Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XXI. ҶАЗИРАИ ТИБУЛЕН

Дантес, ки гӯшаш қулф зада, қариб нафасгардон шуда буд, ба ҳар ҳол ақл карда нафасашро боздошт; ва азбаски дар дасти росташ кордро омода дошта меистод, зуд халтаро чок заду дасташро баровард, баъд сарашро; аммо, сарфи назар аз ҳар қадар зӯр зада боло бардоштани вазна, вай ҳамчунин ӯро ба қаър мебурд; он гоҳ хам шуду даст–даст карда бандеро ёфт, ки бо он пойҳояш бастагӣ буд ва охирин бор як зӯр зада дар ҳамон лаҳзае онро бурид, ки акнун нафасгардон шуда истода буд;

бо пояш силкак дода, худашро рӯи об гирифт, дар ин миён вазна катони дуруштро, ки қариб кафанаш гардида буд, кашола карда ба қаъри баҳр бурд.

Дантес фақат як бор нафас рост карду аз нав ғӯта хӯрд, зеро тарсаш аз он буд, ки мабодо пайхас накунандаш.

Вақте ки дафъаи дуюм сар баровард, вай акнун камаш понздаҳ қадам аз ҷои афтодааш дур шуда буд; вай дар болои сараш осмони тираи тундариеро дид, ки абрҳояш дар шино буданд; гоҳ–гоҳе аз қабати абрҳо пораи лоҷвардӣ бо ситорагони чашмакзанаш намудор мегардид; дар пешаш паҳнои тираву тӯфонӣ доман густурда буд, ки дар сатҳи он мавҷҳои ба талотум омадаистода аз фалокате дарак медоданд, дар ақиби он бошад, тиратар аз баҳру аз осмон, ба мисоли шабаҳи бадхашм азамати хоропайкаре намудор буд, ки теғаи сиёҳаш ба назар дасте метофт ба сӯи тӯъмаи аздастрафта дароз шудааст; дар сари шахпораи аз ҳама баланд шӯълаи фонус ду суроберо равшан карда чашмак мезад.

Ба назари Дантес чунин тофт, ки ҳар ду суроб беқарор хам шуда ба баҳр менигаранд. Ин гӯрковони хос, аз афташ, бонги ӯро дами афтодан шунидаанд. Бинобар ин Дантес боз ғӯта заду таг–таги об шино кардан гирифт. Ин усули шино як замоне бисёр ошно буд ба вай ва дар халиҷи Фаро ҳаводорони сершумореро ба гирдаш ғун мекард, ки борҳо ҳунармандтарин шиноваре дар Марсел эътирофаш кардаанд.

Даме ки вай рӯи об баромад, фонус ғоиб шуда буд. Вай чашм ба атроф давонд. Аз ҷазираҳое, ки дар қарибиҳои қалъаи Иф буданд, Ратонно ва Помег – наздиктаринанд; аммо Ратонно ва Помег ҷазираҳои маскунанд, ҷазираи хурдакаки Дом низ маскун аст, аз ҳамин ҷиҳат аз ҳама мӯътамад – ҷазираҳои Тибулен ва Лемер; ҳар ду аз қалъаи Иф дар масофаи як миланд.

Дантес бо вуҷуди ин қарор дод, то яке аз ҳамин ҷазираҳо шино карда равад. Вале дар зулмати шаб чӣ тавр метавон онҳоро ёфт, ки ҳар лаҳза ҳаво то рафт ториктар шуда истодааст?

Дар ҳамин дақиқа чашмаш ба минои чун ситора тобони Планйе афтод.

Рост ба сӯи мино роҳ гирифта, вай ҷазираи Тибуленро андак тарафи чап мегузошт. Пас, андак аз самти чап равон шуда, вай бояд дар сари роҳаш ба ин ҷазира дучор меомад.

Лекин мо алакай гуфтем, ки аз қалъаи Иф то ин ҷазира камаш як мил роҳ аст.

Борҳо дар зиндон ба маъюсию коҳилӣ афтодани Эдмонро дида Фариа мегуфт: «Дантес, аз беҳаракатӣ тарсед, агар қуввати худро машқ надиҳед, дар роҳи наҷот ғарқ мешавед».

Ин дам дар вуҷуди худаш вазнинии маргбори обро ҳис карда, Дантес насиҳати пирамардро ба ёд овард; ӯ шитобан ғӯта зад ва ба мавҷбурӣ даромад, то бисанҷад, оё қуввати собиқаш боқист ё не; ӯ бо тараб итминон ҳосил кард, ки беҳаракатии ғайри ихтиёр ягон зара бурдбории чолокиашро кам накардааст ва ҳис кард, ки чун пештара ба тӯфони баҳр, ки аз бачагиаш ба он одат карда буд, муқобил истода метавонад.

Ғайр аз ин тарс, ин таъқибгари доимӣ, қувваи Дантесро як бар ду меафзуд.

Мавҷ бурида истода, ӯ гӯш меандохт, оё садои шубҳаноке шунида мешавад ё не. Ҳар дафъа, ҳамин ки ба ёлаи мавҷ мебаромад, тезу тунд ба уфуқ чашм медавонд, зӯр мезад пардаи ғафси зулматро бишкофад. Ҳар як мавҷи аз дигараш баландтар дамида ба назараш заврақе метофт, ки ба таъқиби ӯ фиристодаанд ва дар ин сурат тезтар шино мекард, вале дар айни замон мадораш хушк мешуд.

Лекин ӯ дам нагирифта шино мекард ва қалъаи ҳайбатнок батадриҷ ҳамранги шаби тор мешуд. Вай дигар онро намедид, вале ҳоло ҳам ҳис мекард.

Бад–ин минвол аз байн ягон соат гузашт, ки дар имтидоди он Дантеси аз эҳсоси зиндагибахши озодӣ рӯҳбаланд гардида дар самти пешгирифтааш ҳамчунин мавҷ мебурид.

«Қариб як соат мешавад, ки шино дорам, – ба худ гуфт ӯ, – вале шамол мухолиф, ва ман, шояд чоряки суръатамро талаф дода бошам. Бо вуҷуди ҳамин, агар роҳгум назада бошам, эҳтимол, ман ин дам дар қарибии Тибулен бошам. Лекин агар раҳгум зада бошам чӣ!»

Ларза ба андоми шиновар афтод. Ӯ хост барои дам гирифтан рӯболо хобад; вале баҳр торафт тӯфонӣ мешуд, ва дере нагузашта ӯ дарёфт дамгирие, ки умед бар он баста буд, аз имкон берун аст.

– Хайр чӣ, – гуфт ӯ, – шино мекунам, то даме ки имкон дорад, то даме ки дар бозувонам мадор ҳаст, то даме ки ихтилоҷ бар ман наяфтад, баъди он ба қаъри баҳр фурӯ меравам!

Ва ӯ бо ҷадал ва матонати бебокона шиновариро давом додан гирифт.

Нохост ба назараш чунин тофт, ки осмони бе ин ҳам тира, боз ҳам ториктар шуда истодааст ва абри ғализи вазнини ғафс ба сараш фуруд меояд; дар ҳамин ҳин вай дар зонуяш дарди шадиде ҳис кард. Барқвор аз хаёлаш гузашт, ки ин зарби тир аст ва ҳамин замон садояшро низ хоҳад шунид; вале садои тир набаромад. Дантес даст дароз кард ва дасташ ба ким–чии сахте расид. Пояшро қат кард, ки ба замин бархӯрд. Он гоҳ пай бурд, ки чӣ чизеро абр гумон бурдааст.

Ягон бист қадам дуртар аз ӯ як тӯда шахпораҳои аҷоибу ғароиби шабеҳ ба гулхани азиме сар ба фалак кашида буданд, ки ҳини забона кашида сухтанашон баякбор санг гаштаанд. Ин ҷазираи Тибулен буд. Дантес бархост, чанд қадам ба пеш монду шукри худоро ба ҷо овард, рӯи сахраҳои хорониҳод дароз кашид, ки дар ин дақиқа аз нармтарин бистар ҳам мулоим тофт дар назараш.

Баъд, қатъи назар аз шамолу тӯфону борони дарпайваста чун касе ба хоби ширин даршуд, ки танаш шах шудаасту дилаш ба дарки бахти ғайри чашмдошт бедор аст.

Соате пас наъраи гӯшхароши тундар Эдмонро бедор кард. Тӯфон валвала дошт ва дар ҷараёни парвози баландсуръат бол ҳам ба баҳр мезаду ҳам ба фалак. Барқ ба сони мори оташпайкар шунаҳ дода, амвоҷу абрҳоро рӯшан мекард, амвоҷеро, ки ғел гашта, аз якдигар пеш мегузаштанд, мисле ки хокрези ҳарҷумарҷи беохир бошанд.

Чашми корозмудаи маллоҳ иштибоҳ накард. Дантес ба яке аз ду ҷазира баромад, – ҳамин ҷазира ҷазираи Тибулен буд. Дантес медонист, ки ин шахи бегиёҳи чор тарафаш кушода, ягон ҷои сар панаҳ кардан надорад. Вале ӯ ният дошт, ки ҳар гоҳ тӯфон фурӯ нишинад, боз худашро ба об андозаду шинокунон ба ҷазираи Лемер расад, ҷазираи ҳамин барин беодам, вале андак кушодтар ва бинобар ин нисбатан макони осоиш.

Шахи муаллақ барои Дантес сарпаноҳи муваққатӣ гардид; вай дар зери он паноҳ ёфт ва қариб дар ҳамон дақиқа тӯфон бедодгарона валвала оғоз кард.

Эдмон ҳис кард шахпорае, ки вай дар зераш паноҳ бурда буд, ларзидан дорад. қатраҳои оби мавҷҳо, ки омада ба доманаи ин сахраи азамат бармехӯрданд, парида то ба ӯ мерасиданд. Агар чи вай дар ҷои бехавфе қарор дошт, вале аз валвалаи муҳибу аз шӯълаи чашмхиракунандаи соиқа сараш чарх задан гирифт; ба назараш чунин мерасид, ки ҷазира дар зери пояш ба ларза омад ва ҳамин замон чун киштӣ аз лангар раҳо шуда ӯро ба ин гирдоби бало мебарад.

Ҳамин дам ба ёдаш расид, ки як шабонарӯз ин ҷониб чизе нахӯрдаат; ӯро гуруснагӣ азоб медоду ташнагӣ беҳол мекард. Дантес дасту сарашро ёзонда аз ҷӯяҳои сатҳи шахпора бо оби борон ташнагиашро шикаст.

Дар ҳамон лаҳзае, ки вай сар боло карда буд, оташак, ки ба назари кас осмонро то пойгоҳи маснади худовандӣ ду бахш мекард, соҳати баҳрро мунаввар сохт; дар шӯълаи барқ миёни ҷазираи Лемеру димоғаи Круавил, ягон чор мил дуртар аз Дантес, ба мисоли шабаҳ, киштии хурдакаки моҳигирӣ пайдо шуд, ки шамолу мавҷҳо ба ҳар сӯ мебурдандаш. Баъди ягон сония ин шабаҳ, ки бо суръати ниҳоят баланд пеш меомад, дар сари теғаи мавҷи дигаре пайдо шуд. Дантес хост ҷеғ занад, хост ягон латтапорае ёбад, то ба ишорати рамзӣ хабар диҳад, ки ба сӯи ҳалокат рафта истодаанд, вале онҳо худашон медонистанд инро; дар шунаҳи оташаки нав Эдмон чор касро дид, ки аз сутуни киштӣ ва таноби он дошта меистоданд, каси панҷум дар сари суккони шикаста меистод. Ин одамон низ, эҳтимол, ӯро дида бошанд, зеро садоҳои навмедонае, ки сафири шамол фурӯ менишондашон, ба гӯши ӯ расид. Дар сари сутуни чун чӯбаи най хамоварда бодбони ҷиғда–ҷиғда дир–дир дошт; нохост арғамчинҳое, ки онро то ҳол дошта меистоданд, канда шуданд, шамол онро бардошт ва бодбон ба мисоли мурғи сафеди азимҷуссаи аз миёни абрҳои сиёҳ падидоянда, дар жарфои осмони тира аз назар ғоиб шуд.

Ҳамон лаҳза қарсаси гӯшхароше баромад; Дантес бонги одамони маҳкуми ғарқобро шунид. Дантес абулҳавлвор ба сахраи худаш часпида, ба гирдоби баҳр менигарист ва ҳини дурахши нави барқ киштияки шикастаеро диду дар миёни он чеҳраҳои лоилоҷу дастони ба сӯи осмон бароварда шудаеро.

Сипас ҳама дар зулмати шаб нопадид гардид; ин рӯъёи мудҳиш аз дурахши барқ бештар давом накард.

Дантес рӯ–рӯи шахи лағжонак, ҳар дақиқа ба хатари фуруд афтодан ба баҳр дучор омада, поён ҳаво хӯрд. Ӯ чашм медавонд, гӯш меандохт, вале на чизе дида мешуд ва на шунида; на садое буду на касе; фақат тӯфон буд, ки якҷоя бо шамол ҳамчунин наъра мекашиду якҷоя бо мавҷҳо кафк мекард.

Майда–майда шамол хомӯш гардид; пораҳои калон–калони абри хокистариранг, ки гӯё аз раъду барқ рангпарида шуда буданд, тарафи ғарб мешитофтанд; осмони лоҷвардӣ бо ситораҳои аз аввала равшантараш аз нав пайдо шуд. Дере нагузашта дар самти шарқ як тасмаи сербари сурхча бар уфуқи кабуди сиёҳчатоб хатте баркашид; мавҷҳо бардамида аз нури ногаҳоние дурахшиданд, теғаҳои кафколудаш ба ёлҳои зарин бадал шуданд.

Рӯз фаро расида буд.

Дантес беҳаракат ва бесадо бар ин манзараи боазамат менигарист, гӯё бори аввал медида бошад инро. Воқиан ҳам дар ин муддате, ки маҳбуси қалъаи Иф буд, чи тавр тулӯъ кардани офтобро аз ёдаш бурда буд. Ӯ рӯ ҷониби қалъа гардонду муддате бар замину ба об чашм дӯхта истод.

Бинои тира – посдору ҳукмраво – аз даруни мавҷҳо бо ҷабарути бетараҳҳумаш қомат афрошта буд.

Соатҳои панҷи саҳар буд; баҳр батадриҷ ором мегирифт.

«Баъди ду–се соат, – гуфт дар дил Эдмон, – зиндонбон ба камераи ман медарояд, ҷасади дӯсти бечораи маро ошкор мекунад, ӯро мешиносад, баръабас маро меҷӯяду бонги изтироб дармедиҳад; он гоҳ сӯрохи нақбро пайдо мекунанд; аз касоне ки маро ба баҳр афканда буданд, пурсон мешаванд, эҳтимол онҳо садои маро шунида бошанд. Ҳамонзамонӣ ба таоқуби гурезаи сарсахт, ки зоҳиран, ин қадар дур нарафтагист, заврақи сарбозони мусаллаҳро мефиристанд. Шиллики тупҳо атрофу акнофи соҳилро огоҳ мегардонад, ки ба гурезаи гуруснаву урён сарпаноҳ набояд дод, политсияи Марсел хабар ёфта, соҳилро дармепечонад, дар ин миён қутволи қалъаи Иф ба кофтукови баҳр медарояд. Он гоҳ чӣ мешавад? Даруни об дар иҳота, дар хушкӣ рӯз надорам, сарамро ба куҷо мезанам? Гурусна, сармозада, ҳатто корди ҷонхаридро фурӯ афкандам, зеро ба шино кардан халал расонд; ман дар ҳукми аввалин каси ростомадаам, ки мехоҳад маро баста диҳаду бист франк пул ба даст оварад. Дигар на тавон дорам, на қудрати фикр кардану на матонат! Худоё! Худовандо! Ту азобамро нозир астӣ, мадад кун, зеро худамро мадоре намондааст!»

Дар ҳамин дақиқа, ки Эдмон аз бефараҳӣ дар ҳолати нимҳазён бе он ки ба андеша рондан қудрате дошта бошад, зери лаб бо тавозӯъ ин муноҷот дар забонаш ҷорӣ буду бо ҳарос ҷониби қалъаи Иф назар мекард, дар қарибии канори ҷазираи Помег киштии хурдакакеро дид, ки чун моҳихӯраке дар сатҳи баҳр бо суръат пеш меомад; – фақат чашми маллоҳ қудрати онро дошт, ки дар қитъаи ҳанӯз нимторики баҳр сафинаи генуиро ташхис бидиҳад. Вай аз бандаргоҳи Марсел ба баҳри кушод баромада меомад ва кафки тобон пеш–пеши сари борикаш ду бахш шуда ба паҳлуҳои нимдоирааш роҳ мекушод.

– Дар зарфи ним соат, – нидо зад Эдмон, – ман метавонистам ба ин киштӣ бирасам, агар хавф аз ин намебурдам, ки маро пурсуҷӯ мекунанд, кӣ буданамро дармеёбанд ва гашта ба Марсел мебаранд! Чӣ бояд кард? Ба онҳо чӣ ҷавобе мебояд дод? Чӣ матале бояд бофт, то кас бифиребад онҳоро? Ин мардум – қочоқчианд, нимроҳзан. Дар зоҳир аҳли тиҷорат намоянд ҳам, ба ғорат машғуланд ва ғолибан маро дар баҳои дастмузде баста медиҳанд, назар ба он, ки ба амали бериёи хайре иқдом бикунанд.

Сабр мекунем...

Аммо имкони сабр нест; ман аз гуруснагӣ мемирам, пас аз соате чанд охирин қуввате, ки дорам, тарк мегӯяд маро; илова бар ин соати боздиди зиндонбонон қариб аст; ҳанӯз бонги изтироб дарнадодаанд;

шояд аз ман гумонбар нашаванд; ман метавонам худро маллоҳи ҳамон киштияки шабона шикаста биномам; ин ба ҳақиқат наздик хоҳад буд, касе нест, ки маро фош кунад, онҳо ҳама ғарқ шуданд. Инак, ба пеш!..

Дантес ба он тарафе, ки киштии хурдакак шикаст, нигоҳ карду як қад парид. Дар рӯи шах, дар нӯки барҷастагии санге кулоҳи фригии яке аз маллоҳони ғарқшуда андармон шуда овезон истода буд, дар ҳамон қарибиҳо бошад, тахтапораю чӯбҳои вазнини киштӣ рӯи мавҷҳо алвонҷ хӯрда, мисле, ки нӯки киштии зиреҳпӯши оҷизе бошанд, ҳар гоҳ пеш омада ба доманаи ҷазираи сангниҳод бармехӯрданд.

Дантес охирин шаку шубҳаро аз дил дур кард; ӯ шинокунан худашро ба кулоҳ расонд, онро ба сараш пӯшонду яке аз чӯбҳоро дошт ва роҳи сафинаи генуиро миёнабур карда ба шино даромад.

Акнун наҷот ёфтам, – зери лаб гуфт ӯ.

Ин дилпурӣ ба вай қувват бахшид.

Дере нагузашта ӯ сафинаро дид, ки қариб ба муқобили шамол ҳаракат карда, миёни қалъаи Ифу бурҷи Кланйе роҳро чапғалат дода ба чапу рост тоб хӯрда пеш меомад. Вай гоҳо хавф мебурд, ки сафина ба ҷои он ки қад–қади соҳил ҳаракат кунад, тарафи баҳри кушод меравад, чунон ки агар роҳаш ба сӯи Корсика ё Сардиния бошад, бояд чунин мекард; вале дере нагузашта аз рӯи гашташ вай итминон ҳосил кард, ки сафина дар тараддуди гузаштан аз байни ҷазираҳои Жаросу Каласарен аст, ки одатан киштиҳои ба Итолиё раванда мекунанд.

Дар ин миён сафинаву шиновар ноаён ба ҳамдигар наздик мешуданд; дар яке аз тоб хӯрданҳояш сафина ҳатто аз Дантес дар масофаи ягон чоряки мил қарор гирифт. Ӯ нисфи танашро аз об бароварду кулоҳашро алвонҷ дода, бо рамз ишорат карда, ба фалокат дучор шуданашро хабар дод; вале касе пайхас накард ӯро; сафина сукконашро гардонду равишашро рост кард, Дантес хост садо диҳад, вале, масофаро ба чашм тахмин кард, дарёфт, ки овозаш то ба он намерасад – шамол ба вай монеъ мешаваду шув–шуви мавҷҳо садояшро пахш мекунад.

Ин дам ӯ дарёфт, барояш чӣ хушбахтие будааст, ки чӯбро гирифтааст. Ӯ чунон бефараҳ шуда буд, ки то вохӯрдани бо сафина дар гумон буд бе ин чӯб дар рӯи об дошт диҳад, рафту сафина ӯро пайхас накарда аз канораш гузашта мерафт, ҳол он ки ин аз эҳтимол ҳеҷ дур набуд, дар он сурат муқаррар то ба соҳил расида наметавонист.

Агар чи Дантес ба самти ҳаракате, ки сафина пеш гирифта буд, қариб ки шак надошт, ӯ ба ҳар ҳол на бе изтироб аз паси он назора мекард, то ин ки дид, вай боз тоб хӯрду ҷониби худаш меояд.

Он гоҳ Дантес тамоми қувваташро як ҷо монда, дар рӯи об қариб ки барқад рост хеставу кулоҳашро алвонҷ дода истода, бо он бонги шикваомези каси маҳкуми ғарқ нидое дардод, ки чун фиғони ҷини баҳрӣ садо медиҳад.

Ин дафъа ӯро диданду овозашро шуниданд. Сафина роҳашро тағйир доду ба тарафи ӯ баргашт; дар айни замон вай дид, ки дар тараддуди заврақро фурӯ гузоштананд. Дақиқае пас заврақ бо ду нафар белзан ба сӯи ӯ роҳ гирифтанд. Он гоҳ Дантес ба гумони ин ки ба чӯби муттакояш дигар зарурате намондааст, онро аз дасташ раҳо карду ба истиқболи балзанҳо ба шино даромад, то таноби роҳи миёни худашу онҳоро бикашад. Аммо шиновар мадори рафтаашро ба ҳисоб нагирифта буд; вай сахт пушаймон шуд, ки бо чӯбпораи дар масофаи ягон сад қадам дуртар аз худаш ин дам рӯи мавҷҳо коҳилона алвонҷ хӯрда истода падруд гуфта буд. Дастонаш карахт шуданд, пойҳояш чустии ҳаракатро гум карданд, дасту пой заданҳояш лавандвору ҷонҳавлакӣ шуданд, нафас ҳар дам дар қафаси синааш танг мешуд.

Ӯ бори дуюм нидо зад; белзанҳо ғайраташонро дучанд карданд ва яке аз онҳо ба итолиёвӣ ҷонибаш овоз баровард:

– Тоқат кун!

Ин калом дар ҳамон лаҳзае ба гӯшаш расид, ҳине ки вай дигар мадори шино карда худро ба рӯи мавҷ гирифтан надошт, мавҷ шалпасзанон пахшаш карду таги кафк монондаш. Вай даруни об бемадору навмедона дасту пой зада, бори дигар худро ба рӯи об гирифт, дафъаи сеюм нидо бароварду ҳис кард, ки ба баҳр фурӯ рафта истодааст,мисле ки санги вазнин ҳоло ҳам дар пояш бастагӣ бошад.

Об гӯраш кард ва аз миёни он вай осмони қуткандаи дар рӯяш доғҳои сиёҳро дид.

Вай бо саъйи ғайри қобили таҳаммули инсон бори дигар зӯр заду боз рӯи об баромад. Ба назараш чунин тофт, ки аз мӯи сараш дошта истодаанд; баъди ҳамин дигар ҳеҷ чизро надид, ҳеҷ чизро нашунид; аз ҳуш рафта буд ӯ.

Ба ҳуш омадаву чашм боз карда, Дантес худро дар аршаи сафина дид, сафинае, ки роҳашро давом медод. Аввалин ҳаракаташ нигаристан буд, бинад сафина ба кадом самт равон аст; вай аз қалъаи Иф дур мешуд.

Дантес чунон бемадоре буд, ки нидои шодиомезаш чун нолиш садо дод.

Инак, Дантес рӯи арша хобида буд; яке аз маллоҳон бо рӯйпӯши пашмина ӯро молиш медод; дигаре, ки вай дар симояш ҳамон каси «Тоқат кун!» гуфтаро шинохт – ба даҳонаш сари қумқумаро дароварданӣ мешуд; сеюмӣ, баҳрнаварди кӯҳансол, ки дар айни замон ҳам нохудо буду ҳам соҳиби киштӣ, бо тараҳҳуми худпарастонае менигарист, ки одатан одамон ҳангоми пеш омадани бадбахтӣ ҳис мекунанд, бадбахтие, ки дирӯз сипарӣ шудаасту фардо эҳтимоли рух додан дорад.Чанд қатра роми қумқума ба Дантес қувват бахшид, аммо молише, ки маллоҳи сари зону дар канораш нишаста бо саъйи тамом ба ҷо меовард, чустии узвҳои шах шудаашро барқарор кард.

– Чӣ касед шумо? – пурсид ба забони шикастаи фаронсавӣ хоҷаи сафина.

– Маллоҳе мебошам аз Малта, – ҷавоб гардонд Дантес ба забони шикастаи итолиёвӣ, – мо аз Сиракуза меомадем, борамон май буду катон. Тӯфони дирӯза дар димоғаи Моржион дарёфт моро ва киштии мо ҳо ба сахраҳои он шах зада бишикаст.

– Шинокунон аз куҷо меомадед?

– Ба сахрае часпида баромадан ба ман муяссар шуд, нохудои бечораи мо бошад, сараш ба санг зада кафид. Се нафари дигар ғарқ шуданд. Эҳтимол як ман зинда монда бошам; ман сафинаи шуморо дидаму аз дуру дароз дар ин ҷазираи холии ғайри маскун мондан тарсида, қарор додам бо шикастапораи киштии худамон шино карда то ба шумо расам. Ташаккур ба шумо, – давом дод Дантес, – ҷонамро халос кардетон; ман акнун ғарқ шуда истода будам, ки яке аз маллоҳони шумо аз мӯи сарам дошт.

– Ин ман, – ҷавоб дод маллоҳи кушодачеҳраи хушвохӯрд, ки бакенбарди сиёҳе дошт, – лекин сари вақт расидем: шумо акнун ба қаъри баҳр фурӯ рафта истода будед.

– Оре, – гуфт Дантес, дасташро ҷониби вай дароз кард, – оре, дӯстам, бори дигар ташаккур ба шумо.

– Рости гап, қариб дудила шуда будам, – давом дод маллоҳ, – ин қадар мӯятон расидааст, ки ман шуморо роҳзан гумон бурдам.

Дантес ба ёд овард, ки дар тамоми муддати зиндонии қалъаи Иф буданаш ягон бор мӯи сар кӯтоҳ накардаву риш натарошидааст.

– Оре, гуфт ӯ, – дар лаҳзаи хатар ман ба моми худованди дел Пйе де ла Гротта назр карда будам, ки даҳ сол мӯй қайчӣ назанаму риш натарошам. Имрӯз мӯҳлати назрам ба поён мерасад ва дар арафаи солона андаке монда буд, ки ғарқ шавам.

– Лекин акнун моро бо шумо чӣ бояд кард? – пурсид хоҷа.

– Сад дареғ! – гуфт Дантес. – Ҳар чӣ худатон хоҳед; сафинаи бодбоние, ки ман дар он шино доштам, нобуд гардид, нохудояш ғарқ шуд. Чунон ки дидед, ман ҷон ба саломат бурдам, вале лучи модарзод мондам. Хушбахтона ман маллоҳи бад нестам; дар аввалин бандаре, ки ба он ворид мешавед, маро фуроред ва ман дар ҳар як киштии тиҷоратӣ кор меёбам.

– Шумо баҳри Миёназаминро медонед?

– Ман аз бачагӣ дар ин ҷо шино дорам.

– Шумо лангаргоҳҳои хуберо медонистагистед?

– На андак бандарҳое ёфт мешаванд, ҳатто мушкилтаринашон, ки ман бо чашмони баста даромадаю баромада наметавониста бошам.

– Боке нест, хоҷа! – гуфт маллоҳе, ки «Тоқат кун!» гуфта ба Дантес садо зада буд, – агар гапи ин рафиқ рост бошад, чаро ҳамроҳи мо намонад?

– Оре, агар гапаш рост бошад, – ҷавоб гардонд хоҷа бо лаҳне, ки нобоварӣ дар он ҳис мешуд. – Аммо дар вазъияте, ки ин бечора дорад, кас бисёр ваъда медиҳаду он чи метавонад, хамонро ба ҷо меоварад.

– Ман аз он чи ваъда додам, бештар ба ҷо меоварам, – гуфт Дантес. – Оҳо! – гуфт хоҷа хандакунон. – Мебинем.

– Ҳар вақт ки хоҳед, – ҷавоб гардонд Дантес бархоста истода. – Шумо ба куҷо равонед. – Ба Ливорно.

– Ин тавр бошад, ба ҷои он ки ба муқобили шамол морпеч ҳаракат кардаву фурсати гаронмояро аз даст диҳед, чаро ба рафти шамол бемалол наронед?

– Чун ки дар он сурат мо ба Рион бармехӯрем.

– Не, вай ягон чил метр аз шумо бар канор мемонад.

– Хӯш ин тавр бошад, сукконро ба даст гиред, – гуфт хоҷа, бинем чӣ тавр ӯҳда мекунед.

Эдмон ба сари дастаи суккон нишаст, андак зер карда санҷид, оё киштӣ ба суккон нағз итоат мекунад ё не, ва чун дид, ки он қадар ҳассос набошад ҳам, ба ҳар ҳол ба итоат меояд, фармон дод:

– Ба сӯи таноби зерсутуну бодбонҳо!

Чор тан маллоҳ, ки ҳайати киштиро ташкил медоданд, ба ҷойҳои худашон тохтанд, дар ин миён хоҷа онҳоро назора мекард.

– Таноби зерсутунро тарангтар каш! Аз таноби бодбонҳо доред! – давом дод Дантес.

Маллоҳон фармоишро хеле чолокона ба ҷо оварданд. – Мана акнун баргардонед!

Ин фармон ҳам чун ҳар ду фармоиши пешина ба ҷо оварда шуд ва сафина дигар печу тоб нахӯрда, ба сӯи ҷазираи Рион пеш мерафт, ҳамон тавре, ки Дантес пешгӯӣ карда буд, онро ягон чил метр дар канор монда, аз паҳлуяш гузаштанд.

пешина
аз 99
навбатӣ