Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

II. ҶАЗИРАИ МОНТЕ-КРИСТО

Ниҳоят ба туфайли ғайри чашмдошт лаббайк гуфтани бахт, ки баъзан ба касоне насиб мегардад, ки муддати тӯлоние ба чанги нокомӣ афтодаанд, Дантес имкон ёфт ба тарзи осону табиӣ ба мақсад расад ва бе он ки шубҳае барангезад, ба соҳати ҷазира қадам ниҳад.

Ӯро аз сафаре, ки ин қадар интизораш буд, фақат як шабе барканор медошт.

Ин шаб яке аз нооромтарин шабҳое буд, ки Дантес ягон вақте ба сар бурдааст. Дар давоми ин шаб ҳама пирӯзиву нокомиҳое, ки пеш омаданаш мумкин буд, мутароддиф дар мадди назараш пайдо мешуданд: даме ки чашм мепӯшид, хати кардинал Спадаро бо ҳуруфи оташин дар девор сабт ёфта медид; даме ки лаҳзае ба хоб фурӯ мерафт, хаёлоти дарҳаму барҳаме дар майнааш гирдбодвор давр мегаштанд; ба назараш чунин метофт, ки вай ба ғори зумуррудфарши лаълдевори пур аз шишаҳои алмос ворид мешавад. Дурдонаҳо ба мисоли чакраҳои оби зери замин қатра-қатра фурӯ мечаканд. Эдмони ба ваҷд омадаву волаю шайдо кисаҳояшро аз ҷавоҳирот пур мекард; сипас ӯ ба равшанӣ мебаромад ва ҷавоҳирот ба сангчаҳои одии дарёбод мубаддал мешуданд. Он гоҳ вай саъй мекард ба ғорҳои ҷодуие баргардад, ки як назар дида буд; вале роҳ ин қадар печу тоб ва гардишҳое пайдо мекард, ки роҳи даромадро намеёфт. Вай дар гӯшаҳои хаёли хастаҳолаш баръабас он калимаи мармузиеро пайдо карданӣ мешуд, ки дари ғори роҳзанонро ба рӯи Алибобо боз карда буд. Саъяш беҳуда буд; ганҷи ғайбзада боз моликияти ҷинҳои замин гардида буд, ки Дантес як лаҳза умед дошт бирабоядаш.

Субҳ дамид, субҳе, ки тақрибан ба мисоли шаб пур аз изтироб буд; вале тафаккур ба доди хаёлот расид ва Дантес нақшае тарҳ кард, нақшае, ки то ин дам аранге дар майнааш давр мегашт.

Бегоҳ фаро расид ва ҳамвора бо он тадоруки сафари нави баҳрӣ. Ин ташвишу тадорук ба Дантес имкон дод, ки ҳаяҷонашро панаҳ дорад. Батадриҷ вай тавонист бар рафиқонаш таҳаккуме пайдо кунад ва ба онҳо чун нохудо фармон бифармояд. Азбаски фармоишҳои ӯ ҳамеша аниқу сареҳ ва саҳличро буданд, рафиқонаш на ин ки бе чуну чаро, инчунин бо рағбати тамом сар мефуроварданд.

Баҳрнаварди куҳансол ба кори ӯ монеъ намешуд; ӯ низ ба афзалият доштани Дантес бар дигар маллоҳон ва ба шахси худаш эътироф дошт; ӯ ба маллоҳи ҷавон чун ба ҷойгузини табии худаш назар мекард ва афсӯс мехӯрд, ки духтаре надорад, то бо чунин издивоҷи дилхоҳ Эдмонро бештар ба худаш марбут гардонад.

Соати ҳафти бегоҳ ҳама корҳо ба сомон расид; баъди даҳ дақиқа аз ҳафт гузаштан киштӣ аз мино алакай хам хӯрда буд, ҳине ки чароғи мино фурӯзон шуд.

Баҳр ором буд, шамоли серуни ҷануби шарқӣ мевазид. Онҳо дар зери осмони лоҷвардие шино доштанд, ки он ҷо худованд низ миноҳояшро фурӯзон кард, ки ҳар кадоме аз онҳо – олами тамоме буд. Дантес эълон кард, ки ҳама метавонанд рафта бихобанд, дар сари суккон худаш меистад.

Баъди чунин изҳори ҷавони малтӣ (Дантесро чунин меномиданд) касе баҳс накард ва ҳама осуда ба хобидан рафтанд.

Ин ҳол на як бору ду бор пеш омада буд. Дантеси ногаҳон аз танҳоӣ ба олам баргашта гоҳ-гоҳе эҳтиёҷи рафънопазири танҳо мондаро эҳсос мекард. Хӯш дар куҷо танҳоӣ ин қадар беканору ҷозиб буда метавонад, агар на дар рӯи киштӣ, ки дар саҳрои баҳр, дар зулмоти шаб, дар сукунати беохир, дар зери назораи молики кулли оламу оламиён сайр дорад?

Аммо дар он шаб танҳоӣ мамлӯ аз андешаҳои Дантес буд, зулматро хаёлоташ мунаввар медошт, сукунатро орзуҳояш ҷон мебахшид.

Даме ки нохудо бедор шуд, «Амелия» бо мадади тамоми бодбонҳояш пеш метохт. Ягон пораи карбосе намонда буд, ки аз шамол надамида бошад. Киштӣ бо суръати соате бештар аз дуним мил пеш мерафт.

Ҷазираи Монте-Кристо дар уфуқ пайдо шуда буд.

Эдмон навбати суккондориро ба нохудо доду бирафт, ӯ низ андаке рӯи кат дароз кашад. Аммо, сарфи назар аз як шаби бедорхобӣ, дақиқае чашм ба ҳам набаст.

Пас аз ду соат ӯ боз ба арша берун омад. «Амелия» аз ҷазираи Элба давр зада гузашта буду дар муқобили Маречана қарор дошт, ҷое, ки ҷазираи ҳамвори сабзапӯши Пианоза намоён буд; қуллаи тобони Монте-Кристо сар ба фалаки лоҷвардӣ баркашида буд.

Дантес ба суккондор фармуд, ки ба тарафи рост тобад, то Пианозаро ба самти рост гузорад. Аз рӯи ҳисоби ӯ ин тағйири самти ҳаракат роҳро ду-се мил кӯтоҳ мекард.

Соатҳои панҷи бегоҳ ҳама ҷои ҷазира чун дар кафи даст намуда меистод. Дар ҳавои шаффофи шомгоҳӣ, ки ба шӯълаи офтоби соати ғуруб мунаввар гардида буд, ҷазираро бо хурдтарин ашёяш ташхис додан имкон дошт.

Эдмон ба ҳар як сахраву шахи ин кӯҳпораи азамат, ки дар зери шӯълаи офтоби ғурубгоҳӣ аз гулобии равшан то кабуди баланд рангбозӣ дошт, чашм дӯхта буд. Баъзан хун ба рӯяш медавид, пешониаш суп-сурх мешуд ва ғубори арғувонӣ пеши чашмонашро мегирифт.

Ҳеч як қиморбози тамоми дороиашро ба қимормонда, чунин изтироберо аз сар нагузарондааст, ки Эдмон дар авҷи ҳаяҷони умед ба сар мебурд.

Шаб даромад. Дар соати даҳ ба соҳил расиданд. «Амелияи навҷавон» якум шуда ба ҷои таъйингардида расид.

Дантес, сарфи назар аз бурдбории одатиаш, худдорӣ карда натавонист ва якум шуда ба соҳил фурӯ ҷаст. Агар ҳад медошт, он гоҳ, Брутвор, замин мебӯсид.

Шаб торик буд. Соати ёздаҳ дар фазои баҳр моҳ тулӯъ кард ва сатҳи пурмавҷу ноороми онро нуқрафом гардонд; ҳар қадар қурси моҳ баландтар мебаромад, равшанияш бештар гардида, тӯдаи харсангҳои ин Пелиони сониро рӯшан мекард.

Ҷазираи Монте-Кристо ба ҳайати киштии «Амелияи навҷавон» шинос буд; ин яке аз истгоҳҳои одатии ин сафина буд. Дантес ҳар дафъа онро аз дур медид, даме, ки ба самти шарқ мерафтанд, вале ягон дафъа дар наздаш таваққуф накарда буд.

Вай ба Ҷакопо рӯ овард.

– Дар куҷо шабро мегузаронем?

– Дар болои сафина, – ҷавоб гардонд маллоҳ.

– Оё дар ғорҳо буданамон беҳтар нест?

– Дар кадом ғорҳо?

– Дар ғорҳои ҷазира.

– Ман он ҷо ҳеч гуна ғореро намедонам, – ҷавоб гардонд Ҷакопо. Ҷабини Дантес арақи сард баровард.

– Магар дар Монте-Кристо ғоре нест? – пурсид ӯ.

– Не.

Ҷавоби Ҷакопо Дантесро моту мабҳут кард; баъд аз дили ӯ гузашт, ки аз тасодуфан фурӯ рехтани сангу хок даҳони ғор масдуд шуданаш мумкин аст, ё эҳтимол, барои эҳтиёт худи кардинал Спада онро маҳкам карда бошад.

Дар ин ҳол, вазифа аз пайдо кардани сӯрохи масдуд гардида иборат аст. Шабона ҷустучӯ кардани он беҳуда коре мебуд; аз ҳамин сабаб Дантес ин корро ба рӯзи дигар вогузошт. Ғайр аз ин ишорате, ки аз баҳр, тақрибан ним мил дуртар аз соҳил баромад ва айни ҳамин ишорате дар ҷавоб ҳамонзамонӣ аз «Амелияи навҷавон» дардода шуд, хотиррасон кард, ки фурсати кор фаро расид.

Киштии таъхиркарда аз ишорати «Амелияи навҷавон», ки маънои боз будани роҳро дошт, хотирҷамъ гардида, дере нагузашта, бо пайкараи сап-сафед, бесадо, рӯъёвор фаро расид ва ягон ду саду бист қадам дуртар аз соҳил лангар андохт.

Ҳамонзамонӣ аз як киштӣ ба киштии дигар гузаронидани бор сар шуд.

Дантес кор карда истода, хаёлаш ба он нидоҳои сурурбахше рафт, ки ӯ метавонист бо як калимае дар миёни ин касон барангезад, агар вай андешаи муттасил дар дилаш хутуркунандаро шунаво ба забон меовард, фикре, ки лапи-лапи ба сараш меомад; вале ӯ нафақат розашро ошкор накард, – ӯ, баръакс, хавф бурд, ки алакай бе ин ҳам аз ҳад зиёд гап зад ва метавонист бо рафтораш шубҳае ба миён оварад, бо пурсуҷӯҳояш, ковучоваш, ташвишу тараддудаш. Ба бахти вай, ақаллан дар ҳамин маврид, гузаштаи пуразобаш дар қиёфаи ӯ нақши носутурдании андӯҳе боқӣ гузошта буд ва ба нудрат дар чеҳрааш пайдо шудани хушҳолӣ ба назар чун шаъшаъаи барқ тобиши яклаҳзагие мерасид, ки абри тундариро рӯшан мекард.

Ба ҳамин тариқ, ҳеч кас дар ваҷоҳати ӯ ягон ҳолати ғайри муқаррарие пайхас накард ва даме ки рӯзи дигар саҳарӣ Дантес туфанг, боруту сочма гирифту эълом кард, ки мехоҳад ба шикори бузҳои кӯҳие равад, ки бе ҳисоб дар шахпораҳо ҷасту хез доштанд, дар ин амр фақат рағбати шикор ё дилбастагӣ ба инзиворо диданд. Танҳо Ҷакопо хост ӯро ҳамроҳӣ кунад; Дантес аз бими он ки дар дилаш шубҳае бедор накунад, бо вай баҳс накард. Вале нав чанд қадаме рафта буданд, ки Дантес бузичае шикор кард ва аз Ҷакопо хоҳиш намуд ба назди рафиқон баргардад, ғаниматро кабоб кунанд, ҳамин ки наҳор тайёр шуд, бо тир парондан аз туфанг огоҳӣ диҳанд, то ки вай расида ояду насиба гирад; хушкмеваҳову машрабае майи монтепулчанӣ зинатафзои зиёфат хоҳад шуд.

Дантес роҳашро давом дода сари чанд гоҳ ба ақиб гашта назар мекард. Ба сари шахе баромада аз баландии ягон ҳазор фут поён нигариста рафиқонашро дид, ки Ҷакопо ба онҳо пайваста буд ва ҳамагӣ ба омода кардани хони таом машғул буданд.

Ӯ дақиқае бо табассуми ҳалиму ғамангези касе тарафашон назар афканд, ки афзалияти худашро пай мебурд.

– Баъди ду соат, – гуфт ӯ ба дилаш, – ин касон панҷоҳпиастрӣ дар киса сафарашонро давом медиҳанд, то ҷон ба каф гирифта, боз панҷоҳпиастрӣ ба каф оранд. Баъд ҳар кадомашон шашсадливрӣ андӯхта, чун султонон мағруру чун наввобон фориғбол дар ким кадом шаҳре пулҳояшонро барбод медиҳанд. Имрӯз ман бо умед умр ба сар мебарам ва ба дороии онҳо, ки дар назарам ниҳояти бечорагӣ метобад, нафрат дорам; пагоҳ, шояд, ки навмедие пеш оыяд маро, ва ман ин бечорагиро азимтарин саодате бишморам. Не, – нидо зад Эдмон, – ин ҳол пеш намеояд; Фариаи хирадманду дурусткирдор наметавонист иштибоҳе бикунад! Беҳтараш мурдан, ки ба ин зиндагии бенавоёнаю пур аз ғаму ғусса тан диҳад кас!

Ҳамин тавр, Дантес, ки се моҳ пеш фақат муштоқи озодӣ буд, акнун озодӣ қонеъ намегардондаш ва сарват мехост дилаш. Дар ин кор Дантес айбдор набуд, балки айб аз худованд буд, ки иқтидори инсонро маҳдуд гардонда, орзуву омоли беҳудуде ато карда буд ба ӯ. Дантес аз байни ду қатори сахраҳо, ки селобҳо пайраҳае кушода буданду эҳтимол то ба ҳол пои инсон пахш накарда будаш, роҳ паймуда ба он ҷое наздик мешуд, ки аз рӯи тахминаш бояд ғорҳо дар он ҷо мебурданд. Ӯ, ки қад-қади соҳил пеш рафтаву ба ҳар як чиз бо диққати тамом чашм медӯхт, дар тани баъзе сахраҳо нишонаҳоеро пайхас мекард, ки аз афташ ба дасти инсон нақш ёфтаанд.

Мурури айём, ки ҳар як ашёи моддиро дар зери ушна ниҳон мекунад чунон ки пардаи фаромӯшӣ ба рӯи ҳар чизи маънавию рӯҳонӣ фурӯ мекашад, ки нишонаҳои бозгӯи самтеро, ки эҳтимол, раҳнамое будаанд, эмин доштааст. Ин нишонаҳо, воқиан, зери бутаҳои шукуфони мӯрд ё гулсангҳо монда, гоҳо нопадид мешуданд. Дар ин маврид Эдмон шохаи бутаҳоро ба ду тараф тела медод ё ушнаҳоро мебардошт, то аломатҳои раҳнаморо, ки ба вай пару бол бахшида, бо ин роҳи нави пурпечухам пеш мебурдандаш, пайдо кунад. Кӣ медонад, магар ки худи кардинал, бехабар аз ғояти бадбахтии ба сари хонадони Спада омада нақш карда бошад, то раҳнамои бародарзодааш бишаванд? Ин ҷойгоҳи хилват маҳз созгори он буд, ки ганҷ нуҳуфта бишавад. Лекин мабодо ин нишонаҳои возеҳ ба чашми ғайре нарасида бошанд, чашми касоне, ки ин аломатҳои раҳнамо на баҳри ишон нақш ёфтаанд ва оё ин ҷазираи саршор аз аҷоиботи мармӯзӣ асрори мафтунгарашро маҳфӯз дошта бошад?

Дар масофаи ягон шаст қадам аз халиҷ Эдмон, ки ҳанӯз сахраҳо аз чашми рафиқон панаҳ медоштандаш, итминон ёфт, ки нишонаҳо ба поён расиданд; вале онҳо ба дари ғоре нарасонданд. Дар рӯбарӯи Эдмон сахраи гирдаи азиме истода буд, ки рӯи пояи мустаҳкаме қарор гирифта буд. Ӯ аз дил гузаронд, ки шояд, на ба интиҳо, балки ба ибтидои аломатҳо расида бошад;

Дар ин миён рафиқони ӯ ба тадоруки наҳор машғул буданд; аз сой рафта об мекашонданд, нону меваҷотро ба соҳил меоварданд ва гӯшти бузичаро кабоб мекарданд. Дар ҳамон дақиқае, ки онҳо кабобро аз сих мебароварданд, Эдмонро диданд, ки чусту ҷасур ғизолвор аз сахрае ба сахрае меҷаҳад; онҳо аз туфанг тир холӣ карданд, то ӯро огоҳӣ диҳанд. Ӯ ҳамонзамонӣ баргашту бо шаст ба сӯи рафиқонаш шитофт. Онҳо хеззаданҳои ҷасуронаи ӯро ба назора гирифта, беандешагиашро накӯҳиш мекарданд, ва нохост, гӯё мисли он, ки хавф бурдани онҳоро ҳақ барорад, Эдмон дар сари шахчае пешпо хӯрд; ӯ калавида ғалтид, оҳ гуфт ва аз назар ғоиб шуд.

Ҳама якбора парида хестанд, зеро ҳама ба Эдмон дил баста буданд, сарфи назар аз он, ки бар ҳамаашон афзалият доштани ӯро ҳис мекарданд. Лекин аз ҳама пеш Ҷакопо худашро ба назди ӯ расонд.

Эдмон ба хун оғӯштаву қариб беҳуш мехобид. Ӯ, зоҳиран, аз баландии дувоздаҳ-понздаҳ фут афтода буд. Ба даҳонаш чанд қатра ром рехтанд ва ин дору, ки боре ин қадар мадад карда будаш, ин дафъа низ ҳамон тавр таъсири роҳатбахше расонд.

Эдмон чашм кушоду аз дарди шадиди зонуяш, вазнинии сараш ва дарди тоқатфарсои миёнаш шиква кард. Хостанд ӯро бардошта ба лаби баҳр банард. Вале ҳамин ки аз ҷояш хезонданӣ шуданд, агарчи ба ин кор Ҷакопо сарварӣ мекард, ӯ нолише дардоду изҳор кард ки қудрате надорад ба аз ҷое ба ҷое бурдани худаш тоб оварад.

Бадеҳист, ки Дантес парвои бузича надошт; вале ӯ талаб кард, ки дигарон, ки чун вай ба рӯза гирифтан асосе надоштанд, гашта лаби баҳр раванд. Худи ӯ бошад, ба қавли худаш, фақат ба истироҳат эҳтиёҷ дошт ва ба онҳо ваъда дод, ки то гашта омаданашон аҳволаш беҳтар мешавад.

Маллоҳон дигар ба ташвиқ кардани худашон нигарон нашуданд; онҳо гурусна буданд, бӯи кабоби гӯшти бузича ба машомашон мерасид, гургони баҳрӣ бошанд, дар муомила бо якдигар такаллуфро хуш надоранд.

Баъди ягон соат онҳо гашта омаданд. Ҳар он чи дар ин миён Эдмон ба иҷро карданаш қодир буд, – ин чанд қадаме дилғеҷ пеш рафтан ва ба сахраи ушназеркарда такя кардан буд.

Вале дардаш на ин ки таскин наёфта буд, балки, зоҳиран, боз шадидтар шуда буд. Пирамарди нохудо, ки ҳамон саҳар ба роҳ баромаданаш зарур буд, то борро дар сарҳади Пйемонту Фаронса миёни Ниттса ва Фрежус фурорад, исрор мекард, ки Дантес илоҷе карда бархезад. Дантес бо саъйи берун аз қудрати инсон хоҳиши ӯро ба ҷо овард, вале бо ҳар зӯр задан бо ранги кандаву ҳоли табоҳ аз нав фурӯ меафтид.

– Қабурғаҳояш шикастаанд, – гуфт зери лаб нохудо. – Дар ҳар ҳол вай рафиқи хубест ва набояд партофта равемаш; кӯшиш мекунем бардошта ба сафина баремаш.

Лекин Дантес эълом дошт, ки вай ба мурдани дар ҷояш розӣ мешаваду ба таҳаммул кардани азобе, ки андак ҷунбише ба он боис мегардад, тан намедиҳад.

– Хайр, чӣ илоҷ, – гуфт нохудо. – Ҳар чӣ бодо бод. Бигзор мардум гуфта нагарданд, ки мо ту барин бачаи олиҷанобро бе мадад гузоштем. Мо на пештар аз фардо расидани бегоҳ лангар мебардорем.

Ин пешниҳод маллоҳонро хеле ҳайрон кард, агарчи ҳеҷ кадомашон эрод нагирифтанд, – баръакс. Нохудоро чун каси сахтгиру аниқкор медонистанд ва боре нашудааст, ки вай аз нияташ гашта бошад ё иҷрои онро ба таъхир андохта бошад. Бинобар ин Дантес раво надид, ки аз барои вай шуда қоидаи тартиботи маъҳуд дар киштӣ хилоф карда шавад, ин гӯшношунид коре мебуд.

– Не, – гуфт ӯ ба нохудо, – ман худам айбдорам ва барои ин ноӯҳдабароӣ бояд сазоямро бинам: ба ман барои захира каме нонқоқ, туфанг, боруту тир гузоред – то буз шикор бикунам, ё шояд барои муҳофизати худ ҳам, ва метин, то ки ба худам сарпаноҳ дуруст карда тавонам, мабодо дар гашта омадани шумо таъхир афтад.

– Вале ту аз гуруснагӣ мемирӣ, – гуфт нохудо.

– Ман мурданро афзал медонам, – ҷавоб гардонд Эдмон, назар ба он, ки ба азоби тоқатфарсо таҳаммул бикунам.

Нохудо ҷониби халиҷи хурдакаке, ки «Амелия» рӯи мавҷҳояш алвонҷ хӯрда, омодаи ба баҳр баромадан буд, назар андохт.

– Бо ту чӣ кор кунем, э ҷавони малтӣ? – гуфт ӯ. – Мо туро партофтан наметавонем, вале таваққуф карданамон ҳам мумкин нест.

– Биравед! – гуфт Дантес.

– Ғайбати мо на камтар аз як ҳафта тӯл мекашад, – ҷавоб гардонд нохудо, – ва боз ба мо лозим меояд аз роҳ тоб хӯрем, то ки омада туро гирем.

– Гӯш кунед, – гуфт Дантес, – агар баъди ду-се рӯз ба заврақи моҳигирие ё ягон заврақи дигари ба ин сӯ ояндае дучор оетон, дар он сурат бигӯед, то вай омада маро гирад, ман барои ба Ливорно расонданашон бисту панҷ пиастр музд медиҳам. Агар ба ҳеҷ касе вонахӯретон, худатон гашта меоед.

Нохудо калла ҷунбонд.

– Гӯш кунед, нохудо Балди, роҳи ҳалли масъала осон, – гуфт Ҷакопо, – бираветон, ман бошам, ҳамроҳи маҷрӯҳ ин ҷо мемонаму парасториаш мекунам.

– Ва ту розӣ ҳастӣ, ки дар тақсими фоида аз ҳиссаи худат даст кашӣ, – пурсид Эдмон, – то ки ҳамроҳи ман бимонӣ?

– Оре, – ҷавоб гардонд Ҷакопо, – ва афсӯс ҳам намехӯрам.

– Ту бачаи хубе ҳастӣ, Ҷакопо, – гуфт Дантес, – барои ин нияти нек худо хайрат диҳад; ташаккур ба ту, вале ман ба касе мӯҳтоҷ намешавам. Як-ду рӯзаке дам гирифта, қувват мегирам, дар миёни ин сахраҳо умед дорам, ки гиёҳҳоне биёбам – давои олиҷаноби лату зарб.

Ва табассуми мармузие дар лабони Дантес гул кард; вай дасти Ҷакопоро сахт фишурд, аммо дар қарори бозмондан дар ҷазира, инчунин якаву танҳо истодан, устувор буд.

Қочоқчиҳо ҳар он чи Эдмон хоҳиш карда буд, наздаш фурӯ гузоштанду бирафтанд, ҳар замон дӯстона бо вай падруд гуфтанӣ шуда, баргашта ҷонибаш назар мекарданд, ки ба ин Эдмон, мисле ки маҷоли ҷунбидан надошта бошад, фақат як дасташро бардошта, ҷавоб мегардонд.

Даме ки онҳо тамоман аз назар ғоиб шуданд, Дантес бихандид.

– Аҷоиб, – зери лаб гуфт ӯ, – ки маҳз дар миёни ин гуна одамон садоқату дӯстӣ меёбад кас!

Баъд вай эҳтиёткорона ба сари шахча хазида баромад, шахчае, ки баҳрро аз назари ӯ панаҳ медошт ва аз ҳамон ҷо сафинаро дид, ки тадоруки сафарро ба анҷом расонда, лангар мебардошт, сабук алвонҷ хӯрд, ба мисоли моҳихӯраке, ки бол мекушояд ва ба пеш ҳаракат кард.

Соате пас вай аз назар ғоиб шуд, – ба ҳар ҳол, аз он ҷое, ки маҷрӯҳ дароз кашида буд, дида намешуд.

Он гоҳ Дантес тохта хест, чақонтару сабуктар аз ғизоли ёбоие, ки дар сари шахчаҳои урён миёни дарахтони мӯрду сершилм ҷасту хез карда мегашт, ба як даст туфангу ба дасти дигараш метинро гирифта ба зери ҳамон шахе тохт, ки нишонаҳои дар тани сахраҳо дидааш поён ёфта буданд.

– Ана акнун, – афсонаи «Ҳазору як шаб»-ро, ки Фариа ҳикоят карда будаш, ба хотир оварда, нидо дардод, – акнун, Симсим, дарро кушо!

пешина
аз 99
навбатӣ