Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
ВУЛФ ПЕТРОВИЧ
Ба ёди Бӯстони ҷавонмарг
Рӯзноманигори боғайрат ва ҷавонмарди беҳамто шодравон Бӯстон Шукурӣ, ки падараш Достон Шукуров умре мусаҳҳеҳи маҷаллаи «Садои Шарқ» буд, чанде вазифаи раиси идораи Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт. Боре Бӯстон бо Абдураҳмон Абдуманнонов – муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон, бо сафари хидматӣ шаҳри Маскав рафтанд. Абдураҳмон чун ҳамеша як-як ба аёдату дидорбинии дӯстону устодони масковияш меравад ва албатта, Бӯстонро бо худ мебарад. Зимни ташриф ба чунин як меҳмонӣ дар роҳ Бӯстонро меогоҳонад:
– Дар хонаашон саг доранд, саги калони бадвоҳима. Ту натарс, сагашон аҳл аст, намегазад, лекин шояд шӯхиву бозӣ бикунад.
– Чӣ хел?
– Аз дар ки даромадед, шояд пойҳоятонро бибӯяд ё ба қадатон рост хезад.
– Воҳ! Аккос ҳам мезанад?
– Агар хушаш ояд… Дар ин ҳолат номашро бигирӣ, навозишаш бикунӣ, тамом, ошноят мешавад.
– Чӣ ном дорад сагаш? – бо ҳаяҷон ва биму ҳарос мепурсад Бӯстон.
– Вулф. Вулф-Вулф бигӯӣ, ором мегирад.
Чун аз дар ворид шуданд, баробари пиру кампир саги палангнамои бузургҷусса пешвозашон гирифт, кунҷковона ба онҳо нигарист ва як-ду маротиба ав-ав ҳам кард. Абдураҳмон сари сагро силакунон ҳамроҳашро ба мизбонон шиносонд ва ному насаби онҳоро ба Бӯстон ёдрас кард.
Пас аз ҳолпурсӣ гирди хони зиёфат нишастанд ва суҳбати гарму ҳазлу шӯхӣ, ёди рӯзҳои гузашта шира баст. Азизи хонадон Вулфи пиру фаҳул мисли нозир гоҳе ба давра наздик мешуд ва ба хӯришҳои болои миз ҳарисона чашм дӯхта, лабу лунҷи овезонашро лесида Бӯстонро безобита мекард. Саги барзангӣ, чашмонаш дар назари Бӯстон хунгирифтаву хашмгин, аз гармии ҳавои манзил бедимоғ, гоҳе даҳонашро калон кушода, хамёза ҳам мекашид ва дандонҳои нӯгтезу муқтадирашро гӯё намоиш медод. Дар ин маврид ба дили Бӯстон боз биму ҳарос панҷа мезад, ки зуд аз саг рӯ тофта нигоҳ дигар сӯ мегурезонд. Вале Абдураҳмон аз вазъи ноороми ҳамроҳаш бехабару бепарво, саргарми суҳбату қадаҳгардонӣ. Ниҳоят меҳмонон бархестанд. Бӯстон аз ин дар таги дил шод, ки оқибат аз таъқибу нигоҳи саг мераҳад, дар даҳлез борониашро пӯшида, банди кафшҳояшро баста, акнун қомат бардошт, ки саг бо як ҳаракати нарм рӯ ба рӯяш хеста, ду даст сари шонаҳои ӯ ниҳода, даҳони воз, забони сурхи овезон, дандонҳои аррамонандаш ба фуки меҳмон расам-нарасам, ба вай чашмаки ман чашмаки ту кард. Эҳе, ҷон аз тани Бӯстон напариду бас. Вай бо талвоса номи сагу насаби пирамард ба забон оварда дод зад:
– Вулф Петрович! Вулф Петрович!
– Вулф-Вулф, шӯхӣ бас! – амр кард пиразан ва афзуд: –
Натарсед, ин саги мо танҳо бо меҳмони дӯстдоштааш ин хел муносибат мекунад…
Ба Абдураҳмон, ки ҳазлкаши гузарост, худо дод. Акнун барои дилхушӣ қатори дигар дӯстон боз як қаҳрамони нав пайдо кард. Минбаъд Бӯстонро дидан замон Вулф мегӯяд ва он манзараи ғалатӣ пеши чашмонаш ҷилвагар шуда механдаду механдад. Ва Бӯстони хиҷолатзада бо ташвиш ба атроф нигариста, (мабодо ин ҳолатро боз касе бубинад!) шояд тамоми умр аз ин Вулфи зормонда бори гарони тамасхуру қимобӣ мекашад. Оре, аз Абдураҳмон ба осонӣ раҳидан мушкил. Бӯстон инро нағз медонад. Чӣ бояд кард, ки вай сирро фош насозад?
Бӯстон ҳангоми бозгашт ба Абдураҳмон таваллоомез гуфт:
– Устод, зиёфат медиҳам, зиёфати зӯр… Чӣ хеле хоҳед.
Фақат ҳамин чизро ба касе нагӯед…
– Ин чизро не, Вулфро…
– Э монед, илтимос…
– Душанбе равем, маслиҳат мекунем…
Баъди бозгашт ин «савғотӣ ё бозёфт»-и аҷиб дар дили Абдураҳмон нағунҷид, ки нағунҷид ва ӯ онро бо шарти ниҳон доштан ба ману Гулназар «тӯҳфа» кард. Шод гаштем.
Дар он рӯзҳои пурҳодисаву ғамзо ин хел василаи дилхуширо аз куҷо меёбӣ. Ва чун Бӯстон пайдо шуд, бо табассуми роздор, албатта гарму самимӣ аз аҷоиботи дидаву шунидаҳояш дар Маскав пурсидем.
– Устод Абдураҳмонро дидед? – ташвишомез пурсид Бӯстон.
– Не…
– Нағз-нағз… – қоҳ-қоҳ хандида гуфт ӯ ва номаълум роҳи дафтари Абдураҳмонро пеш гирифт. Чанде пас Абдураҳмон хушҳолона мужда расонд:
– Фардо Бӯстон ош меорад, бо равғани зағир, коняку арақ ҳам. Хоҳиш мекунам, ҳангоми зиёфат сир бой надиҳед, ки сахт меранҷад.
Рӯзҳои ноорому пурғавғо. Дар майдонҳо одам меҷӯшад ва баландгӯякҳо гӯш кар мекарданд. Авзои ҳама ноҷӯр. Дар ин ҳолати хастагиву дилтангӣ гирди табақи ош даме сар ба сар нишастану суҳбат оростан ҳам ғанимат... Дар дафтари
Гулназар, ки дар кунҷи аз ҳама хилвати Иттифоқ ҷой дошт, мунтазири ҳамин лаҳзаи гуворо, чашм ба дар нишастаем...
Баногоҳ Бӯстони чорпаҳлӯ, чолоку серҳаракат, чашмонаш рахшону лабонаш пуртабассум, бо дастархону халта ворид шуд. Ва дар як лаҳза бо дасту панҷаҳои гиро дастархон кушод. Бӯи хуши зира ва ошу равғани зағир ба иштиҳо нохун зад. Болои хонро табақи пурош, атрофаш ҷо-ҷо сабзавот, турбу чака ва бодирингу помидори шӯр ҳусн бахшиданд.
Пиёлаҳо низ пуру холӣ мешуданд. Нӯшбод ба саломатии Бӯстону хонуми меҳрубонаш, ки оши хоса пухтааст, нӯшбод барои хуб анҷом ёфтани сафари аҷиб.
– Лекин сабаби зиёфатро нафаҳмидем, – кунҷковона луқма мепартоям ман.
– Э харбуза хӯред шумо, коратон ба полез чӣ? – чеҳрааш арғувонӣ бо қоҳ-қоҳ бебокона мегӯяд Бӯстон.
– Донистан беҳтар буд, – бо табассум маро тарафдорӣ мекунад Гулназар.
– Монед-е, ин сирри махфӣ… – аз ин кунҷковии мо нигоҳ ва чеҳраи Бӯстон якбора ҷиддӣ мешавад. – Устод Абдураҳмон, маслиҳат чӣ буд? Қавл дода будед-ку…
– Ман чизе нагуфтаам, – зиракона ба Бӯстон чашм медӯзад Абдураҳмон.
– Хайр, як чиз гӯед, – хоҳиш кард Бӯстон.
– Бо қадаҳ?
– Албатта!
Абдураҳмон, ҷом дар даст, оромона бархест ва гуфт:
– Барои Вулф Петрович!
Қоҳ-қоҳ дафтари Гулназарро ларзонд. Бӯстон аз ҷояш боло ҷаҳид ва музтарибҳол, балки маъсумона ба мо нигарист ва пурсид:
– Ғайри шумо ин қиссаро боз кӣ медонад?
– Ҳеҷ кас.
– Рост?
– Бале…
– Гапи мард якта! Ба ҳар кадоматон алоҳида-алоҳида зиёфат медиҳам, ба шарте, ки ин гапа назди дигарон нагӯед…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё