагузошта, мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (қонунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти инсон диққат додааст.

Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад.

Дар масъалаи назарияи дониш мутафаккир тамоми раванди маърифатро ба се қисм тақсим мекунад: ҳис, ақл ва қалб. Берунӣ дар дарку маърифати олам ба эҳсос баҳои сазовор додааст. Ба фикри ӯ, нақши ҳиссҳо дар таҷрибаҳои илмиву амалии мутафаккир хеле бузурганд. Бовар доштан ба эҳсос ва маълумоти ҳисҳо заминаи муҳимме барои мушоҳидаҳои амалӣ мебошанд, нодида гирифтани нақши онҳо дар ҷараёни маърифат боиси коста шудани дониши инсон мегардад.

Инсон бояд ба воситаи қувваи биноӣ барои маърифати олами офаридаи Худованд кӯшиш кунад ва маълумоти ҳисси биноӣ дар тасмимгирии ақлонӣ кумак хоҳад кард. Ҳисси шунавоӣ бошад, барои аз худ кардани суханҳои Оллоҳ мақоми муҳим дорад. Берунӣ чунин мешуморад, ки агар эҳсос барои Ақли инсон дар шинохти Олам ва барои аз худ кардани суханони Худо (Қуръон) мадад кунад, инсон ба ҷузъ онҳо эътиёҷ ба ақлу қалб низ дорад. Ба ибораи дигар, агарчи инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва қувваи ҳиссӣ аз дигар мавҷудоту ҳайвонот заифтар аст, Худо маҳз бо ақл ӯро мусаллат гардонида, ҳамчун мавҷуди шарифи олами хокӣ вайро ба ҷойнишинии худ дар рӯйи Замин сарафроз кардааст. Инсони дорои ақл на фақат дар назди инсоният, балки дар назди олами набототу ҳайвонот низ масъул аст, онҳоро бояд бо қудрати ақли худ муҳофизат ва муроқибат намояд. Дар баробари рисолати ақлонии инсон Берунӣ дар масъалаи дин ва ахлоқ ба мақоми қалб таъкид мекунад, ки аз тариқи омехтани қувваи ақлонӣ бо қалб имони одамӣ дучанд мешавад. Аз ин рӯ, фалсафаи Беруниро метавон таълимоти натурфалсафӣ ва ратсионалистӣ номид. Дар баъзе мавридҳо фалсафа ва ҷаҳонбинии ӯ, ба қавли муҳаққиқон, андешаи деистӣ (яъне, Худованд оламро офарида ба қонуниятҳои он дахолат намекунад) низ доштанд.

Берунӣ мутафаккири бисёрҷабҳа буд. Ӯ қариб дар тамоми соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Ақоиди илмию фалсафии ӯ бештар ҷанбаи табиатшиносӣ доштанд ва назари ӯро мухтасаран назари натурфалсафӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад, зеро фаъолияти илмию ҷаҳоншиносии Берунӣ аксаран роҷеъ ба баррасии соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносӣ аст. Таҷрибаи илмиву амалии Берунӣ (таҷриба, озмун), ба масъалаҳои заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат, улуми дақиқ, осори илмиву фарҳангӣ, расму русум (антропология) - и халқу миллатҳои гуногун бахшида шудааст. Ӯ ба муҳокимаронӣ ва фаъолияти назариявию муроқибавии хосси тарзи тафаккури асримиёнаӣ муқобил буд. Берунӣ аслан олими энсиклопедист аст. Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 130 то 180 асар эҷод шуда, 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғ. бахшида шудаанд. Ба ғайр аз ин миқдори бузурги асарҳое ҳастанд, ки бо иштироки Берунӣ эҷод шудаанд. Баъзе аз асарҳои нодири мутафаккир то ба замони мо нарасидаанд.

Омӯзиши осори мутафаккир ҳанӯз аз садаи XX шурӯъ шуда буд. Ба асарҳои ӯ бузургтарин олимони табиатшиноси замон ва тамаддуни ислом Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Улуғбек, Қозизодаи Румӣ ва диг. такя ва истинод кардаанд. Мувофиқи шаҳодати муаррихони машҳури таърихи илм, омӯзиши осори ӯ тавассути аврупоиён дар миёнаи садаи XIX бо тарҷумаи баъзе аз порчаҳои «Мо ли-л -Ҳинд» оғоз ёфт. Дар ин кор хидмати шарқшиноси олмонӣ Э. Захау (1845—1930), дар нашру тарҷумаи асарҳои мутафаккир хидмати муаррихон Э. Видеман, К. Налино, К. Шой ва диг. хеле бузург аст. Аз байни муҳаққикони эронӣ А. Доносиришт, А Беҳхудо, М.Оштиёнӣ,С.Тақизода, М.Рашшод ва олимон Э. Сале, С. П. Толстов, А. Халидов, У. И. Каримов, П. Г. Булгаков, А. Д. Шарипов, А. Розенфелд, М. М. Рожанская, Э.К. Соколовская, М.Авфӣ, И.Ю. Крачковский, Ҳ.У.Содиқов, К.Қодиров ва дигарон оид ба таҳлилу баррасии осори Берунӣ хеле бузург аст.

Ҳамин тариқ, таърихи фалсафаи тоҷик пур аз мутафаккирони барҷаста буда, дар байни онҳо мақоми Абурайҳони Берунӣ ҳамчун олими инсонпарвар ва энсиклопедист барҷаста буда, афкори боқимондаи фалсафии ў аҳамияти умумиинсонӣ дорад.

пешина
аз 35
навбатӣ