Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бо намаку шираи суҳбат аз шахсият ва ашъори Юсуф Вафои шӯридадил аз байни деҳоту шафати обшорон гузашта, ба Пастиғав расидем. Шофир бо ишораи Саидилҳом мошинро байни деҳа ба дасти рост гардонда, аз роҳи пурпеч сарнишеб рафт; чанд кулбаву боғу дарахтонро пушти сар гузошта ба дарвозаи бозе ворид шуд. Пирамарде нуронӣ, нармнигоҳ, риши батартибаш ба чеҳраи ӯ зебанда, фарзандонаш омодаи хидмату ба ҷо овардани одоби салом, моро истиқбол гирифтанд.

– Ин кас Мирзомаҳмад – бародари ман, – ҳангоми вохӯрӣ гуфт Саидилҳом ва Қурбон Тӯраеву Гулназар ва бандаву Ҳоҷиро ба эшон шиносонд. Ва лаҳзаи ҳаяҷонбахши дидори пайвандонро бо Саидилҳом, ки солҳо боз ба Кӯҳистон наомадааст, метавон тасаввур кард. Ба ростӣ аз бардорузани мошин дар роҳи дароз хастаҷонем, гӯшҳо низ қуфл задаву ғуввос доранд. Дил мехоҳад, ки ҷое оромакак биёзиву бихобӣ, дигар ҳеҷ. Вале ҳавлии тозаву озода, ҳавои муаттар, як назар афкандан ба шохсорони аз бори меваҳои расидаву рахшон сар ба суҷуд, зироатҳои сабзу хушамали бо ҳам печида, худнамоии гулҳои рангоранг мисли соҳире тамоми азияту шалпарии роҳ, афсурдагии рӯҳу ланҷии баданро аз мо мерабоянд. Дил мегӯяд: ин лаҳзаи нотакрор ғанимат, чашм дорӣ, аз тамошои ин олами зебо, рангу ҷамоли меваҳои биҳиштии дарахтони кӯҳистон баҳра бардор. Мо аз кӯлворҳоямон дастрӯмол гирифта, аз пайраҳаи борикаки марзи зироатҳо ҷониби новадони кунҷи боғ роҳ пеш мегирему бо ин баҳона қомат рост мекунем. Зимнан обшорони зулолу нуқрафоми кӯҳистони Масчоҳ мӯъҷизаҳои беҳамтои табиатанд, ки сарсабзии боғу киштзорон аз баракати онҳост.

Гулназар оҳу воҳкунон бо майлу ҳавсала ба сару гардан каф-каф оби сардакак пошида, ҳаваси моро меангезад. «Акнун одам шудем!» хитоб мекунад ӯ. Мо низ пайи ҳам барои «одам шудан» ба вай пайравӣ мекунем. «Кам не, хеле ба худ меоем. Мағзи аз фишори баланд гиҷу гӯшҳои ғуввосӣ бо шарофати оби ҷонбахши сардакак ва ҳавои тоза оҳистаоҳиста мӯътадил, биниш ва нури чашмон беҳтар мешавад.

Ҳангоми бозгашт аз шустушу мебинем, ки ду бари пайроҳа, байни ҷӯяк ва бехи гулбуттаҳо ва ҳатто атрофи гӯсолаҳои аз серӣ бепарво нушхоркунон хобида, аз себҳои сурхосафеди рехта нақшин аст. Ин меваҳои пухтаро ҳангоми вазиши бод дарахти бузургу куҳансоли себи бобоӣ ба атроф пош дода.

Аз байни ҷӯяке се-чор дона себи лоларангро гирифта, дар обрез мешӯям ва якеро мегазам.

– Ҳай-ҳай, шираву маза ва бӯйи хушро бинед. Нӯши ҷони гӯсолаҳои себхӯре! Дар биҳишт мезиянд, – мегӯям бо овози шунаво.

Ситоиши ман дӯстонро ба чидани себҳои рехтаву чашидани меваҳо ҳавасманд мекунад. Сипас онҳо аз ман бештар ба ситоишу афзалияти меваҳои дарахтони бобоӣ мепардозанд. Ин ҳеҷ гап не. Ҳангоми аз пиллаҳо ба ҳуҷраи баландак баромадан мӯъҷизаи дигар ба чашм бархӯрд. Меваҳои пухтаву аз сафедӣ ба зардӣ моил дар шохаҳои дарахти тути пири бари пиллаҳо дар нури чароғ чашмак зада «маро ҳам бинед» мегӯянд. Магар дар ин ҳолат нафси роҳзан оромат мегузорад? Дар нимаи моҳи сентябр тути тар дар шохи дарахт худнамоӣ дорад. Даст меёзонем ва чанд дона тути мастак чида ба даҳон мепартоем. Ҳмм, шираи тути мастак гулӯро сӯзонда-сӯзонда поин меравад. Онтарафтар дар ҷойи дастрас, як шохаи пурмеваи дарахти олуболу аз ҷумбуҷӯли мо «чашм наканда», гӯё мегӯяд: «эй шаҳриҳои дар ҳасрати мева, маро ҳам чашед, пас аз хӯрдани тути мастак шираи туршаки ман газаки хуб аст, рӯйи дил рӯшан мекунад».

– Дар нозу неъматҳоят ҷонам, Худованде!

Ва хитобаи машҳури Ҳабибулло Файзулло ба ёд омад, ки дар чунин маврид такрори батакрор мегуфт: «Хоката булапум, кӯҳистон!»

Бародари профессор Саидилҳом – амаки Мирзомаҳмад чун муҳандиси сохтмон дар ин қаламрав машҳур буда, дар бунёди иншоотҳои зиёд саҳм дорад. Вай баъди адои намози шом бо Қурбон Тӯраев – роҳбари аввали қариб бисту панҷ сол пешинаи ноҳияи Масчоҳи наву кӯҳистон суҳбати гарму самимие оғозиданд. Ҳарду ҳам нафақахӯранд, ҳарду низ аз кору зиндагии сипаришуда хотираҳои фаровон доранд. Хотираҳое, ки бештар ба бунёдкорӣ марбутанд ва ба ёд оварданашон дилро фараҳ мебахшад. Дӯстонро ба ёд меоранду хӯву хислати аҷибашонро, талошу ҷонкоҳониро барои сохтани пул, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ё обшору киштбоб кардани заминҳои асрҳо бекорхобида.

Кӯҳистони Масчоҳ, баъди иҷборан кӯчондани мардум, чандин сол холиву бесоҳиб монд. Деҳот ва боғу роғаш ба чарогоҳи подаву рама ва сайргоҳи дарандагон табдил ёфт.

Вале он вақт низ замину оби ин қаламрав ҳамеша дар ихтиёри Масчоҳи нав буд. Ва масчоҳиёни чорвопарвар фасли гармо моли ҷамъиятро ба ин «чарогоҳ» меоварданду бо дарду ҳасрат мазору манзили гузаштагон, боғу чашмасорони зодгоҳро зиёрат ва нигоҳубин мекарданд. Чун фасли сармо наздик мешуду нафаси сардӣ мерасид, боз ноилоҷ ба водӣ, ба Масчоҳи нав ва ё Дилварзин кӯч мебастанд. Амаки Мирзомаҳмад низ аз рӯйи касб гоҳе ба диёри вайроншудаву ба чарогоҳ табдилёфта меомад, деҳаҳои матрук, даргоҳи харобу валангори падару боғҳои тороҷгардидаро медид ва дар хомӯшии шабҳо дар ин макон ба ҷои хандаву суруди инсон нолаи дилхароши ҷуғзро шунида, албатта оҳи ҷигарсӯзаш ба фалак мепечид. Дар ин лаҳза беихтиёр шевани талхи пиразани ҳамсоя вақти кӯч бастан ба Дилварзин дар гӯшаш садо медод: «Дилварзин равем, Тошканд ду мил мемунад, халқо бикӯчанд, Масчоҳ сабил мемунад». Хонаву дари вайрона, боғзорони хушкида, дарахтони пиру пажмурда дар назари ӯ бо чашми чор интизори соҳибонашон буданд. Ва шояд замину об ва мавҷудоти кӯҳистон шабу рӯз аз Худованд илтиҷо мекарданд, ки соҳибонашонро дубора баргардонад. Ва замона дигар шуду Ҳукумат иҷозат ва дастури камубеш ба диёри аҷдодӣ баргаштани мардумро дод. Пеш аз ҳама пирони масчоҳӣ, – зану мард, ки хуни нофашон дар ин замин чакидааст, ин мужда, ин омади бахтро бо шодиву шукргузории беҳад пазируфтанд. Ба пиндори мардум ин қарори дурандешона на танҳо кӯҳистони иҷборан вайроншудаи ҷумҳуриро бо ҳама мавҷудоту дороияш аз нестӣ раҳонд, балки омили дубора ободу сарсабз гардидани деҳоти биҳиштосо ва шодии рӯҳи озурдаи гузаштагон ҳам шуд. Охир гӯристонҳо ҳам агар соҳиб дошта бошанд, ободу бобақо мемонанд.

Мирзомаҳмад ба зодгоҳ баргашт. Дӯстонаш – роҳбарони онвақтаи кӯҳистон ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар як ҷойи кушоду дилхоҳи Пастиғав замин гираду хонаи замонавӣ созад. Охир худаш муҳандис аст, чашми хуби меъморӣ ҳам дорад, масолеҳро мешиносаду басифат интихоб мекунад.

Пешниҳоди нағз, аммо меҳри кулбаҳои нимвайрона, лекин ҳанӯз побарҷо, боғу роғи интизори соҳибаш, ҳатто ҷангалаки шафати ҳота – «Гурбахона», ки то лаби рӯди Зарафшон мерасаду шабҳои тобистон дар Дилварзини гарму пурхомӯшак ба хобаш медаромаданд ва гоҳу ногоҳ дар хобу бедорӣ бо дарду ҳасрат ин сатрҳоро зери лаб ё дар дил замзама ҳам мекард: «Дилварзина шаб пашшаву рӯз офтобаш, Масчоба мурам ба шарфаҳои обаш» ӯро ба пазируфтани ин пешниҳод иҷозат надоданд. Ӯ айб шумурд, ки хонаву боғи бобоиро назарногирона як сӯ гузораду ҷойи дигар иморат созад. Масчоҳиҳо ба ин рафтораш чӣ баҳо медиҳанд? Аслан мардуми кӯҳистон хуни гарму ғурур ва парҳез аз таъну маломатро аз гузаштагони гарданфарозашон ба мерос гирифтаанд. Онҳо номусу ориятро аз ҳама чиз афзалтар мешуморанд, ба қавле зери бор мемуранду ору бадномиро бар дӯш намегиранд. Мирзомаҳмад бе ягон дудилагӣ ба обод кардани даргоҳи падар камар баст. Тармиму таъмири хонаҳои бобоиро осон, оҳиставу бафурсат ба итмом мерасонад. Вале ҳуҷраи навро дар кадом гӯшаи ҳавлӣ бунёд бикунад? Дар кӯҳистони Масчоҳ, чун дар саросари водии Зарафшону вилояти Бадахшон, ҳар як ваҷаб замин мисли зар қимату арзиш дорад. Ӯ дар ин хусус хеле андешид. Чанд қадам поин сарҳади ҳавливу ҷариро хоросанги азиму устуворе ҷудо мекунад. Агар сари ин хоросангро шикаставу ҳамвор карда метавонист, болои он як не, ду ҳуҷра сохтан мумкин буд. Дар кӯҳистон солҳои пеш, ки одамон ғайри зубину путк ва қувваи бозу чизе надоштанд, амалӣ кардани ин нақша аз иқтидори инсон берун буд ва содалавҳӣ менамуд.

Алҳол воситаҳои гуногуни техникӣ зиёданд, ки ба ёрии онҳо камари кӯҳро мешикофанд, роҳу нақб месозанд. Ин андешаро Мирзомаҳмад ба дӯстони ҳамкасб муҳокима кард.

– Шикастани як хоросанг осон аст, – гуфтанд онҳо. – Моддаҳои тарканда меёбӣ. Бо Холмаҳмад роҳи ағбаи Оббурдонро ба воситаи моддаҳои тарканда сохтем-ку. Шахро ба ҳамон дастур мешиканем…

Кор оғоз ёфт. Лекин санг ҳам якбора сар нафуровард. Кандани ҷойҳои дорухобонӣ дар ҷигари хоросанг осон набуд. Оҳиста-оҳиста бо мушкилиҳо ҷуқурӣ кофтанду дору хобонданд, пайи ҳам таркиш ба вуҷуд оварданд. Ниҳоят болои хоросанги нӯгтезу азим шакли суфаи хамвору барҳавоеро гирифт, ки аз сатҳи ҳавлӣ ду-се метр баландӣ дошт.

Сангҳои шикаста низ масолеҳи хуби бинокорӣ буданд. Ва Мирзомаҳмад рӯйи ин суфаи хоросанг ду ҳуҷраи байнашон даҳлездор сохт. Мо шомгоҳ туту олуболучинон ва шираву ранги онҳоро ситоишкунон аз пилаҳо ба меҳмонсарои барқади болои хоросанг даромада, кунҷковона аз тиреза ба берун чашм медавонем: эҳе, нигоҳ сар-сари шохаҳои дарахтони ҷангалак то соҳили рӯди пуртуғёни Зарафшон ба вартаи ваҳмангез сарозер рафт. Дилҳомон аз бим ҳаво гирифт ва саросема чашм пӯшида, худро ба қафо кашидем. Аммо ин манзара барои хурду бузурги ин хонадон ва мардуми Пастиғав азиз асту табиӣ.

Шаб то дергоҳ суҳбати ёрон аз рӯзгори гузаштаву аҷоиботи кӯҳистон шира мебаст. Ва суруди талху пуршеван ва нолаҳои якнавохти Зарафшони шӯху сармаст моро ба хобидан ҳидоят мекард.

Субҳ аз хоб бо шарофати ҳавои тоза сабуку болидарӯҳ бедор шудем. Дар кӯҳистон се-чор соат бароҳат хобидан баробари 7-8 соат хобидани шаҳр аст, мегуфтем. Таваккалҷон – писари дӯсти Мирзомаҳмад, ки шаб зикри ҷавонмардиву меҳмоннавозии падараш Бобоҷони Муллоҷон ҳусни суҳбат буд, моро ба ношито даъват кард. Шаб пофишории мизбон ба кор нарафт, вай хоҳишашро гузаронд.

Аслан пазироии меҳмонону хешон дар саросари кӯҳистон бо ҳар шеваю усул фарҳангу анъанаи дерин аст; шаб бо косае саршир ё ҷурғот, нону фатири гарм ё табақе пурмева, лаб пури ханда, забон хазинаи ҳазлу шӯхӣ пай дар пай хонаи меҳмондор меомаданд ҳамсояҳо ва дар як лаҳза дастархон пурнеъмату рангин мешуд. Ва албатта онҳо пас аз анҷоми нишасту суҳбат меҳмононро, ба қавле аз мизбонон металбиданд ва иззату эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд.

Ман солҳои бачагиям ба ин расму таомул ошно будам. Ва акнун мебинам, ки одати бобоӣ, ки саршори меҳру отифаи инсонист, дар кӯҳистони Масчоҳ ҳанӯз ба асли қадима идома дорад. Воқеан шиори гузаштагони ин диёр ҳамеша ҷавонмардиву саховат будааст. Ин хислату васияти ниёкон аз насл ба насл чун ҳадафи зиндагӣ ҳифз карда мешавад. Шояд илҳоми устод Қутбӣ Киром аз мушоҳида ва дидани ҷавонмардии мардуми кӯҳистон ба ҷӯш омада, бо ифтихор хитоб карда:

Нон дорӣ, ном дорӣ – ин шиори тоҷикон,

Медиҳад акси садо аз қаър-қаъри асрҳо.

Мо пиёда ба манзили Бобоҷон рафтанро авлотар донистем: аз ҳавои нарму хуши Пастиғав нафас кашидан ҳам ғанимат. Дишаб аз ин роҳаки пурпечу хам мошинсавор гузашта, бисёр чизҳоро надида будаем. Ва акнун аз шафати шиғу зери дарахтони пири зардолу, тут, чормағзу гелос суҳбаткунон қадам зада, айёми наврасиву деҳаи худро ба ёд оварда, ҳаловат мебарам. Амаки Мирзомаҳмад ба Қурбон

Тӯраев шарҳ медод, ки соҳиби ин кулба ва боғ ҳанӯз дар водӣ мезияд, дигараш ду сол пеш ба сохтани хонаи нав шурӯъ карда.

– Хонаву боғ, – овози нарми Мирзомаҳмад ба гӯш мерасад, – ҳар рӯз нигоҳубину ғамхории одамро мехоҳад. Агар соҳибонашон мебуданд, ин боғу ҳавлиҳо ҳусни дигар мегирифтанд…

Аз паҳлӯи мазори қадимаи бари роҳ, ки саросар сангистону регзор аст ва буттаҳои испанду шутурхор, янтоқу вағнич ва гиёҳҳои хазонрасида ҷо-ҷояш ба чашм мерасад, бо фотиҳае ба ёди аҳли қабристон мегузарем. Дар ҳама ҷойи кӯҳистон хоку замин баробари зар арзиш дорад. Аз ин хотир пирони дурандеш мавзеъҳои санглоху барои кишту кор нобобро мазор интихоб кардаанд. Чун ба шоҳроҳ мерасем, манзараи тамоман дигар пеши назар ҷилвагар мешавад: ду тарафи роҳ ҷӯйи пуроб ва сафи дарахтони сафедору себ, олучаву зардолу. Пеши дарвозаҳо аз рӯйи таомули қадима обзадаву рӯфта, тозаву озода. Чи хел нағз. Дил, ба қавле, боғ-боғ мекушояд. Одамони гуногунсол расми салом ба ҷо оварда, ба назарам бештар ба Қурбон Тӯраев ва Раҷабмаҳмади босалобат таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ана он дарвозаи овозадор, даргоҳи он марди саховатманди зиндаёд Бобоҷони Муллоҷон, ки сифаташро борҳо аз дӯсти адибу донишмандам Мирзо Шакурзода шунида будам. Ба катибаи болои дарвоза чашм медавонаму ин сатрҳоро мехонам:

Бародари раҳгузар,

Насиба гир, баъд гузар.

Пушаймонӣ хуб нест,

Ният ҳамин буд аз азал.

«Рӯҳат шоду ҷоят ҷаннат бод, эй марди наҷибу ҳотампеша!» – мегӯям дар дил ва ёдам омад, ки солҳои ҷавонӣ вақте асари машҳури «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов ба тоҷикӣ нашр шуд, чор мисраи оғози китоб, яъне катибаи дарвоза ҳамаро ба ваҷд овард:

Эй мусофир, бигзарӣ гар аз дарам беилтифот,

Барфу борон, барфу борон бар сарат!

Меҳмоно, гар зи даргоҳам нагардӣ бонишот,

Барфу борон, барфу борон бар сарам!

Албатта ин сатрҳои шоири шаҳир аз ҷиҳати равонӣ нисбат ба катибаи дарвозаи Ҳотами пастиғавӣ афзалияте доранд, вале самимияту гармии меҳр дар катибаи дарвозаи Муллоҷон беҳамтост. Мардуми мо, ки табиатан нарму сахиву ҷавонмард аст, баъзан ончунон мафтуни навозиши бегонагон шудааст, ки меҳмонони нохондаи ғосиб на танҳо манзилу сарват, балки шаҳру пойтахтҳояшро низ аз худ кардаанд. Бо вуҷуди ин ҷабру ҷафо ҳанӯз ҳам хусусияти меҳмондӯстӣ дар хонадони инсонҳои бошараф афзун аст.

Ёдам омад, ки дар деҳаи Лолагии ноҳияи Ҳисор дар равоқи ҳавлии дӯсти соҳибикрому шоиртабъамон Усмони Сабз ин байтҳоро хонда будам:

Эй бародар, меҳмонро нек дор,

Ҳаст меҳмон аз атои Кирдугор.

Ҷавоне моро гарм истиқбол мегирад ва ба ҳавлӣ ҳидоят мекунад. Чун аз дарвоза ба дарун қадам мегузорем, бемуҳобот боғу чамани дилкушоеро мебинем. Ду бари роҳрав аз гулҳои шукуфону шабнамолуд мавҷ мезанад. Шохи дарахтон аз бори меваҳои пухтаву башира сархаманд. Ва рӯи қолии сабзаву себаргаҳо таги дарахтон меваҳои рангоранги афтода нақши ҷаззобе партофта. Э кош, мегӯям дар дил, дар кӯҳистони Масчоҳ корхонае мебуду ин меваҳои шаҳдборро аз мардум харида, дар шакли шарбат ва ё маҳсулоти дигар ба сокинони шаҳрҳо мефурӯхт. Ва боз аҷиб ин аст, ки сари ҳар қадам дар ин ҳавлӣ тубаки гулу буттаҳои ороишӣ ба чашм мерасанд. Таваккалҷон – меросбари падар бо аҳли пайвандон бо ширинтарин алфози меҳмонпазирии масчоҳиён моро истиқбол гирифта, баъди одоби дастшӯйиро баҷо овардан ба қабати дуюм мебарорад. Дар ҳар палаи зина ва рафи тирезаҳои ҳуҷра кӯзакӯза гулҳои тамоман дигар ба рӯйи мо механданду дил об мехӯрад. «Худоё, кӯҳистон саросар гулзор аст, вале ин мардум боз чи қадар зебопарастанду ошиқона гул мепарваранд», – мегӯям дар дил. Воқеан, дар сафари кӯтоҳаки гузашта (2007) бо ҳидояти Ҷумъабой Сангинов вакили Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ, чунин манзараи дилангезро низ дар Пастиғав – дар манзили Исохӯҷа Олимзода дида ва сатрҳое дар мадҳи меҳмону расму оини меҳмоннавозӣ хонда будам. Он ҷо дар даҳлези қабати дуюуми меҳмонхона баробари гулбуттаҳо навниҳолони пурмеваи гелосу олуболу мисли як асари нотакрори тасвирӣ менамуданд...

Ба меҳмонхонаи барқаду бузурги чӯбкорӣ медароем.

Як тараф ба тарзи урфӣ яккандозҳо густурдаву хони пурнеъмат ороста. Ҷониби дигар ҳамин хел дастрахони пур аз анвои хӯрданӣ болои миз дуруст кардаву атрофаш курсиҳо ниҳода. Ба ростӣ бонуҳои масчоҳӣ ба матали бобоияшон: «иззати меҳмон – зинати дастархон» чунон садоқат нишон медиҳанд, ки дар ҳайрат мемонӣ.

– Марҳамат, меҳмонҳои азиз, ба куҷое дилатон мехоҳад, бишинед. – як каме бо ҳаяҷон мегӯяд мизбон. – Аз омаданатун сари мо ба осмон расид.

Гармии изҳори меҳри мизбон ба таоруфҳои аз ҳад зиёди нӯгизабониву сохтаи баъзе шаҳриён шабоҳат надорад. Ва ба андозае содаву самимӣ аст, ки кас аз хиҷолат худро гум мекунад. Пас аз адои фотиҳа даст ба нону кулчаҳои ширмол мебарем. Эҳа, гармаки нав аз танӯр канда! Кадбонуҳои боҳунари хонадон аз рӯйи анъанаи дерин ба хотири эҳтироми меҳмонон кулчаву фатир ва нонҳои калон-калону гирдаро ҳамин субҳ пухтаанд.

– Фис-фис накарда насиба мегирему мехезем, – бо ханда меогоҳонад Раҷабмаҳмад, ки аз ин пазироии ҳамдиёраш шоду сарфароз аст. – Барнома хеле зиёд аст. Дар ҷойҳои дигар ҳам моро интизоранд.

Аз ҳар анвои лазизи болои хон агар чошние бигирӣ, кофист, ки беҳтарин ношто шавад. Вале аз коса-коса мастобаву ҷурғот, сарширу маскаи тарак ҳам бояд чашид. Яке тарғиб мекунад, ки истеъмоли мағзу мавиз ва баргаки зардолуи қандак дар саҳаргоҳ беҳтарин дармону қувватбахши дил аст. Шӯхии доимии устод Боқӣ Раҳимзода ба ёд меояд.

Марде дар чунин ҳолат чашм аз дастархони пурнеъмат наканда, лаб ба муноҷот мекушояд: «Э Худо, ё ҷонамро бигир ё шикамамро калон бикун».

– Шикам ғори бетаг аст, бародарҳо, – ҳушдор медиҳад Ҳоҷӣ ва бо ханда меафзояд: – Пеши потун мурам, шикампо ба ҷое намерасад. Акои Мирзомаҳмад, дарду балотуна гирам, ба дастархон омин гӯед…

Илтиҷои мизбон ба роҳнамои сахтгири мо таъсир накард.

Ӯ бо сад ташаккуру чарбзабонии хоси масчоиён ба мизбон фаҳмонд, ки дигар илоҷи нишастан надорем: роҳ дур асту вақт дар шитоб, ташвиши интизорон беҳисоб.

пешина
аз 23
навбатӣ