Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XII. РОҲЗАНҲОИ РИМ

Саҳарӣ Франс якум бедор шуд аз хоб ва ҳамонзамонӣ занг зад.

Зангӯлача ҳанӯз хомӯш нагардида буд, ки худи устод Пастрини даромад аз дар.

– Ана дидед, – хурсандона гуфт соҳиби меҳмонсаро, ҳатто аз ҷониби Франс суолеро нигарон нашуда, – ман дирӯз пай бурда будам, ҷаноби олиқадр, даме ки ба чизе ваъда додан ҷуръат накардам; шумо ниҳоят дер ба ёд овардед ва дар саросари Рим ягонто ҳам фойтун намондааст, яъне ки барои се рӯзи охир, бадеҳист.

– Хӯш, албатта! – ҷавоб гардонд Франс. – Маҳз барои ҳамон рӯзҳое, ки аз ҳама зиёд лозим аст.

– Гап дар бораи чӣ? – пурсид Албер, даромада истода. – Фойтун набудааст?

– Пай бурдед шумо, дӯстам, – ҷавоб гардонд Франс.

– Ҳоҷати гап не, шаҳраки баҷо будааст, абадшаҳри шумо!

– Ман гуфтанӣ, ҷаноби олиқадр, – гашта гуфт устод Пастрини, эътибори маркази олами насрониятро дар пеши назари меҳмонон нигаҳ доштанӣ шуда, – ман гуфтанӣ, ки аз пагоҳии рӯзи якшанбе то бегоҳии рӯзи сешанбе нест фойтун; лекин пеш аз рӯзи якшанбе шумо, агар хоҳетон, панҷоҳто лозим бошад ҳам, меёбед.

– Инаш як гапе! – гуфт Албер. – Хӯш ки бошад имрӯз панҷшанбе, – кӣ медонад, то рӯзи якшанбе чӣ пеш меояд.

– Ҳамин ки боз ягон даҳ-дувоздаҳ ҳазор кас меомадагист, – ҷавоб гардонд Франс, – вазъият бошад, боз ҳам душвортар мешавад.

– Дӯсти меҳрубон, – ҷавоб гардонд Морсер, – биёед аз ҳозирааш лаззат барему дар ғами оянда ҷигар хун накунем.

– Ақаллан тиреза бароямон мебудагист-ку? – гуфт Франс.

– Тиреза? Ба кадом тараф?

– Ба тарафи Корсо, бадеҳист!

– Шумо шӯхӣ карда истодаед! Тиреза-я! – нидо зад устод Пастрини.

– Имкон надорад! Як тирезаи банд нашудае буд дар ошёнаи шашуми қасри Дориа, ки ҳамонро ҳам рӯзе бисттсехинӣ ба як князи рус иҷора доданд.

Ҷавонмардҳо ба тааҷҷуб ба якдигар нигаристанд.

– Медонед, дӯсти азиз, – гуфт Франс ба Албер, – чӣ кор кардан боқӣ мемонад барои мо? Карнавалро дар Венетсия мегузаронем; дар он ҷо фойтун набошад ҳам ақаллан заврақ будагист.

– Ба ҳеч ваҷҳ! – нидо зад Албер. – ман тасмим гирифтаам, ки карнавали Римро бинам, дар сари пои чӯбин бошад ҳам, мебинам.

– Фикри олиҷаноб, – лаб монд Франс, – хусусан барои куштани шамъакҳо; мо худамонро артистони масхарабоз, хаффош ё сокинони Ландҳо рост мекунем ва ҳамаро ба ҳайрат меоварем.

– Ҷанобашон ба ҳар ҳол ақаллан то рӯзи якшанбе бошад ҳам, фойтун пайдо кардан мехоҳанд?

– Бадеҳист! – гуфт Албер. – Наход шумо гумон дошта бошед, ки мо дар кӯчаҳои Рим мисли кадом-як мирзоёне пиёда гаштанӣ бошем?

– Фармоиши ҷанобашон ба ҷо оварда мешавад, – гуфт устод Пастрини, – фақат огоҳ мекунам, ки фойтун рӯзе шаш пиастр меафтад ба шумо.

– Лекин ман, синор Пастринии меҳрубон, – ба гап ҳамроҳ шуд Франс, – азбаски ҳамсояи миллионерамон нестам, шуморо огоҳ мекунам, ки ман дар Рим бори чорумам ва нархи фойтунро дар рӯзҳои муқаррарӣ, дар айёми идҳо ва дар рӯзҳои якшанбе медонам; мо ба шумо барои се рӯз, имрӯз, пагоҳ ва пасфардо дувоздаҳ пиастр медиҳем ва суди шумо аз ин маблағ чандон бад ҳам нахоҳад буд.

– Сабр кунед, ҷанобон!.. – норозигӣ баён карданӣ шуд устод Пастрин.

– Ихтиёр доред, хоҷаи азиз, ихтиёр доред, – гуфт Франс, – ё ба abellato1-и шумо, нағз мешиносамаш, худам байъ мекунам; вай дӯсти дерини ман аст, аз ман кам суд надидааст ва ба умеди минбаъд ҳам суд бардоштан, вай аз он чи ки ба шумо пешниҳод кардам, камтар музд мегирад аз ман, шумо ин фарқиятро бо айби худатон аз даст медиҳед.

– Ташвиш кашидани шумо чӣ лозим, ҷаноби олиқадр? – гуфт устод Пастрини бо табассуми молимардумхӯри итолиёӣ, ки бо ҳамин мағлуб шуданашро эътироф карда буд. – Кӯшиш мекунам хидмати шуморо ба ҷо оварам ва умед дорам, ки шумо розӣ хоҳед шуд.

– Ана ин бисёр нағз! Кайҳо ҳамин тавр кардан лозим буд. – Кай муҳайё шавад фойтун?

– Баъди як соат.

– Баъди як соат дами дарвоза мешавад.

Воқиан ҳам, баъди як соат дами дарвоза фойтун ҷавонмардонро нигарон буд; вай як фойтуни кирокаши муқаррарии дукасае буд, ки ба муносибати маросими бошукӯҳ ба рутбаи коляска бардошта будандаш. Аммо, сарфи назар аз намуди хоксоронааш, ҷавонмардҳо дар се рӯзи пеш аз оғози карнавал ба он соҳиб гардиданро барои худашон метавонистанд хушбахтие ҳисобанд.

– Ҷаноби олиқадр! – садо зад роҳбалад ҷониби Франси аз тиреза сар бароварда. – Каретаро даруни қаср барам?

Агар чи Франс ба таъбирҳои бодабдабаи итолиёиҳо одат карда буд, бо вуҷуди ҳамин вай ба атрофаш назар андохт; аммо суханони роҳбалад бешак ба худаш нисбат доштанд.

Ҷаноби олиқадр худи ӯ буд, карета бошад – фойтун, лекин қаср гуфта меҳмонсарои «Лондон»-ро дар назар дошт.

Хислати ғалатии ба иғроқ мутамоил будани итолиёиён дар ҳамин фиқра яксара ифода ёфта буд.

Франс ва Албер поин фуромаданд. Карета ба қаср даромад. Ҷанобони олиқадр паҳну парешон дар фойтун ҷой гирифтанд, вале раҳбалад хез зада ба ақиби фойтун баромад.

– Ҷанобони олиқадр майли куҷо доранд?

– Аввал ба маъбади ҳазрати Пётр, баъди он, ба Колизей, – ҳамчун парижии ғаюр, гуфт Албер.

Аммо Албер намедонист, ки ба дида баромадани маъбади ҳазрати Пётр як рӯзи тамом лозим аст ва як моҳи тамом ба омӯхтанаш. Тамоми рӯз ба тамошои маъбади ҳазрати Пётр сарф шуд.

Дӯстон яке пайхас карданд, ки рӯз майли бегоҳ дорад.

Франс ба соат нигарист: алакай чору ним шуда буд.

Ба хона рафтан лозим омад. Аз фойтун фуромада истода Франс ба фойтунчӣ фармуд, ки дар соати ҳашт дами дар бошад. Ӯ мехост Колизейро ба Албер дар рӯшноии моҳтоб нишон диҳад, чунон ки маъбади ҳазрати Пётрро дар шӯълаи офтоб намоиш дода буд. Вақте кас ба шарикаш шаҳри пеш аз ин дидаи худашро нишон доданӣ мешавад, дар ин кор ин қадар нозу карашмае мекунад, ки дами бо зане шиносо кардани ӯ мекунад, зане, ки як замоне худаш ошиқи он зан будааст.

Бинобар ин худи Франс ба фойтунчӣ самти ҳаракатро таъйин кард. Ӯ бояд аз дарвозаи дел-Пополо гузашта, қад-қади девори берун мерафту аз дарвозаи Сан-Ҷованни ворид мешуд. Ба ҳамин тариқ, Колизей якбора аз рӯбарӯяшон мебарояд ва азамати онро на Капитолий коста метавонаду на Форум, на тоқи Септимий Север, на маъбади Антонин ва Фаустинаи болои виа-Сакра, ки онҳо дар сари роҳи он диданашон мумкин буд.

Ба наҳорхӯрӣ нишастанд. Устод Пастрини наҳори бисёр нағзе ваъда карда буд ба онҳо; наҳор одмиёна баромад, ҷои шиква набуд.

Дар поёни наҳор хоҷа пайдо шуд; Франс гумон кард, ки вай омад таъриф шунавад, бинобар ин ба мадҳу санои вай омода шуд, аммо Пастрини нав Франс лаб ба сухан кушода буд, ки ӯро боздошт.

– Ҷаноби олиқадр, – гуфт ӯ, – аз таърифҳои шумо хеле мамнунам, вале ман на барои ин омадам.

– Шояд шумо барои он омада бошед, ки ба мо карета пайдо карданатонро хабар диҳед? – пурсид Албер, сигор кашида истода.

– Аз ин ҳам камтар; ва ман ба ҷанобашон маслиҳат медиҳам, ки аз баҳри ин савдо гузаранду бо он чи ҳаст, қаноат кунанд. Дар Рим корҳо ё мумкинанд ё номумкин. Ҳар гоҳ ба шумо гӯянд, ки ин номумкин аст, кор тамом вассалом.

– Дар Париж хеле қулайтар: ҳар гоҳ ба шумо гӯянд, ки ин номумкин аст, шумо ду баробар музд медиҳед ва ҳамонзамонӣ он чиро мегиред, ки ба шумо лозим аст.

– Ҳамаи фаронсавиён чунин мегӯянд, – ҷавоб гардонд устод Пастринии ба ҷон расида, – ва ман, ба ростӣ, намефаҳмам, ки барои чӣ онҳо сафар мекунанд?

– Барои ҳамин, – гуфт Албер бепарво дудро ба шифт сар додаву дар курсии нарм алвонҷ хӯрда, – барои ҳамин фақат мо барин беақлу аблаҳон сафар мекунанд; касони баақл ҳавлии кӯчаи Элдер, гулгашти Гант ва Кафе-де-Парии худашонро афзал медонанд.

Ҳоҷат ба шарҳ додан нест, ки Албер дар кӯчаи номбурда истиқомат дошта, ҳар рӯз дар гулгашти бошукӯҳ сайр мекарду дар ҳамон ягона қаҳвахонае наҳор мехӯрд, ки наҳор оварда медиҳанд ва он ҳам ба шарте, ки кас бо пешхидматҳо муносибати хуб дошта бошад.

Устод Пастрини ҷавоб нагардонд, аз афташ, посухи Алберро, ки ба назараш чандон фаҳмо нанамуда буд, андеша мекард.

– Лекин, – гуфт Франс, муҳокимаи ҷуғрофии хоҷаро қатъ карда, – шумо ба ҳар ҳол назди мо бо ягон мақсаде омадагистед. Чӣ мақсаде доред?

– Шумо комилан ҳақ астед; ана гап дар бораи чист: шумо фармудаед, ки фойтунро соати ҳашт пеш оваранд?

– Оре.

– Шумо мехоҳед, ки Колоссеоро бубинед?

– Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки Колизейро?

– Ин ҳар ду яке.

– Шояд.

– Шумо ба фойтунчӣ фармудаед, ки аз дарвозаи дел-Пополо барояд, қад-қади девори берун равон шавад ва аз дарвозаи Сан-Ҷованни гашта ояд?

– Комилан дуруст.

– Чунин роҳ имкон надорад.

– Имкон надорад?

– Ё ба ҳар ҳол хеле хатарнок аст.

– Хатарнок? Барои чӣ?

– Аз барои Луиҷи Вампаи овозадор.

– Сабр кунед, хоҷаи меҳрубон, – гуфт Албер, – пеш аз ҳама Луиҷи Вампаи шумо чӣ кас аст? Вай, шояд, дар Рим хеле машҳур бошад, вале, бовар бикунед, дар Париж комилан маҷҳул аст.

– Чӣ тавр? Шумо ӯро намедонед?

– Аз ин шараф бенасибам.

– Шумо ҳеч гоҳ номи ӯро нашунидаед?

– Ҳеч гоҳ.

– Хӯш бидонед, ки ин роҳзанест, дар муқобилаш Дечезарис ва Гаспароне – писараконе аз дастаи сарояндагони калисоянду бас.

– Диққат, Албер! – хитоб кард Франс. – Хайрият, ки дар саҳна роҳзанҳо пайдо мешудаанд.

– Хоҷаи меҳрубон, огоҳ мекунам шуморо, ки ба ягон ҳарфе бовар намекунам. Пасон, чӣ қадаре дилатон хоҳад, гап задан гиред, гӯшам ба шумо. «Буд-набуд...» Хайр майлаш, сар кунед!

Устод Пастрини ҷониби Франс баргашт, ки ба назараш аз дуи дӯстон андак бамулоҳизатараш ӯ менамуд. Ҳақ ба ҷониби ин марди хуб буд. Дар умри вай кам фаронсавиёне дар меҳмонсарояш таваққуф накардаанд, аммо баъзе хусусиёти ақли онҳо то ба ҳол муаммое буд барои ӯ.

– Ҷаноби олиқадр, – ниҳоят ҷиддӣ гуфт ӯ, чунон ки зикр ёфт, ба Франс рӯ оварда, – агар шумо маро дӯрӯғгӯ ҳисоб мекарда бошед, он чиро, ки ба иттилоатон расонданӣ будам, баён карданаш кори бесамар аст; лекин дониста бошед, ки манфиати шуморо дар назар доштам ман.

– Албер нагуфтааст, ки шумо дурӯғгӯед, синор Пастринии азиз, – сухани ӯро бурид Франс, – балки гуфт, ки ба гапатон бовар намекунад, вассалом, лекин ман бовар мекунам, осуда бошед; хӯш гап занед.

– Лекин, ҷаноби олиқадр, шумо мефаҳмед, ки агар ростқавлии ман зери шубҳа бошад...

– Азизам, – бурид гапи ӯро Франс, – шумо аз Кассандра ҳам зудранҷтар будаед; лекин, охир, вай зани ғайбдоне буду ба гапаш касе гӯш намедод, аммо ба шумо диққат гуморидани нисфи сомеонатон таъмин гардидааст. Бишинеду ба мо ҳикоят кунед, ки ҷаноби Вампа чӣ касест.

– Ман алакай ба ҷанобашон гуфтам, ки ин роҳзанест, роҳзане, ки мо аз замони Мастрил ин ҷониб мислашро надидаем.

– Аммо миёни ин роҳзану фармоиши ман фойтунчиро, ки аз дарвозаи дел-Пополо барояду аз роҳи дарвозаи Сан-Ҷованни гашта ояд, чӣ умумиятест?

– Умумияташ ҳамин, – ҷавоб гардонд устод Пастрини, – ки шумо метавонед бо хотири ҷамъ аз як дарвоза бароед, аммо шубҳа дорам, ки аз дигараш гашта омадан ба шумо муяссар мешуда бошад.

– Барои чӣ? – пурсид Франс.

– Барои он ки баробари торик шудани рӯз ҳатто панҷоҳ қадам дуртар аз дарвозаҳо бехатар нест.

– Наход? – пурсид Албер.

– Ҷаноби виконт, – ҷавоб гардонд устод Пастрини, ки ба ҷон ранҷиданаш аз нобоварии Албер ҳанӯз ҳам аз дилаш берун нарафта буд, – ман инро на ба шумо, балки ба ҳамроҳатон гуфта истодаам; ин кас дар Рим будаанд ва медонанд, ки бо чунин чизҳо шӯхӣ намекунанд.

– Азизам, – гуфт Албер ба Франс, – ҳодисаи аҷоибу ғароибе ба пои худ пеш меомадагӣ барин. Мо фойтунро бо таппончаҳову туфангу думилаҳо пур мекунем. Луиҷи Вампа пайдо мешавад, вале на ӯ моро дастгир мекунад, балки мо ӯро; мо ӯро дошта ба Рим мебарем, роҳзани номдорро ба ҳазрати қудсӣ папа пешкаш мекунем, вай аз мо суол мекунад, ки барои чунин хидмат чӣ мукофоте бидиҳам. Мо бе такаллуф аз саисхонаи папа як каретаю ду аст таваққӯъ медорем ва карнавалро аробасавор тамошо мекунем; дар бораи он, ки мардуми миннатпазири Рим, ба эҳтимоли қавӣ, дар болои тали Капитолий тоҷи ифтихор ба сарамон мегузоранду ба мисоли Куртсий ва Горатсии Коклес наҷотбахши ватан бармедорандамон, ҳоҷати гап ҳам нест.

Қиёфаи устод Пастрини ҳини ин гуфтор шоистаи мӯқалами рассом буд.

– Аввалан, – гашта гуфт Франс, – таппончаю туфанг ва думилаҳое, ки шумо фойтунатонро аз онҳо пур карданиед, аз куҷо мегиред?

– Хайр, албатта, на аз кӯрхонаи ман, зеро дар Террачин ҳатто ханҷарро аз ман гирифтанд; аз они шуморо чӣ?

– Бо ман низ айни ҳамин корро дар Аква-Пендент ба ҷо оварда буданд.

– Оё медонед, хоҷаи меҳрубон, – гуфт Албер, аз пасмондаи сигори аввала дигарашро даргиронда, – ки чунин чорабинӣ барои ғоратгарон ниҳоят қулай аст ва, ба хаёлам, бо онҳо забон як карда, қасдан ҷорӣ кардаанд ин тадбирро.

Эҳтимол, чунин ҳазл ба назари соҳиби меҳмонсаро хатарнок тофта бошад, чун ки вай ба Франс чун ба ягона каси баандешае, ки ҳамроҳаш гуфтугӯ кардан мумкин аст, рӯ оварда, дар ҷавоби гапи Албер нимғурма ким-чӣ ғурунгосе зад.

– Ба ҷанобашон, албатта, маълум будагист, ки ҳар гоҳ роҳзанон ба кас ҳамла кунанд, худро ҳимоят кардан салоҳ нест.

– Чи тавр! – нидо зад Албер, дар сари андешаи он, ки дам назада истад будааст ғорат кунандаш, тоб наоварда, – Чӣ хел «салоҳ набудааст!»

– Ҳамин тавр. Ҳар гуна муқобилат бефоида мебуд. Шумо дар муқобили ягон даҳ нафар тарроре, ки аз даруни обгурези канори роҳе, аз ягон козае ё ки аз даруни нове хез зада мебароянду якбора ба кас дармеафтанд, чӣ коре карда метавонед?

– Ҷин занад! Бигузор маро беҳтараш кушад! – хитоб кард Албер.

Устод Пастрини ба Франс тарзе нигоҳ кард, ки дар чашмонаш кас метавонист басароҳат хонад: «Бе шак, ҷаноби олиқадр, дӯсти шумо девона будааст».

– Албери азиз, – гашта гуфт Франс, – ҷавобатон ҷавоби бисёр нағз ва ба «gu'il mourut»1 гуфтани Корнел меарзад; лекин фақат он ҷо гап аз хусуси наҷот додани Рим мерафт ва Рим ба ин меарзид. Лекин аз боби мо бошад, сухан фақат дар бораи қонеъ кардани ҳавою ҳаваси беҳуда мераваду бас, қурбон кардани ҷон аз барои ҳавою ҳавас бошад – хандаовар як корест.

–PerBacco! –нидо зад устод Пастрини. –Ана ин сухани оли ҷаноб.

Албер ба худаш як истакон лакрим-крист гардонду норавшан ким-чӣ ғурунгосзанон бо ҷуръаҳои хурд-хӯрд нӯшидан гирифт.

– Хӯ-ӯш, устод Пастрини, – давом дод суханашро Франс, – акнун ки дӯсти ман ором гирифту шумо ба рағбати сулҳҷӯёна доштани ман итминон ҳосил кардед, ба мо ҳикоят кунед, ки ин синор Луиҷи Вампа кӣ будааст. Чӯпон аст ё аъён? Ҷавон аст ё пир? Қадпаст аст ё қоматбаланд? Қиёфаашро тасвир кунед ба мо, то ки ақаллан шинохта тавонемаш, агар тасодуфан дар байни одамон, мисли Сбогар ё Лара ба ӯ дучор оем.

– Дар бораи ӯ ҳеч кас беҳтар аз ман ҳикоят карда наметавонад, ҷаноби олиқадр, чун ки ман Луиҷи Вампаро ҳанӯз дар замони кӯдакиаш мешинохтам; ва як дафъа, ҳангоме ки худам дар роҳи аз Феринтино ба Алатри ба дасташ афтодам, вай, аз баландии толеам, шиносоии деринаамонро ба ёд овард; ӯ сар дод маро ва на ин ки фидя нагирифт, балки ҳатто як соати олиҷанобе тӯҳфа дод ва саргузашташро ҳикоят кард ба ман.

– Нишон бидиҳед соатро, – гуфт Албер.

пешина
аз 99
навбатӣ