Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
ДОСТОНИ НОТАМОМИ МАСЧОҲ
Беҳтарин сафар ё сайру саёҳат ҳамонест, ки бетамаъ, озод, бо амри дил ва бо инсонҳои дилписанд бафурсат бигзарад ва боз ёрон аз як нигоҳ ё ними сухан ҳамдигарро бифаҳманд. Сафари мо бо даъвати дӯстамон Раҷабмаҳмади ярмӣ ба кӯҳистони нозанину биҳиштосои Масчоҳ барвақт тарҳрезӣ шуда буд. Вале бо сабаби пеш омадани маҷлис, маҳфилу ҷашнҳо ба таъхир меафтод. Ва Раҷабмаҳмад аз ин хеле дилгиру нороҳат мешуду гила мекард:
– Кай шумо дар сари ваъда устувор меистед? О мард як гап дошт. Гуфтаҳоятон ба амалатон ҳеҷ мувофиқ не. Коратон фақат фис-фис… Пеши потун мурам, ҳолати маро ҳам фаҳмед… Ман аз ваъдабозиҳои шумо назди мардум шарм медорам. Охир ба кӯҳистониён боз чӣ хел фаҳмонам, ки…
– Ҳоҷӣ, кӯҳистона ба ёд наоред, ки дил гум мезанад. Ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон. Дар ин тантана иштирок накардан айб, – мефаҳмонем ба ӯ.
– Хайр, баъди ҷашн дигар фис-фис намекунед?
– Не, не.
– Қавл медиҳед?
– Бале…
– Э дардатун занад! Ният буд-ку: Чашмаи Лоиқа зиёрат мекунем, бо мардуми кӯҳистон ҳамсуҳбат мешавем. Бисёр не, ду-се рӯз… Шуморо Саидилҳом бо мошинаш то Варзи
Манор – маркази ноҳияи Айнӣ меорад, он тарафаш осон…
Ҷашни 20-солагии Истиқлол пуршукӯҳ таҷлил ёфт: бунёдкориву созандагӣ, чашми ҳасуд кӯр, дар саросари Тоҷикистони азиз пуравҷ. Боғу биноҳои боҳамшамат, марказҳои хуби варзишу тиҷорат, мактабу донишгоҳ, хиёбону гулгаштҳо на танҳо ба пойтахт, балки ба тамоми мамлакат ҳусну шукӯҳ бахшиданд. Табъи ҳама шоду болида. Охир аз чи аҳволи ногуворе ба имрӯзи фирӯз расидем. Метавон бо хотири ҷамъ ба Кӯҳистони Масчоҳ рафт ва аз даъвову гилаҳои Раҷабмаҳмад раҳид. Лекин боз «фалокат» аз таги по хесту нохушие пеш омад ва моро дудила кард. Шоҳроҳи байни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ бо сабаби кандани як пораи бузурги кӯҳ ва фуромадани ярч вайрон шуд, аз фаъолият монд.
– Баҳона ёфтем, – гуфтам ба Гулназар. – Сафарро ба вақти дигар мегузорем.
– Ман ҳам дар ин андешаам, лекин Ҳоҷӣ розӣ мешуда бошад? – посух дод Гулназар.
– Шояд Саидилҳом ба тай кардани роҳи ноҳамвори ағбаи Шаҳристон розӣ нашавад, – аз дил гузарондем мо.
Не, насиби нону намак кашад, ягон баҳона пеши роҳи сафарро намебастааст. Ҳоҷӣ бо телефон гуфт:
– Фидотун шавам, афтидани кӯҳ, фуромадани тарма, омадани сел, – Худо аз балои аз инҳо бадаш нигоҳ дорад, – дар кӯҳистон чизи муқаррарианд. Мисраи Лоиқро ба ёд биёред:
«Гар зи санги роҳ тарсам, аз кӯҳистон нестам». Дигар фис-фис накунед. Бачаҳо дар кӯҳистон моро интизоранд… Саидилҳом шуморо то Истаравшан меорад. Ману Қурбон Тӯраев, ошнои деринам, шуморо пешвоз мегирему бо мошини дигар аз роҳи ағбаи Оббурдон ба Кӯҳистон меравем.
– Саидилҳом розӣ шуд?
– Медонед-ку: вай инсони наҷибу ҷигари ҷавонмард аст.
Худаш ба шумоҳон занг мезанад…
Тамошои ағбаи Оббурдон шавқи маро ба ин сафар дубора афзуд. Аз ағбаҳои Анзобу Шаҳристон ва Хобробот борҳо гузаштаам. Аммо ба таърифи ағбаи Оббурдон танҳо аз нақлу навиштаҳо ошноям. Бад намешуд агар ин ағбаро бубинам. Ва боз ҳар боре ситоиши манзараҳои ягон гӯшаи меҳанро мешунавам, ангушти афсӯсу надомат мегазам, ки чаро айёми ҷавонӣ, солҳое, ки нерӯву имконияти хуб доштам, ба сайри он мавзеъ нарафтам ва ба рӯзгору хулқу атвори сокинонаш ошно нашудам. Айб, ҳатто гуноҳ аст, ки ман чун адиб ҳанӯз на ҳама ҷойи Тоҷикистонро дидаам. Акнун имкони сайри ағбаи Оббурдон фаро расид.
Саидилҳом Аҳмадзода, доктори илмҳои тиб, профессор дар соҳаи амрози ҷигар, ноиби президенти Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон, бар хилофи гармии хун ва тезиву тундии Раҷабмаҳмад нармтабиат аст. Вай бештар бо тамкину мулоҳиза мусоҳибро мешунавад, сипас посух медиҳад. Инро ман албатта аз сиришт ва тақозои касби ӯ меҳисобам. Ба шарофати Раҷабмаҳмад дар парешонҳолии шадиду вазъияти сангин ба Саидилҳом шиносу корафтод ва аз меҳрубониҳояш бархурдор шудам, ӯро як инсони баандеша, маънирасу суханшинос ёфтам.
– Гузаштани ду ағба осон нест, – гуфтем ба вай. – Шояд Шумо Ҳоҷиро розӣ кунеду сафарамонро ба вақти дигар мавқуф гузорем.
– Э мардои Худо, ин андешаро аз сар партоед, – бо табассум посух дод Саидилҳом. – Барфу яхбандӣ набошад, роҳ хушку ҳамвор. Гузаштани ду ағба пеши мошин магар мушкил аст? Хубаш, ки Ҳоҷиро наранҷонем. Ҳофизи бузург дар ин маврид ба мо чӣ мефармояд?
Равандагони тариқат раҳи бало сипаранд,
Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз нишебу фароз?
Оини дӯстиву бародарӣ-дия…
Аз рӯи маслиҳат сари субҳ Саидилҳом омад, вале узре пеш гузошт: гуфт, ки аввал бояд ба бемористони пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дарояд ва аҳволи бемори вазнинеро бифаҳмад, ба табибони навбатдору парасторон маслиҳате бидиҳад, сипас бо хотири осуда ба роҳ бароем.
– Дили бемор нозук, як дидан, як гапи хуши табиб хеле оромаш мекунад, – гуфт Саидилҳом. – Панҷ-даҳ дақиқа ҳеҷ гап нест.
Гулназар ҳарчанд аз пуркорию вақти сархорӣ надоштан шиква мекард, дар таҳи дил ба ин сафар хеле шавқманд буд.
Охир фарзанди кӯҳистон ҳамеша хумории дидани диёр аст, хоса дар ин саҳар, ки ӯ аз зодгоҳаш Фалғар мегузарад. Эшон аз сари вақт ба ваъдагоҳ расидани мо шод, ҳамин ки ба мошин нишаст, хушҳолона гуфт:
– Худо хоҳад, чойи субҳонаро дар Хушекат мехӯрем…
Шаҳри хомӯшу хуфта ва хиёбонҳои тозаву равшанро пас гузошта, бо сафедии субҳ ба шоҳроҳи Варзоб ворид шудем.
Табиист, ки ҳангоми аз чунин роҳи мисли оина ҳамвор гузаштан, аз бунёдкориву созандагии пуравҷ дар мамлакат суҳбат ба миён меояд. Ва мо низ бо ифтихор он андешаро иброз медорем, ки алҳол вирди забони пиру барно аст, яъне вусъати созандагӣ аз шарофати истиқлолу оромӣ ва сиёсати нарми давлатӣ дар саросари Тоҷикистон.
Воқеан, касе, ки солҳо аз ин роҳ нагузашта бошад, то нақби «Истиқлол» аз дидани созандагиҳо: бунёди нақбҳои хурду бузурги тармапарто дар ҳайрат меафтад. Ва ба ёд меорад, ки замони шӯравӣ барои сохтани як иншооти хурд, масалан, пули ларзонак низ аз вазорату ҳукумат то идораҳои дахлдори Маскав бо сад нома, даводаву илтимос иҷозату маблағе ба даст меомад ё мушкилоте даҳсолаҳо ҳал намешуд. Акнун соҳибихтиёрӣ шароит фароҳам овардааст, ки бо ҳисси масъулияту дилсӯзӣ барои рӯзгори осуда ва ҳаёти хушу гуворои фарзандон сарзаминамонро ба муроди дил ободу зебо созем. Чашми баду ҳасуд кӯр, алҳол бунёдкорӣ равнақ дорад…
Мошини Саидилҳом ончунон ҳамвор пеш меравад, ки ба қавли пирони хушсухан об дар шикаму гиребони пираҳан дар бадан намеҷунбад. Зимни фатҳи гарданаи Уштур хитобаи Юсуф Вафо ба забон меояд, зеро он ҳолати нохуби роҳҳои кӯҳистонро дар ибтидои асри бист ҷилвагар месозад.
Э ағба, кунун шунав, ки мо ободем,
Он роҳи туро ба барфу борон додем.
Қад-қади Зарафшони чуқури шӯхоб,
Роҳи нави мошинаравак бикшодем.
Ва суҳбати гарме оғоз ёфт аз шахсияту соҳибтабъ будани шоири мардумӣ Юсуфи Масчоҳӣ.
Аз ағба фурумадаму нолиш кардам,
Сангои дари хоната болиш кардам, – бо ваҷд ин сатрҳоро ба забон меорад Гулназар ва меафзояд:
– Билло, ки барои ба як шоир ҳайкал гузоштан ҳамин ду мисраъ бас аст:
Аз ағба фурумадам ба рӯйи гулу хас,
Як бӯсаи додагит ҳафт пуштама бас.
– Инаш ба муроди дили шумост, – мегӯям ба Гулназар. – Вақтҳои охир Шумо чунон шоири бӯсасаро шудаед, ки беҳисоб. Муҳаққиқони осоратон дар оянда бешубҳа ба Шумо унвони шоири бӯсаҳо медиҳанд.
– Ёфтед, – мегӯяд Гулназар қоҳ-қоҳзанон ва меафзояд. – Билло, ки мурдаро зинда мекунад бӯса…
Саидилҳом, табассуми нарм ба лаб, аз роҳ чашм наканда мошин ҳай мекунад. Ҳар лаҳза манзараи марғубу дилкаштаре моро ба оғӯш мегирад. Рӯзи офтобии фасли рангрезии табиат. Дарахтону буттазорони домони кӯҳсорон чун айёми баҳор қабои садранг доранд, вале алҳол ба ҷои ҷилваи гулҳо рангҳои хазон ҳусн менамоянду дар баробари обшорон шукӯҳи дараҳоро меафзоянд. Манзараҳои дилангези зодгоҳ, ҳавои хушу бӯйи гиёҳҳои ошнои диёр, дидани рӯди хурӯшони Зарафшон, балки ҳар пора сангу бунёди биноҳои нав дилу илҳоми Гулназарро ба ҷӯш меорад ва ӯ бо табъи болида шеър мехонад:
Умрам гузарад, ҷамъу парешон гузарад,
Ҳамқисмати дарёи Зарафшон гузарад.
Азме ба Самарқанду Бухорош бувад,
К-аз пойгаҳи хоки азизон гузарад.
Дарё-дарё, ҳамқисмати мо дарё,
Сарчашмаи сад хаёлу савдо дарё.
Бо ин ҳама вусъату бузургии насаб
Дар олами худ ғарибу танҳо дарё.
Хушекат бо хонаву боғҳои бо килки тирамоҳ рангзада аз соҳили Зарафшон то синаи кӯҳ зина ба зина рӯйи ҳам ҷойгирифтааш афсонавӣ метобад. Дарахтон бо забони рангини баргҳо ранҷуру хастаҳол роз мегӯянд. Ранги дарахти зардолу дар ин водӣ нисбат ба рангҳои барги дигар дарахтон афзалият дорад, зеро фалғариён ҳам мисли масчоҳиён аз қадим зардолупарварони моҳиранд. Меваи пуршаҳди зардолу сарчашмаи зиндагии мардум низ будааст ва матале аз рӯйи эътиқоду ихлоси ин мардум ба меваи ин дарахт маъруф аст: зардолу зард шуд, фалғарӣ мард шуд. Ба ростӣ Хушекату кулбаҳои дарахтпӯшаш пеши назар як қолии бузургу садранги ба домони кӯҳ густурдаро мемонад. Роҳи оинавор ҳамвор, лек печ дар печ аз дили дара моро ба фароз – назди ошхонаҳои саҳнашон обзадаву рӯфта бурд.
– Дар ин ҷо як пиёла чой нанӯшида гузаштан айб аст, – гуфт Гулназар.
– Дер бирасем, ба хашми Ҳоҷӣ гирифтор мешавем, – шӯхиомез ӯро ҳушдор медиҳам.
– Як лаҳза нафас рост накарда, аз файзи ин ҳавову манзараҳо баҳраманд нашуда аз ин ҷо гузаштан гуноҳ аст, – ҷиддӣ мегӯяд Гулназар. – Билло, ки устод Қутбӣ мебуданд, ҳаргиз намегузоштанд, ки шумо аз ин ҷо хушк бигзаред.
– Гардани шайтон шиканаду сухани шоир не, – нарм мегӯяд Саидилҳом ва мошинро дар ҷойи мувофиқ нигоҳ дошта, боз меафзояд. – Аслан сухани мизбонро рад кардан гуноҳ аст…
Росташ, ки созандагиву ободкории мардум дар даврони Истиқлол касро шод мекунад. Дар ҷойи хушманзара сохтани биноҳои барҳавою хуштарҳи фароғат бо тамоми назокатҳояшон табъи дил аст. Пас аз дидани мамлакатҳои ободу пешрафта дар дил иқрор мекардем, ки ҳамин назокатҳои одӣ: ҷойи мувофиқи дастшӯйӣ, хонаи намозгузорӣ ва хӯрокхӯрӣ дар масири байни шаҳру вилоятҳои мо намерасид. Охир аз ин шоҳроҳҳо низ аз тамоми олам мусофирон мегузаранд.
Чанд ҷавон ба кашондани ангишту шикастани ҳезум машғуланд.
– Ин касро шинохтед? – пас аз салом кунҷковона пурсидам ман.
– Ҳозир, ҳозир, – аз саволи ногаҳонӣ як каме ноҳинҷор, ғур-ғур кард ҷавоне, сипас бо овози баланд гуфт. – Ҳа, шинохтам. Саҳар сурудаш ҳамаро аз хоб мехезонад-ку…
– Офарин, ёфтӣ. Тарсидам, ки амаки Гулназаратро меранҷонӣ.
– Э не… Ин касро ҳама мешиносад, – овозаш саршори ифтихор гуфт ҷавон ва афзуд. – Ҳамшаҳри моанд…
Аз даҳони нақби Шаҳристон боло роҳ чунон ноҳамвор аст, ки гумон мекунед чархҳои мошин болои дандонҳои саг бо мушкилӣ тоб мехӯранд. Ва ин ҳолат қадру арзиши роҳҳои навсохтро бештар равшан месозад. Зимни гузаштан аз ҷойҳои душвор, ки аз такондану бардорузан гӯё дилу ҷигар ба даҳон меояд, дуо ва орзу мекунем: кандани нақби Шаҳристон зудтар ба анҷом расаду мардум аз ранҷу азоб бираҳад.
Мӯъҷизаи асри 21 – телефони ҳамроҳ моро зуд ба дидори Раҷабмаҳмад ва Қурбон Тӯраев дар остонаи шаҳри ҳунармандону косибон ва ёдгориҳои таърихӣ – Истаравшан расонд.
– Фурсат танг аст, – пас аз вохӯрӣ ва ҳолпурсии гарму самимӣ гуфт Ҳоҷӣ ва бо шакарханд афзуд: – Фис-фис накарда ба роҳ мебароем. Рӯзҳои тирамоҳ кӯтоҳ, бо равшанӣ аз ағба гузаштан беҳтар…
– Албатта! Сарлашкар Шумову мо фармонбардор…
– Аввал мошинро дар ҳавлии Қурбонҷон гузорем, – гуфт Ҳоҷӣ ва ба ӯ рӯ овард: – Қурбонҷон, ман Шуморо нағз медонам… Дардатон занад, илтимос мекунам, гирди дастархон гиред-гиреду шинед-шинедро аз ҳад нагузаронед…
– Хуб, ҳама дар фармони Шумо, – бо шакарханд гуфт мизбон ва бо чеҳраи кушод хушҳолона пурсид: – Ба фикрам, иҷозат медиҳед, ки меҳмонҳо як пиёла чой бинӯшанд. Охир аз роҳи дур омадаанд…
– Маслиҳат дар роҳ, – амромез гуфт Ҳоҷӣ ва дари мошинро кушод. – Ин хел фис-фис бикунем, имрӯз аз ҳамин
Истаравшан намебароем…
Чун ба мошин нишастем, Қурбон Тӯраев ҳикматеро ба Ҳоҷӣ гӯшрас кард:
– Мӯйсафедон таъкид мекарданд, ки ба сафар, ҳатто ба меҳмонӣ бо шиками сер рафтан беҳтар…
– Қурбонҷон, гапатон дурусту ман аз феъли инҳо бим дорам, – мақсадашро возеҳтар баён кард Ҳоҷӣ. – Метарсам, ки чой ба чизи дигар табдил меёбаду фис-фис сар мешавад… – ва боз қоҳ-қоҳзанон меафзояд: – Саидилҳом мисли худамон, лекин аз фис-фиси Гулназару Абдулҳамид дар ташвишам.
Шумо маро фаҳмед-дия. Дар кӯҳистон бачаҳо моро интизоранд… Ҳарчӣ бошад, сари поӣ…
Сайру тамошои осорхонаи зери осмон, яъне шаҳри бостонии Истаравшанро ба вақти дигар мавқуф гузошта, бо амри Раҷабмаҳмад ба роҳ мебароем. Қурбон Тӯраев, ки солҳо вазифаи роҳбарии ин қаламравро ба ӯҳда доштанду раҳу пайраҳаҳои ин мавзеъро мисли панҷ ангушт медонанд, маслиҳат доданд, ки роҳро миёнабур карда, ба Овчиқалъача бароем. Ин минтақа барои ман билкул ношинос асту тамошояш дилкаш. На, боре то Басманда ба мулоқоти мардум рафта будам, ки он сӯйи дара ҷой дорад. Роҳ аз байни деҳот, боғу киштзорон гузашта, моро ба оғӯши кӯҳсорон мебурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё