Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
Насибахӯр насиба мехӯраду аблаҳ ғами беҳуда»: – Шеф, шумо пеш-пеш равед, ман аз пас меоям.
– Боз нагурезӣ…
– Шеф, ин гапа нагӯ, – овозаш ранҷишомез баромад: –
Чӣ, ман ба дузд монандам? Нишони хонаатро бидеҳ, борро бе каму кост бурда мерасонам…
– Ин хатар дорад… Ба худат бовар кардан мумкин, Мистер, лекин ба занак не… Ба ин сиккаву сурат, дасту панҷае, ки ту дорӣ, бешак дилашро мебарӣ. Чунон булҳавас аст, ки…
– Шеф, масхара накун, – ханда ба лаб, аз хиҷолату шарм дар хаёлаш сурх шуду арақшор, пичиррос зад Мистер ва аробаро аз оброҳа гузаронда афзуд: – Барои мо ин аҳволу ришханди зиндагӣ сад тозиёна аст. Росташ, ки дар ин замон як зан ҳам бори гарон менамояд.
– Сарватманд шавӣ, ин ақидаро фаромӯш мекунӣ. Ҳм, ба мани гаранг офарин намегӯйӣ? – пурсид бепарво Шеф: – Дар деҳа зану хонаи пурбача, ин ҷо аз се-чор қавму миллат зану фарзанд... Оилаи интернатсионалӣ. Мо, эшонзодаҳо, Мистер, аз бобоҳомон васият дорем: бояд насла зиёд кунем… Лекин ҳамаашон хӯранда… даҳон воз, ба умеди кисаи ман.
– Сад таҳсин, ки дар поят рост меистӣ, – ғур-ғур мекунад
Мистер: – Пайрави содиқи ҳазрати Пайғамбарамон будаӣ…
– Саидзодаем! – худситоӣ кард кал: – Эшонзодаи пок…
– Занҳоят якдигарро бинанд, рӯхарошиву мӯканӣ намекунанд?
– Не, апаву хоҳар баринанд, – бо ифтихор посух дод кал ва афзуд: – Сиёсат зӯр аст, Мистер, сиёсат. Алови чашмашона гирифтагиям…
Мистер кифт дарҳам кашида худ ба худ ғур-ғур мекунад:
– Ин афсона менамояд. Худо қувват диҳад…
– Мистер, дар ин замон гоҳ-гоҳ ҳазлу шӯхӣ накунӣ, дилат торс мекафад, – бо овози нарм суханашро идома дод Шеф ва аз ҷӯйбор гузашта, бағоҷи мошинашро кушод: – Борҳоро хушрӯ бигзор…
– Ҳозир одами ҳазлбардор ҳам кам аст, Шеф, – халтаҳоро паҳлуи ҳам ниҳода гуфт Мистер ва бо ришханд афзуд: –
Баъзеҳо бо сояи худ ҷанг мекунанд…
– Рост, – тасдиқ кард Шеф: – пул дода ҷанг мехаранд, бигӯ. Лекин аробаи ту аз мошини ман тозатар будааст… Зани зиёд доштан дарди сар аст. Расидан замон моҷаро мебардорад, ки боз ягон чаккафурӯши каҷзулфа ёфтӣ… Айб накун…
– Ай не… Хурӯс ки шудӣ, Шеф, аз қуд-қуди мокиёнҳо натарс, – ҳазломез гуфт Мистер ва чанд сӯмеро, ки ӯ ба кафаш ниҳод, ба киса андохту пас гашт. Ва аз байни издиҳом
«ароба-ароба» гӯён печутобхӯрон бо эҳтиёт гузашта, – мабодо чархи ароба ба либоси касе бирасад, зери таънаву маломат мемонад, – худро сазо дод, ки чаро аробакаш шуд.
Вале чун корфармои дигар – марди чорпаҳлу аз пеш баромаду хитоб кард: «Салом, Мистер! Туро мекофтам. Нағз ҳастӣ? Борро зуд бубар, ки зери гап мемонам», дилаш равшан шуд. Лекин боз ширинзабонии корфармо ӯро дар ҳолати нобоб гузошт.
– Мистер, – гуфт ӯ, – ту шоҳи аробакашҳоӣ.
– Шеф, ин гапа бо овози баланд нагӯед, – хоҳиш кард кард ӯ.
– Чаро?
– Аз рашку ҳасад одам гирифтори сад бало мешавад.
– Воҳ, ин ҷо ҳам рашку бахилӣ вуҷуд дорад?
– Эҳа, ҷойи бе рашку ҳасад, Шеф, шояд дар гӯристон бошад. Дар ҳама ҷо гадо душмани гадост, – аробаро аз дарвоза бароварда гуфт Мистер ва пурсид: – Ба кадом тараф?
– Аз паси ман, – посух дод соҳиби овоз ва қадам тез кард:
– Боақлона гап мезанӣ, Мистер. Агар сару либоси озода, галстуку курсии мансаб медоштӣ, зердастон пешат сад ранг мерақсиданд...
– Эҳе, ин ҷо, Шеф, ба ҳар наҳангу муштзӯре рӯ ба рӯ мешавӣ, ки роҳатро гум мекунӣ.
– Ғорат мекунанд?
– Бебаркаш, рӯйрост. Риштаи зиёдеро дар танат бинанд, кашида мегиранд. Надиҳӣ, рӯзат сиёҳ мешавад, бо ҳар баҳона пешпо медиҳанд.
– Даромад чӣ хел? – сигарет ба лаб ниҳода пурсид мард.
– Ҳар хел… Рӯзи бобарор чор танга меёбиву бо дастовез ба хона меравӣ. Рӯзи бебарор ду ангушт дар бинӣ.
– Корфармоҳо муздатро бе каму кост медиҳанд? – пурсид мард ва сигареташро оташ дод.
– Ин ба ҳиммату инсофи корфармо вобаста аст, – аробаро бо азоб ба баландӣ тела дода, нолишомез посух медиҳад Мистер ва сараш паст меафзояд: – Хасисро гадову аробакаш мешиносад, Шеф, – ба лаби ӯ ханда медавад: – Лекин аробакаш гадову муфтхӯр нест. Хизмат мерасонад… Росташ, ки, – бо оҳанги дигар суханашро давом дод ӯ: – одамони одиву нодор дасткушодтаранд. Аммо аз навкисаҳои пулмаст ҳаққи ҳалолро гирифтан мушкил. Бо неши забону дилсиёҳӣ заҳри баданат карда, баъд гӯё аз киса не, аз мағзи ҷонаш нисфи ҳақатро бароварда медиҳад.
– Об дар ҷойи сахт меистад, Мистер, – гуфт мард ва пасмондаи сигареташро ба қуттӣ партофта афзуд: – Пулёбӣ ҳам осон нест. Пул коғаз аст, лекин аз падару модар ҳам ширин…
– Аробакашӣ чӣ? – ранҷиомез пурсид Мистер: – Ҳм, одам аз рӯзи хуш аробакаш мешавад? Пул чирки даст асту назди бузургии падару модар ҳеҷ…
Шуру ғавғои даромадгоҳи бозор гӯё овози онҳоро фурӯ бурд. Не, ҳарду даме муҳри хомӯшӣ ба лаб заданд.
– Мистер, ҳамааш мегузарад, – овози хиҷолатманди мард таскиномез ба гӯшаш расид: – Зиндагӣ ба майдони муборизаи сахт табдил ёфт. Ба пеш, барори кор!
– Ташаккур! Ана ин гапи дигар…
Ниёз вақте аз хоб чашм кушод, ки ба қавле сиёҳии шаб ҳанӯз бо зуъмӣ ба сафедии камрангу тунук талош меваразиду ҳукм меронд ва дар он ҳолат риштаи сиёҳро аз сафед фарқ кардан мушкил буд. Аз як ҷониб саҳархезӣ барояш одат шуда бошад, аз сӯйи дигар таъкиди пайвастаи пири аробакашҳо Аҳмади риш дар гӯшаш нишаста, андешаи аз дигар ҳампешаҳо пештар ба бозор расиданро дар дилаш қавӣ карда буд.
– Саҳархезӣ, додаро, – дина ҳангоми нонхӯрӣ гуфт ӯ, – баракати беҳисоб дорад: кушоиши кор, фаровонии ризқ аст.
Пас аз таҳорату иборат бомдод аз хона ба нияти нек мебароӣ.
Кӯчаҳо холӣ, шаҳр хилват, рӯйи ношустаеву чиркинеро надида, моҷарову ғур-ғури раҳгузару шофиреро нашунида, бо асаби ором мерасӣ то бозор. Нафас рост накардаӣ, ки корафтодаҳо сӯят медаванд. «Ошно, халтаи орд ё биринҷ, ана ин чизҳои маро то истгоҳ ё назди мошин бубар». Ҳам савоб мегирӣ, ҳам музд. Маротибае пеш аз дигарон биоеду бинед, ки барои аробаву хизмат чӣ хел байни корафтодаҳо талошу баҳс сар мезанад. Бахтат омад кунад, якбора чизҳои харидаи ду-се каса берун мебарорӣ. Эҳе, ҳаво гарму бозор пуродам нашуда, музди якрӯзаро соҳиб мешавӣ…
Ҳа, бо орзуи барори кор бархест ва дасту рӯ шуст. Садое ба гӯшаш намерасид. «Дар бозор чой мехӯрам, – гуфт ба худ: – Нони гарму ангури ҷавзи роҳатӣ, самбӯса…» Ва акнун панҷа ба даста расонида буд, ки овози хоболуду пурмаломат, балки тамасхуромези Гулбарг дили хомӯширо харошиду гӯши ӯро пур кард.
– Ҳасани аробакаш, бачаҳо мактабравиро бас карданд.
Ниёз дар кафшкан мисли ҳайкал карахт шуд, музтар монд: сараш хам, шонаҳои афгору каме дардмандаш шабеҳи боли захмии уқобе фурӯ рехтанд. Ниҳоят ҳайкал ҷон гирифта, бо панҷа пешонӣ ва гулӯяшро молид. Суханҳое дар қафаси синааш мисли мурғи нимбисмил тапиданду ҷумбиданд, вале дар гулӯяш кӯргиреҳ заданд. Забонаш хориду хун дар сараш ҷӯшид, аммо ба ҷойи овоз шабеҳи каси кару гунг оҳи сӯзони пурдард баровард; аз пурсиши сабаб ҳаросид.
Не, вай сабабро нағз медонад. Имсол барои бачаҳо сару либоси нав ва ҳатто китобдону асбобҳои хониш харида натавонист. Ду-се моҳ пеш саҳар байни ӯ ва Гулбарг дар хусуси нодорӣ гуфтугӯе оғоз ёфта ба таънаву сарзаниш печида буд.
Гулбарг сар аз бистар набардошта, эҳтимол чашм ҳам накушода, ҷойи чой ва дами гарм ба ин «мужда» назди бачаҳо сурху сафедаш кард.
– Бачаи хола, одамҳое, ки базӯр нони хӯрдан меёфтанд, соҳиби ҳама чиз шуданд, – гуфт ӯ: – Дар дили шаҳр хона гирифтанд. Мебинӣ, ки мошину қолин ё чизҳои нав мехаранд.
– Мо, шукри Худо, бехона нестем, Қандак, – сухани ӯро бурид Ниёз.
– Аз холаи Бунафша миннатдорем. Як ба атроф нигар: марду зан ҳар моҳ рафта аз Хитой, Покистону Эрон, Маскову Қазоқистон мол меоранд.
– Бигӯ, туро ҳам баранд… Болу пар баровардаӣ, Қандак, – бо ришханд гуфт Ниёз ва сар аз болои косаи ширчой набардошта ғурид: – Дилат сайри ҷаҳон мехоҳад?
– Эй бачаи хола, вақте чашму рӯву мӯ доштам, дар як хукхона зиндониям кардӣ, намондӣ, ки ба берун по гузорам,
– гила кард Гулбарг: – О ман ҳам мактаба бо баҳои хубу аъло хатм карда будам. Номаи камол доштам…
– Қандак, метарсидам, ки дар шаҳр роҳгум мезанӣ ё кадом нохалафе медуздадат…
– Баҳона наков… Мехондам, чӣ зарар дошт? Соҳиби ягон касб мешудам, дар ин рӯзҳои мушкил ҷойи кор меёфтам…
– Кӯтоҳӣ аз ман гузашт, Қандак, – иқрор кард Ниёз ва нарм афзуд: – Он замон аз нияти хондан чаро ҳарфе назадӣ?
– Дар хукхона кай хондан ба ёдам мерасид? – бо ханда посух дод Гулбарг ва ин гуфтугӯ бо ҳамин анҷом ёфт. Аммо алҳол боз овози Гулбарг таъқибаш кард: – Боз нагӯӣ, ки хабар накардӣ. Бачаҳо мактабравира бас карданд. О пул доштем-ку. Ё пулҳоро гум кардӣ?
– Бигӯ, ки баҳона накованд. Мактаб нарафтан ба зарари худашон, – оҳиста шабеҳи пич-пич посух дод Ниёз, то овозашро ҳамсояе нашунавад. Падари раҳматияш дар ҳолатҳои тангдастӣ ба модараш таъкид мекард: «Сири хонара ҳаргиз дағдағаву овоза накун. Девор муш дораду муш гӯш. Дар хона чизе набошад, се-чор сангчара ба дег андозу бо кафлес чунон бикоб, ки ҳамсояҳо шунида гумон кунанд, ки хӯрок мепазӣ».
– Аз ин чӣ фоида? Сангчаҳои дег шиками бачара сер мекунанд? – бо ситеза мепурсид модар.
– Эй сода, Худо меҳрубон аст, – ӯро таскин мебахшид падар: – Кам ё зиёд ризқи одама мерасонад. Лекин дӯсту душман надонад, ки фалонӣ аз нодорӣ дар хоки хунук афтодааст, беҳтар аст».
– Ҳафтае боз бо ваъдаҳои дурӯғ умедворашон кардӣ, – аз пас овози пурмаломати Гулбаргро шунид Ниёз: – Бегоҳ боз ду даст дар бинӣ наоӣ…
Вай посух доданро зарур нашумурд, балки дам ба дарун, аз дил гузаронд: «Бачаҳо лучу гурусна нестанд. Ман ҳам мехоҳам, ки онҳо мисли дигарон бо сару либоси нав мактаб раванд. Гап сари пул аст. Ёфтани пули зормонда осон не».
Ниёз мехост, ки аз пули пасандоз ба фарзандонаш пеш аз оғози таҳсил сару либосу попӯшӣ бихарад. Барои Монӣ ва
Нозгул кайҳо метавонист ҳама чизро бигирад. Андешид, ки онҳо аз шодӣ қад-қад бипаранду Беҳзод лабу лунҷаш овезон, зор-зор бигиряд, обу нони ҳама заҳр мешавад. Ба кӯдак чӣ хел мефаҳмонӣ, ки пул нарасид, андаке сабр кун, барои ту хубтарашро мегирем…
– Худашон хуш карда бигиранд, нағз мешавад, – гуфт
Гулбарг: – Эҳе, аз чизҳои харидаи мо сад камбудӣ ёфта ғавғо мебардоранд…
Бачаҳоро бояд бозори «Корвон» бибаранд, ки аз дукону мағозаҳои ин фурӯшгоҳи мисли занбурхона сермағал ва пуродам, – саг соҳибашро намеёбад, – сару либоси дилхоҳ бигиранд. Ҷонкоҳониву талоши ӯ танҳо барои роҳату рӯзи хуш дидани фарзандҳост.
Чанд моҳ пеш Гулбарг низ бо мадади холаи Бунафша кор ёфт: роҳрӯб шуд.
– Айб намешавад? – пурсид Ниёз.
– Не, аз одами бекор Худо безор аст, – шӯхиомез гуфт Бунафша ва афзуд: – Аз меҳнати ҳалол пул гирифтан баракату роҳат дорад. Мӯрчамадад… Фарзандҳо мактабхон; харҷу хароҷот ҳар моҳ зиёд мешавад.
Зиндагӣ ба ҳар сурат беташвиш пеш мерафт. Лекин рӯзе писари амакаш Фозил баногоҳ дар бозор аз пеш баромад ва мисли кӯри асоёфта шод шуда, ӯро ба оғӯш кашид. Аҳволашро пурсиду машғулияташро.
– Зиндагӣ маҷбур кард, ки аробакаш шавам, – шармгинона иқрор кард Ниёз.
– Аз ҳама кори беминнати равғанинро худат ёфтаӣ. Офарин! – ситоид ӯро Фозил ва рӯзҳои дигар пайваста ба дидорбинии ӯ омада, бо ҷӯшу хурӯш аз хешиву дар як хона зистан, аз як дастархон нон хӯрдану зери як кӯрпа хобиданашон ҳикоят мекард.
– Раҳматии модарат, – мегуфт Фозил, – маро мисли фарзандонаш дӯст медошт. Косаи ширро аввал пеши ман мегузошт. Сару либосу танамро қатори шумо мешуст. Дар ёдат ҳаст? Намегузошт, ки ба рӯям пашша бишинад. Эҳа, то зинда буд, касе ба рӯям каҷ наменигарист.
Ёди модар, хонаи падару айёми кӯдакӣ Ниёзро афсун кард. Ӯ дар дил мегуфт: «Хайрият, Фозил бамеҳр шудааст: қадршинос, посдори некиву намак. Солҳои наврасиашон бадхӯ буд. Ва борҳо аз рӯйи кирдорҳои бадаш Ниёз бо хашм ӯро сазо медод: «Ҳаромӣ!»
Субҳе Фозил бо авзои парешон, балки чун муши ниммурда дар ҳолати раҳмовар назди Ниёз ҳозир шуд ва бо чашмони намгирифта қарз пурсид. Ниёз музтар монд; бо ангушт пешонӣ молиду пушти сар хорид. Фозил бо ҳазору як қасам чун мори сиёҳ гӯё ба гарданаш печид, ки печид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё