АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ БУНЁДГУЗОРИ
МАРДУМШИНОСИИ ТОҶИК
Ғуломшоев С.– дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ яке аз барҷастатарин донишмандони Шарқ буда, 4 сентябри соли 973 дар шаҳри Коти музофоти Хоразм ба дунё омадааст. Берунӣ доир ба илмҳои таърих, мардумшиносӣ, риёзӣ, табиатшиносӣ, ҷуғрофия, минералогия, фаласафа, нуҷум, адабиёт ва забон асарҳои зиёдро мерос гузошт. Аз осори гаронбаҳои ў бист асари нодир то замони муосир омада расиданд, ки ба онҳо: «Ал – осор - ул- боқия- ан ал- қурун -ул-холия» (мардумшиносӣ), «Китоб -ут- тафҳим ли авоили саноат-ит-тинҷим» (илмҳои дақиқ), «Китоби таҳдиди ниҳоят - ал- амокин ли тасҳиҳи мусофат-ил-масокин» (гиодезия), «Китоби фи- таҳқиқи мо-ли-л -Ҳинд» (доир ба Ҳиндустон), «Ал-қонун -ул- Масъудӣ фи-л -ҳайит ва-л -нуҷум» (Қонуни Масъудӣ), «Китоб -ул- ҷамоҳир фи-маърифат -ул-ҷавоҳиир» (сангу сарватҳои зеризаминӣ), «Мақолатун финнусубиллатӣ байн алфилиззот валҷавоҳири вал- ҳуҷҷун» ва ғайра дохил мешаванд, ки доир ба таърих, мардумшиносӣ ва дигар илмҳо маълумот медиҳанд.
Баъди ба дасти Қарахониён гузаштани ҳокимяти Хоразм Берунӣ зодгоҳашро тарк намуда, ба Рай омад ва дар он ҷо бо чанде аз дӯстони заргар ҳамсуҳбат шуда, дар бораи маъданҳо ва ҷавоҳирот маълумоти фаровоне ҷамъ оварда, китоби «Минералогия», («Китоб- улҷамоҳир фӣ маърифатил -ҷавоҳир») иншо намуд. Абурайҳон Берунӣ аз Рай ба Исфаҳон, Ҳамадон, Табаристон ва Гургон омада дар он ҷо соли 1000-ум асари машҳури худ «Осор -ул -боқия»-ро таълиф намудааст.
Аҳамияти илмии асари мазкур дар он мебошад, ки Берунӣ нахустин маротиба дар муқобили истилоҳоти арабӣ калима ва ибораҳои забони форсӣ-дариро истифода намудааст. Донишманди эронӣ Ҷалоли Ҳумоӣ дар бораи забони ин асар чунин ақида дорад:
«Устод Абурайҳон дар навиштани ин китоб кўшиши босазое доштааст, ки то метавонад, ба ҷои луғатҳо ва истилоҳҳои илмӣ, ки дар он замон ба арабӣ будааст, калимаҳои форсии асл бигузарад, ба тавре ки ҳам иборат мафҳум бошад ва ҳам услуби китоб аз шевоӣ ва балоғат наафтад».
«Осор ул боқия»-и Абўрайон Берунӣ соли 1990 аз ҷониби муҳаққиқ ва адабиётшиноси намоён Алиқул Девонақулов ба нашр омода гардида, файласуфи барҷастаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ ба ин асари баҳои баланд додааст: «Муаллиф дар ин асараш таърихи тамаддуни умумиинсониро бо тартиби муайяне баён намуда, тарзи такомули афкори ҷамъиятиро бо далелҳои ақли нишон медиҳад». Абурайон Берунӣ қариб 15 соли ҳаёташонро дар мусофират гузаронида, соли 1029 пас аз бозгашти Ҳиндустон «Китоб- ут - тафҳим» бо ду забон арабӣ ва форсӣ бо хоҳиши Райҳона ном духтари дўсташ Ҳусайни Хоразмӣ ба таври саволу ҷавоб навиштааст. Асари мазкур аз муқадима ва панҷ боб (чаҳорсаду шасту чаҳор саволу ҷавоб) иборат мебошад ва фасли сеюми он (саҳ 132-152) пурра ба таърих ва мардумшиносӣ бахшида шудааст. Мутафаккир дар ин асар доир ба масъалаи таърих маълумот дода қайд менамояд: «Таърих вақте бошад андар замон сахт машҳур, ки андар ў чизе будааст, ки хабараш андар уммате бар умматон пайдо шуд ва бигустурд чун дине ё кеше нав шудан ва ё давлате мар ҳар гурўҳеро пайдо шудан, ё ҳарби бузург, ё тўфоне ҳалоккунанда ва монанди он, чунон-к он вақт замонаро оғоз ниҳанд, на ба ҳақиқат ва табъ. Ва-з ў солу моҳу рўз ҳамешуморанд, то ба ҳар вақте ки хоҳанд.
Ва андозаҳои рўзгор ва аҷал (фосилаи вақт) ва мўҳлат бад-он бидонанд. Ва вақтҳоро донанд, кик адом аст пешу кадом аст зи пас». Ин таърифи А.Беруниро баъдан муаррихону донишмандон мавриди омўзиши қарор дода, ба хулосае омаданд, ки таърих тараққиёти ҷамъияти инсониро дар ҷараёни вақти бебозгашт, бо таҳлили сабабҳо ва оқибатҳо, иштироки шахсони номвар ва оммаи халқ меомўзад. Пас таърих илмест, ки ҷамъияти гузаштаю имрўзаи инсоният, қонуниятҳои инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро бо иштироки шахсони номвар дар ченаки фазо ва вақт дар шакли мушаххас меомўзад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Э.Раҳмон таърихро мактаби бузурги худшиносӣ меномад ва “Мо вазифадорем, ки ба таърих арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Олим ва мутафаккири намоёни Шарқ А.Берунӣ яке аз бунёдгузорони илми мардумшиносӣ буда, доир ба сару либос, расму ойин, урфу одат, ҷашну ойин ва тарзи зиндагии халқи тоҷик маълумоти зиёд додааст.
Ў доир ба ҷашну ойин ва рузгори гузаштагон мефармояд, ки «чун солҳо ва моҳҳои эшон мухталифанд, ҳамчунон он рўзҳо, ки андар он ба кор ҳамедоранд, мухталиф бошад. Ва ҳар гурўҳеро андар моҳҳои хеш рўзгорест пайдо. Ва аз он бархе идҳост, ки андар он шодӣ кунанд ва зиннат пайдо оранд ва гуногун расмҳо бинамоянд.
Иммо (дастурамал) аз падарон ёфта, иммо аз аз дин, ё аз кеш баргирифта. В-аз он бархе савмҳост, ки бад-он умеди савод доранд. Ё ба фармоиши шариат, ки фазоили он рузҳо пайдо кард ва ё аз баҳри ҳолҳо, ки андар он ба иттифоқ афтодааст, ки андўҳ ва ҳузн воҷиб кард ва рўза бад-ў дошта омад».
Дар ин фасл доир ба номҳои моҳу сол ва хусусияту умумияти тақвимҳои арабу аҷам, яҳудию суғдӣ чунин маълумот медиҳад. Пас аз муқоисаю таҳқиқи моҳу сол тақвимҳои дуруст намуда, солҳоро дақиқ намуданд ва таърих офариданд.
Аз ҷумла, Берунӣ А. перомуни Урдубиҳишт дар «Осор-ул- бақия» чунин овардааст: «Бархе гуфтаанд, ки мунтаҳои хайр аст, Урдубиҳишт малики оташу нур аст ва ин ду бо ў муносибат дорад ва худованд ўро ба ин кор муваккал карда, ки илҳалу амрозро ба василаи адвияю ағзия (давою ғизо) изола (табобат) кунад, сидқро аз кизб ҷудо намояд ва муҳақро аз мубтал ба савгандҳое, ки дар Авесто мубайин аст, тамиз диҳад».
Урдибиҳишт ё Гулистонҷашн дар забони паҳлавӣ мафҳуми ҳақиқату ростӣ мебошад. Эрониёни бостон сарсабзии табиат ва шукуфоии онро бо ҷашни Урдибиҳиштгон истиқбол мекарданд. Ин ҷашн дар рўзи сеюми моҳи Урдибиҳишт (22-24 апрел) таҷлил мегардид.
Чун фариштаи Урдибиҳишт гули махсусу дўстдоштаи худро дорад, ки онро гули марзангўш (анҷирак) меноманд. Душизагону ҷавонзанон гулро ба зулфони худ гузошта, ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Ҷашни дигари гузаштагонамон Тиргон буда, маънои форсии ситораи Аторуд мебошад, ки эрониёни бостон онро ду рўз, яъне сездаҳум ва чаҳордаҳуми тирмоҳ бо шукўҳу ҷалоли махсус таҷлил карда, рўзи аввалро кўчак ва дуюмро Тиргони бузург меномиданд.
Мувофиқи солшумории кунунии мо дар солҳои гуногуни ин рўз ба 3- 5 июл баробар мебошад. Рўзи 13 - уми ҳар моҳи хуршедӣ ба гиромидошти ин эзиди ойини зардуштӣ бо номи Тиррўз маъруф аст. Дар рўзи 13 - уми тирмоҳ, ки моҳи чоруми соли хуршедӣ ва мавсими гармои сол аст, ба муносибати тафовуқи номи моҳу рўз ин ҷашни фархунда таҷлил мегардид. Ҷашни рўзи аввали Тиргонро «Наврўзи таборӣ» низ гўянд. Шаби сездаҳуми моҳи тир то кунун дар Мозандарон ҷашн гирифта мешавад. Гўянд чун Афросиёб бар Манучеҳрро шикаст дод, Манучеҳр ба Табашҳоргар фирор кард. Афросиёб дувоздаҳ сол дар Эронзамин ҳукмфармоӣ кард. Дар охир ба хулосе омад, ки эрониён аз болои кўҳҳои Табаристон тире раҳо кунанд ва дар куҷое, ки тир фуруд ояд, марзи Эрону Турон бошад. Эрониён мувофиқи ойини Маздаясно ва фариштаи муваккали Замин барои тирандозӣ Орашро баргузиданд ва ў тире ба сўи Ховар андохт, ки ба Фарзона фуруд омад, он рўзро Тиргони бузург ниҳоданд. Рўзи тирандозиро Тиргон ном ниҳода, ҷашн гирифтанд Инчунин доир ба Баҳорҷашн ё Ҳурмуздрўзи озармоҳ, ки рўзи нахустини озармоҳ аст ё ҷашни умед таҷлил мегардид. Мувофиқи солшумории мо ин ҷашн ба 21, 22, 23 ноябр мутобиқ мебошад.
Ин рўз ба хотири поён ёфтани фасли гарм, шурўъи сармо ва ба умеди фардо, ки аз номи ҷашн ҳам пайдост, ки боз баҳор омада, оламро мунаввару пуртароват ва одамонро шодобу пурсаодат созад, гирифта мешуд.
Ҷашни Озар ки онро Озаррўз, Отарҷашн ва Озаргон низ гуфтаанд. Ҳар рўзи нўҳуми моҳи хуршедӣ ва нўҳуми сол мавсум ба Озар аст. Чун рўзу моҳи нўҳуми Озар фаро мерасид, ориёиҳои бостон онро гиромӣ медоштанд. Мувофиқи солшумории муосир дар сарзамини мо ин рўз ба 29, 30 октябр ва аввали декабр рост меояд.
Яке аз эзидони мўҳтарами ойини зардуштӣ, мувофиқи қавли Бундаҳшин фасли 27 фақараи 24 нигоҳбони гули озаргуни оташ аст, Озар ном дорад. Озар мафҳуми оташро дошта, мутобиқи навиштаҳои муаррихони кўҳан ва муҳаққиқони муосир яке аз худоён ва фариштагони бонуфузи то давраи ойини Зардушт будааст. Ин ойин дар Эронзамин такомул ёфта, замоне қисмати аъзами Осиё, Урупо ва Африқо ба худованди Отар ё Озар саҷда мекарданд.
Барои тасдиқи нуфузи эътибори фаровони Озар ҳаминро ёдовар шудан кофист, ки се оташкадаи бузурги Эронзамин, ки оташкадаҳои асосии ойини зардушт буданд, бо номи Озаргушасб, Озарбарзинмеҳр ва Озарфарибағ мавсум мегардиданд.
Чун фасли гармо ба охир мерасид, мардум ба оташ ниёзманд мешуданд. Бо фаро расидани рўзи нўҳум ва моҳи нўҳуми сол мардуми Эронзамин ба эҳтироми фариштаи Озар оташҳои бузург меафрўхтанд ва онро гиромӣ медоштанд.
Нишонаҳои таъсири амиқи фариштаи Озар ва муқаддасоти ўро мо то ҳол дар расму ривоҷҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мушоҳида карда метавонем. Анъанаҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, аз ҷумлаи шаҳ овардан, арўс кардан, ҷамъомадҳои мухталифи маҳаллии занон, аз қабили бисешанбею бичоршанбе, агар амиқ бингарем, бо ниёишу эҳтироми оташ бастагии хос дорад.
Ҷашни Хуррамрўз ё онро ё Наврўз низ мегуфтанд. Эрониёни бостон ин рўзро дар рўзи нахустин даймоҳ, ки ҳурмоҳ низ мегуфтанд, таҷлил мекарданд.
Ин рўз мутобиқи солшумории кунунӣ дар 21, 22, 23 декабр, ки сармои шадид аст, хотирнишон мегардид. Дай, ки бо номи моҳ мусаммо мегардад, номи Худованд, бори таъоло, илоҳӣ дар замонҳое буд, ки ориёиҳои бостон ба таври қабилавӣ зиндагӣ мекарданд.
Мардуми Аҷам ин рўзро сахт гиромӣ ва фархунда медоштанд.
Дар ин рўз подшоҳони Эронзамин ҷомаҳои сафед ба бар мекарданд ва ба хотири аҷдодони шубони худ дар биёбон рўи фарши сапед менишастанд ва нигоҳбонону посбононро аз худ дур мекарданд, то ҳар кас, ки кореву ниёзе дошта бошад, озодона назди эшон равад.
Подшоҳони Эронзамин дар ин рўз бо бузургону деҳқонон рўи як суфра менишастанд ва ҳамроҳи онон ғизо мехўрданд.
Ҷашни дигар дайгон ё дайҷашни нахустин, дай ба озар, дайбозар низ мегуфтанд. Мардуми Эронзамини куҳан ҷашни дайгони нахустинро, ки бо дайрўзи даймоҳ, яъне рўзи ҳаштуми даймоҳ баробар меомад, нисбати баробар омадани рўзу моҳ ниҳоят хуҷаста медонистанд ва бо шукўҳу ҷалол таҷлил мекарданд. Дай номи бисёр қадимии Аҳурамаздост. Манзалату шукўҳи ин
Худованд ҳанўз дар овони зиндагии қабилавӣ доштани ориёиҳо дар дили пешиниёни мо эҳтирому таваҳҳум эҷод мекард.
Чун моҳи дай моҳи нахустини зимистон буда, ба моҳҳои декабру январи кунунӣ баробар меояд. Гузаштагони мо пас аз заҳмати фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ ва ҷамъоварии маҳсули заҳматашон дар моҳи дай ба фароғат мепардохтанд.
Дар солшумории қадимии мардуми Аҷам се рўзи ҳар моҳи хуршедӣ дай буда, ба хотири махлут накардани рўзҳо номи як рўзи баъди худро ба дай изофа мекарданд. Рўзи 23 ҳар моҳи хуршедӣ бо изофаи номи як рўзи баъди он дай ба дин номида мешуд, ки ба 12, 13, 14 январ рост меояд.
Ҷашни Говгил ё Говгуҳал дар шонздаҳуми даймоҳ таҷлил мегардид. Мутобиқи солшумории муосир ин рўз ба 5, 6, 7 январ баробар меояд.
Шаби шонздаҳуми даймоҳ говеро меоростанд ва берун мебурданд. Мардум говро, ки иҷрокунандаи ҳамаи корҳои зироатӣ ва ризқу рўзии хонавода аст, эҳтиром мегузоштанд ва дар атрофи он шодӣ мекарданд.
Ин ҷашни куҳан буда, замони зиндагии муштараки қабилаи ҳинду аврупоиро ба хотир меоварад. Расми геромидошти гов ҳам-чун ҳайвони заҳматкаш то ҳанўз дар миёни мардумони Ҳинд боқӣ мондааст.
Ориёиҳои бостон, ки нигаҳдорандаи суннатҳои қадимии мардуми Аҷам ҳастанд, чунон мешуморанд, ки дар ин рўз мардуми Эрон говҳоро, ки тўрониён ба ғанимат гирифтанд ва чунин мефармоянд:
- Дар ин рўз Эронзамин аз Тўрон ҷудо шуд;
- Дар ин рўз Фаридун бар гови муқаддаси осмонӣ савор шуд;
- Дар ин шаб дар осмон гове пайдо шуд, ки шохҳояш аз тилло ва пойҳояш аз нуқра буда, Чархи Камарро мекашад, пайдо шуда, сипас ғоиб мешавад ва ба ҳар кас, ки дидори ў насиб гардад, дуояш мустаҷоб хоҳад шуд;
- Дар ин шаб дар кўҳи Аъзам шабаҳи гови сафед дида мешавад ва агар ин гов ду маротиба садо барорад, сол фаровонӣ ва агар як маротиба садо кунад, хушксолӣ хоҳад шуд.
Ҷашни Баҳмангон ин ҷашни бостониро Баҳманрўз низ мегуфтанд, ки дар баҳманмоҳ, яъне дуюми моҳи баҳман баробар меомад.
Мувофиқи солшумории кунунии мо ин рўз бо 21, 22, 23 январ рост меояд.
Дар ин рўзи хуҷаста, ки моҳи дуюми фасли зимистон аст, рўзҳои сардтарини сол фаро мерасад, гузаштагони мо либоси тозаи идона ба бар карда, дар ҷойҳои кушод оташҳои бузург меафрохтанд ва ба ин васила худовандро огоҳ месохтанд, ки онҳо сарфи назар аз сармои шадид сарбаланду саршор нигаҳбони оташи зиндагӣ ҳастанд ва рўзи нахустофаридаи Аҳурамаздо – Баҳманро ҷашн мегиранд.
Инчунин доир ба яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми орёитабор Сада маълумот медиҳад. Вожаи Сада марбут ба рақами сад буда, аз давраҳои қадимтарин панҷоҳ шабонарўз пеш аз ҷашни
Наврўз Садаро ҷашн мегирифа мешуд.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рўзи моҳи Баҳман (баробар ба 30- юми моҳи январи мелодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи пирони хирад дар ин ҳангом сармо ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рў ба эътидол меорад. Тибқи ривояти Абўрайҳони Берунӣ мардум Садаро ба муносибати «аз дўзах ба рўи олам баромадани зимистон» ҷашни мегирифтаанд. Барои пешгирии намудани ҳаргуна бемориҳо аз қабили бемории зуком аз гиёҳои хушбўй оташ афрўхта ба инсонҳо зиёне нарасад.
Абўрайҳон Берунӣ дар ҷойи дигар изҳори ақида кардааст, ки:
«ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврўз панҷоҳ рўз аст ва панҷоҳ шаб» яъне бистрўз аз моҳи Баҳман ва сӣ рўз аз моҳи исфанд, (баробари аввали феврал то 20 –уми моҳи март) ва панҷоҳ шабонарўз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз ба сад баробараст.
Сабаби аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи оташ аст. Мардуми Орёитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо тайёрии хуб ҷашни мегиранд. Ба қавли Муҳаммад дабири Сиёкӣ оташи ҷашни Сада оташи меҳри ватан мебошад. Ин оташро фурўзон ва ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем.
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Хуррамаст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт:
«Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёрбувад»
Замони истиқлолият имкониятҳои зиёдеро барои мардуми мо фароҳам овард, ки ҷашну анъанаҳои деринашро эҳё гардонида ба онҳо умри дубора бахшад. Имрўзҳо дар гўшаву канори мамлакати соҳибистиқлоламон таҷлил мегиранд.
Ҷашнвораи дигари қадимтарини мардуми ориёитабор Наврўз буда, он тимсоли покизагӣ, озодагӣ, накўкорӣ, хайрихоҳӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ буда, тарғибгари ҳамраҳӣ ва ҳамдилӣ, ҳуввияту ваҳдати миллӣ, пос доштани хотираи неки гузаштагон ва ба ҷо овардани эҳтироми кўҳансолон аз ҷумлаи фазилатҳо умумибашарии он мебошанд.
Абўрайҳон Берунӣ дар «Китоб ут тафҳим» қайд намудааст, ки Наврўз нахустин рўзи Фарвардин ва пешонаи соли нав аст. Инчунин дар асари безаволаш «Осор ул боқия» дар асоси ҷамъбаст намудани ривоятҳои муаллифони антиқа роҷеъ ба Наврўз чунин маълумот додаст: «Ва чанде аз мунаҷҷимони (донишмандон) бозорӣ мегўянд, ки чун Сулаймон ибни Довут ангуштарини хешро гум кард, салтанаташ аз дасти ў берун рафт. Ва пас аз чил рўз боз Сулаймон ангуштарини худро пайдо намуд ва подшоҳӣ бар ў баргашт ва мурғон бар даври ў гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: Наврўз омад!, яъне «Рўзи нав» омад. Гузашта аз ин, мутафаккири бузург дар бораи баъзе хусусиятҳои Наврўзӣ: бар рўи ҳамдигар об пошидану тўҳфа тақдим намудан чунин маълумот додаст: «Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ўро бардорад. Ва парастуе дар пеши рўи ў пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсўтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ. Пас Сулаймон самти ҳаракати худро дигар кард ва чун ба замин фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об ба рўи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврўз ба ҳамдигар об мепошанду тўҳфаҳо тақдим менамоянд. Дар ҷои дигар менависад, «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тозае буд Ҷамшед ид гирифт, арарчӣ пеш аз ин ҳам Наврўз бузургу муаззам буд». Эрониён бар он ақидаанд, ки дар ин рўз найшакар ёфт шуд ва ҳар чуби хушк дар ин рўз сабз мешавад. Ин расм пойдор монд ва эрониён дар рўзи Наврўз дар гирди хонаи хеш ҳафт хел ғалла бар ҳафт табақ мекориданд. Ҳамчунин, эрониён пайдоиши Наврўзро ба зодрўзи Каюмарсу Ҳушанг, девонро мағлуб кардани Таҳмурас, Зардуштро ба пайғамбарӣ пазируфтани Аҳуромаздо нисбат медиҳанд. Бинобарин фармудаанд, ки ҳар кас дар бомдоди Наврўз шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд. Ин ҷашн эҳёи табиат, рамзи перўзии қувваҳои аҳуромаздоӣ бар аҳриманӣ, нур бар зулмот гармӣ ба сардӣ мебошад.
Ин анъанаҳои дар замони муосир моҳи сентябри соли 2009 бо пешниҳоди як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи осори таърих, фарҳанг ва маорифи Созмони Милали Муттаҳид расман пазируфта шуд.
Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 аз ҷониби созмони байналхалқӣ оид ба ЮНЕСКО дар феҳрасти мероси ҷаҳонӣ сабт гардид, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.
Берунӣ қариб дар тамоми соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносӣ, заминшиносӣ, маъданишиносӣ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ асрар офаридааст. Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғ. бахшида шудаанд.
Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор ул - боқия», «Молил Ҳинд» ба мушоҳида мерасад.
Мақсади асосии мо дар руҳияи ватандўстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад, бинобарин барои эҳёи намудани анъанаҳои миллӣ бояд шароити мусоид фароҳам оварем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё