Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Не, хонуми олиқадр, – гашта гуфт Вилфор, – ман ҳайкали ҳар кадомашонро рӯи пояи худашон мегузорам; Робеспйерро – дар майдони Лудовики Понздаҳум, дар сари дор; Наполеонро – дар майдони Вандом, дар сутуни худаш. Фақат якаш мусовоте ҷорӣ кард, ки паст мефурорад, дигараш – мусовоте, ки баланд мебардорад; якаш шоҳонро то ба сатҳи гилотина вожгун кард, дигараш халқро то ба сатҳи тахт баланд бардошт. Ин ба он монеъ намешавад, – илова кард Вилфор хандакунон, – ки ҳар ду – инқилобчии манфуранд ва он, ки нуҳуми термидору чоруми апрели соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум – ду рӯзи саодатманданд барои Фаронса, Фаронсае, ки ҳаводорони тартибу сохти мутлақа бояд ба як насақ таҷлил бигирандаш; ва сабаби он, ки чаро Наполеони ҳатто торуморгардида, – ва умед аст, ки торумори якумрӣ, – ҳавохоҳони боэҳтимом дорад, низ дар ҳамин аст.
Чӣ мехоҳед шумо, маркиза? Кромвел фақат нисфи Наполеон буд, ки ҳамон ҳам, хеле ҳавохоҳ дошт!
– Медонед, Вилфор, аз ин гуфтор аз як чақрим бӯи инқилоб меояд. Лекин ман шуморо маоф медорам, – охир мумкин нест, ки кас писари жирондист бошаду тамоюли инқилобӣ надошта бошад.
Хун ба рӯи Вилфор давид.
– Падари ман жирондист буд, ин рост аст; вале падари ман ба марги подшоҳ раъй надодааст; дар айёми Террор, мисли шумо ба таъқибот дучор омад ва қариб дар зери ҳамон пояи доре, ки сари падари шумо аз тан афтода буд, ба бод мерафт.
– Оре, ҷавоб гардонд маркиза, ки ин ёддошти хунин дар чеҳрааш зарае инъикос наёфта буд, – фақат онҳо қодир буданд, ки баҳри маслакҳои ба куллӣ мутазодди якдигар ба сари дар бароянд, мана ба шумо далел: тамоми аҳли хонаводаи мо садоқаташро ба Бурбонҳои бадарғашуда ҳифз кард, падари шумо бошад, ҳамонзамонӣ ба ҳукумати нав пайваст; шаҳрванд Нуартйе жирондист буд, вале граф Нуартйе сенатор шуд.
– Оча, – гуфт Рене, – шумо шарти маро дар хотир доред: ҳаргиз барнагаштан ба ин ёддоштҳои тираву тор.
– Хонуми олиқадр, – гуфт Вилфор, – ман ба мадемуазел де Сен– Меран ҳамроҳ мешавам ва бо сари хам аз шумо илтимос мекунам, ки гузаштаро фаромӯш кунед. Чӣ лозим онеро маҳкум кардан, ки дар муқобилаш хости худо ҳам оҷиз аст? Худо ҳоким аст мустақбалро дигаргун созад; аз гузашта ҳеҷ чизро тағйир дода наметавонад. Мо метавонем аз гузашта мункир нашавем ҳам, ақалан ба рӯяш парда кашем. Ман, масалан, нафақат аз ақидоти падарам даст кашидаам, инчунин ҳатто аз номаш ҳам. Падари ман бонопартист буд, ё шояд, ҳоло ҳам бонопартист бошад ва Нуартйе ном дорад; ман – роялист ва номам Вилфор. Бигузор шираи инқилобии булути пир хушк шавад; шумо фақат ба навдааш назар кунед, ки аз вай ҷудо шудаасту наметавонад, оре, равед, ки тамоман канда шудан ҳам намехоҳад аз вай.
– Офарин, Вилфор! – нидо зад маркиз. – Офарин! Нағз гуфтед! Ман ҳам доимо маркизаро розӣ кунонданӣ мешудам гузаштаро фаромӯш кунад, вале муваффақ намешудам; вале умед ҳаст, ки шумо бахтёр бишавед.
– Хуб шудааст, – гуфт маркиза, – гузаштаро фаромӯш мекунем, худи ман ҳаминро мехоҳам; лекин Вилфор дар оянда бояд собитқадам бошад. Аз ёд набароред, Вилфор, ки дар пеши аълоҳазрат мо ба шумо кафил шуда будем ва аълоҳазрат розӣ шуд, тибқи кафолати мо (маркиза ба вай даст дароз кард) фаромӯш кунад, ҳамчунин ман ҳам, тибқи илтимоси шумо, фаромӯш мекунам. Лекин агар ба дасти шумо ягон суиқасдгаре афтад, дар ёд дошта бошед: аз паси шумо аз он ваҷҳ сахттар назорат мекунанд, ки шумо тааллуқ ба хонадоне доред, ки шояд, худаш бо суиқасдгарон дар иртибот бошад.
– Ҳайфо, хонуми олиқадр, – ҷавоб гардонд Вилфор, – мансаби ман ва алалхусус замоне, ки мо умр ба сар мебарем, маро водор мекунад, ки сахтгир бошам. Ва сахтгирӣ ҳам мекунам ман. Ба ман алакай чанд маротиба иттифоқ атод ҳукми доир ба корҳои сиёсиро тақвият диҳам ва дар ин бобат худамро ба беҳин ҳол собит кардам.Мутаассифона, ин ҳанӯз интиҳои кор нест.
– Шумо чунин гумон доред? – пурсон шуд маркиза.
– Ман аз ин хавф дорам. Ҷазираи Элба аз ҳад наздик аст ба Фаронса. Ҳузури Наполеон қариб ки дар соҳилҳои чашмраси мо ба дили тарафдоронаш умед мебахшад. Марсел аз ҳарбиёне, ки нисфӣ маош мегиранд, пур аст; онҳо барои бо роялистҳо арбада барпо кардан беист баҳона мекованд. Аз ин ҷост – дуэлҳое, ки байни ашроф ба амал меоянд, вале дар байни авомуннос – кордкашӣ.
– Оре, гуфт граф де Салвё, дӯсти дерини маркиз де Сан–Меран ва камергери град д’Артуа. – Лекин шумо магар намедонед, ки Иттифоқи муқаддас мехоҳад ӯро ба ҷои дигар фиристад?
– Оре, ҳини аз Париж ба роҳ баромадани мо аз ин хусус гап–гап буд. – Лекин ба куҷо мефиристода бошанд ӯро?
– Ба Еленаи Пок.
– Ба Еленаи Пок! Ин чӣ ҷоест? – пурсид маркиза.
– Ҷазираест, дусад мил аз ин ҷо, дар он сӯи хати истиво, – ҷавоб гардонд граф.
– Барори кор! Вилфор дуруст мегӯяд, ин гуна шахсро миёни Корсика, ки вай ба дунё омадааст, Неаполе, ки домодаш ҳанӯз подшоҳӣ мекунад ва Италия, ки ӯ аз он барои писараш қаламрави подшоҳие сохтанист, нигоҳ доштан беақлист.
– Мутаассифона, – гуфт Вилфор, – қарордодҳои соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум мавҷуд аст, ки ин қарордодҳоро вайрон накарда Наполеонро аз ҷояш ҷунбондан мумкин нест.
– Хайр онҳоро вайрон мекунанд!
– Вай дами тирборон фармудани сарсахт герсоги Энгиенӣ чандон мулоҳизакорӣ накарда буд.
– Хеле хуб, – гуфт маркиза, – масъала ҳал: Иттифоқи муқаддас Аврупоро аз Наполеон халос мекунаду Вилфор Марселро аз тарафдоронаш халос мекунад. Ё шоҳ подшоҳӣ мекунад, ё намекунад: агар вай подшоҳӣ кунад, ҳукуматаш бояд муқтадир бошаду ҳукуматдоронаш – собитқадам; фақат ба ҳамин тариқ шарро бартараф кардан мумкин аст.
– Мутаассифона, хонуми олиқадр, – гуфт Вилфор бо табассум, – ёвари додситони подшоҳӣ ҳамеша шарро даме мебинад, ки алакай ба вуқӯъ омадааст.
– Хайр вай бояд онро ислоҳ кунад.
– Ман метавонам бигӯям, хонуми олиқадр, ки мо шарро ислоҳ намекунем, балки интиқом мегирем барояш, вассалом.
– Оҳ, ҷаноби де Вилфор, – гуфт дӯшизаи навҷавону дӯстрӯяке, духтари граф де Салвё, дугонаи мадемуазел де Сен–Меран, – кӯшиш намоед ягон мурофиаи шавқоваре барпо кунед, ҳоло ки мо дар Марселем. Ман ҳаргиз маҷлиси мурофиаро надидаам, ҳол он ки, ин, мегӯянд, бисёр мароқангез будааст.
– Бале, дар воқеъ, хеле мароқангез аст, – ҷавоб гардонд ёвари додситони подшоҳӣ. – Ин дигар на фоҷиаи сунъӣ, балки драмаи воқеист; на азобу кулфати сохтакорона, балки азобу кулфати воқеист. Шахсе, ки шумо мебинедаш, баъди поён ёфтани тамошо на ба хона меравад, ки бо аҳли оилааш ғизои шом хӯраду осуда хоб равад, то ки фардо аз нав сар кунад, балки ба маҳбас меравад, ки ҷаллод интизор аст ӯро. Бинобар ин, барои соҳибасабоне, ки дар иштиёқи таассуроти қавиянд, тамошо аз ин беҳтар намешавад. Хотирҷамъ бошед, агар чунин воқиае пеш ояд, ман ҳатман истифода мекунам аз он.
– Аз суханони ин кас ларза меафтад ба тани кас... ин бошад, механдад! – гуфт Рене, рангаш парида.
– Чӣ мефармоед?.. Ин ҷанги танбатан... Ман алакай панҷ ё шаш дафъа барои айбдоршавандагон ҳукми қатл талаб кардам, айбдоршавандагони сиёсӣ ва ғайра... Кӣ медонад, дар торикӣ чӣ қадар ханҷарҳое фасон хӯрда истодаанд ё чӣ миқдоре аз онҳо ба ман равона шудаанд!
– Худоё! – фиғон кард Рене. – Наход ки шумо инро ҷиддан гуфта истода бошед, ҷаноби де Вилфор?
– Комилан ҷиддӣ, – ҷавоб гардонд Вилфор бо табассум. – Ва аз ҳамин мурофиаҳои шавқовар, ки графиня аз кунҷковӣ ташнаи онҳосту ман аз шӯҳратпарастӣ, хатари ман меафзояду бас. Магар ин сарбозони Наполеон, ки ба кӯр–кӯрона ҳамла бурдан ба душман хӯ гирифтаанд, вақти тир андохтану сарнайза халондан муҳокима меронанд? Наход ба куштани одаме, ки онҳо душмани шахси худашон ҳисоб мекунанд, дасташон биларзад, даме ки бетардид русе, австрие ё маҷориеро мекушанд, ки чашмонашон ба онҳо наафтодааст? Илова бар ин хатар ногузир аст; вагарна пешаи мо далеле намеёф ба худаш. Ман худам оташ мегирам, ҳар гоҳ дар чашмони айбдоршаванда шарораи ғазаб мебинам: ин ба ман қудрат мебахшад. Ин ҷо дигар мурофиа нест, балки набард аст; ман бо вай мубориза мебарам, вай мудофиа мекунад, ман зарбаи нав мезанам, ва набард поён меёбад, чун ҳар гуна набарде, бо музаффарият ё бо мағлубият. Ана чӣ гуфтанӣ гап суханронӣ кардан дар маҷлиси мурофиа! Хатар суханороиро тавлид мекунад. Агар айбдоршаванда баъд аз нутқи ман ҷонибам табассум мекард, ман ба хулосае меомадам, ки бад сухан рондаам ва каломи ман ракику заиф будааст, таъсире надоштааст. Тасаввур кунед, ки қалби додситонро чӣ ифтихор мамлӯ мегардонад, додситони мутмаин ба гунаҳкории айбдоршаванда, даме вай мебинад, ки ранг аз рӯи ҷинояткор мепараду дар зери бори далелҳо ва зарбаҳои кории сухан оромии ӯ сар мефурорад! Сари ҷинояткор хам мешаваду мепарад!
Рене пастакак оҳ кашид.
– Бо чӣ маҳорате сухан меронад! – гӯшрас кард яке аз меҳмонон.
– Маҳз чунин касон лозиманд барои замони мо, – гуфт дигаре.
– Дар мурофиаи охирин, – ҷӯр шуд сеюмӣ, – шумо ҳамто надоштед, Вилфор. Ёд доред – разиле, ки падарашро кушта буд? Пеш аз он, ки ҷаллод ба вай даст расонад, ҳаққо ки кушта будедаш шумо.
– Оҳ, падаркушҳо – тараҳхум надорам ман ба онҳо. Барои ин гуна касон ҷазои сахти кифояткунандае мавҷуд нест, – гуфт Рене. – Аммо ҷинояткорони сиёсии сарсахт...
– Онҳо боз бадтар астанд, Рене, зеро шоҳ – падари халқ аст ва нияти вожгун сохтан ё куштани шоҳ – баробари он аст, ки кас ба куштани падари сию ду миллион халоиқ қасд кунад.
– Ба ҳар ҳол ҷаноби де Вилфор, – гуфт Рене. – Ваъда диҳед, ки нисбат ба онҳо илтифоткор хоҳед буд, ман аз шумо шафоат мехоҳам барояшон...
– Осуда бошед, – ҷавоб гардонд Вилфор, бо табассуми мафтункунандае, санадҳои айбдоркунандаро мо ҳамроҳ менависем.
– Азизакам, – гуфт маркиза, – бо мурғакону сагчаҳо ва лату пати худатон машғул бошед ва бигузоред шавҳари ояндаи шумо кори худашро бикунад. Акнун силоҳ фароғат мекунаду қабо эътибор мегирад; дар ин бора як таъбири1зебои лотиние ҳаст.
–Cedantarmatogae –гуфтВилфор.
– Ман ҷуръат накардам ба лотинӣ гӯям инро, – ҷавоб гардонд маркиза.
– Ба хаёлам дар симои пизишк дидани шумо хуштар буд ба ман, – давом дод Рене. – Фариштаи муҷозот, агарчи фариштааст, ҳамеша ба даҳшат меовард маро.
1. Кош силоҳ бар қабо гузашт кунад (лот.).
– Ренеи меҳрубонам! – зери лаб гуфт Вилфор, ба дӯшизаи ҷавон нигоҳи саршор аз муҳаббат андохта.
– Ҷаноби де Вилфор, – гуфт маркиз, – пизишки маънавию сиёсии музофоти мо хоҳад шуд; ба гапам бовар бикун, духтарам, ин нақши ифтихорист.
– Ва ин ба фаромӯш шудани нақше мадад мекунад, ки падараш иҷро кардааст, – луқма партофт маркизаи ислоҳнопазир.
– Хонуми олиқадр, – ҷавоб гардонд Вилфор бо табассуми мағмуме, – пеш аз ин шарафи арз доданаш ба ман насиб гардида буд, ки падари ман, чун худам, ақаллан умед дорам, ки аз саҳву хатоҳои собиқаш даст кашидагист ва ӯ дӯстдори ғаюри дину тартибот, роялисти аз ман беҳтаре шудагист, зеро вай роялист бо тавбаю надомат шудаасту ман – фақат бо рағбат.
Ва Вилфор ҳозиронро аз назар гузаронд, чунон ки вай дар маҷлиси мурофиа мекард баъди ягон ҷумлаи бисёр зебо, таъсири суханронияшро ба одамон фаҳмиданӣ шуда.
– Дуруст мегӯед, Вилфор, – гуфт граф де Салвё, – ҳамин суханонро се рӯз пеш ман дар Туилри ба вазири дарбор гуфта будам, ки аз боби никоҳ миёни писари як жирондисту духтари афсари дар артиши Конде хизмат кардае изҳори тааҷҷуб карда буд, ва хеле хуб фаҳмид вазир мақсади маро. Худи шоҳ пуштибони чунин тарзи иттиҳод аст. Мо гумон надоштем, ки вай ба гапи мо гӯш дода истода будааст, ӯ бошад, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуду гуфт: «Вилфор (мулоҳиза фармоед, шоҳ Нуартйе нагуфт, балки исми Вилфорро бо таъкид ба забон гирифт,Вилфор, – гуфт шоҳ, – хеле пеш меравад; ин ҷавонмарди алакай комилан ташаккулёфта аст ва мансуб ба аҳди ман аст. Ман бо камоли майл шунидам, ки маркизу маркиза де Сен–Меран духтарашонро ба ӯ медодаанд ва ман худам ин никоҳро ба онҳо маслиҳат медодам, агар инҳо пешдастӣ карда барои изнхоҳӣ назди ман намеомаданд».
– Шоҳ гуфт инро, граф? – нидо зад Вилфори ба шавқ омада.
– Суханони аз даҳони худаш баромадаро расондам ба шумо; ва агар маркиз майли розгӯӣ дошта бошанд, иқрор мекунанд, ки ин суханонро шоҳ ба худи ин кас гуфта буд, даме ки ин кас, ним сол пеш, нияташонро дар бораи ба шумо додани духтарашон ба арзи шоҳ расонда буданд.
– Ин дуруст аст, – тасдиқ кард маркиз.
– Хӯш, пас, барои ин ҳам миннати шоҳ маро дар гардан будааст– дия! Барои ба ҷо овардани хизматаш чӣ корҳое ки намекунам ман!
– Бо чунин коратон маъқулед шумо ба ман, – гуфт маркиза. – Бигузор акнун ҳозир шавад суиқасдгар, – марҳабо!
– Лекин ман, оча, – гуфт Рене, – ба худо зорӣ мекунам, ки сухани шуморо нашунавад ва то ки ба назди ҷаноби де Вилфор фақат дуздакони реза, паршикастагони оҷиз ва қаллобони беҷуръатро фиристад; дар он сурат ман осуда хобида метавонам.
– Ин мисли он аст, ки кас ба пизишк фақат онҳоеро орзу кунад, ки сардарду доғи кунҷитак доранд, занбӯр газидааст ва амсоли ин, – гуфт Вилфор хандакунон. – Агар шумо маро дар симати додситони подшоҳӣ дидан хоҳед, ба ман, баръакс, дардҳои мудҳишеро орзу кунед, ки муолиҷааш ба пизишк боиси шарафмандист.
Дар ҳамин дақиқа, гӯё сарнавишт чашм дар роҳи орзуи Вилфор бошад, пешхидмат ворид шуду сухане чанд дар гӯши ӯ гуфт.
Вилфор, маъзарат хоста, аз сари хон берун рафту баъди чанд дақиқае қаноатмандона табассум дар лаб баргашт.
Рене бо ҳавас ба шавҳаршавандааш назар кард; чашмони обии ӯ дар чеҳраи рангпаридаи бо бакенбардҳои сиёҳ шерозабандӣ шудааш медурахшиданд; дар ин дақиқа ӯ воқиан ҳам хеле зебо буд; Рене бесаброна интизор буд, то вай сабаби ногаҳон ғайб заданашро шарҳ диҳад.
– Шумо навакак изҳори орзу карда будед, ки шавҳари пизишк дошта бошед, – гуфт Вилфор, – хӯш ана ман бо шогирдони Эскулап (ҳанӯз чунин мегуфтанд дар соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум) як дараҷа монандӣ дорам: ба ман маҷол намедиҳанд. – Маро ҳатто аз ин ҷо, аз канори шумо, дар рӯзи ҷашни фотиҳаамон пайдо карданд.
– Лекин барои чӣ ҷеғ задаанд шуморо? – пурсид ҷавондухтар бо андаке нороҳатӣ.
– Ҳайфо, аз барои ранҷуре, ки агар ба он чи ба ман хабар оварданд, бовар кунем, аҳволаш вазнин будааст. Ҳодисаи ниҳоят ҷиддие ва дардаш хатари кундаи қатл дорад.
– Худоё! – фиғон кард Рене, рангаш парида.
– Чиҳо мегӯед шумо! – нидо заданд меҳмонон бо як овоз.
– Аз афташ, сухан кам не, беш не, аз суиқасди бонопартӣ меравад. – Наход! – фарёд зад маркиза.
– Ана чӣ гуфта шудааст дар маълумотнома.
Ва Вилфор бихонд:
«Як нафар мухлиси тахту дин ҷаноби додситони подшоҳиро аз он огоҳ мегардонад, ки ёвари нохудои киштии «Фиръавн» Эдмон Дантес имрӯз аз Смирна расид, ки сари роҳ ба Неапол ва Порто–Феррайо даромада буд, аз Мурат ба номи ғосиб номае дошт, аз ғосиб бошад, номае ба унвони кумитаи бонопартиёни Париж.
Агар вай дастгир шавад, номаи ӯро фошкунанда аз ҷайбаш ёфт мешавад, ё аз дасти падараш ва ё аз ҳуҷрааш дар «Фиръавн».
– Бубахшед, – гуфт Рене, – ин нома имзо надорад ва ба унвони шумо не, балки ба унвони додситони подшоҳӣ ирсол шудааст.
– Оре, лекин додситони подшоҳӣ дар сари кор нест; номаро ба котиби ӯ додаанд, ки ба кушодани номаҳо вазифадор аст; вай ин номаро боз карда, аз паси ман кас фиристодааст ва маро дар хона наёфта, худаш ба ҳабс кардан фармон додааст.
– Пас гунаҳкор ҳабс шудааст? – пурсид маркиза.
– Яъне ки айбдоршаванда, – ислоҳ кард Рене.
– Бале, ҳабс шудааст, – ҷавоб гардонд Вилфор, ва чунон ки ман алакай ба мадемуазел Рене гуфтам, агар аз вай номаро пайдо кунанд, дар ин сурат бемори ман дарди хавфноке доштааст.
– Хӯш ин сарсахт дар куҷо будааст? – пурсид Рене.
– Дар коргоҳи ман нигарон будааст.
– Биравед, дӯстам, – гуфт маркиз, – ба вазифаатон беэътиноӣ накунед. Хидмати подшоҳӣ шахсан ҳузур доштани шуморо талаб мекунад; хӯш биравед, ҳар ҷо ки хидмати подшоҳӣ даъват бикунад.
– Оҳ, ҷаноби де Вилфор! – нидо зад Рене, илтиҷоомез дастонашро рӯи ҳам гузошта. – Илтифоткор бошед, имрӯз ҷашни фотиҳаи мост.
Вилфор мизро давр гашту ба муттакоӣ курсие, ки арӯсаш нишаста буд, оринҷашро такя дода, гуфт:
– Барои осоишатон ваъда медиҳам ба шумо, ҳар чи имкон дорад кунам. Лекин агар далелҳо бебаҳс бошанд, агар айбдор кардан аз рӯи адл бошад, ин алафи бегонаи бонопартиро дарав кардан рост меояд.
Рене бо шунидани лафзи «дарав кардан» як қад парид, зеро ин алафи бегона, чунон ки Вилфор таъбир кард, соҳиби калла буд.
– Ба вай гӯш надиҳед, Вилфор, – гуфт маркиза, – ин бачагист; одат мекунад.
Ва маркиза дасти қоқашро ҷониби Вилфор дароз кард, ки ёвари додситони подшоҳӣ, ба Рене нигариста, бӯсид онро; чашмони ӯ мегуфтанд: «Ман шуморо бӯсида истодаам, ё ақалан бӯсидан мехостам».
– Ғамангез фоле, – зери лаб гуфт Рене.
– Бас кун Рене, – гуфт маркиза. – Ту бо ин нағмаҳои кӯдаконаат тоқатамро тоқ карда истодаӣ. Мехостам бидонам, ки кадоме муҳимтар аст – тақдири давлат ё хаёлоти пурэҳсоси ту?
– Оҳ, оча, – дами сард кашид Рене.
– Маркиза, роялисткаи ноустувори моро маъзур доред, – гуфт де Вилфор, – ба шумо ваъда медиҳам, ки вазифаи ёвари додситони подшоҳиро бе каму кост ба ҷо оварам, яъне ки бе тараҳҳум хоҳам буд.
Вале ҳине ки ёвари додситон ин суханонро ба маркиза мегуфт, домодшаванда бо гӯшаи чашм нигоҳе ба арӯс андохт ва ин нигоҳ мегуфт: «хотирҷамъ бошед, Рене; ба хотири шумо илтифоткор хоҳам буд».
Рене бо табассуми ширин ба вай ҷавоб гардонд ва Вилфор бо қалби саршор аз саодат бадар рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё