Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
ДИЛИ БАЧА
Ҳикоя
Лаҳза ба лаҳза доман паҳн кардану ғафстар шудани сиёҳии шаб ба дили модар алов рехт. Моҳ шом хӯрдааст. Ӯ аз тирезаи ҷониби варзишгоҳ сар бароварда, бо овози баланд, – ҳарчанд мефаҳмид, ки ин амал носавоб асту ба шавҳараш нописанд, ва боз боиси озор ё нороҳат шудани ҳамсояҳо низ мешавад, – лоилоҷ писарашро ҷеғ зад:
– Шаҳзо-од! Ҳо Шаҳзо-од!
Ҷавобе нашунид. Шавҳараш, ки дар хонаи дигар саргарми мутолиа ва навиштан буд, шишаҳои айнакро бо лаби доман поккунок ба ҳуҷра омада, коҳишомез ғур-ғур кард:
– Мардумро безобита кардан хуб не, Ширин. Дидед, дар хонаҳои бинои рӯ ба рӯ якбора чароғҳо фурӯзон шуданд. Ин нишонаи эътироз аст.
Фурсати лаб кушодан нарасида мард боз пурсид:
– Вақти аз хона баромадан иҷозат гирифта буд?
– Бале. Таъкид кардам, ки дур нарав, овози ман набаромада баргард.
– Чӣ ҷавоб дод?
– «Хуб, модарҷон, хуб» гуфту тӯб дар даст паридапарида поин фуромад.
– Чаро ба ташвиш меафтӣ?
– Торикиро намебинед? – бедимоғу ранҷишомез пурсид модар ва худ ба худ гуфт: – Аз тундару чароғак, боридани борон ҳам нисфи рӯз бехабар мондед?
– Ҳа-а, – мард пешонӣ молид. Сипас айнак ба чашм ниҳода аз тиреза ба осмон назар афканда, бо пич-пиче базӯр шунаво узр пеш овард: – Ман ба кор ғӯтида, бехабар мондаам… Вақт чунон тез мегузарад, ки… Чашм мекушоӣ, ки субҳ дамидаст, аз кор сар мебардорӣ, ки осмон ситоразор аст. Шитоби вақту умр…
Ширин, дам ба дарун, ин шикваҳои ба назараш беҷои шавҳарро ношунида ангошт. Вале аз дил гузаронд: «Доим ҳолат ҳамин: ғайри варақ задану хондан, сиёҳ кардани варақҳо на гузаштани рӯзу на омадани шаба дидиву не таҳсилу рафтори фарзандҳоро. Побанди фикру кори худат…»
Зан хомӯшу хаёлӣ, чин бар ҷабин кафш пӯшиду аз дар баромад. Мард гиҷу гаранг, гӯшҳояш аз ғиҷирроси шикваомези ошиқумаъшуқи дар пур, даме ангушт ба лаб, дар даҳлез истод: аз паси ҳамсараш биравад ё не? Ногоҳ дар оинаи барқади девор чашмаш ба акси худ афтод. Ва панҷа ба мӯйи тунуки мошубиринҷ бурда онро ҳамвор кард, хастаҳол хамёза ҳам кашиду саросема дарро кушода, аз пас ба ҳамсараш амромез гуфт:
– Ба воҳима наафт… Меояд… Ба кӯҳ ё ҷангал нарафтааст-ку…
– «Чӣ хел ташвиш накашам? – хаёлан ба шавҳар посух дод зан ва дар дил нолид: – Ҳам бепарвоӣ, ҳам гӯё аз дунё бехабар.
Шаҳр ба фалокатхона табдил ёфтааст. Даста-даста ҷавонҳои бадрафтору дайду, майзадаву нашъаманд… Тавба, гӯё соҳиб надоранд… Сарвату дороии муфт одамонро худобехабар, беимон мекардааст… зану мард, духтару бача соҳиби мошин...
Беэҳтиёт, девонавор мошин ҳай мекунанд. Аз зада маъюб кардан ё куштани одам ҳам биме надоранд. Мегуӣ сутуни дунё шудаанд… Парво накун будаст. Худат гуфтӣ-ку: Зани роҳрӯберо субҳидам, ҳангоми холии холӣ будани шоҳроҳ дар ҳолати мастӣ соҳибмансабе пеши чашми писараш бо мошин зада, номардона гурехтааст. Хок дар теппаи сарат, мансабдоре! Кош гардани худат мешикаст. Аз аввали шаб то саҳар мастиву ҳаромӣ кардиву касофатиат ба як модари бечора расид.
Пайкари зани бадбахт лахт-лахту хуншор, писаракаш ҳайрону нолон… Чӣ хел ба воҳима наафтам? Ҳафтаи гузашта чанд кӯдак дар канал ғарқ шуд. Худо аз фалокат нигоҳ дорад. Ҳаваси бозиву тамошо кӯдака ба ҳарҷо мекашонад…. Худат, айнаки сиёҳ дар чашм аз телевизор гуфтӣ, ки баъзе занҳо мисли бузи бачапартоанд; кӯдак мезоянду ба кӯча сар медиҳанд, парвое надоранд, ки фарзанд ба об ғарқ мешавад ё дар оташ месӯзад. Чӣ хел ташвиш накашам?»
Модар асири гумонҳои нохуш, аз пеши пояш чашм наканда, бо пиёдароҳи аз нам-нами борон ҳанӯз тари байни биноҳои баландошёна ва шафати хурду бузург гузашта, ба шоҳроҳ расид ва нигоҳашро ба чапу рост афканд. Эҳа, ҳама ҷо чароғону нуристон, дар пиёдароҳ гӯё аз хурду калон одам рӯидаасту дар шоҳроҳ аз осмон мошин рехтааст. Мошинҳои ҳаррангаи хурду калон гӯё дар роҳи паҳнбар нағунҷида, бо нури хиракунандаи чашм ҳамдигарро дар назари ӯ фишор оварда, бар дода девонавор метозанд ва агар тавонанд, пасина бол бароварда парвоз карда аз болои мошини пешина мепарад. Аз ҳаракати пуршаст ва шӯру ғавғо шоҳроҳ девонаавзоъ метобад. Савдо дар авҷ аст: сари ҳар қадам зану марде бо фарзандон, писарону духтарон ҷуфт-ҷуфту гурӯҳ-гурӯҳ ҳазлу шӯхӣ ва суҳбаткунон дар даст яхмос ё гулу пуффакҳои ҳаршаклаву рангин сайр доранд. Баъзеҳо ҷо-ҷо ба курсиҳои паси мизи назди фавворае нишаста, ҳам ғизо мехӯранду ҳам суруду мусиқӣ мешунаванд; бӯйи хуши сихкабобу сирко ба дуди мошинҳо омезиш ёфта, ба атроф паҳн мешавад. Лекин суръати девонавори мошинҳо, баногоҳ бонги гӯшхароши изтиробу хатар заданашон ӯро дучанд мушавваш сохт. Ба пиндори ӯ ронандаҳои ҷинси зан аз шофирҳои мард бебоктар, балки бераҳмонатар мошин медавонданд. На ғами ҷони худ мехӯрданду не аз дигарон.
Ширин бари пиёдароҳ, пеши гулбуттаи настарани аз нури фонус заҳирранг даме музтару ҳайрон истода, боз ба атроф чашм давонд. «Шаҳр шаб ба бозори маҳшар табдил меёфтааст, – гуфт ба худ ва иқрор кард: – Мо мисли мурғи қафасӣ аз хона намебароем. Тавба, дар пиёдароҳ одам, дар шоҳроҳ мошин мисли сафи мӯрчаҳо ҳаракат доранд. Неъмати тинҷиву оромӣ». Вай ҳайратзада ба чапу рост нигарист.
Ба кадом тараф биравад? Аввал Кӯли ҷавонон, Наврӯзгоҳу Обшор ва Майдони парчамро аз назар гузаронад ё роҳи Боғи пойтахтро пеш гирад? Солҳои охир дар Душанбе боғу варзишгоҳ, ҷойҳои сайру тамошобоб зиёд шудаанд. Дидагиҳо таъриф мекунанду шавқу ҳаваси бачаҳоро меафзоянд. Чархофалаку мошинчасаворӣ, оббозиву ба ҳайкалчаҳои дар ҳаракати аспу гавазн, хирсу шер савор шудан орзуву ҳаваси бачаҳоро меангезад, онҳоро ба ҳар ҷо кашида мебарад. Кунҷкованд. Мехоҳанд, ки ҳама чизро бубинанду санҷанд, сипас ба дигарон худситоӣ кунанд. «Ман ҳам он ҷо будам. Эҳе, бисёр савор шудам… ба ҳар кадомаш…»
Шаҳзод низ чанд карат ба забони ҳол омад. Ва аз падар хоҳиш кард, ки ӯро ягон рӯзи истироҳат ба сайри боғҳо барад. Падар ваъда дод, баумедаш кард, вале аз пуркорӣ аҳд иҷро нашуд… Акнун дар ин шаби шаҳри пурғавғо, ки одам дар пойи одам мепечад, вай чӣ хел ба он ҷойҳо раваду аз байни анбӯҳи одамон Шаҳзодро биёбад? Ё баргашта аз хона пул гираду бо мошини писари ҳамсоя, ки бо пули кирокашӣ рӯзи хонаводаро мегузаронад, ба ҷустуҷӯй биравад?
Модар лаҳзае гиҷу ҳайрон истод, сипас ба ҳоли зори худ талх хандид. Охир бештари умрро дар пойтахт бо шавҳари олимшавандааш дар иҷорашинӣ гузаронд, шаҳрнишин ҳисоб меёбад, лекин ҷуз роҳи мағозаву дармонгоҳ ва бозори маҳалла дигар ҷойҳоро намедонад. Аз рӯйи зарурат ҳатто рӯзона ба ягон гӯшаи шаҳр равад, дар дилаш биму тарс ҷо мегирад, ки вақти бозгашт роҳгум назанад. «Шаҳзод ба ҷойи дур нарафтааст, – худро таскин бахшид модар: – Дар дасташ тӯб дошт-ку…» Вай хотираҳояшро тагурӯ кард ва ба ёд овард, ки боре писараш шодона гуфта буд: «Дар поини маҳаллаи худамон, дар таҳхонаи бинои нави баландошёна ҷойи хуби компютербозӣ кушодаанд».
– Аз куҷо донистӣ? – тунд пурсид падар.
– Бачаҳои ҳамсоя, ҳамсинфонам дидаанд, – аз гуфта пушаймон, беҷуръат посух дод Шаҳзод.
– Ба он ҷо қадам монданатро набинам! – таъкид кард падар ва афзуд: – Бачаҳои оворагард, бесоҳиб он ҷо вақт мегузаронанд. Бозӣ не, парон-парону бераҳмиро меомӯзанд.
– Намедонам, додо, – гуфт Шаҳзод, – лекин гуфтанд, ки бозиҳо пулакианд.
– Аз куҷо пул меёбанд? – аз болои китоб сар набардошта боз тундтар пурсид падар.
Шаҳбоз китф дарҳам кашид.
– Дуздӣ, кисабурӣ, – ба саволи худ посух дод падар.
– Худо накунад, – ҳаросон ба суҳбат шарик шуд модар ва Шаҳзодро ба канор кашидаву аз пешониаш бӯсида гуфт: – Ҷону ҷигари очаш ҳаргиз ба ин хел роҳҳои бад намеравад.
– Оянда инро нишон медиҳад. Эҳтиёт нисфи ҳаёт, гуфтаанд, Ширин, – ба суҳбат нукта гузошта буд падар.
Модар гирифтори сад фикру хаёл, сӯйи бинои баланд, ки тахминан ҷойи онро медонист, мерафту ба ёд меовард: дар деҳа низ гоҳ-гоҳ ғайб задани бачаҳо шомгоҳон падару модаронро ошуфта мекард. Аслан ба дили волидайн аз гум шудани фарзандон алов рехтан азалист. Фарзанд ҳар хеле бошад, пайванди хуну ҷон асту бояд ғамашро бихӯрӣ…Ва бибияш доим таъкид ҳам мекард: «Бачадорӣ ҳам осон нест.
Ин гапа баъде, ки писарат кӯчаву бозоррав шавад, мефаҳмӣ.
Ҳазору як андеша ба сарат меорад».
Дар як шоми торик, – он солҳо деҳа чароғи барқӣ надошт, – нопадид шудани писари ягонаи амаки Муҳиддин ҳамаро ба по хезонд. Не, вай баъди аз кори саҳро баргаштан, – оброни номдори колхоз буд, – аввал либосҳои дар обу арақ шӯрабастаашро иваз кард, дар оби нарми наҳр сару тан шусту кӯфти кору хастагӣ аз худ дур сохт ва сари хон нишаст. Аммо Шамсиддин набуд, ки бо саволу ҷавобҳои аҷоиб хушҳолаш созад.
Амаки Муҳиддин ҳар лаҳза ба умед сӯйи дарвоза менигарист, ки ҳозир ё замони дигар ба ҳавлӣ ворид шудани зеби хона – писарашро бинад. Лекин пайдо нашуд Шамсиддин. Ба куҷо рафтанашро бибиву модараш ҳам надонистанд. Ба ташвиш афтод падар. Аввал ба хонаи ҳамсинфону ҳамсояҳо сар зад.
«То нимрӯзӣ бо мо буд, баъд надидем», – посух доданд. Бо таҳлукаву хаёлҳои бад фонус гирифта роҳи кинохонаро, ки дар маркази деҳа буд, пеш гирифт. Ҷойи дӯстдоштаи бачаҳост кинохона. То охири намоиши филм сад андешаи азиятовар дар сар, ночор паси дар истод. «Албатта писарашро барои бе иҷозат ба тамошои кино омадан коҳиш медиҳад. Ҳамин бас.
Аз ӯ ин хел умед надошт». Баногоҳ шӯру ғавғо дар толор поён ёфту дари дутабақаи кинохонаро кушоданд. Анбуҳи бачаҳои аз тамошо шоду масрур «Тарзан-Тарзан! Зӯр-Зӯр!» гӯён берун баромаданд. Ӯ фонус рӯ ба рӯи онҳо баланд бардошта пурсид:
– Шамсиддини мо ҳам ин ҷост?
– Не, не… Ӯ аз тарси шумо офтоб сари кӯҳ нарасида ба хона медавад.
– Нест дар хона. Куҷо рафта бошад?
– Намедонем…
Ин посухҳо умеди амаки Муҳиддинро барбод медоданд ва биму ҳарос ба дилаш ханҷол мезаданд. «Боз куҷоро бикобам? Шояд шӯхӣ мекунанд? Мабодо дар курсӣ хобидааст. Баъзан ҳангоми китобхонӣ якбора мехобид». Ӯ ба умед пилтаи фонус баланду рӯшантар карда, ба толор ворид шуда, ҳар як курсиро аз назар гузаронд. Аз Шамсиддин нишоне наёфт. Гурги ҳазору як гумони бад ба дилаш дандон мезад. Вақти девонагиву хунталабии Сурхоб аст.
Ҳар баҳор як-ду кӯдака ба комаш фурӯ бурда нобуд мекунад… Не, Шамсиддин одати ба ҳар ҷо рафтан надошт…
Дар пеши хонаашон наҳри пуроб ҷорист…
Амаки Муҳиддин хаставу хашмгин ба хона баргашта, бар хилофи одат бо овози баланду ларзон, чашмони намнок моҷаро бардошт, ба сари ҳамсар ва хурду бузурги хонавода санги маломат борид: «Ғайри хӯрдану ғайбату хобидан парвое надоред. Бача куҷо рафт?.. Худо ба мо як писар дод… Тамоми дороӣ, умедамон Шамсиддин аст…
Аз куҷо меёбедаш?»
– Нимрӯзӣ баъди хӯрокхӯрӣ китобу дафтар кушод, хеле хонду навишт…
– Баъд?!
– Гуфт, ки навбати бозӣ… О ҳеҷ гоҳ аз назди хона дур намерафт-ку, – гиряомез фаҳмонд ҳамсараш.
Дар авҷи моҷарову гуфтугӯ ҳамсоя – бобои Саидмӯъмин сурфида-сурфида ба ҳавлӣ ворид шуда пурсид:
– Тинҷ ҳастед? Одати ҷангу хархаша надоштед-ку.
– Шамсиддина гум кардем, – бо алам ва овози гирифта гуфт амаки Муҳиддин: – Дар суроғаш ҳама ҷоро ба як по гаштам. Нест! Дигар куҷоро биковем?
– Шамсиддин? Э хок дар сари пирие! – каф ба пешонӣ зада гуфт мӯйсафед ва хиҷолатманд афзуд: – Шамсиддин бо ман бузғолаковӣ рафта буд…
– Кай? Куҷо? – баробар пурсиданд аҳли хона.
– Бегоҳ… Вақти офтобшиношин. Тарафи кашари Чилла.
– О Худо, – нолид модар, – сагҳои одамхӯр дорад Чилла.
Барои чӣ кӯдака бурдед?
– Ташвиш накашен. Ёвари Чилла танҳо буд. Хоҳиш кард, ки Шамсиддин имшаб ҳамроҳаш истад, қуввати дил… Айби ман, ки аз фаромӯшхотирӣ ин гапа ба шумо барвақт нарасондам. О бараву бузғолаҳотона ман ба ҳавлӣ даровардам…
– Рост?
– Наход ман дурӯғ бигӯям?
– Ай дар ришат садқае! Қариб дилкаф шудем, – гуфт модар ва беҳанг лаби суфа нишаст.
– То ба чашми худам набинам, бовар намекунам, – ғурғур кард амаки Муҳиддин ва бо пирамард, ки сагҳои Чилла мешинохтандаш ва чанд бачамарди дигар фонусу машъалҳо ба даст, аз Дараи осиёб сӯйи кашар роҳ пеш гирифтанд.
Аҷиб, он замон амаки Муҳиддину хонадонаш аз торикиву камодамии деҳа бим доштанд, имшаб ӯ аз шаҳри пурғавғову чароғистон, кӯчаҳои пурмошину тоифаҳои бадният ва дар рӯзи равшан раҳгум задан…
Дар шаҳр ҳолатҳои нохуш ва аҷиб зиёд рух медиҳанд…
Боре ҳамсояшон Шукур, марди газгӯшту қаддароз вақти говгум дар ҳолати мастӣ ба хандахариши занҳо гирифтор шуд. Онҳо, яъне ҷамъияти занҳои айбҷӯву фошгӯй, болои хараки таги тути ҳавлӣ нишаста, абраву астари касеро бо ғайбат метакиданд, ки Шукур, турхалтаи пур аз бодирингу помидорро алвонҷдиҳон – вай дар ҳар ҳолат бо дастовез ба хона бармегашт, – калавида-калавида наздик шуду аз ҳамсари худаш пурсид:
– Эй хола, садқаи зулфот, намегӯйӣ, ки роҳрави хонаи Шукур кадом аст?
Пеш аз посух хандаи занҳо атрофро пур кард.
– Хок дар теппаи сарате! – ханда ба лаб, пешонӣ пурчин ғурид зан ва бо истеҳзо пурсид: – Кӯр шудаӣ?
– Эй бева, ҳақорат накун, – қоматашро базӯр рост карда, дӯғ зад Шукур: – Хола гуфта дар бало мондам? Боз чӣ мехоҳӣ? Ё аз шатта серат кунам?
Коҳ-қоҳи занҳо дубора авҷи тоза гирифт. Ва «хола» лоилоҷ лаб ба ханда моил «гӯрсӯхтае» гуфту бархест ва рафта ба Шукур ҳампаҳлу шуда, мулоим, дар гӯшаш пичирос зад:
– Рафтем, ҷони хола… Ғамхори бачаҳо… Зеби хонаву маҳалла, қуввати дили мо… Дар хона ба тахтачӯби лаҳад ростат мекунам…
Ширин дар дил аз Худо илтиҷо мекард, ки Шаҳзодро дар ҷойи компютербозӣ биёбад. Аз ин бахт шоду сарфароз, назди бачаҳо ҷазову сазояш намедиҳад. Чӣ лозим пеши чашми дигарон кӯдакро сарпасту шармсор кардан? Вай аз куҷо донад, ки бо ин рафтор ба дилу сари модар чӣ қадар фикру хаёлҳои пуразият овард. Модар пеши назараш чеҳраи писар аз байни одамон мегузашт. Баногоҳ гӯё Худованд ба имдоди ӯ расид ва дар гардиши бино чашмаш ба Шаҳзод расид. Писарак шоду хандон, тӯби пурнақш дар сари панҷа, аз рӯ ба рӯяш меомад. Ӯ чунон саргарми чизеро ба ҳамроҳҳояш нақл кардан буд, ки касеро намедид. Модар дар ҷояш ҳайкалвор истод ва каф болои сина ниҳод. Тап-тапу бозии дил. «О Худо, писаракам бо пойи худаш омад. Сад шукр. Ҳм, «дили оча ба бача, дили бача ба кӯча» гуфтани пирон ҳамин аст. Чун Шаҳзод ба модар ҳампаҳлу шуд, вай гӯшашро не, банди дасташро оҳиста дошт. Шаҳзод сар бардошт ва хиҷолатманд пурсид:
– Шумо ба ташвиш афтодед?
– Ба хаёлшон роҳи хонаро гум мекунӣ, – истеҳзоомез гуфт бачае.
Модар ин кинояро гӯё нашунид. Вай писарашро ба канор кашида, аз пешониаш бӯсида пичирос зад:
– Қариб маро мекуштӣ. Талхакаф шудаме…
– Бозии зӯр шуд! Ғалаба кардем! – башорат дод Шаҳзод.
– Дар майдони худашон бозиро бохтанд, – ба суҳбат шарик шуд писараки дигар: – Ду тӯб аз зарби Шаҳзод ба дарвоза даромад! Мисли Роналдо, Месси голҳои аҷоиб зад.
– Модарҷон, дигар барои ман дар ташвиш наафтед. О ман дигар кӯдак нестам… Ҳамроҳи ошноҳоям…
Модар ноаён нафаси осуда кашид ва гулханда ба лаб, дар дил «шукри ҷонат» гуфт ва сару шонаҳои Шаҳзоду ошноҳояшро навозишкунон сӯйи хона баргашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё