ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
ШМА ва СӼШ:
мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи муносибатӽо Аннотатсия Мақолаи мазкур ба масъалаҳои марбут ба мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи муносибатҳои ШМА бо СҲШ бахшида шудааст. Аз назари муаллиф, дар ибтидо ШМА ба арсаи ҳаёти сиёсӣ қадам гузоштани СҲШ-ро чандон ҷиддӣ қабул накарданд. Баъдтар эҷоди чунин як ниҳоди авруосиёии дорои қудрати атомӣ ва он ҳам бо захираҳои бузурги табииву инсонӣ ва имконоти ҳарбиву низомӣ Вашингтонро хеле нигарон сохтааст. Сабаби ташвиш ва нигаронии ШМА торафт нуфузи бештар касб кардани СҲШ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва боло рафтани мақоми он дар ҳаллу фасли масъалаҳои калидии сиёсати замони муосир аст. Имрўз муносибати ШМА ба СҲШ ба таври куллӣ таҷдиди назар шудааст. Маълум, ки ШМА ҳавасманди он аст, ки аз имконоти СҲШ барои пешбурди манфиатҳояш дар минтақа истифода намояд. Ин дурнамо дар чӣ ифода мегардад? Муаллиф ба ин фикр аст, ки пеш аз ҳама дар самти муносибатҳои иқтисодӣ, чун мавзўи рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум дар ҳама кишварҳои аъзои СҲШ аз масъалаҳои мубрам ва аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дуюм, ҳамкориҳо дар бобати таъмини сулҳи саросарӣ ва суботу амният дар минтақа ба шумули мубориза бар зидди ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорат аз болои силоҳи қатли ом ва ғайра. Сеюм, ҳамкориҳои судманд дар самти фароҳам сохтани кумакҳои гуманитарӣ ва техникию иттилоотӣ, рушди илму фарҳанг, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он.
Калидвожаҳо: ШМА, СҲШ, Осиёи Марказӣ, рушди иқтисодӣ, амният, захираҳои табиию инсонӣ, манфиатҳои миллӣ, рушди илму фарҳанг, ҷомеаи шаҳрвандӣ.
НАТО дар Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа
Аннотатсия. НАТО минтақаи Осиёи Марказиро аз қисмати муҳими стратегияи инкишоф ва таъмини амнияти худ қарор додааст. Дар ҳамин замина кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи барномаҳом мухталифи НАТО ба доираи фаъолияти ин созмон фаро гирифта шуда, барои таъмини рушди устувор, таҳкими амнияти минтақа, мубориза бар зидди муомулоти ғайриқонунии маводи мухаддир, барномаҳои мухталифи бозомӯзӣ ҳамкорӣ кардаанд. Аз назари муаллиф, ҳамкориҳо дар бахши илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳарбию таъмини амният аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, НАТО чунин фаъолиятҳояшро бо истифода аз имконоти дипломатияи ҷамъиятӣ (“нерӯи нарм”) амалӣ сохтааст.
КАЛИДВОЖАҲО: Осиёи Марказӣ, НАТО, стратегияи инкишоф, амнияти миллӣ, илму фарҳанг, иқтисодиёт, ҳамкорӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ, нерӯи нарм.
Чун сухан дар бораи ҳамкориҳои НАТО бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои тозабунёди Осиёи Марказӣ меравад, мавзӯи истифодаи бамавриди “нерӯи нарм” мавқеи махсус ба худ касб менамояд. Яке ба сабаби он, ки ин мафҳум худ таи солҳои ахир ҳамчун механизми муассири замони муосир дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯз ва махсусан фарогирии комили тӯдаҳои васеи мардум барои дарки дурусти сиёсати давлатҳо, созмонҳо ва сохторҳои мухталиф дар арсаи байнамилалӣ мақом ва нақши муҳим ба даст овардааст. Дуюм, худи ҳамин мафҳуми “нерӯи нарм” дар мавриди сохторе мисли НАТО, ки табиатан чандон “нарм” нест, баҳсталаб аст.
Аммо воқеият ва дастовардҳои ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки паймони НАТО дар ҳақиқат тавассути истифодаи босамар аз “нерӯи нарм” ҳамчун воситаи муҳими кор бо шаҳрвандон ва сохтонҳои мухталифи ғайринизомӣ муваффақ будааст. Чунин тарзи бархӯрд, яъне истифодаи васеъ ва самаранок аз “нерӯи нарм” ба НАТО иҷозат додааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеъ ва мақоми қобили мулоҳизаро ба даст оварад. Ба ибораи дигар, ба НАТО лозим омад, ки барои шарҳу тафсири мантиқии фаъолият ва амалиёташ, сиёсат ва стратегияи амали худ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон аз “нерӯи нарм” ҳамчун воситаи дипломатияи мардумӣҷамъиятӣ ба таври васеъ истифода намояд. Ба таври равшан ва мушаххас натиҷагирӣ кардан аз фаъолиятҳои НАТО дар ин бобат аслан ғайриимкон аст, чун пурсишҳои ғайрирасмии мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати муносибати онҳо ба НАТО асосан манфӣ ва адами некбинона будани ин муносибатҳост. Махсусан баъд аз ҳодисаҳои Украина ва куллан ранги манфӣ гирифтани муносибати Россия бо НАТО мавқеъ ва мақоми ин паймон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳснок ва нигаронкунанда боқӣ хоҳад монд. Вале, аз назари коршиносон, маҳз истифодаи босамар ва дуруст аз дипломатияи ҷамъиятӣ ва анвои мухталифи “нерӯи нарм” ба НАТО имконият хоҳад дод, ки дурнамои фаъолияташро дар ин минтақа дуруст тарҳрезӣ намояд ва барои инуишофи чунин фаъолиятҳо умедвор бошад.
1. Ҳамкориҳо дар самти илму фарҳанг
Бояд зикр намуд, ки ин яке аз самтҳои муваффақ дар доираи фаъолиятҳои НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Масалан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бахшҳои илмию тадқиқотии созмони мазкур ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Як зумра олимону муҳаққиқони тоҷик аз кумакҳо ва дастгириҳои молии ин созмон аз тариқи грантҳои ихтисосӣ, масалан дар доираи барномаи “Илм барои сулҳ ва амният” бархурдор шудаанд. Дар соли 2006 барои шабакаи сохтории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гранти махсус ҷудо гардид. Ҳамчунон, Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2017 ҳамкории худро бо Дафтари афсари тамоси НАТО барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври густурда ба роҳ монда буд. Моҳи апрели соли 2017 бинобар сабабҳои иқтисодӣ дафтари мазкур, ки дар шаҳри Тошканд қарор дошт, баста шуд ва минбаъд тамоми мукотибаю ҳамкорӣ тавассути Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди НАТО ва дафтари ин созмон дар Брюссел сурат мегирад. Чорабиниҳои дигари мухталиф, аз қабили ташкили академияи тобистона дар дараи Ромит (2015), конфронси коршиносон таҳти унвони “Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва амнияти минтақавӣ баъд аз соли 2014” (Душанбе, 2015), рӯзи иттилоотии барномаи “Илм барои сулҳ ва амният”-и созмони мазкур таҳти тадорукоти АМИТ ва дастгирии Шуъбаи дипломатияи оммавии НАТО ва ғайра аз намунаҳои хубу пурсамари чунин ҳамкориҳоянд.
Миқдори бешумори олимон ва пажӯҳишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ инак беш аз си сол инҷониб дар барномаи “Илм барои сулҳ ва амният” (ИСА)-и НАТО ҷалб шудаанд. Барномаи ИСА ба ҳамкории зич дар масъалаҳои марбут ба манфиатҳои умумӣ барои таҳкими амнияти кишварҳои узви НАТО ва шарикон мусоидат мекунад. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба муборизаи муваффақона зидди талошҳои байналмилалӣ, махсусан дар заминаи минтақавӣ, муқобила бо чолишҳои нави амниятӣ, таҳияи барномаҳои махсуси илмӣ ва омодагии бештар ба офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳои гуманитарӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои олимон ва муҳаққиқон як анъанаи хуб ва зарурат барои пешрафт ва рушди устувори илм аст. Шабакаҳое, ки дар ин замина таъсис дода мешаванд, на фақат барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсию иҷтимоӣ, балки эҷоди фазои муносиби ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми миллатҳо низ мусоидат менамояд. Ҳадафи дигари барномаи ИСА мубодила ва интиқоли технологияҳо барои кӯмак ба кишварҳои шарик юарои ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими худ дар фаъолиятҳои мушаххасу муштарак мебошад, ки тавассути лоиҳаҳои тадқиқотии бисёрсола, симпозиумҳо ва курсҳои омӯзишӣ анҷом дода мешаванд.
Имрӯзҳо коршиносон ва олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои НАТО барои ҳалли маҷмӯи васеи масъалаҳои амниятӣ, бахусус дар самтҳои мубориза бо терроризм, пешгӯии офатҳои табиӣ ва пешгирии буҳронҳои иҷтимо, амнияти экологӣ ва муҳити зист ҳамкорӣ мекунанд. Масалан, дар моҳи июни соли 2012 дар Бишкек (Қирғизистон) курси махсуси такмили ихтисос баргузор гардид, ки дар он ба коршиносони ҳарбӣ ва ғайринизомӣ равиш ва методологияи муштарак барои эҷоди иқтидори миллӣ дар мубориза бар зидди терроризм пешниҳод карда шуд. Моҳи майи соли 2013 семинар дар шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон) масъалаҳои пешгирии бӯҳронҳо ва низоъҳои эҳтимолиро тавассути пешгӯии офатҳои табиӣ, моделсозӣ ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дод. Метавон аз лоиҳаи тадқиқотии бисёрсола оид ба арзёбӣ ва мониторинги ифлосшавии обҳои фаромарзӣ (соҳаи аҳамияти хоса барои некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақа) низ ёдовар шуд, ки бо иштироки коршиносони Қазокистон, Қиргизистон, Точикистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият амалӣ карда мешвад.
Чуное ки дар боло зикр гардид, кишварҳои Осиёи Марказӣ чун анъана ба барномаи “Илм барои сулҳу амният” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бархе аз онҳо хостори густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи илм шудаанд. Дар ин замина дар доираи барномаи “Илм барои сулҳ ва амният” пайваста дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Душанбе “Рӯзҳои иттилоотӣ” ташкил карда мешаванд, то олимону коршиносони кишварҳои шарикро дар бораи худи барнома огоҳ созанд ва онҳоро барои ширкат дар фаъоляитҳои минбаъдаи он даъват намоянд.
2. Ҳамкориҳо дар самти иқтисод ва иҷтимоиёт
Яке аз тамоюлҳои асосии рушди муосири иқтисоди ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмилалӣ пурзӯр гардидани аҳамияти муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Падидаи барҷастаи ин тамоюл афзудани нақш ва мақоми равандҳои ҳамгироӣ (интегратсия), робитаҳои илмию техникй ва умуман иқтисодиёт ва ҳамкории мутақобила мебошад. Имрӯз наздикшавии байнидавлатй тамоми соҳаҳо ва бахшҳои мухталифи ҳаёти инсониятро фаро гирифтааст. Аммо зуҳуроти барҷастаи ин раванд ҳамоно иқтисодиёт ва тиҷорат боқӣ мемонанд. Фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакатҳои гуногун характери интернатсионалй пайдо мекунад. Соҳибкории ҳарбию саноатӣ, ки яке аз шаклҳои фаъолияти соҳибкории байналхалқӣ мебошад, дар як қатор мавридҳо ба воситаи самарабахши ҳалли баъзе проблемаҳои глобалии замони мо мубаддал гаштааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз муҳимтарин самтҳои стратегӣ медонанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки тиҷорат бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро фаъол созанд ва сармоягузоронро бароитрушду такомули иқтисод ва иҷтимоиёти минтақа ҳарчи бештар ҷалб намоянд. Ва ин бесабаб нест. Яке аз омилҳои умда дар ин замина имконоти васеи бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупост ба нисбати шумораи зиёди аҳолӣ, сатҳи баланди даромади шаҳрвандон, стандартҳо, рақобат ва қоидаҳои равшану мушаххаси тиҷорат. Ба ҳамин муносибат лозим ба ёдоварист, ки дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул шудааст, 5 ноябри соли 2021 дар Қирғизистон Форуми иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо – Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки аз нигоҳи аҳамият ва нақши он дар бобати таъйини самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ОМ бо ИА мақоми махсус дорад. Форуми мазкур ба масъалаҳои марбут ба стратегия ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни кишварҳи минтақаи ОМ ва ИА нигаронида шуда буд. Дар ин Форум се самти асосии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ: барқарорсозии экологӣ, рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷиддиву васеъ қарор гирифтанд. Дар ин Форум нахуствазирон ва муовинони нахуствазири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазирону мақомоти баландпояи беш аз 15 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ширкат доштанд. Дар изҳороти муштарак ширкаткунандагон азму мароми худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба хотири дастгирии раванди табдили иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди диверсификатсионӣ ва рақобатпазир, ки асоси онро бахши хусусӣ бояд ташкил диҳад, изҳор намуданд.
Дар натиҷаи кӯшишҳои тарафайн таи солҳои охир вазъи тиҷорат ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии ОМ бо ИА ба таври назаррас беҳтар мегардад. Масалан, дар 10 соли охир кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 105 миллиард евро ё 121,3 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд, ки он бештар аз 40% сармоягузории мустақими хориҷиро ба минтақа дар маҷмӯъ ташкил додааст. Ба ибораи дигар, бештар аз сеяки ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо рост меояд.
Дар ин раванд муносибат ва мақому пешравиҳои кишварҳои минтақа яксон нест. Масалан, Қазоқистон дар ин бобат ба муваффақиятҳои бештар ва назаррас муяссар гаштааст. Дар мулоқоти президенти Қазоқистон Қосим- Ҷомарт Тоқаев бо раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ин падида мусбӣ арзёбӣ гардид. Вазъ ва дурнамои шарикии стратегии Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз ҷумла, президент Тоқаев қайд кард, ки тайи се соли охир Қазоқистон ва Иттиҳодияи Аврупо ба он ноил гаштаанд, ки байни ҳамдигар муносибатҳои қавӣ бар асоси эътимод, эҳтироми мутақобила ва афзалиятҳои умумӣ барқарор намоянд. Сарвари Қазоқистон инчунин рушди босуръати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро махсус қайд кард. Президент таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо яке аз бузургтарин сармоягузорони иқтисоди Қазоқистон бо сармоягузории умумии 160 миллиард доллар мебошадк.
Воқеан, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шарики стратегии тиҷоратӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2001 содироти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳодияи Аврупо 3 миллиард доллар ва воридот 2,4 миллиард долларро ташкил додааст. Дар солҳои минбаъда ҳаҷми содироти вилоят ба таври қобили мулоҳиза афзуда, баланси тиҷорат низ густариш ёфтааст. Ҳаҷми содирот аз Осиёи Марказӣ дар соли 2012 ба авҷи худ расида, беш аз 46 миллиард долларро ташкил додаст. Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва поин рафтани нархи нафт дар соли 2008 ба дараҷа ва ҳаҷми содироту воридоти минтақа таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа, содироти Осиёи Марказӣ ба бозори ИА дар соли 2016 то 18,6 миллиард доллар коҳиш ёфт. Дар соли 2020 ин рақам 18,2 миллиард долларро ташкил дода, сатҳи пасттарин дар даҳсолаи охир арзёбӣ шудааст. Ҳаҷми содироти Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ бошад, ҳамагӣ 10,2 миллиард долларро ташкил дод.
Бояд тазаккур дод, ки содироти Осиёи Марказӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо асосан аз сӯзишвории маъданӣ иборат аст. Дар соли 2001 ҳиссаи содироти сӯзишвории маъданӣ дар ҳаҷми умумии содирот 41 фоизро ташкил дода, соли 2020 ба 90 фоиз расид. Ҳамин тариқ, чунон ки мебинем, сохтори содирот чандон диверсификатсия нашудааст, ки чунин ҳолат метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро ба хатарҳои иловагӣ дучор созад.
Масалан, тавре дар боло зикр гардид, поин рафтани нархи нафт боиси хеле коҳиш ёфтани арзиши содирот гардида, хавфҳои макроиқтисодиро барои Осиёи Марказӣ афзоиш додааст. Аз тарафи дигар, кишварҳои минтақа бояд сиёсати энергетикии Иттиҳодияи Аврупоро, ки ба рушди манобеъи таҷдидшаванда нигаронида шудааст, ба эътибор гиранд. Дар ниҳояти кор талабот ба сӯзишвории истихроҷшаванда метавонад коҳиш ёбад, ки метавонад боиси коҳиши минбаъдаи нарх гардад. Қисми боқимондаи содирот аз Осиёи Марказӣ аз маводи кимиёвии ғайриорганикӣ, металлҳо, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ иборат аст. Воридоти Осиёи Марказӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуногунранг буда, асосан аз маҳсулоти истеҳсолӣ иборат аст. Масалан, дар соли 2020 ҳиссаи техника дар ҳаҷми умумии воридоти Осиёи Марказӣ аз Иттиҳоди Аврупо 32 фоиз, маҳсулоти дорусозӣ 14 фоиз, мошину таҷҳизоти барқӣ 7 фоизро ташкил дод.
Дар қаринаи чунин муносибатҳо масъалаи амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба ислоҳоти институтсионалӣ дар кишварҳои ОМ аҳамияти махсус ба худ касб менамояд. Татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аъзои Иттиҳоди Аврупо таъсири мусбат мерасонад. Масалан, ИА дар доираи нақшаи маъмули “Низоми умумии преференсияҳо” ба Ӯзбекистон, ки таи солҳои ахир ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардидааст, кумак расонд. Моҳияти ин нақша аз он иборат аст, ки кишварҳои дорои даромади паст ва миёна бо ҳамроҳ шудан ба ин нақша талош мекунанд, то 27 талаботи асосии конвенсияи байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон ва меҳнат, ҳифзи муҳити зист ва иқлим ва идоракунии хуб самаранок татбиқ кунанд. Тибқи ин нақша (GSP+) Ӯзбакистон имкон пайдо мекунад, ки беш аз 6200 номгӯи ашёи хомро
ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бидуни боҷ содир кунад, дар ҳоле ки тибқи низоми стандартии GSP шумораи молҳои бидуни боҷи гумрукӣ ба 3000 адад мерасад ва боқимонда 3200 номгӯи молро метавон бо нархҳои пасттар содир кард. Нақшаи GSP+ савдои дуҷониба байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупоро ба маротиб афзоиш медиҳад.
Ҳамин тариқ, Иттиҳоди Аврупо шарики асосии иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Наздикшавии минтақаҳо ба стратегияи Иттиҳоди Аврупо асос ёфтааст, ки дар доираи он платформаҳои муштарак ташкил меёбанд ва форумҳои махсус гузаронида мешаванд. Дар асл ИА ба шарики калидии тиҷоратӣ барои минтақа мубаддал гаштааст. Мутаассифона, асоси тиҷорати Осиёи Марказиро бо ИА асосан сӯзишвории истихроҷшавандаро ташкил медиҳад, дараҷа ва ҳаҷми содироти он камтар диверсификатсия шудааст. Аз ин рӯ, минтақа бояд иқтисоди худро ба таври ҷиддӣ ва қобили мулоҳиза тағйир диҳад ва бозори Иттиҳоди Аврупоро бештар ва амиқтар биомӯзад, то дурнамо ва ояндаи самтҳои афзалиятнокро барои истеҳсолкунандагони худ дуруст муайян карда тавонад. Дар баробари ин, раванди муваффақонаи ислоҳоти институтсионалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли Ӯзбекистон, метавонад ба раванди бошиддати диверсификатсияи савдову тиҷорат бештар мусоидат намояд. Ин чунин маънӣ дорад, ки раванди пурра ва комилан ворид шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупо татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ ва институтсионалиро тақозо менамояд.
Аз тарафи дигар, тағйири вазъияти геополитикии Европа, ки бо стратегияи ҳарбию сиёсии як қатор давлатҳои Аврупо дар бобати ШМА ва НАТО алоқаманд аст, ба пурзӯр гардидани таъсири Штатҳои Муттаҳида дар минтақаи Аврупо ва афзудани миқьёси қувваҳои ҳарбии НАТО мусоидат мекунад. Дар натиҷа имрӯз НАТО дорои тавонмандӣ ва зарфияти калони ҳарбию иқтисодӣ гардидааст. Гуфтан кофист, ки он се давлати бузурги ядроиро дар бар мегирад. Интегратсияи ҳарбию иқтисодии мамлакатҳои НАТО яке аз муҳимтарин хусусиятхои тараққиёти иқтисодиёти давлатҳои Ғарб мебошад. Ба вучуд омадани онро на танхо маҳдуд будани захираҳои миллй, амиқ шудани тақсимоти байналхалқии меҳнат, интернатсионали- кунонии фаъолиятҳои хоҷагидорӣ, балки инчунин вазъияти ҳарбию сиёсии мамлакатҳое, ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, низ муайян мекунанд.
Дар сиёсати иқтисодии НАТО хароҷоти марбут ба мудофиа маблағҳои дахлдори трастиро, ки аз ҷониби худи НАТО идора карда мешаванд, дар бар мегирад ва барои фаъолиятҳои сулҳпарварӣ ва башардӯстона, амалиёти низомӣ дар минтақаи муноқиша, нобуд кардани аслиҳа ва лавозимоти ҷангии тарафҳои ҷангкунанда, инчунин санҷиш ва назорати марбут ба нобудсозии силоҳҳои бадастомада сарф мешавад. Хароҷот барои тадқиқот ва барномаҳои ихтиороъкорӣ низ ба хароҷоти мудофиа дохил карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё