Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XVI. ДАХМАИ САН-СЕБАСТЯНО

Эҳтимол Франс дар умраш ягон маротиба ин гуна аз хушҳолӣ якбора ба маъюсӣ афтоданро надида бошад; гӯё кадом-як ҷине бо як имо саросари Римро ба як гӯри азиме мубаддал карда бошад. Аз он ин қадар торик шуд, ки моҳи шомхӯрда ҳанӯз тулӯъ накарда буд; бинобар ин кӯчаҳое, ки каретаи Франс аз онҳо гузаштан дошт, дар оғуши зулмат афтоданд. Воқина роҳ чандон дур набуд; баъди ягон даҳ дақиқа каретаи ӯ, ё, аниқтараш, каретаи граф, дар пеши дари меҳмонсаро қарор гирифт.

Наҳор ӯро интизор буд. Азбаски Албер пешакӣ изҳор карда буд, ки гумон надорад, барвақт меомада бошад, Франс як худаш танҳо сари дастархон нишаст.

Устод Пастринӣ, ки ба онҳоро як ҷо дидан одат карда буд, ҷӯё шуд, ки чаро Албер ба наҳор хӯрдан наёмад. Франс ҷавоб гардонд, ки Албер ба меҳмонӣ даъват шуд. Якбора нопадид гардидани чароғон, зулмате, ки ба ҷои равшанӣ ба миён омад, хомӯшие, ки шавқуну садоҳои кӯчаро фурӯ кашида буд, – ин ҳама дар қалби Франс ғайри ихтиёр андӯҳе барангехт, андӯҳе, ки аз изтироби маҷҳул холӣ набуд. Наҳор, бо вуҷуди дилҷӯии хушомадомези соҳиби меҳмонсаро, ки ба ҳар баҳона пеш меомад, бифаҳмад, ки иҷоранишинаш қаноатманд шудааст ё не, дар хомӯшии том гузашт. Франс тасмим гирифт, то дақиқаи охир Алберро нигарон шавад. Бинобар ин фармуд каретаро танҳо соати ёздаҳ пеш оваранд ва аз устод Пастринӣ хоҳиш кард, агар Албер дар меҳмонсаро пайдо шавад, бе таъхир ба вай хабар диҳанд. То соати ёздаҳ Албер барнагашт. Франс либос пӯшиду баромада рафт, соҳиби меҳмонсароро огоҳ кард, ки шабро дар базми герсог Браччано ба сар мебарад.

Хонадони герсог Браччано – яке аз дилпазиртарин хонадонҳои Рим аст; завҷаи герсог ки ба дудмони собиқадори Колон нисбат дорад, – кадбонуи дилрабост ва меҳмонпазироиҳои онҳо шуҳрати аврупоӣ касб кардаанд. Франс ва Албер ҳар ду ба Рим бо тавсияномае ба унвони герсог омада буданд; бинобар ин аввалин суоле, ки герсог ба Франс дод, ба ҷӯрааш дахл дошт. Франс ҷавоб гардонд, ки ҳар ду дар он дақиқае аз ҳам ҷудо шуда буданд, ки мокколеттҳо кушта шуданд ва дар қарибиҳои виа Мачелло аз назар гум кард ӯро.

– Пас ӯ то ба ҳол ба манзил барнагаштааст? – пурсид герсог.

– Ман то соати ёздаҳ интизораш шудам, – ҷавоб гардонд Франс.

– Оё шумо медонистед, ки вай куҷо рафта буд?

– Аниқ намедонам; зоҳиран мисле ки ба мулоқот.

– Ҷин занад! – гуфт герсог. – Имрӯз барои сайру гашти бемаҳал рӯзи, ё беҳтараш гӯем, ки шаби номуносиб аст; ҳамин тавр нест, графиня? Суханони охирин ба графиня Г. дахл доштанд, ки ҳамин ҳоло пайдо шуда буд; бародари герсог, ҷаноби Торлониа варо аз зери бағалаш гирифта меомад.

– Ман, баръакс, гумон мекунам, ки ин шаб шаби бисёр хуб аст, – ҷавоб гардонд графиня, – ва онҳое, ки ин ҷо гирд омадаанд, фақат аз он афсус хоҳанд хӯрд, ки шаб ин қадар зуд ба поён расид.

– Ман ҳам ин ҷо гирд омадагонро нагуфта истодаам, – гашта гуфт табассумкунон герсог. – Ягона хавфе ки доранд инҳо, ошиқ шудан аст ба шумо, агар мард бошанд, лекин агар зан бошанд, аз рашку тааби ҳусни шумо бемор мешаванд; ман онҳоеро гуфта истодаам, ки дар кӯчаҳои Рим гашту гузор доранд.

– Вай кӣ будааст, ки дар ин соат дар кӯчаҳо гашту гузор доштааст, магар ки ба базм наомада истода бошад? – пурсид графиня.

– Дӯсти мо Албер де Морсер, ки соати ҳафт мо аз ҳам ҷудо шуда будем, – гуфт Франс, – аз паси ҳамон зани ношинос афтода буд ва аз ҳамон дам ин ҷониб дигар надидам ӯро.

– Чӣ тавр? Ва шумо намедонед, ки дар куҷост вай? – Зарае хабар надорам.

– Вай силоҳ дошт?

– Вай дар пӯшоки ширинкор буд.

– Набояд ӯро раҳо мекардед, – гуфт графиня, – охир Римро шумо аз вай беҳтар медонед-ку.

– Ба гуфтан осон! Рақами сеюмро, ки дар пойга пирӯз шуда буд, нигоҳ доштан осонтар мебуд, – ҷавоб гардонд Франс. – Дигар ин, ки чӣ воқиа рӯй доданаш мумкин ба вай?

– Кӣ медонад? Шаб бисёр торик, вале аз виа Мачелло то Тибр як қадам роҳ.

Пӯсти бадани Франс ваҷаррос зад, даме пайхас кард, ки герсогу герсогиня ҳам ба изтироби ӯ шариканд.

– Ман дар меҳмонхона огоҳ карда будам, ки ба хонаи шумо меравам, – гуфт Франс, – ҳамин ки вай омад, бояд ба ман хабар фиристанд.

– Э ана, – гуфт герсог, – аз афташ шуморо кофта истодааст нӯкари ман.

Герсог иштибоҳ накарда буд, нӯкар Франсро дида наздаш омад.

– Ҷаноби олиқадр, – гуфт ӯ, – соҳиби меҳмонсарои «Лондон» кас фиристодааст ба шумо расонад, ки кадом-як шахс бо мактубе аз номи виконт де Морсер шуморо нигарон будааст.

– Бо мактубе аз номи виконт! – дод зад Франс. – Ҳа, ҳамин тавр.

– Чӣ гуна кас?

– Намедонам.

– Барои чӣ худаш мактубро ин ҷо наовард?

– Фиристода ба ман ҳеч гуна шарҳу баёне надодааст.

– Худи фиристода куҷост?

– Ҳамин ки дид ман барои ба арзи шумо расондан тарафи толор омадам, бирафт.

– Э худоҷон! – гуфт герсогиня ба Франс. – Зудтар биравед. Бечора!

Ба вай, мумкин аст, фалокате рӯй дода бошад.

– Метозам, – гуфт Франс.

– Шумо гашта омада ҳамаашро мегуфтагистед ба мо? – пурсид графиня.

– Оре, агар ягон воқиаи ҷиддие рӯй надода бошад; дар акси ҳол ман ҳеч чизро зомин шуда наметавонам.

– Ба ҳар сурат, эҳтиёт кунед, – гуфт графиня.

– Ҳа, хотирҷамъ бошед.

Франс кулоҳашро гирифту батаъҷил аз дар баромад. Ба базм расида, вай каретаро гашта фиристоду ба фойтунчӣ гуфта буд, ки соати дуи шаб гашта ояд; аммо, хушбахтона, қасри герсог, ки аз як тараф ба Корсо мебаромаду аз тарафи дигараш ба майдони Ёрони пок, аз меҳмонсарои «Лондон» дар масофаи ягон даҳ дақиқаина роҳ буд. Дами дар расида, Франс касеро дид, ки дар миёни кӯча рост меистод; ва дақиқае шак наёвард, ки ин фиристодаи Албер аст. Он шахс худашро ба боронии кушодае печонда буд. Франс тарафаш рафт, аммо ба ҳайрати билониҳояи Франс ӯ якум шуда ба вай сухан пайваст.

– Аз ман чӣ лозим ба ҷанобашон? – пурсид ӯ, як қадам ақиб рафта.

– Каси аз виконт де Морсер ба ман номаоварда шумоед? – пурсид Франс.

– Ҷанобашон дар меҳмонхонаи Пастринӣ истиқомат доранд? – Бале.

– Ҷанобашон бо виконт ҳамсафар астанд?

– Бале.

– Ҷанобашон чӣ ном доранд?

– Барон Франс д' Эпине.

– Пас, нома маҳз ба унвони шумост.

– Ҷавоб лозим аст? – пурсид Франс, номаро аз дасти ӯ гирифта.

– Оре, ақаллан дӯсти шумо ба ин умед дорад.

Хӯш ба манзили ман бароед.

– Не, ман беҳтараш ки ҳамин ҷо нигарон мешавам, – бо лабханд гуфт фиристода. – Барои чӣ?

– Ҷанобашон ҳар гоҳ ки номаро хонданд, пай мебаранд инро.

– Хӯш ман шуморо ин ҷо меёбам?

– Ҳатман.

Франс ба меҳмонсаро даромад; дар сари зинапоя вай бо устод Пастринӣ рӯбарӯ зад.

– Хӯш чӣ гап будааст? – пурсид ӯ аз Франс.

– Шумо чиро дар назар доред? – гуфт Франс.

– Шумо касеро, ки бо супориши ҷӯраатон омадааст, дидед? – пурсид соҳиби меҳмонсаро.

– Бале, дидам, – ҷавоб гардонд Франс, – вай номаро ба ман дод.

Фармоед, марҳамат карда чароғ оранд.

Хоҷа ба нӯкараш фармуд, ки шамъро биёрад. Ба назари Франс чунин расид, ки устод Пастринӣ ниҳоят кайфпарида метобад ва ин чиз ба зудтар хондани номаи Албер таҳрик дод ӯро; ҳамин ки нӯкар шамъро даргиронд, вай батаъҷил варақи коғазро кушод. Хат ба дасти Албер навишта шуда буд, дар зераш номи ӯ сабт шудааст. Франс онро ду маротиба хонд – ба ҳамин дараҷа мазмунаш ғайри чашмдошти ӯ буд.

Мана он нома ҳарф ба ҳарф:

«Дӯсти азиз, ҳамонзамонӣ, ин номаро гирифтан баробар, аз ҳамёни ман, ки онро аз қуттии мизи ман хоҳед ёфт, эътиборнома аккредитивамро гирифта, аз они худатонро ҳам ба он зам кунед, агар аз они ман кофӣ набошад. Ба назди Торлониа тозед, аз вай чор ҳазор пиастр гиреду ба барандаи ҳамин нома биспоред. Зарур аст, ки ин маблағ бетаъхир ба ман расонда шавад.

Бо ҳамин иктифо мекунам, зеро ба шумо умед мебандам, чунон ки шумо ҳам ба ман умед баста метавонед.

Ҷӯраи шумо Албер де Морсер».

Дар зери ин сатрҳо ба хати каси дигар ба итолиёӣ навишта шуда буд:

Имзои дуюм ба Франс ҳамаашро фаҳмонд ва ӯ хоҳиши ба манзилаш набаромадани фиристодаро пай бурд: вай дар кӯча истоданро барои худаш хеле бехавфтар шумурда буд. Албер ба дасти ҳамон роҳзани овозадоре афтода буд, ки мавҷудияташро ҳеч бовар кардан намехост.

Ягон дақиқа фурсатро аз даст додан мумкин набуд. Франс ҷониби мизи таҳрир ҳаво хӯрд, онро кушод, дар қуттиаш ҳамёнро ёфт, вале дар ҳамён – аккредитивро; аккредитив ба шаш ҳазор пиастр буд, аммо аз он Албер то ин дам се ҳазорашро харҷ кардааст. Худи Франс бошад, аслан аккредитив надошт; азбаски вай дар Флоренсия истиқомат дошту ба Рим ҳамагӣ якҳафтаина омада буд, бо худаш фақат сад луидор оварда ва аз ин сад лудор на бештар аз нисфаш монда буд. Ба ҳамин тариқ, ҳафтсад ё ҳаштсад пиастри ба Албер зарур намерасид. Дуруст аст, ки дар чунин вазъияти фавқулъода Франс ба илтифоти ҷаноби Торлониа умед баста метавонист.

Ва хост акнун, ягон дақиқа таъхир накарда ба қасри Браччано гашта равад, ки якбора фикри дурахшоне ба сараш зад. Вай граф МонтеКристоро ба хотир овард. Франс дасташро тарафи занг дароз кард, то ба устод Пастринӣ кас фиристад, ки нохост дар кушода шуду дар сари остона худи ӯ пайдо шуд.

– Синор Пастринӣ, – зуд пурсид ӯ, – ба гумонатон граф дар манзилаш бошад?

– Оре, ҷаноби олиқадр, вай навакак омад.

– Вай ҳоло ба хоб нарафта бошад?

– Гумон намекунам.

– Пас илтимос, ба хонааш бароеду барои ба наздаш рафтани ман изн пурсед.

Устод Пастринӣ ба иҷрои супориш шитофт; баъди панҷ дақиқа гашта омад.

– Граф ҷанобашонро нигарон аст, – гуфт ӯ.

Франс аз сари зинапоя гузашт ва нӯкар ӯро ба ҳузури граф раҳнамоӣ кард. Ӯ дар хонаи кори на чандон калоне буд, ки Франс бори аввал медид онро ва дар қадди девораш диванҳо истода буданд. Граф ба истиқболи Франс бархост.

– Чӣ рӯйдоди хушбахтонае ба манзили ман овард шуморо? – гуфт ӯ. – Шояд ҳамроҳи ман хӯроки шом бихӯред? Ин, ростӣ, ки аз ҷониби шумо кори хубе мебуд.

– Не, ман барои як амри муҳим омадам.

– Барои амре? – гуфт граф, бо нигоҳи борикбинаш ба Франс нигариста. – Чӣ амре будааст?

– Ин ҷо мо танҳоем?

Граф назди дар рафту гашта омад.

– Комилан танҳо.

Франс мактуби Алберро ҷониби граф дароз кард.

– Бихонед, – гуфт ба ӯ.

Граф мактубро бихонд.

– Ҳ-ҳа! – гуфт дар ҷавоби Франс.

– Ҳошияашро хондед?

– Оре, – гуфт ӯ, – дида истодаам:

– Шумо ба ин чӣ мегӯед? – пурсид Франс. – Шумо ҳамин қадар пул доред?

– Оре, фақат ҳаштсад пиастр намерасад.

Граф назди мизҷевон рафту онро кушод ва ғалладони пур аз зарашро берун кашид.

– Дилам пур аст, – гуфт ӯ ба Франс, – ки шумо маро хафа намекунед ва ба ягон каси дигар рӯ оварданӣ набудагистед-ку?

– Баръакс, шумо дида истодаед, ки ман рост пеши шумо омадам, – ҷавоб гардонд Франс.

«Агар дар соати шаши субҳ чор ҳазор пиастр ба дасти ман нарасад, дар соати ҳафт граф Албер зинда нахоҳад буд».

– Ман ҳам барои ҳамин миннатдор астам аз шумо. Бигиред.

Ва ӯ ғалладонро ба Франс нишон дод.

– Магар ин маблағро ба Луиҷӣ Вампа фиристодан зарур аст? – пурсид Франс, дар навбати худ вай ҳам бо диққат ҷониби граф назар карда. – Набошад чӣ! – гуфт ӯ. – Худатон қазоват кунед, ҳошияаш ниҳоят аниқ.

– Ба гумонам, ки агар шумо хоҳиш медоштед, роҳи аз ин осонтарашро меёфтед, – гуфт Франс.

– Чӣ хел роҳ? – бо ҳайрат пурсид граф.

– Масалан, агар мо ҳамроҳ назди Луиҷӣ Вампа мерафтем, бовар дорам, ки вай ҷавоб додани Алберро ба шумо рад намекард.

– Ба ман? Лекин ман ба ин роҳзан чӣ таъсире доштан метавонам?

– Магар шумо ба вай яке аз он хидматҳоеро ба ҷо наоварда будед, ки ҳеч гоҳ аз ёди кас намеравад?

– Чӣ хел хидмат?

– Магар шумо ҷони Пеппиноро аз марг нараҳонда будед?

– Ҳа-а! – ба забон овард граф. – Кӣ гуфт инро ба шумо?

– Чӣ фарқ дорад? Ман инро медонам.

Граф хомӯш монд, абрӯ чин кард.

пешина
аз 99
навбатӣ