Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Ин ҳамон касест, ки ба саломатии саркарда май нӯшиданро ба Карлинӣ пешниҳод карду Карлинӣ дар ҷавоби гапаш истаконро ба рӯяш ҳаво дода буд.
Аз захми дарозе, ки рӯяшро аз чакка то занах чок карда буд, хун мешорид.
Даме ки номашро хонданд, вай қоҳ-қоҳ зада хандид.
– Сардор, – гуфт ӯ, – Карлинӣ навакак ба саломатии шумо нӯшиданро рад кард; пешниҳод кунед ба саломатии ман нӯшад; шояд ба пешниҳоди шумо тезтар розӣ шавад, назар ба пешниҳоди ман.
Ҳама нигарон буданд, ки Карлинӣ ягон нағма мекардагист; аммо ба ҳайрати ҳамагон, вай истаконро ба як даст гирифту қумқумаро ба дигар даст ва ба худаш май гардонд.
– Ба саломатии ту, Дяволаччо, – гуфт ӯ бо овози ором.
Ва истаконро холӣ кард, ҳатто ки дасташ наларзид. Баъд лаби алов нишаста гуфт:
– Расамати хӯроки шоми маро бидиҳед! Баъди роҳи дуру дароз гурусна мондам.
– Зинда бод Карлинӣ! – дод заданд роҳзанон. Ана ҳамин хел кардан даркор буд! Ана ин рафтори рафиқона. Ва ҳама аз нав лаби гулхан гирд нишастанд; Дяволаччо рафт. Карлинӣ тарзе мехӯрду менӯшид, ки гӯё воқиае нашуда бошад. Роҳзанҳо аз бепарвоии ӯ гаранг бо тааҷҷуб ба вай менигаристанд, ки нохост аз қафои худ шарфаи қадамҳои вазнинвазнинро шуниданд...
Ҳама баргашта назар карданд: Дяволаччо асираи навҷавон рӯи дастонаш ба гулхан наздик шуд.
Сараш ақибрӯ хам, мӯйҳои дарозаш ба замин мерасид.
Ҳар қадаре, ки ба доираи гулхан наздик меомад, ҳамон қадар басароҳат чеҳраи хунаш гурехтаи духтараку қути кандаи роҳзан аён мешуд.
Ин пайдо шудан ҳамин қадар шумхабару ҳаяҷонбахш буд, ки ҳама бархостанд, ба ҷуз Карлинӣ, ки бепарво нишастан гирифт, гӯё ҳеч воқиа нашуда бошад, хӯрдану нӯшиданашро давом дод.
Дяволаччо ба муҳити хомӯшии ҳамагон наздик меомад ва, ниҳоят, Ритаро пеши пои саркарда гузошт.
Ин дам ҳама пай бурданд, ки чаро қути роҳзан кандагию барои чӣ ранг аз рӯи духтарак гурехтагӣ: аз зери синаи чапи ӯ дастаи корд овезон буд.
Ҳама дидаҳо ба сӯи Карлинӣ дғилофи камараш холӣ буд.
– Хӯш, – гуфт саркарда, – акнун ман дарёфтам, ки чаро Карлинӣ ҳаял карда буд.
Мардуми ваҳшитабиат қадри мардонагиро мешиносанд; агарчи, шояд, ягон нафаре аз роҳзанон он чиро Карлинӣ карда буд, намекарданд, ҳама ӯро фаҳмиданд.
Карлинӣ ҳам аз ҷой бархосту назди ҷасад рафт, даст ба дастаи туфангча гузошт.
– Хӯш акнун, – гуфт ӯ, – ягон касе аз ман ин занро талош мекарда бошад?
– Ҳеч кас, – ҷавоб гардонд саркарда, – вай аз они туст!
Карлинӣ ӯро рӯи даст бардошт ва аз доираи рӯшноӣ берун бурд, рӯшноие, ки аз шӯълаи гулхан ҳосил мешуд.
Кукуметто, чун ҳарвақта, посбон таъйин кард ва роҳзанҳо худашонро ба борониҳо печонда, назди алов дароз кашида хоб рафтанд.
Як посе аз шаб гузашта буд, ки посбонон ғирев бардоштанд; саркардаву роҳзанҳо дар як лаҳза ба по хестанд.
Ин падари Рита будааст, ки барои духтараш фидя овардааст.
– Бигир, – гуфт ӯ ба саркарда, халтачаи симро дода истода, – мана сесад пиастр. Духтарамро бидеҳ ба ман.
Аммо саркарда пулро нагирифта, имо кард, ки аз пасаш равад. Пирамард итоат кард, онҳо аз дарахтоне гузашта рафтан гирифтанд, ки аз миёни шохаҳояшон рӯшноии маҳтоб метофт. Ниҳоят Кукуметто бозистод, даст дароз карду ду сӯроби таги дарахтро нишон дод.
– Ана, – гуфт ӯ, – аз Карлинӣ талаб кун духтаратро, ба ҳамааш ҷавоб медиҳад ба ту.
Ва баргашта пеши рафиқонаш рафт.
Пирамард дар ҷояш шах шуд. Ӯ ҳис кард, ки ба сараш ким-чӣ хел бадбахтии маҷҳуле, мусибати беандозаи ислоҳнопазире омадааст. Ниҳоят, чанд қадаме пеш рафта, саъй кард ташхис диҳад дар зери дарахт чӣ ҳодисае ба амал омада истодааст.
Карлинӣ шарфаи поро шунида, сар боло кард ва пирамард суроби ду танро баръало ди д.
Рӯи замин зане хобида буд; каллаи ӯ рӯи зонуҳои марде гузошта шуда буд, ки сарашро поён андохта, рӯи занро, ки ба сандуқи дилаш пахш карда буд, кушод.
Пирамард духтарашро шинохту Карлинӣ пирамардро шинохт.
– Ман интизори ту будам, – гуфт роҳзан ба падари Рита.
– Нобакор! – хитоб кард пирамард. – Чӣ коре кардӣ тӯ?
Ва ӯ бо ваҳшат ба Рита назар кард, Ритаи беҳаракату ба хун оғӯштае, ки корд ба дилаш фурӯ рафта буд. Моҳтоб ба рӯяш афтода, бо нури хирааш андаке равшан мекард ӯро.
Кукуметто духтаратро беномус кард, – гуфт Карлинӣ, – ман дӯсташ медоштам, бинобар ин куштамаш. Баъди саркарда воситаи дилхушии тамоми даста қарор меёфт.
Пирамард сухане ба забон наёвард, аммо тани беҷон барин ранг аз рӯяш парид.
– Агар ман гунаҳгор бошам, – давом дод суханашро Карлинӣ, – интиқомашро бигир.
Ӯ аз синаи ҷавондухтар кордро баркашиду бо як дасташ ҷониби пирамард дароз кард, бо дасти дигараш бошад – синаашро бараҳна кард.
– Ту кори хуб кардаӣ, – гуфт пирамард бо овози баста, – маро канор гир, писарам!
Карлинӣ гирякунон худро ба оғӯши падари дилдодааш партофт. Ин аввалин ашке буд дар умри ин одами аз хун доғдор шуда.
– Вале акнун, – гуфт пирамард, – ба дафн кардани духтарам ёрӣ кун ба ман.
Карлинӣ ду бели оҳан овард ва падар ҳамроҳи ошиқ дар зери булути садсола ба гӯр кандан даромад.
Даме ки гур канда шуд, мақтуларо нахусх падар бӯса кард, баъди ӯ – ошиқ; баъд яке аз пояш бардошту дигаре аз китфонаш ва дар гӯр гузоштандаш.
Ҳар ду дар лаби гӯр зону таҳ карданд ва ба арвоҳаш фотиҳа хонданд. Баъд боз белҳоро ба даст гирифтанду ба гӯр хок гардонданд. Пирамард ҷониби Карлинӣ даст дароз кард.
– Ташаккур ба ту, писарам, – гуфт ӯ, – акнун маро танҳо гузор.
– Наход ҳамин тавр кунам... – гуфт ӯ.
– Бигузор маро, чунин мехоҳам ман.
Карлинӣ итоат кард, назди рафиқонаш рафт, худро ба боронӣ печонд ва дере нагузашта хобаш бурд, аз афташ, чун дигарон сахт бурда буд хобаш.
Ҳанӯз дина қарор шуда буд, ки қароргоҳ бадал карда шавад.
Як соат пеш аз субҳ Кукуметто дастаашро бархезонду амр кард ба роҳ дароянд.
Аммо Карлинӣ нахост аз ҳоли падари Рита хабар нагирифта аз ҷангал биравад.
Вай ба он ҷо омад, ки шаб аз ҳам ҷудо шуда буданд.
Пирамард дар шохи булуте овезон буд, ки гӯри духтарашро панаҳ медошт.
Дар сари ҷасади падару гӯри духтар Карлинӣ савганд ёд кард, ки барои ҳар ду интиқом мегирад.
Аммо вай барои ба ҷо овардани савгандаш фурсат наёфт, баъди ду рӯз ӯ дар задухӯрди бо жандармҳои Рим кушта шуд.
Ҳама ҳайрон буданд, ки агар чӣ вай рӯ ҷониби адӯ истода буд, тир ба тахтапушташ расидааст.
Аммо яке аз роҳзанҳо ба ёд овард, ки дар ҳамон дақиқае, ки Карлинӣ афтод, Кукуметто ягон даҳ қадам дуртар дар ақибаш истода буд, – дигар ҳайрон нашуд.
Ҳамон саҳаре, ки даста ҷангали Фрозинро тарк мекард, Кукуметто дар торикӣ аз ақиби Карлинӣ мерафт, савганд ёд карданашро шунид ва ҳамчун одами дурандеш аз вай пешдастӣ кард.
Дар бораи ин саркардаи даҳшатбор боз бисёр воқиаҳои дигари аз ин ҳам ҳайратовар ҳикоят мекарданд.
Бинобар ин аз Фонда то Перуҷа фақат аз шунидани номи Кукуметто ларза ба андоми одамон меафтод.
Ин ҳикоятҳо ҳар гоҳ мавриди сӯҳбати Луиҷӣ ва Тереза қарор меёфт.
Аз тарс ларза ба андоми Тереза меафтод, вале Вампа бо табассум ба туфанги дилпураш, ки ин қадар бехато ба нишон мезад, тап-тап зада, дилбардорӣ мекард ӯро; агар ором намегирифт, ба зоғи ягон сад метр дуртар аз худашон сари шохи хушкидаи дарахте нишаста ишорат карда, нишон мегирифту қулангро мекашид – зоғи беҷон тапи ба замин меафтод.
Дар ин миён вақт басуръат пеш мерафт; писару духтари ҷавон тасмим гирифтанд, ҳар гоҳ Луиҷӣ ба бисту Тереза ба нуздаҳ дарояд, – арӯсӣ кунанд.
Ҳар ду ятим буданд, бинобар ин ба никоҳ фақат аз хоҷаҳояшон иҷозат гирифтанашон лозим буд; онҳо бо ин таманно ба хоҷаҳояшон рӯ оварданд ва изн ёфтанд.
Боре дар орзуи айёми мустақбал ногоҳ садои тирпаронӣ ба гӯши онҳо расид; баъд, аз миёни чакалаке, ки дар канораш ба одати дерин ҳар ду мол мечаронданд, касе тохта баромад ва ҷониби онҳо ҳаво хӯрд.
Наздиктар расида овоз баровард:
– Маро таъқиб доранд! Пинҳон кунетон маро!
Ҳар ду зуд пай бурданд, ки инҳо роҳзан будаанд, аммо дар байни деҳқонони римию роҳзанони римӣ як хайрхоҳии модарзодие вуҷуд дорад, – деҳқон ҳамеша тайёр аст ба имдоди роҳзан бирасад.
Вампа ҳарфе ба забон наёварда ҷониби санге тохт, ки роҳи ғори онҳоро масдуд мекард, онро ғел гардонду ба гуреза ишорат кард, ки ба ин сарпаноҳи аз чашми ҳама ниҳон ворид шавад, аз паси ӯ роҳи даромадро басту дар ҷои аввалааш дар канори Тереза нишаст.
Қариб ҳамон замон аз канори чакалак чор тан жандарми савора намоён шуданд; се нафарашон, зоҳиран, гурезаро меҷустанд, чорумаш бошад, роҳзани дастгиршудаеро аз гарданаш кашола карда меомад.
Жандармҳо ҳаросон ба атроф чашм давонда, ҷавонписару духтарро диданд, аспонашонро чорхез гиронда наздашон омаданду ба пурсуҷӯ даромаданд.
Онҳо касеро надидаанд.
– Ҳай афсӯс, – гуфт сардори гаштӣ, – он ки мо меҷӯемаш, саркарда буд.
– Кукуметто? – ғайри ихтиёр нидо заданд Луиҷӣ ва Тереза.
– Бале, – ҷавоб гардонд сардор, – азбаски барои сари ӯ ҳазор скудои римӣ мукофот таъйин гардидааст, агар ба доштанаш ёрӣ мекардетон, панҷсад скудояш насиби шумо мегардид.
Ҷуфти ҷавон ба якдигар нигаристанд. Дар дили жандарм умеде пайдо шуд. Панҷсад скудои римӣ ба се ҳазор франк баробар аст, се ҳазор франк бошад – дороии тамом аст барои ду ятиме, ки дар тараддуди ҷашни арӯсианд.
– Ҳа, афсӯс, – ҷавоб гардонд Вампа, – лекин мо ӯро надидаем. Жандармҳо ба ҳар тараф асп тохтанд, аммо касеро пайдо накарданд. Он гоҳ Вампа сангро як сӯ кашид ва Кукуметто аз мағок баромад. Вай аз тарқиши дарбанди хорониҳод дида буд, ки ҷуфти ҷавон бо жандармҳо гуфгугӯ доранд; ӯ пай бурд, ки суҳбаташон аз чӣ хусус аст; дар чеҳраи Луиҷӣ ва Тереза қатъияти тамоми фош накардани худашро хонд. Вай аз кисааш ҳамёни пур аз тилоро бароварду бо ҳамёнаш дароз кард.
Вампа бо ғурур сар барафрохт, аммо чашмони Тереза шарарбор шуданд, даме аз дил гузаронд, ки чӣ қадар зару зевар метавон харид ба ин тилло.
Кукуметто ифрити рафта истодагӣ буд, мори ба сурати роҳзан даромадае буд; вай ин нигоҳро дарк кард, дар симои Тереза духтари арзандаи Ҳавворо дарёфт ва қабл аз он ки ба чакалак даромада аз назар ғоиб шавад, чанд карат баргашта назар кард, гӯё ки бо ҷонхаридонаш видоъ мекарда бошад.
Чанд рӯзе сипарӣ шуд. Кукуметто дигар пайдо набуд, аз хусусаш ҳам ҳарфе ба гӯш намерасид.
Айёми карнавал фаро мерасид. Граф Сан-Феличе тасмим гирифт базми бониқоби пуршукӯҳе барпо кунад; дар ин базм зубдаи ҷомиаи Рим даъват гардида буд.
Дили Тереза ба тамошои базм бисёр шайдо буд. Луиҷӣ аз мубошир таманно кард, ки изн диҳад, ҳамроҳи Тереза бо хидматгорон даромехта базмро тамошо кунанд.
Граф базмро барои он барпо карда буд, ки духтараш Кармеларо хурсанд кунад; вай барои хухтари худ ҷонашро дареғ намедошт.
Кармела ҳамсоли Тереза ва бо вай ҳамқад буд, Тереза бошад, дар ҳусну ҷамол аз духтари граф кам набуд.
Дар шаби базм Тереза беҳтарин ҳуллаашро дар бар кард, пурарзиштарин сарсӯзанҳоеро ба мӯяш халонд, пурҷилотарин мӯҳраҳояшро ба гардан овехт. Вай дар либоси деҳқонзани праскатӣ ҳозир шуда буд.
Луиҷи либоси рангубаранги идонаи барзгарони тосканиро дар бар дошт.
Ҳар дуяшон, чунон ки аҳд карда буданд, дар байни издиҳоми хидматгорону деҳқонон панаҳ шуданд.
Базм шукӯҳу таҷаллии беандозае дошт. На фақат ҳавлии граф бо садоҳо чароғон мунаввар гардида буд, балки дар шохи ҳар як дарахти чорбоғ чароғакҳои рангубаранг овехта буданд. Бинобар ин меҳмонони бешумор дере нагузашта ҳама аз манзилҳои бошукӯҳ ба манзарҳо баромаданд, аз манзарҳо бошад, ба гулгашти чорбоғ фуромаданд.
Дар ҳар чорсӯ дастаи машшоқон нағмасароӣ доштанд, мизҳои пур аз ширавору шаробҳои алвон гузошта буданд; ба тафарруҷ баромадагон бозистода, ду-ду шуда ҳар ҷое дилашон кашад, мерақсиданд.
Кармела дар пӯшоки барзгарзани Сонино буд. Кулӯтааш пур аз дурру марворид, дар сарсӯзанҳои тиллояш дурдонаҳо дурахшидан доштанд, камарбанди шоҳии туркии дар рӯяш гулҳои калон-калон дӯхта шуда суринашро фаро гирифта буд, пероҳани доманаш аз матои нафиси кашмирӣ буд, пешдоманаш – аз муслини ҳиндӣ, ба ҷои тукмаҳои синабандаш ҳар гуна ҷавоҳирот насб шуда буд.
Аз ду нафар дугонааш – яке пӯшоки барзгарзани Нетунноро дар бар карда буду дигаре аз они Ричиаро.
Чор тан ҷавонмарди мансуб ба сарватмандтарину баобрӯтарин хонадонҳои Рим бо он озодмаништарин тарзи муомилати соф итолиёие, ки мислаш дар ягон кишвари дигар дида намешавад, онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд; онҳо низ либоси барзгаронаи аҳли Албано, Веллетри, ЧивитаКастеляна ва Сораро дар бар доштанд.
Дар бораи он ки либосҳои мардона ҳам, занона барин бо зинати зару ҷавоҳироташ шаъшаъапошӣ доштанд, ҳоҷати гап ҳам нест.
Кармела хост аз либосҳои якхела дастаи рақсие тартиб диҳад, аммо зани чорум намерасид.
Кармела ба издиҳом назар андохт – ягон нафаре аз ҷамъ омадагон либоси дилхоҳ надошт.
Граф Сан-Феличе Терезаро, ки дуртар аз онҳо дар байни деҳқонон, ба дасти Луиҷӣ такя карда меистод, ба вай нишон дод.
– Шумо иҷозат медиҳед, дада? – пурсид Кармела.
– Албатта, – ҷавоб гардонд граф, – ҳозир карнавал-ку!
Кармела ҷониби ҷавонмарди шарикрақсаш хам шуду ҷавондухтарро нишон дода, зери лаб чанд калимае гуфт. Ҷавонмард ба самте, ки дастаки дилкаш нишон дода буд, чашм давонда, ба нишони итоат сар хам карду рафт, ки Терезаро ба дастаи рақсие даъват кунад, рақсе, ки бо ташаббуси духтари граф фароҳам меомад.
Чеҳраи Тереза лолагун шуд. Вай суоломез тарафи Луиҷӣ назар кард; рад кардан аз имкон берун буд. Луиҷӣ батааннӣ дасти Терезаро сар дод ва духтарак саропо ларзон монд, ки шарики хушандом барадаш ва дар дастаи рақсии хоҷадухтар ҷой гирифт.
Албатта, пӯшоки шинаму зебандаи Тереза назар ба либоси Кармелаю дугонаҳояш ба назари мусаввире бештар хуш меомад; аммо Тереза духтараки кӯтоҳандешу шӯҳратпарасте буд; ҳарири ҳиндии гулдӯзӣ шуда, камарбанди нақшу нигори туркибоф, матои кашмирии фохир – ҳамаи ин чашмашро бурда буд, шаъшаъаи ёқути осмониву алмосҳо аз ақл бегонааш карданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё