Зеҳн
НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.

Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

ЧОИ КЎҲӢ

Абўалӣ ибни Сино табиби зўр гузаштагӣ будааст. Табибии ўро дар тамоми дуньё ҳама медонистаанд.

Вай ҳанўз дар давраи бачагиаш, яъне, вақте, ки акнун ба мактаб қадам монданаш даркор будааст, касеро агар дасташ барояд, ё дилаш дард кунад, ба назди ҳамун одам ҳозир шуда, ба дардаш даво мекардааст. Як рўз як зан касал шуда ба назди Сино рафтааст. Сино ўро дида гуфтааст: - Хола, куҷои шумо дард мекунад? - Дилам, писарам, - ҷавоб додаст зан.

Абўалӣ ибни Сино як хел алафро ҷўшонда, обашро чор-панҷ бора хўред, ин чои кўҳӣ аст, аз оби ҳамин аҷаб не, ки нағз шуда равед. Зан алафро гирифта ба хонааш рафтааст ва онро ҷўшонда, обашро хўрдан гирифтааст. Дидааст, ки дар ҳақиқат дарди дилаш гум шудааст.

Зан ба назди Ибни Сино омада, вайро бисьёр дуо кардааст. Сонӣ ана ҳамин алаф дар байни халқ паҳн шудааст. Дар қишлоқи мо ин алафро аз куҷо ёбанд, чинда мебиёранд ин ба дарди дил дору гуфта.

АБУАЛӢ – КИМЬЁГАР

АБуалӣ ба Эрон рафта, як китоб наишта, дар як ҷои китоб «бо хурўши тилло мисро тилло кардан мумкин» гуфтааст. Баъд вақти аз Эрон рафтанаш ҳамон ҷои «бо хурўши тилло» навиштаи ҷумларо дарронда гирифтаасту худи китобро ба ҳуҷра монда рафтааст, пас аз чанд вақт ин китобро як боз аз ҳуҷра ёфта гирифтааст. Вай китобро, як ҷояшро хонда дидааст, ки дар он «мисро тилло кардан мумкин» гуфта навишта шудааст, аммо мисро бо чӣ тилло кардан мумкин, маълум нест. Бой аз мис тилло сохтанӣ шуда тамоми давлаташро сарф карадаасту ҳамон тилло мешудаги чизро – хурўши тиллоро ёфта натавонистааст. Сонӣ бой маҷбур шуда ба саққоӣ баромадааст.

Ҳар рўз саққоӣ карда, об фурўхта, пули обро намегирифтаасту ба одамон: - Обро хўреду пул надиҳед, «лаънат ба Буалии бухорӣ» гўед мешавад, - мегуфтааст.

Баъд ин гап овоза шуда, ба гўши Абўалӣ Сино расидааст. АБўалӣ Сино рафта, ҳамин мардакро ёфта «як об те» гуфта, об талбидааст. Вай об додаст, обро хўрдан баъд Бўалӣ ба мардак чанд пул додаст. Мардак аз дасти ў пулро нагирифта гуфтааст, ки: - Пулат даркор не, лаънат ба Бўалии бухорӣ гўӣ бас. Бўалӣ гуфтааст: - Чаро ин тавр мегўед? Вай фаҳмад, хафа мешавад. Баъд вай гуфтааст: - Дарди манро напурс, манро хароб кардагӣ ҳамон. Як шаб меҳмон шавӣ, ҳикояташро карда медиҳам. Баъд Сино ду кило биринҷ гирифта ба хонаи саққо рафтааст. Лекин кӣ будани худашро маълум кардагӣ не. Ҳамин вақт, дар ҳамин шаҳр ширбиринҷ гуфтагӣ таом набудааст. Баъд Сино пухтани ширбиринҷро ба вай ёд дода: -Ҳаминро фурўхтан гир, бой шуда меравӣ, - гуфтааст Абўалӣ Сино. Эронӣ ҳамин касбро кардааст, баъд давлаташ аз пештара ҳам зиёд шуда рафтааст.

БА ҲАҚ ЗАВОЛ НЕСТ

Абўалӣ Сино дар замонаш каси олим буд. Як вақт шуд, ки ин кас зан гирифт. Зану шавҳар ҳамдигарашонро ҷудо ҳам дўст медоштанд, ҳурмат мекарданд. Онҳо дўстона зиндагонӣ карда мегаштанд, ки як рўз ба хонаи Абўалӣ Сино як ҷўрааш меҳмон шуда омад. Абўалӣ Сино ҷўраашро қабул кард, ба пешаш дастархон кушод, чою нон монд. Қанду қурс монд, ҳарчӣ, ки дошт, оварда монд. Онҳо нишаста бисьёр сўҳбат карданд. Баъд вақти сўҳбат ҷўрааш ба зани Абўалӣ Сино нигоҳ кард, ки зан ҳақиқатан зани бисьёр хушрў.

Вай фикр кард: «Чӣ хел карда ўро аз раҳ бароварда, худам ба занӣ гирам?».

Ҷўра бошад ҳам ҷўраи бемазза буд-дия! Сонӣ шишт, чойро хўрду вақти рафтанаш ҷўрааш Абўалӣ Синоро ҷеғ зад: Ҷўра, - гуфт, - зан гирифтӣ-ку? Ба ҳамин хел илм соҳиб ҳастию як зани дуруст нагирифтӣ-дия! Гуфт: - Чаро? - Не, ин занат намешавад, ман медонам, - гуфт.

Ҷўрааш инро гуфту аз хонаи Ибни Сино баромаду рафт. Чӣ мегўед, ки ў рост пеши ҳаммомчӣ рафт. Рафту ба ҳаммомчӣ гуфт, ки: - Кадом рўз ба ҳаммоми заифҳо зани Абўалӣ Сино мебиёд. Агар ту аз кисаи ў як дона расмашро ба ман дуздида диҳӣ, ба ту ҳамин қадар пул медиҳам.

- Хуб, - гуфт ҳаммомчӣ.

Сонӣ, зани Абўалӣ Сино ҳамроҳи заифҳо як рўз ба ҳаммом омад. Ҳамон вақт ҳаммомчӣ аз кисаи зани Абўалӣ Сино як дона расмашро дуздида ба ў дод. Ин мард расмро гирифта тўппа-тўғрӣ пеши рассом рафт. Ба рассом гуфт, ки: - Расми Ману ҳамин заифро гир, ки дар он манн вайро оғўш карда, бўсида истода бошам. Рассом чанд хел карда, расми ўро бо зан гирифта дод.

Сонӣ мардак расмро гирифт, ба киссааш заду хонаи Абўалӣ Сино рафт.

Рафта боз чой-нон хўрду гуфт, ки: - Ин зан ҳоло ҳам дар хонаат будааст-дия? - Куҷо равад, ин зани ман? – гуфт Абўалӣ Сино.

- Ман нагуфта будам-мӣ ба ту, ки занат нобоб, бемазза, ба ту вафо намекунад, аз хона пеш кун, бо худи ман ҳам занат бисьёр номаъқулиҳо кардааст, - гуфта расмро нишон доду аз он ҷо баромада рафт.

Абўалӣ Сино расмро дида қаҳр карду занашро куштанӣ шуд. Лекин занаш нағз, ба раҳаш рост буд. Як вақт, чӣ мегўед, ки баъди ду-се рўз гузаштан Абўалӣ Сино ба занаш гуфт: - Канӣ, анҷом-панҷоми наватро пўш, ҳардуямон ба хонаи ҷураам ба меҳмонӣ меравем.

- Хуб, - гуфт зан мақсади шавҳарашро нафаҳмида.

Занак анҷомҳои навашро пўшид. Зану шавҳар ба арроба савор шуда, баромада рафтанд. Дар роҳ аз пешашон ҷарӣ баромад. Абўалӣ Сино ба лаби ҷарӣ наздик шуда, аз арроба фаромаду ба занаш: - Ту шин, ман як пешоб кунам, - гуфт.

Баъд Абўалӣ Сино аробаро қафо карда, пеш карда ба аспаш ба ҷарӣ тела дод.

Сонӣ «зан ҳам рафт, асп ҳам рафт, арроба ҳам, рафт, ҳамааш тика- тикка шуда рафт» гуфт дар хаёлашу чапонашро кашида, дар кифташ партофту ба кўҳ баромада рафтан гирифт.

Дар фироқи зан қаландар гўед ҳам, - вай, девона гўед ҳам- вай.

Ба як ҷо рафта ба ҳавлии як чолу кампире даромад.

Зери ҳавлии чолу кампир макони дуздҳо буд.

Роҳи дуздҳо аз байни ҳавлии ҳамин чолу кампир буд.

Баъд Абўалӣ Сино ба фикру хаёл банд шуда, маст барин баҳушу беҳуш ба макони дуздҳо, ба таги замин даромада рафт. Дуздҳо аз вай пурсиданд: -Э ин ҷо барои чӣ омадӣ? Ту дар пеши мо чӣ кор мекунӣ? Абўалӣ Сино: -Э ҷўраҳо, манро напурсед. Девона гўед, ман, кўкнорӣ гўед ҳам, ман. Ба ин ҷо омада монданамро худам надониста мондам, - гуфт.

-Э, шумо, Абўалӣ Сино не-мӣ? -Ҳа, ман Абўалӣ Сино, - ҷавоб дод вай. Ҳамин вақт як нафари дуздҳо Абўалӣ Синоро шинохта гуфт: - Э, ҷудо нағз кардед ки омадед. Шуморо ба мо худо дод, - гуфт ин дузд, - акнун шумо ба моён сардор мешавед. Ҳар чӣ фармоед, мо иҷро мекунем. Шумо ҳар чиро, ки дилатон кашад, хўрда хоб кунед. Ана акнун инҳо ин ҷо истодан гиранд, аз зани Абўалӣ Сино гап сар кунем.

Абўалӣ Сино занашро «вай ба таги ҷарӣ афтида мурд» гуфта фикр карда буд-дия. Лекин зан ба ҷари афтида намурда буд. Як-ду йигит шикор карда омада истода, аз болои ҷарӣ мебинанд, ки як чизи сурх дар таги ҷарӣ намоён аст. Фаромада дидаанд, ки як зан.

Пўстҳои рўяш канда шуда рафтагӣ. Ба сандуқи дилаш даст кофта диданд, ки нафасаш ҳаст, зинда. Йигитҳо занро аз ҷарӣ кашола карда бароварда ба табибе супориданд. Зан дар он ҷо чанд вақт хоб рафта нағз шуда баромад. Зан дар танаш либоси мардона, рафтан гирифт, ки аз пеш як шаҳр намудор шуд, ба он шаҳр рафт. Подшоҳи ин шаҳр мурда буд, мардуми он шаҳр барои подшоҳи нав интихоб кардан бози давлатро парронда буданд, ки боз омада ба сари ин зан нишаст.

Се маротиба бозро парронданд, се маротиба ҳам боз омада ба сари ҳамин зан нишаст. Баъд ўро подшоҳ интихоб карданд. Акнун занак ин ҷо истад, аз дуздҳо аҳвол пурсем. Дуздҳо як шаб як одами раҳгузаро барои молу пулаш шуда кушатанд. Молу пулашро гирифтанду ҷасадашро шабона оварда дар ҳавлии кампир гўр карданд. Пагоҳи одамони ҳукумат фаҳмиданд, ки дар ин ҳавлӣ як гўр пайдо шудааст. Чолу кампирро ба ҳабс гирифтанд. Гуфтанд, ки: - Агар кушандаро гўед, ҷавоб медиҳем, мераветон, агар нагўетон, дар даруни ҳабс пўсида мераветон.

- Э, кушандаи ин одамро мо намедонем, - гуфт кампир. Дар таги замин чил нафар дузд ҳаст, роҳаш аз ҳавлии мо мегузарад. Ана ҳамонҳо куштанд. Сонӣ аскар ҷамъ карданд, шабо-шабакӣ дуздҳоро рафта зер карданд, ҳамаашро бастанд. Дар байни онҳо Абўалӣ Сино ҳам ҳаст. Чил нафар дуздро дар ҳабсхона қава карданд. Акнун подшоҳ бояд ки ҳамаи инҳоро пурсиш кунад. Занак ба ҳабсхона рафта як нигоҳ карду буромад. Вай аз байни дуздҳо шавҳарашро шинохт, лекин шавҳар занашро намешиносад. Подшоҳ ба қаровул шавҳарашро нишон дод, фармон дод, ки: - Ана ҳамон одамро барои пурсиш кардан аз ҳама охир мебарорӣ! Чил нафар дуздро барои пурсиш кардан гирифта бурданд. Баъд ҳамаашро қава карданд. Навбати пурсиш ба Абўалӣ Сино расид. Подшоҳ гуфт: - Ман шуморо дар куҷое дидагӣ барин.

Шумо Абўалӣ Сино не-мӣ? -Ҳа ман Абўалӣ Сино, - дарди манро напурсед. Ман як зан доштам, вайро бисьёр нағз медидам. Ҷўраам «занат бемазза» гуфт. Ў бо занам расм гирифта будааст, онро ба ман нишон дод. Занамро бо аспу арроба ба ҷарӣ тела додам, мурда рафт. Дар ғами ҳамин ман девона шуда гаштаам.

-Ҳамон ҷўраатон ҳаст-мӣ, - гуфт подшоҳ. -Ҳа, ҳаст.

Вайро даррав одам монда ёфта оварданд. Подшоҳ пурсид: -Ҳаммомчӣ ҳаст-мӣ? -Ҳаст. Вайро ҳам ёфта оварданд. Подшоҳ боз пурсид: - Рассом ҳаст-мӣ? Рассомро ҳам оварданд.

Ҳаммомчиро гуфтанд, ки: - Барои чӣ расми занро дуздида ба рассом додӣ? - Вай ба ман «пул медиҳам» гуфт. Рўи пул ширинӣ кард, ман ҳамин тавр кардам, - гуфт. Рассомро гирифта омаданд. - Барои чӣ расми зани як касро ҳамроҳи каси бегона гирифта додӣ? -Ў пули бисьёр ваъда кард, ман ҳамин хел кардам. Пурсиш тамом шуд. Подшоҳ қарор хонда дод. Чил нафар дуздро бадарға, ҷўраи Абўалӣ Сино ва ҳаммомчию рассомро ба куштан ҳукм кард.

Подшоҳ аз ҷояш хесту Абўалӣ Синоро аз дасташ дошта: - Шумо маро шинохтед-мӣ? Ҳамон зани ба ҷарӣ тела додагиатон ман мешавам, - гуфта шавҳарашро ба хонааш гирифта рафт. «Ба ҳақ завол не» мегўянд рост. Бо ҳамин ҳақ ба ҷояш қарор гирифту ҳикояи мо ҳам тамом шуд.

пешина
аз 9
навбатӣ